Аз замони Шӯравӣ ин ҷониб масъалаи ҷустуҷӯи марқади бузургони илму фарҳанги миллати тоҷик масъалаи мубрам баршумурда мешуд. Восбаста ба ин бисёр олимон ва муаррихон пажуҳиш ва ҷустуҷӯҳо кардаанду мекунанд. Вале барои ҳамагон то имрӯз мадфани бисёре аз шахсиятҳо муаммо боқӣ монда буд. Аз ҷумла, марқади падари маорифпарварони миллати тоҷик Аҳмади Дониш (1827- 1897) барои ҳамагон норӯшан буд. Ҳатто шодравон Лоиқ Шералӣ шеъре дар ин хусус эҷод карда буданд ва дар ин шеър бо алам ва бо лаҳли тунд гуфта буданд:
«Эй шумо, маъмуру маъзурони торихи Бухоро,
Балки, эй кӯрони торихи Бухоро,
Дар куҷо буд гӯри Дониш?»…
Бад-ин минвол дигар адибону олимон ҳам зиёд талошҳову ҷустуҷӯҳо кардаанд. Имрӯз он ҳама талошу орзуву омоли эшон ҷомаи амал пушид. Бо кӯшишу ҷустуҷӯҳои профессор Аскаралӣ Раҷабов натанҳо марқади Дониш, балки Шамсиддин Шоҳин, Наҷмиддини Кавкабӣ, Сайидои Насафӣ ва Калободии Бухороӣ пайдо гардид. Аскаралӣ Раҷабов дар натиҷаи таҳқиқотҳои пайваста тавонистаанд, ки мадфани бузургонро дар Бухорову Насаф пайдо намояд ва аксҳо ҳам бардошта бо худ овардаанд, ки якчандтои онро дар ихтиёри мо гузоштанд. Вобаста ба ин бозёфти таърихӣ бо Аскаралӣ Раҷабов мусоҳибае анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.
-Сабаби асосии пас аз хомӯшиҳои зиёд ба ин масъала таваҷҷуҳ кардан чӣ буд?
-Банда дар иртибот ба Аҳмади Дониш ва чандин бузургони дигар ҳатто дар даврони ҷавониам таваҷҷуҳи махсус доштам, зеро чанд нафар хешони дуру наздик дар Бухоро доштем. Ҳамчунин, мадфани амири Хуросони Бузург Исмоили Сомонӣ ва дигар бузургонро дар ҳар сафари хеш зиёрат мекардам. Омили дигар ин буд, ки пештар аз ин на муаррихон ва на олимони мо дар иртибот ба ҷустуҷӯи марқади яке аз бузургтарин шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ Аҳмад Махдуми Дониш таваҷҷуҳи амиқ надоштанд.
Бояд ин нуктаро хотирнишон сохт, ки миллати тоҷик умуман ҳамчун миллат тӯли таърих фаротар аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, махсусан дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Марв, Замашхар, Нишопур, Сарахс, Балх,Ҳирот ва амсол аз инҳо ташаккул ёфтааст. Ва шахсиятҳои бузурги мо ҳам марқадашон дар ҳамин шаҳрҳо воқеъ аст. Аз ҷумла, дар Замашхар Муҳаммади Замашхарӣ, яке аз бузургтарин олимони фанҳои дақиқ, ки нахусин шуда доир ба грамматика асар навиштааст, ё Наҷмиддини Кубро, ки дар Гурганҷ ва даҳҳои дигар дар ҳар куҷо нуҳуфтаанд. Ба вижа, дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро даҳҳо шахсиятҳои мо хуфтаанд. Натанҳо даргузаштаанд, балки дар он ҷойҳо фаъолияти илмиву фарҳангии густурдае намудаанд. Аз ин рӯ, мо таваҷҷуҳ намудем бештар ба Аҳмади Дониш ва чанд тан, аз ҷумла, Сайидои Насафӣ, ки имсол бо қарори ЮНЕСКО 400-солагии шоири бузург Сайидо ва 550-солагии бузургтарин аз назариячиёни санъати мусиқии класикиамон-мақом Наҷмиддини Кабкабӣ таҷлил карда хоҳад шуд.
Албатта, дар бораи ин шахсиятҳо мақолаҳо навишта мешавад, лекин то имрӯз касе таваҷҷуҳ накардааст, ки марқади онҳо дар куҷост? Ин вуҷуд дорад, албатта! Аммо аз олимону фарҳангиёни мо, ба истиснои устод Лоиқ, ки бо ҳасрат гуфта буд: “Гӯри Дониш дар куҷост?”, касе дар ин бора ба ҷое муроҷиат накардааст. Даҳҳо донишмадону орифони бузург, пешвоёни тариқат, шахсиятҳои барҷаста ҳастанд, ки мардуми мо ба онҳо таваҷҷуҳ намекунанд. Ин аз он сабаб аст, ки мардум ба ҳамон диди мусалмонӣ ҳастанд, яъне бандаи хокӣ ба хок рафт, бояд аз ӯ чизе намонанд, фаромӯш шаваду равад. Ин бисёр андешаи бад аст, ки ҳофизаи таърихиро нобуд мекунад.
-Шумо чанде пеш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари хизматии илмӣ доштед. Оё ҳадаф муайян кардани марқади ин бузургон буд?
-Бале, дар иртибот ба ҷашни Сайидо ва Кавкабӣ, ман бори дуввум ба шаҳрҳои Тошканд, Бухоро сафари хидматии илмӣ анҷом додам. Ҳадаф аз сафари дуввум бевосита муайян кардани ҷои дафни Кавкабӣ, Сайидо ва дар як вақт Аҳмад Махдуми Дониш, Шамсиддини Шоҳин буд. Мо соли 2017 190-солагии Аҳмади Донишро таҷлил кардем. Ба ин муносибат ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд ҳам гузаронида шуд. Лекин баробари гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бояд марқади ин бузургонро ҳамчун зиёратгоҳ, натанҳо барои имрӯзиён, балки барои ояндагон, барои фаромӯш накардани ёди таърихӣ пайдо кунем ва обод нигоҳ дорем.
Аз ин рӯ, бо кӯмаки раиси шаҳри Бухоро Камолов Карим Ҷалолович, ки шахси фарҳангӣ низ ҳаст, дар ду рӯзе, ки он ҷо будем, тамоми қабристонҳои Бухороро аз назар гузаронидем. Ҳамроҳ бо шахсиятҳои фарҳангии Бухоро маълум кардем, ки Аҳмад Махдуми Дониш соли 1897 дар яке аз қабристонҳо, ки махсуси шахсиятҳои бузург буда, “Дахмаи биҳиштиён”( ин дахма аз садаи VIII то нимаи аввали садаи ХХ амал мекард) ном доштааст, гӯронида шудааст. Дар ин ҷо соли 1893 шоири бузург Шамсиддини Шоҳин ҳам дафн шудааст. Шамсиддини Шоҳин аз тарафи модараш, ки аз Ғиҷдувони Бухоро будааст, бо Аҳмади Дониш хешутаборӣ доштааст. Ҷои шубҳа нест, ки гӯр кардани Шоҳин дар “Дахмаи биҳиштиён” бо дахолати Аҳмад Махдуми Дониш сурат гирифта бошад.
-Мегӯянд, ки қабристоне, ки гӯри Аҳмад Махдуми Дониш он ҷо буд, вайрон карда шудааст…
— Пештар ҳатто фарҳангиёни шаҳри Бухоро бар ин бовар буданд, ки мадфани Аҳмади Дониш гум шудаасту дигар имкони пайдо карданаш нест. То ҳадде дар дилҳо ноумедӣ реша давонда буд, ки академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ низ мегуфтанд, ки гӯри Дониш гум шудаасту пайдо карданаш амри муҳол аст. Вале хушбахтона имрӯз ба мо даст дод, ки марқади Аҳмад Махдуми Донишро пайдо намоем ва орзуву омоли шахсиятҳое чун устодон Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Лоиқро, ки дар ҳасрати пайдо намудани гӯри Дониш буданд, амалӣ гардид.
Зимнан бояд изҳор дорам, ки барои гӯри Аҳмад Махдуми Донишро муайян намудан ба мо бевосита меъмор, яке аз фарҳангтёни Бухоро Маҳмуд Қосимов кӯмак намуданд. Азбаски мавсуф масруф буданд, мо телефонӣ суҳбат кардем ва он кас чанд нафарро муваззаф намуданд, ки ба мо барои аниқ кардани марқади Дониш ёрӣ расонданд.
Маҳмуд Қосимов яке аз меъмороне ҳастанд, ки шоҳиди кӯчонидани гӯри (устухонҳои) Дониш (соли 1955) аз “Дахмаи биҳиштиён” дар назди Девори Бухоро мақбараи суханвари номвари мо Хоҷа Исмати Бухороӣ (ва масҷиди машҳур ҳам ин ҷо воқеъ аст, аз нав гӯронида мешавад, ҳозир “Дахмаи биҳиштиён” ҳамчун мавзеи таърихӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ карда шудааст, ки мо аксбардорӣ карда, бо худ овардем).
Бояд тазаккур дод, ки дар назди Девори Бухоро марқади шоири бузурги дигари мо Хоҷа Исмати Бухороӣ воқеъ аст ва ҳамчунин дар он ҷо масҷиде ба номи ин орифи бузург ҳаст, яъне дар фазои ана ҳамин масҷид устухонҳои Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин ва Калободии Бухороиро бурда гӯронидаанд.
Дар акси бардоштаи мо аз рост ба чап марқади Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин ва Калободӣ ҷойгир аст.
-Гуфтед, ки ин сафари Шумо махсуси ҷустуҷӯи марқади Сайидову Кавкабӣ буд, ин кор ба чӣ анҷомид?
-Дар тазкираи “Музаккир-ул-аҳбоб”-и Хоҷаи Ҳасани Нисорӣ, шогирди Кавкабӣ, навишта шудааст, ки соли 1532, баъди бозгашт аз сафари Машҳад дар миёнаи шаҳрҳои Ҳирот ва Бухоро аз ҷониби одамони шоҳ Таҳмосп дар зери таассуби шиа ва суннӣ Наҷмиддини Кавкабиро ба қатл мерасонанд. Ҷасади эшон дар гӯристон неву дар як маҳалла ба хок супорида мешавад, ки имрӯз он вуҷуд дорад ва мо аз он маҳалла дидан кардем. Мақсад аз ин ҳама ковишҳову ҷустуҷӯҳои марқади шахсиятҳо дар он аст, ки бояд мо дар баробари осору эҷодиёти эшонро нашр кардану аз он баҳраҳо бурдан, мазорашонро низ муайян намуда, ҳифз намоем, чунки мадфани онон нигоҳдошти хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ бар шахсияташон хоҳад буд.
Мадфани Сайидои Насафиро ҳам мо маълум намудем. Бино ба иттилои муаррихон ҳаёт ва фаъолияти Сайидои Насафӣ бештар дар Бухоро гузаштааст, вале ҳеҷ кадом аз тазкиранависон зикр нанамудаанд, ки Сайидо дар куҷо хок шудааст. Шояд тибқи васияти худи Сайидо бошад, ки ӯро ба зодбуми худаш-шаҳри Насаф бурда ба хок супурдаанд. Акнун рӯшан гардид, ки марқади Сайидо дар ноҳияи Муборак дар гӯрситони деҳаи Қарноқ воқеъ аст. Азбаски сафари мо хеле кӯтоҳмуддат буд, мо натавонистем мазори Сайидоро зиёрат намоем, вале қарор аст, то таҷлили ҷашни 400-солагии ин бузургвор мо аз мазорашро дидан намоем ва аксҳо гирифта, ба иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ нишон диҳем.
-Чанд сол пеш як нафари Донишнасаб аз Миср эълон карда буд, ки набераи Аҳмади Дониш аст ва гӯё Дониш аз Бухоро ба Миср рафтаву издивоҷ ва зиндагӣ кардааст…
-Ин гапҳо афсонае беш нестанд. Ин тавр шаҷарасозиҳои маснӯъӣ аслан ҳеҷ эътиборе надоранд. Ин дар мо одат шудааст, барои мисол, дар худи Тоҷикистон мардуми якчанд минтақаҳо иддао пеш меоварданду меоранд, ки шаҷараи мо аз саидзодаҳо, яъне аз хонадони паёмбар аст…
Бисёр олимон дар бораи Аҳмад Махдуми Дониш рисолаву китобҳо навиштанд, аммо мутаассифона, ҳеҷ кадоми онон таваҷҷуҳ накарданд, ки гӯри Дониш дар куҷост. Аз ин рӯ, гирди номи ин шахсияти бузург ҳар гуна ҳангомаҳо гуфта мешуд, вале агар мо дақиқ аҳамият диҳему пажуҳиш намоем, ба осони дармеёбем, ки Дониш чӣ карду чӣ монду ва дар куҷо хок шуд, зеро замони тӯлоние аз давраи Дониш то ба мо пушти сар нашудааст, ҳамагӣ 190 сол гузаштааст, ки ин хеле наздик ба мост ва набояд ба афсонаву ҳар гуна суханҳои беасос бовар намуд. Ва дар ин замина мо ҷиддӣ ба осори Аҳмади Дониш таҳқиқотҳои илмӣ хоҳем бурд. То имрӯз ҳар пажуҳише, ки вобаста ба осори Дониш шудааст, ба талаботи илм ҷавобгӯ нест, зеро худи китоби “Наводир-ул- вақоеъ” дар заминаи нусхаҳои хаттии дар Тоҷикистон маҳфуз буда ва як нусхаи дар шаҳри Санкт-Петербург буда таҳия гардидааст. Дастхати худи Дониш ,ки соли 1888 таҳиру хаттотӣ кардааст, сарфи назар шудаанд. Мо бояд дар ин замина кори ҷиддии усулан академӣ анҷом диҳем.Аз ҷумла мо дастхати бо хаттотии худи Дониш китобат гардидааст, пайдо намудем ва гуфта мешавад, ки он дастхат охирин таҳрири худи Дониш будааст.
Ногуфта намонад, ки мо аз ҷойи аввалае, ки ин бузургон хок шуда буданд, яъне аз “Дахмаи биҳиштиён” як каф-як каф аз хоки гӯри Дониш, Шоҳин, Кавкабӣ ва Калободӣ бо худ овардем, ки агар дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ин бузургон боғе ё маҳалеро бунёд ё номгузорӣ намуданд, бо нишони рамз ин хокро он ҷо бигӯронанд. Аллакай бо ҳидоят ва дастури Пешвои миллат, Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе боғи хеле олишону зебо, диданибоб ба номи Аҳмади Дониш бунёд ва ба истифода дода шуд. Ҳоли ҳозир мо ният дорем, ба Ҳукумати шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ хоки аз марқади аллома овардаро пешниҳод намоем.Умед аст, раиси ҷавону ободкори пойтахти азизи кишварамон Рустами Эмомалӣ дар боғи ба номи Аҳмади Дониш бо нишони рамзӣ марқади Аҳмади Донишро бино мекунанд ва Боғи Аҳмад Махдуми Дониш ба зиёратгоҳи воқеии шаҳрвандони кишварамон табдил хоҳад ёфт. Ин барои мо хеле муҳим аст, зеро ононе, ки имкони ба Бухоро рафтан надоранд, ақаллан омада дар ин ҷо марқади Аҳмади Донишро зиёрат бикунанд.
Суҳбаторо:
Рӯзибойи Умар,
Зоҳири Сайфулло
Бознашр аз нашрияи “Самак”