Дар охирин рӯзи мусобиқоти Бозиҳои Осиё-2018 дар Индонезия дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шарофати паҳлавонони маъруфи кишвар Умед Ҳасанбеков ва Комроншоҳ Устопириён соҳиби ду медали дигар гардид.
1 сентябр дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия бо иштироки варзишгарони тоҷик мусобиқа оид ба самбо баргузор шуд. Варзишгарони мо дар вазни -90 кг 2 медали бозиҳоро ба даст оварданд ва шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 7 адад расид.
Варзишгари маъруфи кишвар Умед Ҳасанбеков дар ин бозиҳо сазовори медали нуқра шуд. Ӯ дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари Тайпейи Чин Кайҷен Чуанг, дар чорякфинал бар намояндаи кишвари мизбон Рио Акбар Баҳорӣ, дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Айбол Аитбек ғалаба кард, вале дар финал аз намояндаи Узбекистон Камолиддин Холматов шикаст хӯрд.
Паҳлавони дигари кишвар Комроншоҳ Устопириён, ки дар намуди дзюдо медали биринҷӣ ба даст оварда буд, дар намуди самбо низ ба мақоми сеюм расид. Комроншоҳ бар намояндагони Қазоқистон (Алибек Зекенов), Туркманистон (Нурбердиҳан Оразмамедов) дастболо шуда, дар нимфинал аз варзишгари узбекистонӣ Камолиддин Холматов, ки медали тиллои бозиҳоро сазовор гашт, шикаст хурд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари дигари Туркманистон Руслан Эсгеров ғолиб омад.
Мутаассифона ду паҳлавони дигари кишвар дар ин намуд ноком шуданд. Сомон Сангов дар вазни -52 кг дар даври аввал аз варзишгари қазоқ Беймбет Канжанов мағлуб шуд. Дар даври тасаллобахш низ аз варзишгари Узбекистон Аҳмад Раҳматуллоев шикаст хӯрд.
Ҷомӣ Ҳасан дар вазни -52 кг дар даврҳои аввал бар Соҳил Ҷамолободӣ аз Эрон, варзишгари ӯзбек Ислом Аҳмадҷонов ғолиб омад. Дар чорякфинал бар варзишгари индонезӣ Имом Маулана Муттақин пирӯз гардид. Дар нимфинал бо Баглан Иброҳимови қазоқ мубориза бурд ва мутаасисфона мағлуб гардид. Сипас, барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо намояндаи Узбекистон Аҳмад Раҳматуллоев, ки Сомон Санговро шикаст дода буд, набард кард ва мағлуб гардид.
Бо ҳамин, варзишгарони мо иштирокашон дар Бозиҳои тобистонаи Осиёро, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардида буд, ба анҷом расониданд.
Дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чор медали нуқра ва се биринҷӣ миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, дар ҷои 30-юм мавқеъ гирифт.
Медалҳои нуқра:
Дилшод Назаров, варзиши сабук, гурзандозӣ
Шаҳриёр Даминов, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, С-1 1000 метр
Беҳрӯз Хоҷазода, кураш, -81 кг
Умед Ҳасанбеков, самбо, -90 кг
Медалҳои биринҷӣ:
Комроншоҳ Устопириён, дзюдо, -90 кг
Шакармамад Мирмамадов, дзюдо, +100 кг
Комроншоҳ Устопириён, самбо, -90 кг
2-юми сентябр маросими пӯшидашавии Бозиҳои 18-уми Осиё баргузор гардид, ки дар он президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах иштирок кард.