Ё чаро дар яке аз муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нисбати забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ мекунанд?

Рӯзе, ки як тифли навзод ба олам чашм мекушояд, нахустин садо ва суханҳое, ки ба гӯши ин тифл мерасанд — садо ва суханҳои модар ҳастанд. Ин тифли навзод ҳанӯз нафасҳои аввалини худро дар олам мекашад ва ҳамакнун бо ҳаяҷон ва шояд гиряи худ ба омӯзиши ин дунё мепардозад, ӯ аз чӣ будани забони модарӣ ҳанӯз бехабар аст. Аммо маҳз бо ҳамин садо ва суханҳои аввалини модар, маҳз бо забони модарӣ ин тифли навзод ҳаёти худро шуруъ мекунад. Ман ҳам ба монанди ҳамин тифл бо садои форам ва суханҳои ширини модарам лаҳзаҳои аввалини ҳаёти худро шуруъ намудам. Забони модарии ман забони тоҷикӣ аз тифлӣ ва овони хурдсолӣ бароям зеботарин ва ширинтарин забон буду ҳаст. Ҳамон тавре, ки барои ҳар як инсон забони модариаш гуворост.

Дар овони мактабӣ ва наврасиям огоҳ гаштам, ки бо забони модарии ман миллионҳо нафар дар ҷаҳон дар тӯли ҳазорсолаҳо сухан мегуфтаанд, забони тоҷикӣ забони онҳо ҳам будааст. Огаҳ аз он гаштам, ки бо забони модарии ман Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Синову Ҷомӣ ва Лоиқу ҳазорон бузургвори дигар ашъори пур аз илм ва панду андарзро ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштаанд. Забони тоҷикӣ забони онҳо ҳам будааст.

Овони донишҷӯиям берун аз Ватан гузашт. Забонҳои русиву англисӣ ва чиниро бо шавқу рағбати беандоза омӯхтам. Забони модарии ман бо он ки фораму гӯшрас ва равону дилнишин аст, боис шуд, то омӯзиши забонҳои дигар бароям осон гардад. Тавре бузургони мо фармудаанд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Имрӯз Ватани азизи мо — Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва забони модарии мо — забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо нақшу арзиши хосаро дорост.

Аммо дар гузаштаи начандон дур шоҳиди беэҳтиромие гаштам, ки маро дар тааҷҷуб ва аз он бештар — дар таассуф гузошт. Зеро ин беэҳтиромӣ нисбати забони модарии ман буд. Тасмим гирифтам, ки ин ҳолатро ба ҳамватанон ва ҳамзабононам арз намоям, бо умеди он, ки ин амал боиси пешгирӣ аз беэҳтиромиҳои дигар нисбати забони модарии мо гардад. Ин қарзи фарзандии ман аст:

Забони модариро, ки дар олам,

Чу шири модарон поку зулол аст,

Касеяш пок дорад, пок бошад,

Ҳамон фарзанд фарзанди ҳалол аст.

Тавре зикр намудам, ин воқеа дар гузаштаи наздик, аниқтараш чанд моҳе қабл ба вуқуъ пайваст. Дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳси судие бо ҷавобгар — директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Институт) Аминзода Пулод доштам. Ҷавобгар Аминзода Пулод нисбати аризаи даъвогии ман норозигии худро дар санади расмие бо номи “ИЗҲОРОТИ НОРОЗИГИ” баён намуда, ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол кард.

Қабл аз ҳама бояд зикр намоям, ки мутолиа ва дарёфти мазмун ва маънои изҳороти норозигие, ки аз ҷониби Аминзода Пулод пешниҳод гашта буд, бароям чандон осон набуд. Зеро ин санад бо ғалатҳои зиёд ва сарфи назар кардани қоидаҳои имлои забони давлатӣ навишта шуда буд. Аслан номи худи ҳамин санад ғалат навишта шуда буд. Муаллифи ин санад калима ва ибораҳоеро чун “каммузд”, “карда шаванд”, “ғайриқонунӣ” ва ғайраро ғалат навиштааст, ки ин дар умум сабаби мушкилфаҳм гардидани мақсад ва маънои ҷумлаҳо гаштааст. Калимаҳое ба монанди “даво” ба ҷойи даъво, “жорад” ба ҷойи дорад, “маъсала” ба ҷойи масъала, “намояндагонҳои”, “беасоснок”, “кормду” ва ғайра умуман бемантиқ мебошанд ва аз он шаҳодат медиҳанд, ки ё муаллифи ин санад нисбат ба истифодаи дурусти забони давлатӣ хунукназарӣ зоҳир кардааст, ё ки умуман аз қоидаҳои одитарини имлои забони давлатӣ воқиф нест. Мутаассифона, муаллифи ин санад номҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институт, номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ ва ҳатто номи кишвари азизи мо — Тоҷикистонро нодуруст навиштааст. Ман дар санади зикргашта зиёда аз 140 (яксаду чил!) хатоҳои мазмуниву мантиқӣ ва имлоӣ ҳисоб кардам. Чуноне ки шоири номвари тоҷик Пайрав Сулаймонӣ қариб сад сол пеш нисбати чунин ғалатнависон бисёр бамаврид гуфта буд: “Забарҳоро зер кардаанд, зерҳоро забар ва як тӯда ғалатҳои дигар…”.

Ҷойи таассуф намебуд, агар як нафаре бе маълумот ва саводи кофӣ ба чунин ғалатнависӣ роҳ медод. Вале мутаассифона, ин санади расмӣ аз ҷониби роҳбари як муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — даргоҳи илму маърифат ба мақомоти судӣ ирсол гаштааст. Ин омил воқеан боиси нигаронист. Зеро дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 05.10.2009, №553, омадааст: “Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад”. Дар ҳамин моддаи Қонуни мазкур инчунин омадааст: “Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад”.

Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳои худ дастур додаанд, ки “ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус роҳбарон ва кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳо бояд забони давлатиро хуб донанд ва бо забони адабӣ ба таври озод суҳбат карда тавонанд. Акнун замоне фаро расидааст, ки дар интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин кардани роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад” (ниг. ба Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ҷумҳурият”, 5-уми октябри соли 2010).

Аммо боиси тааҷҷуб ва таассуф аст, ки роҳбари муассисаи илмӣ муҳтарам Аминзода Пулод санади расмиро ба мақомоти судӣ бо хунукназарии хоса нисбат ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва хотоҳои зиёди мазмуниву мантиқӣ таҳия ва ирсол менамояд. Ба андешаи ман ин санад ё худ “изҳороти норозиги” ва дигар санадҳои расмие, ки аз ҷониби Аминзода П. бо хунукназарӣ ва саҳлангорӣ нисбат ба забони давлатӣ, хатоҳои зиёд ва ҷумлаҳои бе маънову мантиқ таҳия гашта имзо ва муҳр гузошта шудаанд, нафақат ба худи муҳтарам Аминзода П., балки ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар умум “доғи манфӣ” мерасонанд ва қадру қимати ин муассисаро паст мекунанд.

Чунин муносибат ба забони давлатиро ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон, фарзанди ҳамин марзу бум беэҳтиромӣ ва таҳқир меҳисобам. Ин беэҳтиромӣ ва таҳқир аз ҷониби Аминзода П. нисбати забони давлатӣ, нисбати яке аз муқаддасоти миллии Ватани азизи мо — Тоҷикистон аст ва ман чунин муносибатро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорам.

Ин танҳо як санаде нест, ки Аминзода П. ва дигар масъулини Институт бо чунин беэҳтиромӣ нисбати забони тоҷикӣ таҳия кардаанд. Мо намунаҳои зиёди чунин санадҳо ва муносибати ин масъулинро дар даст дорем.

Суол ин аст, ки оё президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ аз ин муносибати масъулини Институт нисбати забони давлатӣ огаҳ ҳастанд ё не? Агар муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ аз ин ҳолат огаҳ бошанд, пас чӣ чорае нисбати ин масъулин меандешанд? То кай ин беэҳтиромӣ нисбати забони давлатии мо идома меёбад?

Шояд муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ бар он андешаанд, ки ин ҳама танҳо фикру хаёли шахсии ман буда, масъулини Институт на дар ин санад ва на дар санадҳои расмии дигар ҳеҷ ғалате накардаанд? Агар ин тавр бошад, пас ба Шумо арз менамоем, ки мо вобаста ба изҳороти норозигии мазкур ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани экспертизаи забоншиносии ин ва санадҳои дигар расман муроҷиат намудем. Дар ҷавоб ба муроҷиатҳои мо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат матни ин санадҳо хилофи Қонун мебошад ва дар он талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011, №458 “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” риоя нагардидаанд.

Чанд рӯз пеш нигоштаеро дар саҳифаи фейсбукии устоди арҷманд Абдуқодир Рустам мутолиа намудам. Устоди гиромӣ бо таассуф андешаву нигарониҳои худро нисбати соҳибкори инфиродие, ки “донаки офтобпараст” истеҳсол намудааст, изҳор намудаанд. Нигарониҳои устод албатта бамавриду бамавқеанд, ки садҳо нафар бо шарҳҳои худ ба ин матлаб вокуниш нишон додаанд. Аммо, ҳамватанони азиз, ҳамзабонони гиромии ман, биёед аз рӯйи адолат як қазоват кунем. Соҳибкори инфиродие, ки “донаки офтобпараст” истеҳсол менамояд, директори институти илмӣ-таҳқиқотӣ нест, масъулияти роҳбари муассисаи илмиро доро нест ва аз буҷети давлатӣ барои мансабу масъулияташ маош намегирад. Агар мо аз соҳибкори инфиродӣ чунин эрод гирифтем, пас вокуниши одилонаи мо нисбати директори Институт ва “изҳороти норозиги”-яш бояд чӣ гуна бошад?

Он яке қадри сухангумкардае.

Дигаре боғу чамангумкардае.

Аз забонимодаригумкарда, лек

Мерасад рӯзе ватангумкардае

                                                     Лоиқ

Ҷамшед АМИНОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here