Фақат дар мост, ки 1000 доллар пора медиҳанд, то соҳиби кори маошаш 1000 сомонӣ шаванд.

***

Фақат дар мо сумкаи талабаи мактаби миёна 5 килограмм асту сумкаи донишҷӯи мактаби олӣ 0,5 килограмм.

***

Фақат дар мост, ки дар як истгоҳи автобус дамои ҳаво 5 дараҷа гарм нишон дода шудаасту дар истгоҳи рӯбарӯи он 8 дараҷа.

***

Фақат дар мост, ки агар ба занҳо 100 ҳазор сомонӣ диҳеду ба бозори «Корвон» раванд, ҳамаи пулро харидорӣ мекунанду роҳкирои бозгаштро аз ягон шиносашон қарз мегиранд.

***

Фақат дар мост, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз кам будани маош ҳеҷ вақт шикоят намекунанд.

***

Фақат дар мост, ки нархи таҳсил дар мактабҳои миёна аз мактабҳои олӣ зиёдтар аст.

***

Фақат дар мост, ки бархе маҳалгароиро маҳкум мекунанд, вале худ маҳалгарои ашадианд.

***

Фақат дар мост, ки мегӯянд: «Ман ку кор надорам…», вале ба ҳама кор дахолат мекунанд.

***

Фақат дар мост, ки кӯшиш мекунанд пора диҳанд, то ҷарима насупоранд.

***

Фақат дар мост, ки ба ивази иҷрои коре, ки вазифаи ҷонии онҳост, то «дасти онҳоро сафед накунем» хобамон намебарад.

***

Фақат дар мост, ки роҳҳоро «мавриди баҳрабардорӣ» қарор медиҳанду баъд таъмирашро идома мебахшанд.

***

Фақат дар мост, ки дар як сол ду маротиба нақбҳоро ба истифода медиҳанд: як маротиба барои роҳбарону як маротибаи дигар барои истифодабарандаҳо.

***

Фақат дар мост, ки сафи шоиронамон аз китобхонҳоямон чанд баробар зиёд аст.

***

Фақат дар мост, ки нақлиёти ҷамъиятӣ ( автобус, троллейбус ва маршруткаҳо) барои кашонидани мусофирон не, балки барои ҷамъ кардани онҳостанд.

***

Фақат дар мост, ки агар довталаб ҳуҷҷатҳояшро тавассути Маркази тестӣ супорид, «мурда-мурда» ба таҳсилоти тариқи шартномавӣ ба ягон мактаби олӣ дохилаш мекунанд.

***

Фақат дар мост, ки то аз гушнагӣ намурем, долларҳоямонро ба пули сомонӣ иваз намекунем.

***

Фақат дар мост, ки ҳама чизро ба танзим дароварданд, ғайр аз худи танзим.

***

Фақат дар мост, ки бо вуҷуди пур будани ҷойҳои нишаст дар микроавтобусҳо пулчинак беист фарёд мезанад: «маршруткаи холида биё, бача».

***

Фақат дар мост, ки агар ҳатто майзадаи ашадӣ ҳам ба синни 63-солагӣ расад, мегӯяндаш: «Ба синни пайғамбарӣ расидед, муборак бошад!».

САДАФРЕЗАҲО

Аҷаб дунёе: мо чизҳои нодаркори худро ба партов меандозему боз нафароне ҳастанд, ки аз он ҷо чизҳои барои худ даркориро пайдо мекунанд.

***

Мо то шастсолагиамон барои зинда мондану зиндагӣ кардан кор мекунему баъди шастсолагӣ барои мурдан захира.

***

Ин тараф зад, он тараф зад, хизмати ҳамаро кард, то ин ки минатдор бошанду номашро ба некӣ ёд оваранд. Мехост, ки бар ивази ин ҳама ҷонканӣ дар байни хешу табор ва дӯстону ҳамкорон қадраш баланд шавад, вале сад афсӯс, ки қадраш баланд нашуду қандаш баланд шуд.

***

Як бор ӯ бардошт, аз ҷониби муқобил ягон вокунишро эҳсос накард. Бори дуюм бардошт, боз ҳам ягон муқовиматро дарк накард. Сеюм маротиба бардошт, ким-чӣ хел сиёҳие пеши чашмаш намудор гашт. Чорум маротибаву панҷум маротиба бардошт ва натиҷаашро дид. Яъне, аввал ӯ арақро бардошту баъд арақ ӯро.

Ҷумъа МИРЗО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here