Тағирёбии иқлим ва муҳити зист дар даврони ҷаҳонишавӣ ва рушду тараққиёти бо суръати кайҳонӣ пешрафтаи қарни XXI талоши мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст. Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тайи беш аз чанд даҳсолаи охир иқлими сайёра ба бисёр тағйироту дигаргуниҳои куллӣ рӯ ба рӯ омадааст, ки назирашро то кунун инсоният ёд надорад. Пушида нест, ки дигаргуншавии иқлим ба олами набототу ҳайвонот дар сар то сари сайёра ҳисороти сангинеро ворид намуд, ки аз таъсири зиёновари он ҷумҳурии мо низ беканор намондааст. Аниқтараш оғози фаслҳои баҳору тобистони сипаригашта, ки ба парвараши зироатгоҳи кишоварзӣ ва далу дарахтони мевадиҳандаи минтақаи болооби водии Зарафшон таъсири манфӣ расонид, бозгӯи тағиротии иқлимро дақиқан собит намуд. Танҳо номусоид омадани обу ҳавои имсола ва дар нимаҳои моҳи март пайдо шудани силсиланеклонҳои сахттаъсири боришотӣ ба дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои полезию майдонҳои кишткардашудаи сабзавот он чунон зарбае расонид, ки дар ниҳояти кор мардум аз ризқу рузияшон ба қавле сахт андуҳгину ноком монданд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ноҷуриҳою нобасомониҳои табиат, мардум руҳафтода нашуданд. Зеро, пешниҳодоту барномаҳои тозаэҷоди роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус дасгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, ки аз минбарҳои бонуфузтарини сайёра садо дода буданд, ҳидоятгар ва раҳнамунсози мардуми шарифи Тоҷикистон гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат чор маротиба қатъномаҳоро, ки ба масъалаи ҷиддию ҳалталаби сайёра, яъне таъминоти мунтазами оби ошомиданӣ рабт дорад, эълон намуданд ва ин пешниҳодҳои сарвари давлат аз ҷониби тамоми мардуми сайёра якдилона қабул ва хуш пазируфта шудаанд. Гузашта аз ин, ҳар як пешниҳодоту масъалагузориҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат рӯи кор меояд, ҳамеша ба манфияти ҷомеа хизмат менамояд. Масалан, боиси хушнудист, ки иқдоми неки Президенти ҷумҳурӣ дар мавриди хайру эҳсон, муруввату дастгирии мардуми эҳтиёҷманд, пирони дасттанҳо, ашхоси ниёзманд ва кӯдакони ятиму бепарастор ниҳоят ибратомӯз ва наҷиб буда, даҳҳо нафар аз тоифаи чунин ашхос аз баракатӣ амалҳои неку савоби Ҷаноби Олӣ баҳравар гардиданд.

Албатта, дилеро шод кардан, ба ранҷуре, дардманде дасти саховату ҳиммат дароз намудан, ҳоҷати касеро баровардан некӯтарин амалест, ки назди Худованд азизу мукаррам аст.

Пушида нест, ки маҳз бо шарофатии соҳибистиқлолӣ касб намудани кишвари биҳиштосоямон, ки маҳаки асосии он таъмини амну субот дар ҷомеа мебошад, боис ба он гардид, ки мардуми шарафманду шарафёби Тоҷикистон анқариб тӯли се даҳсола ба беҳтарин ва арзишмандтарин ва дастовардҳои давлати навини тоҷикон мушарраф ва дасболо гардиданд.

Барои мисол, фарогирии ҳамаҷонибаи Ташкилоти тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони маъюб дар ноҳияи Айнӣ, ки зери сарпарастии Иттиҳоди Авруппо ва каритаси Олмон фаъолият менамояд, бозгӯи саҳеҳ ва тақвиятбахши фикрҳои болоӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки ташкилоти кориямон тайи чанд соли фаъолияти босамари корияш дар ҳудуди ноҳияаамон, асосан ба намояндагони қишри осебпазири ҷомеа, яъне маъюбону шахсони барҷомонда дар иртибот буда, пайваста ҳамкориҳои дуҷонибаю судмандро таҳким мебахшад.

Кормандони фаъоли ин ташкилот аз қабили Аёмиддин Бойтемуров, Шуҳратҷон Неъматов ва Раҳмонқул Назаров ҳамеша ҷаҳду талош бар он менамоянд, ки нақшаҳои мураттабсохтаи корияшонро ҳарчи зуддару барвақттар ба самъи ихлосмандону корафтодагонашон расонида, баҳри ҳар чӣ боз ҳам хубтару рангоранг гузаронидани чорабиниҳои семинарию машваратӣ дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро ҷонноктар ва пурсамартар ба роҳ гузоранд. Аксаран он нафароне, ки ба ин ташкилот бевосита ҳамкорони тарафайн доранд аз коргузории соҳавӣ ва кумакрасониҳои фосилавии ин созмон андешаҳои ҷолиберо изҳор менамоянд. “Сафарбар намудани шахсони дорои маъюбияти баланддошта ва осоишгоҳҳои беҳтарини ҷумҳурӣ тариқи табобат намудани шахсони осебпазир, ки ба муолиҷа эҳтиёҷ доранд, расонидани кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ ба ниёзмандон, гузаронидани силсила чорабиниҳои омӯзишию машваратӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия ин аст, ки номгӯи мухтасари чанде аз самтҳои фаъолияти кории Ташкилоти тавонбахши дар сатҳи маҳал барои шахсони маъюб дар ноҳияаамон, ки мақсаду мароми ниҳоияшон танҳо беҳтару хубтар ба аҳолӣ хизмат расонидан мебошад”,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Аёмиддин Бойтемуров.

Пас аз хотимаи гуфтугӯи сари роҳӣ ба Аёмиддин Бойтемуров, ман аниқ дарк кардам, ки ҳадафи асосии чунин шахсони худогоҳу хештаншинос танҳо ба манфияти мардум хизмат кардан мебошад.

Раҳматбой РАҲМАТУЛЛОЕВ,

сокини деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here