Ба пешвози накӯзодрӯзи устод Абдунабӣ Сатторзода

Эй ба оромӣ ту заминро санг.

В-эй ба иқбол ту замонро нанг,

Дар ду олам ҳаме нагунҷӣ, аз он-к

Ту бузургию ҳар ду олам танг

 (Ҳаким Санойӣ)

Садоқат, самимият, озодманишӣ

Рӯзе яке аз шоъирони хуб аз ман пурсид,ки дар донишгоҳ ба кудом яке аз устодонатон алоқаи бештаре доштаед? Бе он ки фурсате биандешам, номи чанд тан аз устодонамро гирифтам ва яке аз онҳо устод Абдунабии Сатторзода буданд… Он дӯст суол кард ки чаро маҳз инҳоро дӯст медоред? Гуфтам, барои садоқат, самимият, озодманишӣ, барои хадамоти бузургашон ба илм, омӯзиш ва фарҳанги меҳанамон… Худаш ҳам ки аз шогирдони ҳамин устодон буд, бо ман мувофиқат кард.

Солҳо гузашт ва ҳанӯз аз ин андеша хушҳолам ки иштибоҳ накардаам. Зиндагии ин азизон ва кору пайкорашон ҳамеша мояи ифтихор ва дилгармии ман ба илму омӯзиш буда аст. Устод Абдунабӣ Сатторзода адиб, адабиётшинос, эроншинос, муҳаққиқ, мунақид, сиёсатшинос ва диплумот аз донишмандони бузурги муосир ҳастанд, ки бидуни тардид  назирашонро  дар ҷомеаи фарҳангии мо пайдо кардан душвор аст.

Аввалан, аз мадрасаи мутавасита то донишгоҳ ва аз давраи донишгоҳӣ то докторӣ ҳамеша аз афроде будаанд, ки барои атрофиён улгӯ ва намуна, яъне аз беҳтарини беҳтаринҳо будаанд. Падарам маро насиҳат мекарданд, ки агар бихоҳӣ одами дурустҳисобӣ  бишавӣ, мисли Абдунабӣ шав, ки аз синфи яки мактаб то синфи даҳ ва дар панҷ соли таҳсил дар донишгоҳ тамоми нумраҳошон дурахшон буда аст, ё ба истилоҳи ҳамон рӯзгор ҳамеша баҳои аъло мегирифтаанд. Дар донишгоҳ шогирди мумтози устоди зиндаёд Шарифҷон Ҳусейнзода буданд, ки солҳо баъд ман ҳам саодати шогирдии эшонро доштаам ва ёд дорам, ки чӣ қадр бо муҳаббат ва эҳтиром аз шогирдонашон ва ба хусус аз Абдунабӣ Сатторзода сӯҳбат мекарданд. Сониян, шинохти банда аз эшон ва ҳамдилӣ ва ҳампешагӣ ва ҳамрешагӣ маро водор мекунад, ки ба муносибати ҷашни ҳаштодсолагии эшон ҳарфҳое аз жарфои дил бигӯям. Бадеҳист, ки ҳадафи ман аз овардани ин ёддоштҳо ҳаргиз ҳарфҳои муфте нест, ки хоста бошам бо чунин ҳарфҳо аз устод Абдунабии Сатторзода таъриф бикунам, ки эшон ҳаргиз ба таърифи ман ниёз надоранд. Устод аз маъдуд донишмандоне ҳастанд, ки ман фикр мекунам ба нишонаи ҳақшиносӣ  ва арҷгузорӣ ба ҳудуди шаст сол хидмати содиқона ва ошиқонаи эшон дар роҳи бедории ҷомеа ва ҷавонон ва низ шукуфоии фарҳангу адаби мо ба унвони яке аз шогирдон ҳақ дорам, ҳарфҳои диламро, чунонки дархӯри номи баланди  эшон медонам, иброз дорам.

Марде, ки аз кор кардан,аз хондану аз навиштан хаста намешаванд ва бар хилофи абнои рӯзгор аз кору хастагӣ низ наменоланд. Устод дар канори кори таҳқиқ ва тадрис ва таълиф, вазоифи идории мухталиферо низ ба уҳда мегирифтанд ва ба таври тамому камол анҷом медоданду медиҳанд. На кори идорӣ музоҳими тадрису таҳқиқ ва таълифи эшон буда ва на тадрису таҳқиқ, он касро аз анҷоми вазоифи идорӣ бозмедошт. Нуктаи гуфтанӣ ин аст, ки устод ҳама корҳояшонро бо назму тартиб ва рӯи хуш анҷом медоданд. Аз ин мавзуъ, ки гузарем, ишқи бе рӯю риё ба ватан ва фарҳанги пурбори он ва гузаштаю имрӯзи фарҳанги забони порсӣ, кӯшиш барои муарифии он ва дифоъ аз он аз сифоти боризи устод Сатторзода аст. Ҳамеша дар мутолиа ҳастанд ва манобеи мавриди алоқаашонро мехонданду мехонанд. Ин матлабро ҳам биафзоем, ки эшон на дар Урупо ё Русия, балки ин донишҳоро дар чаҳордевории шаҳри Душанбе омӯхтаанд. Аз ҷумлаи риштаҳои адабии мавриди иноят ва алоқаи хоси эшон нақди адабӣ аст. Устод таърихи нақди адабиётро ба таври ҷиддӣ мутолиъа карда ва ба китобҳои зиёде, ки ба забонҳои арабӣ, форсӣ, инглисӣ ва русӣ хондаанд, аз онҳо барои нақди осори адабии куҳану ҷадиди мо суд ҷустаанд. Устод Сатторзода тамоми умри пурбаракати худро  вақфи мутолиа ва таҳқиқу муарифии фарҳанги пурбори мо карда ва инак қадам ба остонаи ҳаштодумин соли зиндагии худ ниҳодаанд ва ин фурсатест муносиб, ки лаҳзае чанд дар бораи кору пайкори ин донишманди бузург ва муаллими воқеӣ биандешем.

Устод Абдунабӣ Сатторзода адиби номдор, муҳаққиқу мунтақиди арҷманд, омӯзгори тавоно, устоди камназири донишгоҳ ҳамеша фаъол ва ҳамвора дар кору пайкор ҳастанд ва, хушбахтона, аз навиштаҳои эшон таровиши ҷавонӣ ва накҳати зиндагонӣ ба машом мерасад. Устод муқаддам бар инҳо ИНСОН ҳастанд ба тамоми маънои ин вожа. Ҷумлагӣ бар онанд, ки устод Сатторзода инсоне озода ва хушахлоқ ва хушандом ҳастанд. Ёд дорам, устоди равоншодам Муҳаммадҷон Шакурӣ боре дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ ба мо шогирдон мегуфтанд, ки Абдунабӣ на танҳо хушахлоқ ва хушгуфтор,б алки хушандом ҳам ҳаст. Он вақт мо дарк намекардем, ки манзур аз андоме, ки устод мегӯянд, танҳо зебоии зоҳир нест. Эшон барои ман ҳамеша инсоне ҳастанд покманиш ва бузургвор. Дар тамоми даврони зиндагиам, ки аз даврони кӯдакӣ эшонро мешиносам, боре аз забони эшон ҳарфи носазое нашнидаам,ҳ аргиз надидаам, ки аз паси касе ҳарфи баде гуфта бошанд, ҳамеша бо назокат ва санҷида сухан мегӯянд. Бо ҳама бузургворӣ дар авҷи фурӯтанӣ ба сар мебаранд. Бо он ҳама таҳқиқоти арҷманд ва китобҳою мақолаҳое, ки дар мавзуъҳои мухталиф менависанд, ҳамвора бо шиори “зӣ гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй” зиндагӣ мекунанд, ҳамеша ташнаи омӯхтан ва мутолиа ва бар хилофи баъзе аз хомазанони муосир, ҳаргиз забону қалами худро ба носазо олуда намекунанд. Ин нуктаро ҳама касоне, ки эшонро аз наздик мешиносанд, он маъдуд касоне, ки аҳли илму адаб ҳастанду бо устод қаробат доранд, донишҷӯёне, ки тайи беш аз 50 сол дар донишгоҳ аз маҳзари дарси устод баҳраҳо бардоштаанд,таъйид мекунанд. Бо он ки устод Абдунабии Сатторзода дар заминаҳои гуногуни адабиёти форсии тоҷикӣ ба таҳқиқ пардохтаанд ва ҳосили ин пижӯҳишҳояшонро дар китобҳо ва мақолаҳои мутаадиде ба чоп расонидаанд, шӯҳрати эшон дар ватан ва хориҷ аз он, пеш аз ҳама марбут бар он аст, ки эшон нахустин бор афкори адабӣ ва зебоишинохтии ниёконамонро ба таври ҷиддӣ ба таҳқиқ кашиданд.

Ба гуфтори  донандагон роҳ ҷӯй,

Ба гетӣ бипӯю ба ҳар кас бигӯй

Фирдавсӣ

Дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик (форсӣ) муҳақиқони бузурге буда ва ҳастанд, ки бо иҳота ва огоҳии жарф ва густурдае ки бар ҷузъиёти масоили луғавӣ ва балоғӣ ва таърихии мутуни адабӣ ёфтаанд, ба пижӯҳишҳои арзишманде дар ин заминаҳо пардохта ва нуктаҳои фаровонеро рӯшан сохтаанд. Аммо, ин ки мероси адабии дурахшони ниёкони мо чи гуна метавонад ба зиндагии имрӯзии мо пайванд бихурад, камтар мавриди таваҷҷӯҳи онон буда аст. Устод Абдунабӣ Сатторзода аз маъдуд донишмандоне ҳастанд, ки ба ин масъалла таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кардаанд ва дар осори хеш собит кардаанд, ки назарияи пешиниён ва андешаҳои эшон дар давраҳои мухталиф ҳамеша дар ҳоли таҳаввул ва такомул буда аст. Устод Абдунабӣ Сатторзода ва ҳамкорони собиқашон Худойӣ Шариф ва Раҳими Мусулмониён ин костиҳоро дар сармояи адабии асри мо то ҳадди зиёде ҷуброн карданд. Ва имрӯз аз баракати пижӯҳишҳои эшон афкори адабиётшиносии мо дар гузашта ва манбаъҳои мавҷуд дар ин росто мавриди баррасии илмӣ гашта ва натоиҷи ин пижӯҳишҳо дастраси муҳақиқон гаштааст. Устод Абдунабӣ Сатторзода аз оғоз дар заминаҳои мухталифи адабиётшиносӣ тавоноии худро нишон доданд, дар заминаҳои таърихи адабиёт, нақди адабиёт, назарияи адабиёт ва ғайра соҳибназар ҳастанд ва дар ин заминаҳо осори фаровоне халқ кардаанд. Нахустин китобе, ки дар даврони донишҷӯйӣ аз навиштаҳои эшон хондам «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ» ном дошт, ки нимаи солҳои ҳафтодуми қарни гузашта интишор шуда буд. Ин пижӯҳиш аз аввалин пижӯҳиши ҷиддӣ дар заминаи баррасии андешаҳои адабии ниёкони мо дар Тоҷикистон буд. Дар ин рисола устод Сатторзода афкори адабию зебоишиносии Абдураҳмони Ҷомиро мавриди баррасии илмӣ қарор додаанд ва ин андешрҳоро дар матну батни афкори адабии фалосифаи Юнону Эрон ва фарҳангу адаби ниёкон пижӯҳиш кардаанд. Пайдост, ки назари фалосифа ба шеър аз назари адибон тафовут дорад. Ва дар ин бора ишораҳое дар навиштаҳои файласуфони машоъ мавҷуд ҳаст. Чунонки устод Сатторзода ба дурустӣ фармуда буданд, адибон маъмулан ба зоҳири шеър таваҷҷӯҳ доштаанд, чунончӣ, ба қолаби шеър ва ба ҷанбаи луғавии он арҷ мегузоштаанд ва шеър барои онҳо “каломи мавзуну муқаффӣ” буда аст. Вале бо гузаштани замон ва ошнои бо андешаи фалосифа  чунин нигоҳ таҳаввул карда аст. Ва ба назари устод Сатторзода “…имтизоҷи дарки урфии шеър бо дарки…фалсафии он аз хидматҳои шоистаест,ки машоиён, ба хусус Форобӣ, Сино ва Насирриддини Тӯсӣ дар такомули афкори назарии шарқӣ кардаанд». Устод Сатторзода дар ин пижӯҳиши худ андешаҳои Ҷомиро  дар муқоиса бо афкори теъдоди зиёде аз донишмандони шарқию ғарбӣ баррасӣ кардаанд ва ба ин натиҷа расидаанд, ки Ҷомӣ  ва чанд тани дигар дар таҳаввули жарфи андешаҳо дар бораи шеър саҳми босазое доранд. Ҷомӣ дар равзаи ҳафтуми “Баҳористон” се таърифи шеърро оварда аст ва аввалиро ба ҳакимони қадим нисбат дода аст ва он чунин аст: “Шеър дар урфи қудамои ҳукамо каломест муаллаф аз муқаддамоти мухайила, яъне аз шаъни он бошад, ки сомеъ дар хаёл андозад маъниеро ки мӯҷиби иқбол бошад бар чизе ё эъроз аз чизе, хоҳ фин нафсиҳӣ содиқ бошад, хоҳ не, хоҳ сомеъе эътиқоди он дошта бошад,хоҳ не…”. Ва устод Сатторзода бо итако ба манобеи дасти аввал, аз ҷумла “Донишнома”-и Ибни Сино собит мекунанд, ки ин андеша реша дар фалсафаи Юнони бостон ва фалсафаи Машоъ дорад. Таърифи дуюмро Абдураҳмони Ҷомӣ “ба мутаахирини ҳукамо” нисбат медиҳад, ки онҳо ба назари Ҷомӣ дар шеър танҳо “вазну қофияро эътибор кардаанд”. Устод Сатторзода собит мекунанд, ки манзури Ҷомӣ аз “мутаахирини ҳукамо” ҳамин аҳли адаб ва адабиётшиносони ҳирфаӣ буда аст. Дар посух ба таърифи сеюми Ҷомӣ аз шеър, устод Сатторзода аҷала намекунанд ва посухи онро “андак душвор аст” мегӯянд. Ин яке аз фазилатҳои пижӯҳишҳои устод Абдунабӣ Сатторзода аст, ки ҳаргиз дар натиҷагириҳои хеш ба шитобзадагӣ роҳ намедиҳанд ва то даме, ки итминон ҳосил накунанд, ҳарферо бе буроҳини қотеъ намегӯянд. Албатта, дар ин маврид низ ҳадс мезананд, ки эҳтимол манзури Ҷомӣ файласуфони машоъ ва олимони юнонӣ, пеш аз ҳама Арасту ва Афлотун ҳастанд, ки “моҳият ва манфиъати шеърро дар муҳокот дарёфта,”ҳарчанд вазну қофияро инкор накардаанд”, ”онҳоро аз ҷумлаи асбоби моҳияти шеър ё фусули зотии он надонистаанд”. Ба назари ман ин ҳадси устод дуруст аст ва шакке нест, ки ба “ ҷумҳур” мансуб донистани Ҷомӣ ишора ба Юнон аст.

Ва устод Сатторзода дар ин пижӯҳиш ба  натиҷае расидаанд,ки “…дарки урфии шеър аз тарафи адибон бо мурури замон зери таъсири дарки фалсафии он тағйиру такмил намудааст ва дар ниҳоят боиси ба ҳам омезиш ёфтани дарки фалсафии шеър бо дарки адабии он дар назариёти адабии форсии тоҷикӣ гардидааст”. Таҳқиқи муфассали ин мавзӯъ дар рисолаи дигари устод Сатторзода такмил шудааст, аз ҷумла дар рисолаи “«Аристотель и таджикско-персидкая литературная мысль IX-XVвв» ва ин китоб эшонро дар радифи чанд тани истиснойӣ, ки мавзуи мазкурро пайгирӣ ва тадқиқ намудаанд, ба унвони мутахассиси бартар дар заминаи адабиётшиносии татбиқӣ ва масоили назарии он дар меҳани мо табдил додааст.

Албатта дар бораи китобҳо ва рисолаҳои илмии устод Абдунабӣ Сатторзода бисёр гуфтаанду навиштаанд, ба вежа дар робита ба ҳамин пижӯҳиши муҳими устод, ки “Арасту ва андешаҳои адабии форсу тоҷик дар қарнҳои 9 ва 15” ном дорад. Вақте ин пижӯҳиши муҳим  ба анҷом расид, на фақат муассисоти илмӣ онро ба унвони сухани тоза дар адабиётшиносии шӯравӣ муарифӣ карданд, балки бузургтарин мутахассисони он рӯзгор  аз ин пижӯҳиш чун падидаи нодир ва таҳқиқи комил  ёдовар шуданд.  Ин пижӯҳиш тибқи риволи он рӯзгор ба забони русӣ анҷом шуда ва арзёбии бузургон низ ба забони русӣ аст, ки чанд пораро ман ин ҷо тарҷума кардам ва бо тавзеҳ  меоварам:

Муҳаммадҷон Шакуруи Бухоройӣ: — Кори Абдунабӣ Сатторзода … аз чанд ҷиҳат, саривақтӣ ва муҳим аст.Нахуст ин ки торихи илми моро ба таври кофӣ ва бо вусъати назар баррасӣ намуда ва баррасии равобити байналмилалии онро низ фаро гирифта аст. Танҳо аз ин тариқ метавон улгӯҳои асосии тавсиаи фарҳангии ин ё он мардумро мушахас намуд, ба вижа чунин тамаддуни бузург мисли фарҳанги форсу тоҷик. Аз сӯйи дигар, ин рисола ёрӣ мерасонад, то мо ба жарфои пижӯҳишҳои назарии адабиёти муосир ва адабиётшиносӣ низ даст ёбем.

Устод Иосиф Брагинский: — Чунин масоили илмӣ ва пешбиниҳои илмӣ вуҷуд дорад, ки дар бораи он уламо солҳо ва гоҳо қарнҳо меандешанд ва мубоҳисаҳо анҷом медиҳанд. Масъалаи таъсири “Poetika”-и Арасту ба ташакули андешаҳои назарии ақвоми Шарқ аз  чунин масъалаҳост….

Мубрам будан ва тозагии рисолаи Абдунабӣ Сатторзода дар он аст,ки ин пижӯҳиш дар асл нахустин талош дар роҳи ҳаллу фасли мусбати проблеми таъсири “Poetika”-и Арасту  ба андешаҳои адабшиносии Шарқи қуруни вустойӣ аст. Абдунабӣ Сатторзода дар рисолаи  худ бо эътимод собит мекунад, ки рисолаҳои Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Насираддини Тӯсӣ ва дигарон, дар асл осори асил ва мустақил ҳастанд, ки дар навбати худ  андешаҳои Арастуро тавсиа бахшидаанд ва то ҳадде андешаҳои Афлотунро низ.

Устод Иосиф Брагинский мефармояд, Сатторзода собит кард, ки нақди фалсафӣ ба забонҳои арабию форсӣ бо роҳи мустақили хеш тавсиа ёфт ва бо усулҳои бунёдини хеш пешрафт кард. Шумо вақте бо рисолаи мазкури устод Сатторзода ошно мешавед, бе тардид ба ҳарфи устод Брагинский эътимод пайдо мекунед, ки мегуфт: «Дар ниҳоят донишмандони машриқзамин теории асили шеърро, ки аз пешиниён тафовут дошт халқ карданд» Ва бечиз нест, ки устод Брагинский  эълом дошт, ки “Дар ин ҷо… ҳама чиз нав аст; ҳам шеваи бархурд ба мавзӯъ,ҳам натиҷаи таҳқиқ. Абдунабӣ Сатторзода тавонист дар адабиётшиносии ақвоми Шарқ қишри ҷадиди андешаҳои теории шеърро дар навиштаҳои бузургони Шарқ, аз ҷумла донишмандони форсу тоҷик пайдо кунад ва пижӯҳиш намояд”. Боз яке аз фазилатҳои пижӯҳишҳои устод Сатторзода ин аст, ки ҳамеша талош кардааст, ки аз манобеи дасти аввал истифода бикунад ва ба сарчашмаҳо такя кунанд. Устод Дм.С. Лихачев гуфта буд,  касоне, ки бо сарчашмаҳо ва манобеи дасти аввал сару кор доранд, онҳо аз оби ноби чашмаҳо нӯш мекунанд ва оби ҳаёт менӯшанд ва уламое, ки кори худро дар асоси андешаҳо ва пижӯҳишҳои дигарон менависанд, онҳо оби мурдаро нӯш мекунанд. Ин нуктаро устод Брагинский мушоҳида карда ва мегӯяд: “Хушбахтона, ҳар нуктае ки А.Сатторов пешниҳод мекунад, онро бо истинод ба манобеи дасти аввал собит мекунад”.

Устод Иосиф Брагинский мефармояд, ки бисёре аз манобеи дасти аввалро нахустин бор дар илми адабиётшиносии ватанӣ (шӯравӣ!) Сатторзода ба кор бурдааст. Вежагии дигари пижӯҳишҳои устод Сатторзода аз назари Брагинский: Пижӯҳанда баҳс мекунад, аммо баҳсро чунон бо назокат, ҷавонмардона ва бо эҳтиром ба тарафи муқобил анҷом медиҳад ва баҳсҳои ӯ комилан дар чаҳорчуби илм сурат мегирад. Ӯ бо диққати тамом паҳлӯҳои мусбату манфиро баррасӣ мекунад ва аз душвориҳо намеҳаросад…

Расул Ҳодизода, професур: — Жарфои пижӯҳиши илмӣ ва бархурди дурусти метудулӯжӣ дар ҳаллу фасли масоили сангини проблемҳои таърихию теории  нақди адабии тоҷик, ин рисоларо ба яке аз корҳои бунёдии адабиётшиносии мо табдил додааст . Ин рисола саҳми бисёр муҳим ва арзишманд ба ъилми ватании мост.

Раҷаб Амонов, академик: Нишонаҳои боризи кори Абдунабӣ Сатторзода ба унвони як адабиётшинос ва мунтақид дар он аст, ки пижӯҳишҳояш бунёдӣ аст. Ӯ ба корҳои носанҷида, шитобкорона, ва баёни андешаҳои хом роҳ намедиҳад ва ба назар чунин мерасад, ки ҳиргиз ба худ иҷоза намедиҳад, ки чунин кореро ироа бикунад. Ҳар чӣ маҳсули хомаи ӯ бошад, ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи коршиносони илмӣ ва маҳофили адабӣ мешавад. Мехоҳам инҷо ба вежа аз ҷиддияти талаботи ӯ ба худаш ва дигарон ишора бикунам.

Аълохон Афсаҳзод: Пижӯҳиши Абдунабӣ Сатторзода аз назари масъалагузорӣ ва ва вусъати андеша ва баррасии он комилан сухани тозаест дар адабиётшиносии тоҷик, балки дар ховаршиносии шӯравӣ .

Раҳими Мусулмониён: Ин рисола на фақат дастоварди бузурги муҳаққиқ аст, балки дастоварди бузурги адабиётшиносии тоҷик, ҳамчунин дастоварди бузурги адабиётшиносии кулли шӯравӣ аст.

Муҳақиқон бар онанд, ки Абдунабӣ Сатторзода бо огоҳиҳои лозима аз таърихи равобити фарҳангию илмӣ миёни Эрону Юнон ва бо дар назардошти он, ки ғарбиён қабл аз тарҷумаи мутуни исломӣ, аз як сӯй ба фалсафаи Эрони Бостон, аз ҷумла муғҳои зартуштӣ ошнойӣ доштанд, аз сӯйи дигар дар асри маъруф ба асри торикӣ, ки аз баста шудани академии Афлотун оғоз шуд ва то қарнҳои даҳуму ёздаҳум идома дошт, танҳо ба як ё ду китоби мантиқ, ки аз Арасту тарҷума шуда буд дастрасӣ доштанд. Аммо, замоне ки мусулмонон, Андалусиро фатҳ карданд ва китобхонаи масеҳиён ба дасти мусулмонон афтод; наҳзати тарҷума оғоз шуд ва кутуби фаровоне, аз ҷумла китобҳои фалсафӣ, тарҷума шуданд. Пас аз бозпасгирии Андалусӣ тавасути масеҳиён, наҳзати тарҷума дар Ғарб низ роҳ ёфт. “Китоби Шифо”и Ибни Сино ва шарҳҳои Ибни Рушд аз китоби Арасту аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума шуд ва барои нахустин бор урупоиён бо ин мутун ошно шуданд. Баъдҳо ин матнҳоро дар донишгоҳҳои Урупо мутолиа мекарданд. Ва устод Сатторзода бо огоҳии комил ба таҳқиқи татбиқӣ, миёни афкори фалосифаи Шарқу Ғарб дар робита ба нақди шеър пардохтанд ва аз он ҷо ки Арастуро бунёнгузори нақди шеър дар таърихи башар шинохтаанд ва аввалин касе будааст, ки дар боби нақди шеър рисолаи илмӣ навиштааст ва осори ӯ тарҷума ва миёни донишмандони Шарқ, аз ҷумла тоҷикон, нуфӯз дошта аст, табиист, ки устод Сатторзода номи рисолаи худро “Арасту ва андешаҳои адабии форсу тоҷик дар қарнҳои 9 ва 15”номидаанд. Ва афкори адабӣ ва назариётӣ шеършиносони моро бо иртибот бо андешаҳои юнониёни бостон дар бораи шеър ба таҳқиқ кашидаанд. ”Бутиқо”-и Арасту ба ривояти ҳукамои форсу тоҷик, тарҷума ва тавзеҳи гузидае аз рисолаҳои шеърӣ дар ҷаҳони ислом аст. “Арасту ва андешаҳои адабии форсу тоҷик дар қарнҳои 9 ва 15” умдатан китобҳоеро ки ба равиши мантиқ навишта шудаанд, фаро мегирад.

Устод Сатторзода дар Шӯравии собиқ яке аз нахустин донишманде буданд, ки бо огоҳӣ аз афкору андешаҳои Арасту ва Афлотун дар таърихи нақди адабӣ, ки ин ду тан аз талоядорон ва пешкисватон ва нахустин мунтақидоне буданд, ки ба сӯрати ҳамоҳанг ва табйини оро ва афкори хеш пардохтанд ва ба нақд мафҳуми фалсафӣ бахшиданд. Афлотун, ки устоди Арасту буд салиқаи роиҷи рӯзгори худро дар мавриди шеър ва шоир, ки аз эътибори зиёде бархурдор буд, ба чолиш кашид ва ба радди он ҳимат гумошт.

Бино ба андешаи донишмандон дастоварди муҳими Афлотун, тардид дар усуле буд, ки то он замон қатъӣ ва ғайри қобили инкор менамуд. Ихтилофи назари ин ду файласуф вокунишҳои зиёдеро ҳам дар миёни фалосифа ва ҳам дар миёни мунтақидони Ғарб ва ҳам дар миёни фалосифаи мусулмон, монанди Абӯнасри Форобӣ барангехта ва метавон дар ин бора ба китоби машҳури муаллими сонӣ ба номи “Ал ҷамъ байн ал ройи ҳакимайн” (Ҷамъ байни орои ду ҳаким) муроҷиа кард. Устоди бузургвор доктор Абдулҳусейни Зарринкӯб низ дар китоби “Нақди адабӣ”-и хеш ба андешаҳои Афлотун ва Арасту дар бораи шеър таваҷҷӯҳ намуда ва навишта аст, ки “…Арасту нахустин касе буд, ки осори қувваи завқ ва ақли инсонро низ монанди осори табиат тобеи қавонин ва навомиси куллӣ ва худ дар расоил ва кутубе, ки дар боби шеър ва хитоба навишт аз нақду баҳси илмӣ ҳеч фурӯ нагзошт, ва бо ҳамон диқате, ки имрӯз муҳақиқон дар масоили таърих ва адабиёт баҳс мекунанд, ба таҳқиқ дар бораи қавоид ва усули шеъру хитоба пардохт”. Хулоса, агарчи Афлотун дастгоҳе аз назарияи зебоишиносӣ ироа накарда, ишорати рӯшану омӯзандаи ӯ бисёр мӯътабар ва дархури таваҷҷӯҳ аст. Ба иқрори бисёре аз муҳақиқон Афлотун аз ниёзи ҳунар ба мантиқ ва ваҳдати органики он огаҳӣ дошт ва нахустин касе буд, ки ба қудрати асроромези шеър ва нерӯи таъсиру нуфузи он вуқуф ёфт ва онро ба унвони падидаи таъсиргузор бар манишу шахсияти инсон арзёбӣ кард. Билохира метавон ӯро аз пешоҳангони назарияи адабӣ қаламдод кард. Устод Сатторзода дар ин пижӯҳиши гаронсанги худ масъалаи мутолиаи татбиқии андешаҳои адабии Шарқу Ғарбро баррасӣ намуда, сарнавишти таърихии “Poetika”-и Арастуро дар шарқи исломӣ таҳқиқ намуда, усулҳои тарҷума ва шарҳу тавзеҳи ин манбаъи юнониро дар Шарқи исломӣ ба таври илмӣ баррасӣ намудаанд. Эшон ҳамчунин андешаҳои адабии файласуфони машоъро дар бораи шеър баррасӣ намуда осори эшонро бо андешаҳои юнониён муқоиса ва нақшу аносири аслии афкори фалосифаи ҷаҳони исломро мушахас намудаанд. Устод Абдунабӣ Сатторзода аз нахустин донишмандони тоҷик ҳастанд,ки масъалаи таҳавули назарияи “тақлид”-ро дар афкори андешамандони ҷаҳони ислом ба таҳқиқ кашиданд. Ва ҳамчунин бо чунин мутолиоти пурбор ва огоҳиҳои зарурӣ ба баррасии “Poetika”-и Арасту ва афкори адабӣ ва зебоишинохтии форсу тоҷик ва аъробро ва масоили таҳавули назарияи шеърро ба таҳқиқ кашиданд ва ба таҳрир дароварданд.

Ҳам дар ин китоби пурарзиш ва ҳам дар мақолоти сершумори хеш устод Сатторзода афкори адабӣ ва зебоишинохтии на фақат файласуфони машоъ, балки бисёре аз адибону шеършиносони форсу тоҷикро баррасӣ намуда ва собит намуданд, ки “…дар заминаи моҳият ва манфиати шеър ва он чи ки ба он таалуқ дорад, бармеояд, машоиён на танҳо мардуми хешро ба мушаххасоти шеъри юнонӣ, …анвоъи шеърии он ва назариёти донишмандони юнонзамин  роҷеъ ба шеър муарифӣ намуданд, балки тавасути баррасии мушахасоти ашъори мардуми худ ва муқоисаву  мувозанаи он ба шеъри юнонӣ дар бораи шеър назариёти хос ва тозаи худро низ офаридаанд”. Албатта, андешаҳои Абӯнасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Хоҷа Насираддини Тӯсӣ, Шамси Қайси Розӣ, Муҳаммади Родуёнӣ, Муҳаммад Авфии Бухоройӣ ва даҳҳои дигар мавриди баррасӣ ва таҳқиқи ин устоди тавоно гаштаанд. Дигар аз пижӯҳишҳои муҳиме, ки устод Сатторзода анҷом доданд,дар заминаи илми бадеъ аст. Фунун ё саноати адабӣ, бахше аз шеваҳои адабиофаринии сухан аст. Дар китоби “Такмилаи бадеи форсии тоҷикӣ”, ки устод Сатторзода онро “дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён” номидаанд, бори нахуст дар адабиётшиносии мо сайри таҳавули саноеи бадеӣ мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Ин ҳамон илми бадеест, ва саноеи сухан аст, ки ба қавли сохторгароён дар забон низоми ҷадиде ба вуҷуд меоваранд.

Устод Абдунабӣ Сатторзода, ки таърихи нақди шеърро аз Юнони бостон то Эрони қуруни вусто нағз омӯхтаву ҳосили пижӯҳишҳояшонро интишор кардаанд, табиист, ки ба илми балоғат низ таваҷҷӯҳи хосе дошта ва солҳо аз умри азизи хешро ба таҳқиқи ин қисмате аз адабиётшиносӣ бахшидаанд. Пайдост, ки тасвир дар шеър, баёне аст, ки ба сувари зеҳни ҳосил аз дарёфтҳои ҳиссии шоир зиндагӣ мебахшад. Ба иборати дигар,с абаб мешавад то хонанда, эҳсос кунад, ки чизеро ба гунаи мутамойиз мебинад, ламс мекунад, мебӯяд ва мешунавад. Як шеър ғолибан бо сохтани тарҳе аз тасвирҳо, ҳаяҷонро бармеангезад, ба гунае ки хонанда он андоза ки ба василаи эҳсосот таҳрик мешавад, таҳти таъсири маънои шеър воқеъ намегардад.

Устод Сатторзода дар соли 2011 натиҷаи ковишҳо ва пижӯҳишҳои худро дар ин китоби арзишманди худ ба чоп расониданд. Ҳарчанд дар шинохти воқеии адабиёти мо пайванди саноеъи бадеӣ бо шеър ва насри мо, пайванди дерина аст; ба гунае ки метавон гуфт саноеи бадеӣ ва осори адабӣ, зодрӯзи яксон доранд, пайдост, ки бидуни “оройиш” осори бадеӣ наметавонад пойдор бошад, ва дар кишвари мо, пижӯҳиши ҷиддӣ  дар ин маврид  анҷом наёфта буд. Устод Сатторзода ин холигоҳро эҳсос карданд  ва “дар сайри таҳаввули санъатҳои бадеъии лафзӣ ва маънавӣ…” бо иттако ба афкори донишмандони пешин ва баррасии дидгоҳҳои адабиётшиносони кунунӣ натиҷаи таҳқиқи худро ба хонандагон ироа доданд. Ин китоб ҳовии муқаддима ва чаҳор фасли аслӣ ва охирсухан буда ва ба наҳве хулосаи назарияҳои мавҷуд, иттифоқи назарҳо, сӯитафоҳумҳо ва ғайраро дар бадеи форсӣ фаро гирифтааст. Дар ин китоб кӯшиш шудааст, то тасвире ҷомеъ аз сайри таҳаввули ин илм дар забони форсӣ (тоҷикӣ) аз оғоз то имрӯз  ироа шавад ва тамоми саноеи бадеъи мавҷуд ва шинохташуда дар кутуби форсӣ муъарифӣ шавад. Устод дар муқаддимаи китоб аз пешинаи ин илм сӯҳбат мекунанд ва китоби Хоҷа Насираддини Тӯсиро, ки “Меъёр-ул-ашъор” ном дорад, яке аз қадимтаринҳо медонанд, ки ин илмро “илми маҳосин ва бадоеи сухан” ё “илми санъат” номида аст. Ва дурустии ин нуктаро, ки “мавзуи аслии илми бадеъ дар воқеъ ҳамон саноеи сухан аст” бо муҳтавои манобеи дигаре аз қабили осоре аз Муҳаммади Родуёнӣ, Рашиди Ватвот, Шамси Қайси Розӣ, Тоҷулхаловӣ, Шарфуддини Ромӣ, Ҳусен Воъизи Кошифӣ, Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ ва ғ., ва бо такя бо ишораҳое, ки эшон дар ин замина доранд,таъйид мекунанд. Бино ба пижӯҳиши устод донишмандони араб илми бадеъро аз улуми “тавобеи балоғат” медонистанд, дар ҳоле ки порсизабонон илми бадеъро шохаи ҷудогонаи улуми адабӣ медонистаанд. Устод Сатторзода бо истинод ба “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ овардаанд, ки “Ва шоирони порсигӯ баъзе аз зебоиҳои зотия, ки машҳур ва серистеъмол бувад, мисли ташбеҳ, истиорот ва киноёт, ба зебоиҳои аразия зам кардаанд. Ва маҷмӯъро “саноеъ” мегӯянд ва баёни онро “илми саноеъ”, яъне “илми санъатҳои бадеӣ”. Пайдост, ки эрониён қабл аз давраи исломӣ китобҳои фаровоне дар илми балоғат низ доштаанд, ки дар ин бора дар манобеи гуногун омада аст. Аз ҷумла Ҷоҳиз (соли маргаш 868 масеҳӣ) навиштааст, ки эрониён дар адвори қабл аз ислом китобҳо дар боби балоғат доштанд ва ҳар кас бихоҳад … балоғат биомӯзад, бояд ба кутуби онҳо… руҷӯъ кунад”. Устод Сатторзода исбот кардаанд, ки муҳимтарин рисолаҳо дар ин замина аз сӯйи порсизабонон навишта шудааст. Номи даҳҳо рисолаву соҳибонашро бо арзёбии ҷою мақоми ин китобҳо дар сарсухан ва фусули баъдии китоб овардаанд, ки аз такрори он худдорӣ мекунам. Ба ин тақсимбандии саноеъ ба лафзию маънавӣ ҳам, ки дар қуруни вусто сӯрат гирифта ва бори нахуст дар “Бадоеъ-ус-саноеъ”омада аст, устод ишора кардаанд. Пайдост, ки устод Сатторзода бо пижӯҳишҳои муҳим дар ин замина ошноии комил доранд ва андешаҳои хешро бо далелу бароҳини мустаҳкам баён мекунанд.

Дар рӯзгори мо доктор Сируси Шамисо бо ишора ба бархе аз норасоиҳои кутуби бадеъ, аз ҷумла тадохули мабоҳиси марбут ба низомҳои нақди адабӣ, арӯзу қофия бо фани бадеъ, таълифи китобҳои бадеъ бар бунёди кутуби балоғати арабӣ, ихтилоф дар номгузории саноеъ ва норасоии таъориф ва ба вежа надоштани табақандии илмӣ ва бо интиқод аз шеваи назми алифбойии саноеъ дар бархе китобҳо ва бо истифода аз огоҳиҳои хеш дар заминаи суханшиносӣ, бахши бадеъи лафзиро бознависӣ карда ва дар бахши бадеъи маънавӣ кӯшидааст, то таорифи нисбатан дақиқ ва илмӣ бидиҳад

Вале устод Сатторзода ин ҷо бо ин адабиётшинос ва яке аз теорисанҳои барҷастаи Эрони муосир баҳс кардаанд, ки бисёр ҷиддӣ ва олимона аст, ки хушам омад. Устод Сатторзода чунин мепиндоранд, ки Сируси Шамисо иштибоҳ карда аст ва иштибоҳи ӯ “…дар он аст, ки сирф аз рӯи меъёр ва арзишҳои адабии имрӯзӣ ва он ҳам меъёрҳову арзишҳои ғарбӣ ба падидаи илми бадеъи гузашта баҳо медиҳад”. Ва эшон мутмаин ҳастанд, ки нодида гирифтани аз “қонун, меъёр ва мухтассоти илми бадеъ”-и пешиниён боиси таҳриф шуда аст. Ман дар ин маврид комилан бо устод Сатторзода мувофиқам. Мо дар арзёбии падидаҳои адабӣ ва баррасии осори адабӣ бояст меъёрҳои роиҷ дар замону фазои маънавиро ҳамеша дар назар дошта бошем. Устод Сатторзода талош кардаанд, ки сайри таҳаввули ҳар яке аз саноеи адабиро ва истилоҳот ва айбҳои шеърро ки бадеънигорони гузашта дар рисолаҳояшон баён кардаанд, баррасӣ намоянд. Аз сӯи дигар бо иттако ба пижӯҳишҳои адабиётшиносон ва дастовардҳои илми кунунӣ назари хешро дар ин замина баён кунанд. Илми бадеъ ба ду бахши саноеъи лафзӣ ва саноеъи маънавӣ тақсим мешавад. Саноеъи лафзӣ чунонки овардаанд, хосси зебоиҳои лафзӣ  ва саноеъи маънавӣ бештар барои зебосозии маънавии сухан аст. Монанди ташбеҳу истиъора ва маҷозу киноя ва амсоли инҳо… Устод дар боби нахуст, ки “Дар баёни санъатҳои лафзӣ “ном дорад 52  санъатро бо такя ба манобеъ баррасӣ намудааст ва дар боби дуюм, ки «Дар баёни санъатҳои маънавӣ» ном дорад 67 санъатро оварда ва шарҳ кардаанд. Боби сеюми китоб “Дар баёни истилоҳоти шеърӣ” ном дорад ва дар он 70 истилоҳ аз қасидаву ташбибу насиб то назму насру нақди адабӣ таъриф ва баррасӣ шуда аст. Ва боби чаҳоруми ин китоб “Дар баёни айбҳои шеърӣ “ аст ва шомили шарҳи 41 матлаб аст. Ва дар охири китоб,ки “Ба ҷойи охирсухан” ном дорад, устод саноеъи бадеъӣ ва гунаи асбоби тахаййул ва зарурати короии онро аз дидгоҳи имрӯз баррасӣ кардаанд. Дар ин ҷо, устод, хадамоти пешиниён ва муосирони худро арзёбӣ намуда ба корҳои  эшон эҳтиром гузоштаанд. Ва дар навбаи худ ба норасоии онҳо низ ишорат кардаанд. Аз мутолиаи рисолаҳои донишмандони илми бадеъ дар замони муъосир ба хулосае омадаанд, ки “…мутаасифона, …таърифҳои онҳо, дар моҳият, ё такрори гуфтаҳои Хоҷа Насираддини Тӯсист ва ё аз он чандон дур набуда ва орӣ аз нукоти умда ва асосӣ, яъне моҳияти офаринишии санъатҳои бадеӣ мебошанд”. Устод таърифҳои пешиниён аз санъатҳои бадеиро баррасӣ намуда ба натиҷае расидаанд, ки мутобиқ ба он “ …санъатҳои бадеӣ ҳилатҳоеро гӯянд, ки тааллуқ ба лафз ё ба маънӣ ва ё ҳар ду бувад ва ҷиҳати ороиши шакли асари бадеӣ ва ба хотири расоӣ ва барҷаста сохтани муҳтавои он истеъмол мешавад”. Ҳамчунин, вежагиҳои саноеи лафзию маънавӣ ва мавориди истифодаи онҳо дар каломи бадеъ ва вежагиҳои ороишии забони адабиёт мавриди таваҷҷӯҳи устод будааст. Фикр мекунам, адабиётшиносии тоҷик, ба вежа донишҷӯён ва коршиносони адабиёт, ба забони форсии тоҷикӣ соҳиби як китоби муҳим дар заминаи илми бадеъ шуданд ва метавонанд аз ин ганҷи шойгон истифода кунанд. Самти дигари фаъолияти устод таҳия ва навиштани китобҳои дарсӣ ва васоили таълимист. Ин корро ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои донишомӯзон дар Душанбе ва Кобул анҷом додаанд.

Навиштани китобҳои дарсӣ барои донишомӯзони тоҷик чӣ дар мақтаъи дабистон ва чӣ дар мақтаъи дабиристон ва чӣ барои донишгоҳҳо кори осон набуду нест. Шеваи навиштани китобҳои дарсӣ дар замони шӯравӣ аз як сӯ идиулӯжӣ буд, аз суйи дигар бо овардани тарҷумаи ҳол ва нақли осори адибон хотима меёфт ва камтар матн мехонданд. Дар ҳоле ки барои вуруд ба гулистони пурбори адабиёти мо мебоист донишомӯзонро ба мутуни адабиёт бештар ошно бикунем. Аз матнҳои сабуктар бояд шуруъ кард ва оҳиста оҳиста дарҳоро барои хонандагон боз кард ва муаллими адабиёти тоҷик китоби дарсиро бояд чароғи раҳнамое бикунад, ки донишомӯзонро раҳнамойӣ ва мустақилона андеша карданро ёд диҳад  ва дар донишомӯз пӯёӣ ва талоши дарки маонӣ ва зебоишинохтиро бедор кунад. Муаррихи адабӣ ногузир бояд “адабиёт”-ро бишносад ва бо забони шевову баёни расо онро таъриф кунад, ва бояд бишносад, ки кадом матн адабиёт аст ва кадом шабеҳи адабиёт. Албатта ин ҷо қасди баҳс дар бораи кайфияти китобҳои дарсии адабиётро надорам, вале бар ин боварам, ки ин масъала бояд ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи коршиносон бошад, ки фардои кишвар ва тарбияти наслҳоии баъдӣ ба он вобаста аст ….

Аз як каломи ҷонфизо, сад мурда эҳё мекунӣ,

Ҳангоми таълими сухан, кори Масиҳо мекунӣ.

Устод Абдунабӣ Сатторзода, ки даҳсолаҳо ба унвони устоди донишгоҳ ва муҳаққиқи тавонои адабиёти мо фаъолият кардаанд ва таърихи адабиётро низ хуб фаро гирифтаанд, дар навиштани китобҳои дарсӣ ширкат кардаанд ва муалифи китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 8 ҳастанд. Ҳатто як нигоҳи оддӣ ба китобҳои дарсии адабиёт кофӣ аст, ки бубинем, ин китоб ба забону баёни расову шево, сохтори ҷолиб ва муҳтавои муҳим ва мутуне ки дар бар гирифтааст, кори инсони огоҳ ва дар кори худ савор мебошад. Устод Сатторзода дар ин китоб донишомӯзонро ба марҳилаҳои инкишофи адабиёти пурбори гузаштаи мо, аз ҷумла нахустин бор онҳоро бо адабиёти давраҳои пеш аз исломӣ ошно мекунанд ва бо беҳин намунаҳои адабиёти бостонии мо, ошно месозанд. Ҳамчунин мо дар ин китоби дарсӣ мебинем, ки устод донишомӯзонро ба адабиёте ки ниёкони мо ба забони арабӣ сурудаанд низ ошно кардаанд, ки ин бисёр муҳим буд… Зеро дар “ду қарни сукут” ки устоди бузург Абдулҳусайни Зарринкӯб ин даврони чирагии араб бар эрониёнро хондаанд, мебинем, ки чандон сукут ҳам набудааст ва ниёкони мо ҳама дарду ранҷи худро ба забони ғосибин баён кардаанд. Адабиёти ба истилоҳ шуъубӣ дар ҳамин даврон падид омада аст. Пас аз ин устод Сатторзода аз адабиёти тоҷики қарнҳои 9 ва 10 ва вежагиҳои он барои донишомӯзон ҳикоят карда пас аз он аз зиндагӣ ва осори бузургтарин шоиру нависандагони мо аз устод Рӯдаки то Низомии Ганҷавӣ ҳикоят мекунад. Китоб бо забони нағзу шево ва бо огоҳии тамом навишта шуда ва бетардид донишомӯзро барои мутолиаи таърихи дурахшони адабиёти мо ҳавасманд мекунад. Намедонам давраи баъд аз Низомӣ то Абдураҳмони Ҷомиро ки навиштааст, вале бо шинохте, ки аз мутахассисини таърихи адабиёти тоҷик дорам, бо итминон мегӯям, ки кош устод Абдунабӣ Сатторзода менавиштанд, ки дар бораи адабиёти ин давраи адабиётамон бисёр навиштаҳо доранд ва соҳибназар ҳастанд. Устод дар ин китоб зимни дарсгуфторҳои худ бархе аз саноеи лафзию маънавиро низ шарҳу тафсир кардаанд ва ҳам бо таҳияи саволҳо ва супоришҳо ва луғатномаи марбута донишомӯзонро аз як сӯй барои мустақилона андеша кардан водор намудаанд ва аз сӯйи дигар барои фаҳми мутуни классик омода кардаанд.

Дигар таҳқиқоти мутаадиди илмию адабии эшон дар риштаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, поэтика, нақди адабӣ, сиёсати хориҷӣ, таърихи дипломатияи миллӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ, маҷаллот ва китобҳои мухталиф интишор шуда аст, ки ҳар кадом дорои аҳамияти муҳиме дар риштаҳои мавриди таҳқиқ аст. То кунун беш аз  16 китобу рисола ва беш аз 400 мақолаи устод ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, ҷопонӣ, форсӣ, дарӣ, пашту, олмонӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, ва ғ. дар Душанбе, Маскав, Киев, Теҳрон, Тошканд, Боку, Степанакарт, Берлин, Токио, Лондон, Осло, Стокҳолм, Севул, Деҳлӣ, Қарочӣ, Алмаато, Бишкек, Кобул ва ғ. чоп шудаанд. Аз ин лиҳоз мо дар ҳоли ҳозир адабиётшинос ва донишманде дар сатҳи эшон надорем. Устод Сатторзода донишманде, ки коршиносон дар ҳар гӯшаи дунё  эътироф мекунанд ва ба осорашон истинод мекунанд, вале дар чашмони кӯри олимнамоёне, ки масъалаи узвият ба Академиро, мутаассифона, ғасб кардаанду худро олим ҷилва медиҳанд, наменамоянд, ва то кунун, ҳатто узви вобаста ё пайвастаи Академии Ъулум ҳам нестанд! Албатта ин барои устод чандон муҳим нест, зеро қадри зар заргар бидонад, лек дар маҳофили мухталиф аз беадолатиҳо дар интихоботи академӣ мегӯянду мешунавем. Кош ҳадди ақал дар миёни ин қишри рӯшанфикрон инсоф ва дар таъйиди воқеъиятҳо иттифоқи назар мебуд.

Китобу маҷмӯаҳои устод Сатторзода ба ҷуз онҳое, ки дар боло ишора кардем, «Нуқтаи пайванд. Баъзе масъалаҳои инкишофи шеъру нақди адабӣ» (1982), «Нақди адабӣ» (дар ҳамкорӣ бо Абдулқайюми Қавим, Асадулло Ҳабиб ва Латифи Нозимӣ; Кобул, (1987), «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2001), «Аристотель и таджикско-персидкая литературная мысль IX-XVвв» (2002), «Кӯҳна ва нав (дар шеър, нақд ва забон» (2004), «Дипломатияи муосири тоҷик» (бо ҳамқаламии академик Талбак Назаров; 2006), «Баёзи адабиёт» (барои хонандагони синфи 8) (2010), «Дипломатияи порлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2010)» (дар ҳамқаламии Муҳаммадато Султонов; 2010), («Дипломусии муосири Тоҷикистон» (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; Кобул, 2013), «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ» (2013) ва ғ.мебошад, ки инҳо аз беҳтарин намунаҳои тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон аст ва гувоҳи саҳми назарраси устод дар пешрафти адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва фарҳангшиносии тоҷик ба ҳисоб мераванд. Устод Сатторзода дар таҳияи матн ва тарғиби адабиёт низ саҳми босазо доранд, ки намунаи он нашри «Чаҳор китоб» (Душанбе, 1990; Маскав, 1991), ки ин китоб, бетардид дар тарбияти ахлоқи ҳамзамононамон нақши муассир хоҳад дошт…

Он чӣ ман  аз устод Сатторзода беш аз ҳар вежагии дигар ба назарам менамояд  озодагӣ ва наҷобате аст, ки дар чеҳраи эшон ҳувайдост. Наҷобат, ба қавли доное, омезае аз бузургдилӣ, ё ба қавли ҳамшаҳриҳои мо, дилкалон будан ва чашмпӯшию фурӯтанӣ аст; парҳез аз рашку ҳасад ва бухлу кинатӯзӣ аст. Тоза ба ёди суханони устод Шакурӣ афтодам, ки устод Сатторзодаро хушрафтор ва хушандом меномиданд. Устод Сатторзода инсоне некандеш, неккирдор ва некрафтор ва озода вуҷуди муборакашон аз наҷобати ботин  асар дорад, ҳам зебо ва ҳам зебописанд ҳастанд. Ва ин зебоию ворастагию озодагӣ буд, ки эшонро ба сӯи ин сифот мекашад ва рафтори эшонро шакл мебахшад. Дар рафтори устод хубӣ ва зебойӣ ба ҳам пайванди ногусастанӣ дорад. Тавозӯъ, қаноъат  ва ҳамон ризо ва истиғно, ки Саъдӣ фазилати онҳоро баршумурда буд, ман дар вуҷуди устод Сатторзода мебинам. На ин ки эшон аз хоҳишҳои нафсонӣ холӣ бошанд. Ҳаргиз чунин нест! Агар чунин буд, барои ман ҷолиб набуд. Баръакс, устод Сатторзода марди солим ва табиӣ ҳастанд ва аз ҳама хоҳишҳои инсонӣ баҳраманданд. Дар паси чеҳраи ором ва лабханди зебои эшон пӯёйӣ, ҷунбиш ва завқи нишот хуфта аст ва дар чашмони андешамандашон барқи зиндагӣ медурахшад. Албатта, устод ҷойгоҳи воқеии хешро медонанд, гоҳо аз муҳити илмию адабӣ дилгир мешаванд ва медонанд, ки дар ин гирудор ватан муқасир нест, афроди бесавод ва каммояе, ки муассисоти илмию омӯзиширо ғасб карда, вале корро намедонанд, муқасир ҳастанд. Хислати муҳиме, ки ман дар устод Сатторзода мушоҳида кардам ва эшонро дар чашми ман гиромитар мекард, шавқи эшон ба омӯхтан буд. Аз даврони кӯдакиам, ки бо падарам барои дидорбинӣ ба хонаи падариашон мерафтам, медидам, ки китоб мехонданд ва менавиштанд. Дар шаҳрҳои мухталиф, ки бо ҳам будем, ҳамеша медидам, ки суроғи китобе мекарданду аз пайи мутолиа буданд.

Устод Абдунабӣ Сатторзода бо баҳрагирӣ аз мазомини навиштаҳои назарияпардозони қадим ва ҷадид адабиёти тоҷикро ба таври умум ва шеъри форсиро ба таври хос баррасӣ кардаанд. Дар шеършиносӣ талош кардаанд, чӣ шоъирони қадим ва чӣ ҷадидро аз тангнои таъоруфоти маъмулии худи мо, порсизабонон, раҳойӣ бахшанд. Бо ошнойӣ бо назарияҳои мухталиф ва муқоиса бо адабиёти ҷаҳонӣ онро ба таҳқиқ кашидаанд. Дар баррасии ашъори ҳар шоире муътақид ҳастанд, ки бояд ба ҷавҳари шеъри онон роҳ ҷуст, ба зеҳни халлоқашон, виҷдони бедорашон, он чӣ ононро ба ваҷд меоварад, ба хашм, ба дард, ба нафрин ба дуо ва ғайра. Ба ҳақиқате, ки онон ишора кардаанд, бояд дубора роҳ ёфт. Бо бузург гуфтани Рӯдакӣ, шумо ӯро бузург намекунед, балки бо даст ёфтан ба донишҳои лозима ва расидан ба ҳақиқате, ки Рӯдакӣ расидааст, даст бояд ёфт. Барои нишон додани бузургии Ҳофизу Саъдӣ бояст ҷавҳари ҳунарии эшонро шинохт ва он гоҳ онро дар ҷавҳари ҳаёти имрӯзин ҷорӣ сохт. Соҳибназаре гуфта буд, ки агар шеъри моро бояд ба ҷаҳониёни ғайрифорсизабон шиносонд, ин муҳим бояд ба далели зоти вуҷудии ин шеър бошад, на аҳамияти таърихӣ ва ҷомиъашиносии он, ки гоҳо бар баъзе мазомини он гиреҳ мехӯрад. Шеър воҷиди ҳақиқате аст мустақил аз ҳар илм. Барои даст ёфтан ба чигунагии ин ҳақиқат назарияпардозони зиёде аз қадимулайём ба баҳс ва ва табодули назар пардохтаанд. Ва яке аз муҳақиқони ростине, ки бо ошноии комил бо афкори адабиётштносони қадиму ҷадид, ба баррасии адабиёти мо мепардозанд ва хушбахтона мувафақ ҳастанд, устод Сатторзода мебошанд. Камтар мунтақиди адабии муосиреро мешиносем, ки  чун устод Сатторзода мазомин ва назарияҳои нақди адабии қадим ва ҷадидро аъм аз манобеъи форсӣ, арабӣ ва урупойӣ дар шинохти адибони қадиму ҷадиди мо  ба кор гирифта бошад. Аз назарияҳои Арасту гирифта то мунтақидони муосири рус ва аз Муҳаммади Родуёнӣ то Рашидаддини Ватвот то Муҳаммадҷони Шакурӣ, аз Бӯалию Форобӣ то Муҳаммадризои Шафеъии Кадканӣ ва Сируси Шамисо ва ғайра, ошноии комил доранд.

Ба гетӣ беҳ аз мардумӣ кор нест,

Бад-ин бо ту дониш ба пайкор нест.

Фирдавсӣ

Устод Сатторзода ба монанди дигар муҳақиқоне, ки содиқ ва ошиқи кори худ ҳастанд, даме аз мутолиаву пижӯҳиш даст набардоштаанд. Солҳо устоди мумтози донишгоҳи давлатӣ буданд ва садҳо нафар аз донишу маслиҳатҳои эшон баҳра бардоштаанд. Устод 11 сол пеш бо дархости ин шогирд узвияти ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Ироннома”-ро пазируфтанд ва бо лутфу бузургворӣ мақолотеро барои маҷалла навиштанд, ки мавриди алоқамандии мутахассисон буд. Устод, бидуни таоруф инсони бузургвор ва матавозеъ ва омода барои баровардани ҳоҷати аҳли илму адаб аз ҳар табақа ва қишри ҷомеа ҳастанд. Бархурди эшон дар ин замина барои шогирдон ва ҳампешаҳояшон пӯшида нест. Он чиро ки медонанд, бо самимияту садоқат ба дигарон интиқол мекунанд. Дар вуҷуди устод Сатторзода камтарин асаре аз тасаннуӣ будан ва баландпарвозии бархе аз аҳли илму адаб дида намешавад. Гузашта аз ин, устод намунаи олии як тоҷики фарзона ва меҳандӯст ҳастанд, ки ватан ва фарҳангу тамаддуни дерини ин сарзаминро гиромӣ медоранд, онро пижӯҳиш ва ба дигарон муаррифӣ мекунанд. Барои огоҳии ҷавонон аз гузаштаи пурбор ва пайванд ба фарҳанги ягонаи порсизабонон ва фарогирии донишҳои имрӯзии ҷаҳон талош кардаанду талош хоҳанд кард. Як сабақи муҳими устод барои мо, шогирдон, ин аст, ки Устод Сатторзода ҳамеша аҳли илму адабро муҳтарам мешуморанд ва ҳурмати пешкисватонро нигаҳ медоранд. Ин нуктаро на танҳо дар муносибати эшон бо афроди алоҳида мушоҳида кардаам, балки дар навиштаҳои эшон низ ошкор аст. Мақолаҳои сершумори эшон дар бораи устодони бузурге чун Абдулғани Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лутфуллоҳ Бузургзода, ишораҳои эшон дар бораи устодон Бертелс, Брагинский, Александр Болдирев, М.Н. Усмонов, ё дар бораи устодони беназир Садруддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, устод Лоиқ ва ғайра гувоҳи эҳтиром ва вафодории эшон ба воқеиятҳо ва ойинҳои миллии мост. Ахлоқи ниёкони мо чунин будааст, ки ҳар касе, пеш аз онҳо хидмате карда бошад, амонатдорӣ мекарданд ва ба хадамоти эшон арҷ мегузоштанд. Чунончӣ, ин корро Фирдавсӣ дар ҳаққи Дақиқии ҷавонмарг анҷом дод ва на танҳо эътироф карда, ки “ҳам ӯ буд гӯяндаро роҳбар”, балки аз ҳиммати баланди Фирдавсӣ он ҳазор байти Дақиқӣ ҳифз шуд.

Боре дар маҳфили дӯстон гуфтам: «Медонед, чаро устод Абдунабӣ аз дигарон тафовут доранд?! Он кас ҳеч гоҳ ва дар ҳеч ҳолат аз пушти касе ғайбату бадгӯйӣ намекунанд, худро аз дигарон ҷудо намедонанд, ҳасодат надоранд, ҷойгоҳи худро медонанд ва худро мешиносанд. Ман касонеро медонам, ки устод Сатторзода борҳо барояш дасти ёрӣ дароз кардаанд ва ҳимояташ мекарданд, вале рӯзи ҳодиса он нафар аз рӯи ҳасодат ва тамаъ аз эшон бадгӯйӣ кард ва ин дар рӯзҳое, ки бо туҳмат ва кинатӯзӣ ва бадгӯйӣ ҳар нобиғаеро имкон дошт,бикушанд»…

Хушбахтона, касеро ки фармуданд Абдунабӣ Сатторзодаро нобуд бикунад, аз шогирдони устод буд, ки баробари дидан шинохт ва тезҳушӣ кард ва ба ҷои куштан, барои наҷоти устод кӯшид. Устод номардиҳоро таҳаммул мекарданд ва ба истилоҳ ба рӯи худ намеоварданд, гарчӣ ба яқин дар дарунашон ғавғое барпо мешуд, мисли ҳамон ҳодисае ки дифоъи докториашон бо ширкати бузургтарин мутахассисон дар сатҳи олӣ баргузор шуд ва ҳеч касе гумон намекард, ки мушкиле пеш ояд, боз ҳам яке аз нотавонбинон,а з ҳамкоронашон, ки ҳар рӯз бо ҳам салому алейк мекарданд, бе он ки поённомаи устодро хонда бошад, ба унвони болотарин мақоми расмие, ки унвонҳои илмиро таъйид мекунад, номаи палидонае навишта, ҳарфҳои авомфиребонае рақам карда гуфта, чун эшон забони юнонии бостонро намедонанд, набояд унвони илмиро сазовор шавад. Инро касе навишта буд, ки худаш то дами марг ҳатто як забони хориҷиро ёд нагирифт. Устодро ба ВАК даъват карданд. Он солҳо ман дар Маскав будам, ҳамроҳашон рафтам. Намоянда бо эшон сӯҳбат кард, аз масоили назарии адабиёт сӯҳбат меорост ва устод Сатторзода дар ин сӯҳбат худро чун моҳӣ дар об нишон доданд. Он нафар ногаҳон пурсид, фулон касро мешиносед? Устод посух гуфтанд, ки бале «он мой учитель» ва бо каме тааммуқ ҳамоно ислоҳ карданд. «Вернее он мой преподаватель». Ӯ бо табассум гуфт: «Фарқ дорад?» Устод фармуданд, «преподавать может каждый, а не каждый может назваться учителем!». Эҳсос кардам, ки эҳтироми пурсанда ба устод афзун мешуд. Ӯ, ки яке аз олимони маъруфи рус буд, ки ҳамзамон коршиноси ин муассиса ҳам буд, хандид ва гуфт. «Ман бо шумо мувофиқам. Кори шуморо ба унвони яке аз беҳтарин пижӯҳишҳо пазируфтем ва шуморо ба унвони доктории илм табрик мегӯям».

Аз он ҷо берун рафтем. Ман аз пастфитратии он нобакоре, ки фазилати худро дар айбҷӯйӣ медид, нороҳат будам ва нафрин мекардам. Устод, ором ва хушҳол  буданд ва мегуфтанд, вай гуноҳе надорад, табиаташ ин аст, наметавонист, нанависад, ботинаш маҷбур мекард…

Албатта, сухан гуфтан аз зиндагию осори устод Сатторзода барои ман гуворост, вале ҳоло иктифо мекунам ва барои эшон саломатии бардавом мехоҳам ва орзу мекунам, ки ин нерӯи худоди ҷавониро боз солҳо ҳифз бикунанд ва дар навиштаҳои баъдиашон низ мо ин тару тозагию ҷавониро эҳсос кунем. Ман танҳо мехостам дар остонаи ҳаштодсолагии устод чанде таҳти таъсиру ёдҳои ин марди накӯном ва нотакрор бошам.

Осори устод Абдунабӣ Сатторзода ба таҳқиқу баррасии ягон мавзуъу масъалаи муҳимму мубрами адабиёти тоҷик ихтисос ёфта, ба ҳадди аҳсан анҷом дода шудаанд. Ба қавли устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурии Бухоройӣ: «Истифода аз дастовардаҳои илмии профессор Абдунабӣ Сатторзода, бидуни шак, адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосири тоҷикро комилтару гиротар гардонида, ба таҳлилу танқиди адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносии муосир боис мегардад. Самара ва дурнамои онро мо дар мисоли таълифоти танқидии худи муаллиф оид ба раванди адабии имрӯза мушоҳида мекунем. Донистани назариёти адабии миллӣ ба вай имкон додааст, ки ҳусну қубҳ ва худвижагиҳои адабиёти гузаштаву имрӯзаи мо ва қонунмандиҳои нотакрори инкишофи онро ба хубӣ ошкор созад».

Барои ман кору пайкори устод Абдунабии Сатторзода дарси инсондӯстӣ ва сухансанҷӣ буд. Ширкат дар  клосҳои дарси устод Сатторзода аз ҷумлаи беҳтарин ёдҳо ва омӯхтаҳои дарси ин бузургмарди арсаи қалам ва пижӯҳиш ва халлоқият будааст.

Сафар Абдуллоҳ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here