(Дар мисоли Саразм)

Дар фарҳанги куҳани халқи тоҷик эҳтироми зан модар ва мақоми он ҷойгоҳи муайянеро соҳиб буд. Ниёгони мо бо назардошти офаранда будани зан, ӯро ҳамрадифу ҳампояи замин медонистанд. Ба андешаи донишманди тоҷик Зафари Мирзоён аз миёни ориётабаорон тоҷикон яке аз қадимтарин мардуме ҳастанд, ки ниёгонашон заминро модар меномиданд. Дар яке аз қадимтарин ва муътамадтарин сарчашмаи таърихии миллати тоҷик китоби муқаддаси “Авесто” зан ҳамчун офаранда ва манбаи меҳр дар радифи замин дар якҷо оварда шудааст. Тавре аз ин китоб мехонем: «Инак, заминро меситоем; замине, ки моро дар бар гирифтааст.

Эй Аҳура Маздо! Занонро меситоем. Занонеро, ки аз они ту ба шумор оянд ва аз беҳтарин Аша бархурдоранд, меситоем».

Аз рӯи тадқиқи академик Ю. Яъқубов худи вожаи зан аз калимаи замин реша мегирад ва ба монанди замин боровар мебошад. Аз ин лиҳоз, дар китоби “Авесто” фариштаи Исфандормуз ҳомии дӯшизаҳо, занону бонувон низ дониста мешавад. Аз ин ҷост, ки заминро ниёгони мо модари дуюм меҳисобиданд. Зан инчунин, дар ниёгони мо олиҳаи покӣ дониста мешуд. Чунин ҷойгоҳи баланди зан дар ағлаби фарҳанги халқҳои дигар кам ба мушоҳида мерасад. Масалан, занро арабҳо дар фарҳанги то исломӣ чандон инсон ҳисоб намекарданд ва ҳатто пас аз интишори дини ислом ҳам зан натавонист дар қаламрави густурдаи ислом мақоми шоистаи худро пайдо кунад.  Агарчанде шариати ислом ба зан — модар нигоҳи махсус дошт, аммо он ба таври дигар шарҳ дода мешуд. Ҳамин тавр, зан аз озодӣ маҳрум шуда, дар оила мутеъ шуда монд ва дар муносибатҳои ҷамъиятӣ натавонсит ба таври зарурӣ ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Масалан, дар таърихи пас аз исломии мо агарчанде нисбат ба зан — модар эҳтиром вуҷуд дошт, аммо бояд иқрор шуд, ки он манзалати то ислом доштаи худро аз даст дода буд. Масалан, аз асри IХ то барқароршавии давлати Шӯравӣ мо аҳён — аҳён занҳоеро метавонем ном гирифт, ки дар таърих ҷойи худро пайдо карда бошанд. Шоирони классики тоҷику форс қариб, ки дар васфи зан — модар шеъре эҷод накарданд. Дар аксар маврид зан вазифааш дар хона нишастан ва чун ғулом ба кори хона банд шудан ва манбаи ишрат қарор гирифтан буду бас. Ба мисол, яке аз олимони асримиёна Ҳаким Тирмизӣ, ки яке аз донишмандони бузурги олами ислом буд, дар ин маврид чунин менависад: «Салоҳи кӯдак дар рафтан ба мактаб, ҷавон дар касби илм, пирамард дар пойбандӣ ба масҷид ва зан дар хонашинӣ аст». Лекин то густариши ислом тавре боло ишора шуд зан — модар аз ҷойгоҳи махсусе бархурдор буд. Ин андешаҳоро якқатор адабиёти таърихӣ ва бозёфтҳои зиёди бостоншиносон аз ёдгориҳои таърихӣ собит менамоянд.

Яке аз қавитарин далели он ки дар аҳди бостон занони ориёӣ мартабаи баландро соҳиб буданд ин бозёфтҳо аз қадимтарин ёдгории Осиёи Миёна — Саразми бостон мебошад. Дар ҷараёни ҳафриётҳо бостоншиносон аз димнаи шаҳраки Саразм қабри занеро пайдо карданд, ки он дар таърих бо номи «Маликаи Саразм» маълум аст. Бинобар навиштаи нахуст кашшофи Саразм бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов соли 1986 қабри ин ҷасад аз бинои IV кушода шудааст. Дар рафти корҳои омӯзишӣ маълум шуд, ки зан тахминан 19 — 20 сола будааст. Ҷасад бо либос ва ҷавоҳироти ороишӣ гӯронида шудааст. Бинобар навиштаи А. Исҳоқов: «Маълум гардид, ки либоси дар тани «модаршоҳ» буда, бо сангҳои қиматбаҳо — ақиқи сурх, лоҷувард, фирӯза ва дигар намуди сангҳо зеб дода шудаанд. Ороишҳои номбурдаро дар болои кулоҳ қад-қади остину шарвор ва домани ҷасад, ки кайҳо пӯсидаанд дида тахмин намудем, ки «модаршоҳ» бо либоси хосаи худ гӯронида шудааст». Ин зан аз 16 намуди ороишоти қимматбаҳо истифода бурдааст. Дар маҷмӯъ аз атрофи ҷасади зикршуда 49 дона муҳраҳои тиллоӣ дарёфт гардид. Бояд гуфт, ки пайдо шудани ашёи тиллоӣ агар аз як тараф баланд будани мақоми занро нишон диҳад, аз тарафи дигар умуман тилло ва нуқра инҳо рамзи нажоди ориёӣ ҳастанд. Гузашта аз ин, теъдоди зиёди сангҳои қимматбаҳо ба монандӣ лоҷувард, фирӯза, ақиқ як ҳайкалчаи гилӣ ва як оина пайдо шудааст. Аз рӯи нақли бостоншинос Саидмурод Бобомуллоев вазни умумии сангҳои қимматбаҳо бештар аз 4,5 килоро ташкил мекардааст. Дар баробари ороишоти пайдо шуда, инчунин, ду даспонаи аз устухони гӯшмоҳӣ сохта шуда аз назди ҷасад дарёфт гардид. Бинобар навиштаи бостоншинос Юсуфшоҳ Яъқубов: «Малика кандизи бо муҳраҳо оро дода, шаддаи заррин дар гардан ва дайҳам (дайҳим — тоҷ. Д. М.) дар сар дошт, ки нақши тоҷро иҷро менамуд. Тоҷи сари маликаи Саразм қадимтарин намунаи намоди этникӣ, яъне тоҷдории гузаштагони тоҷик мебошад…». Бо назардошти пайдо гардидани ин миқдор сангҳои қимматбаҳои ороишӣ рамзан номи ҷасад «Маликаи Саразм» номгузорӣ шудааст. Дар масофаи ним метр дуртар аз ҳамин ҷасад ду муҷассамаи тасвири зан пайдо шуд. Муҷассамаҳо аз гил сохта шуда, қади муҷассамаи аввалӣ 4 см ва дуюм бошад 2 см будааст. Дар тасвири муҷассамаи аввал тамоми нишонаҳои сурати занро дидан мумкин аст. Мӯйҳои дарози тор-тори он ба ду тараф мисли бодбезак паҳн шуда, болои китфҳо хобидаанд. Чашмонаш бодомшакл буда, қошҳои камоншакл бо сиёҳӣ оро ёфтаанд.

Дар яке аз қабрҳои дигари бинои IV ҷасади нафари тахминан 6 — 7 солае пайдо гардид, ки ба тахмини А. Исҳоқов духтарча аст. Зеро дар гарданаш шадаи марҷонҳои лоҷувардӣ ва нуқрагӣ дошт. Азбаски риштаи марҷонҳо пӯсидааст, ба бостоншиносон лозим омад, ки хоки қабрро бо ғилбол бехта, марҷонҳои баробари мошу нахӯд ҳаҷмдоштаро ҷамъ оранд. Дар натиҷа маълум шуд, ки духтарчаи фавтида дар гарданаш 331 марҷони лоҷувардӣ ва 27 марҷони  нуқрагӣ дорад.

Дар илми бостоншиносӣ ин бозёфтҳо аз ҳар ҷиҳат беназиранд. Яке аз паҳлӯҳои аз ҳама муҳимаш дар он ифода мешавад, ки бозёфтҳои мазкур ба давраи хело қадими таърихи инсоният — анҷоми асри санг ва ибтидои асри биринҷ рост меояд. Ба андешаи А. Исҳоқов бостоншиносони дигар низ кашфиѐтҳои зиѐде кардаанд. Чунончӣ, В. М. Массон, И.Н. Хлопин дар қабристонҳои Кабутаки Шимолӣ, Ҳасан Аҳмад Донӣ дар Гумлаи Покистон, А. М. Манделштам дар мавзеъи Бешканди Шаҳритус, Б. И. Сарианидию Ӯ. П. Пӯлодов дар Тиллотеппаи Афғонистон қабрҳои зиёдеро кашф кардаанд. Вале кашфиётҳои номбурда тибқи санаи пайдоиши худ ба давраҳои гуногуни таърихӣ мансубанд. Бузургии қабри «модаршоҳ» -и Саразм дар он аст, ки аз кашфиётҳои номбурда таърихан аз 1000 то 3000 сол қадимтар аст.

Ин дар илми бостоншиносӣ аввалин қабрест, ки ба замони охири асри санг ва ибтидои асри биринҷӣ шомил аст. Ин замонро дар таърихи ҷомеаи инсонӣ замони модаршоҳӣ меноманд.

Бо назардошти ин ва махсусан қабри «Маликаи Саразм» ва маҷмӯаи ашёҳое, ки аз он ҷо ёфта шуд, метавон гуфт, ки дар воқеъ ниёгони мо ҳанӯз дар оғози таърих ба нақш ва мақоми зан эҳтиром ва арҷ мегузоштанд. Ба навиштаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин бозётҳо шоҳиди онанд, ки мақоми занони дар миёни саразмиён хело баланд будааст. Дар давраҳои минбаъдаи таърих то ҳуҷуми арабҳо агарчӣ ҷомеаи модаршоҳӣ ҳам аз байн рафта бошад, лекин ин фаҳмиш ба ҳукми анъана даромада, нуфузу эҳтироми зан — модар поён нарафт. Андешаҳои муғризонае, ки доир ба мавҷудияти никоҳи маҳорим дар суннати рӯзгордории ниёгони мо ҷой доранд, аслан ягон пояи устувори илмӣ надошта, афсонае беш нест. Чунин андешаҳо сохтаю бофтаи арабҳое буданд, ки барои густариши ислом ба Хуросону Мовароуннаҳр омаданду даст ба ғорату куштор заданд. Эшон бо эҷоди чунин афкор талош мекарданд манзалати фарҳанги то исломии моро паст зада, худ чирадаст бошанд.  Аммо дар ҳамон айём ба онҳо шуубиҳои диловар ҷавобҳои қотеъ ва саривақтӣ дода буданд. Бовуҷуди он, мутаассифона, ин фаҳмишҳо ба асарҳои бархе олимон ҳамчун ривоят роҳ ёфтанд, ки имрӯз дар афкори ҷамъиятӣ дар муаррифии фарҳанги мо таъсири манфӣ мерасонанд.

Дар фарҷом бояд ҳаминро қайд намоем, ки имрӯз мо пешбарандагони ин фарҳанги бойю ғанӣ ба мақому манзалати зан — модар дар даврони соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат арҷ гузошта, ба он ҷойгоҳи намоёнро сазовор донистем. Имрӯз занон дар Тоҷикистон ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ ва ҳам аз лиҳозӣ сиёсию иҷтимоӣ мақоми назаррасро соҳибанд.

Давлатшоҳ Маҳмудов,

омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Меҳриниссо Мирзоева,

омӯзгори МТМУ 53-и ш. Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here