(Ба муносибати зодрӯзи устод Айнӣ)
Ҳузур ва нуфузи ҳаракат ва ҷунбишҳои рӯшангарӣ дар ҳавза ва муҳитҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании қаламрави аморати Бухоро боиси тағйиру таҳаввулоти маънавӣ гардид ва бар мабнои мавқеъгириҳои ҷасурона ва дидгоҳҳои тозаю ҷадид раванди озодандешӣ дар минтақа тадриҷан таҳкиму тақвият ёфт. Албатта, зуҳури ҳаракати рӯшангарӣ дар аморати Бухоро, ки бо ҷунбиши маорифпарварӣ тавъам будааст, қабл аз ҳама, ба додуситадҳои мудавоми тиҷорӣ, муколимоти эҷодӣ, мубодилоти фикрӣ ва равобити сиёсию фарҳангӣ бастагӣ дорад ва маҳз дар натиҷаи тиҷорати молу табодули коло ва иртибототи маданӣ фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ тағйир карданд. Аз ин ҷост, ки ҳангоми баррасии масоили маорифпарварӣ ва рӯшангарии минтақа (манзур амирсолории Бухорост) ҳатман бо симоҳои мадание, ки аз тариқи сафарҳои тиҷорӣ ва мубодилоти молӣ бо фарҳангу тамаддуни русию аврупоӣ ошно гардида, тарзи тафаккур, маданият, донишандӯзӣ ва ҷаҳоншиносии ғарбиро тарғибу ташвиқ намуда, густариш додаанд, бармехурем.
Аз тарафи дигар, мавҷи рӯшангарӣ аз тариқи паҳну интишори рӯзномаю ҷарида ва осори маорифпарваронаю тараққихоҳона, назири “Тарҷумон” (рӯзномаи туркӣ, ки бо ибтикори сарвари ҷадидияи туркони Русия Исмоили Ғаспарӣ (1851-1914) нашр мешуд), “Вақт” (рӯзномаи туркӣ, ки тоторҳои Оренбург чоп мекарданд), “Сироҷ-ул-ахбори афғония” (ҷаридае, ки аз тарафи маорифпарвари афғон Маҳмуди Тарзӣ таъсис ёфта, солҳои 1911-1919 дар Кобул интишор мешуд ва генерал-губернатори Туркистон мутолеаи онро дар қаламрави худ манъ карда буд), маснавии форсӣ-тоҷикии “Миръоти ибрат” (соли 1913 аз тарафи маорифпарвари тоҷик Сайид Аҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ навишта шудааст) дар амирсолории Бухоро ворид гардид ва аҳли илму адаб ва маорифи минтақаро таҳти таъсир қарор дод (ниг.: Бухороӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ. Равшангари бузург. –Душанбе: Адиб, 2006. С.19). Бахусус, ҷасорати эҷодӣ ва иҷтимоии Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927), ки таҷрибаи сафар ба хориҷро дошта, дар заминаи омӯзиши фарҳангу тамаддуни аврупоӣ ибтикори ислоҳи авзои фалокатбори мамлакатро рӯйи даст гирифта буд, қобили таҳсин аст. Сиддиқии Аҷзӣ ба мушкилот ва масоили иҷтимоӣ, фикрӣ, эҷодӣ, сиёсӣ ва ахлоқии қаламрави амирсолорӣ аз дидгоҳи интиқодӣ бархӯрд мекунад ва ба ҷаҳони пӯсидаи аморат, ки бар мабнои ҷаҳолату таассуби мазҳабӣ ва зулму истибдоди амирӣ устувор шудааст, аз зовияи ҷаҳоншиносии илмии ғарбӣ менигарад:
Намуда осмонро нуқраву зар,
Ба ҳикматҳои Юнон карда бовар.
Гирифта ҳикмати юнониёнро,
Намуда маркази олам замонро.
Замин маҳсули гову моҳӣ карданд,
Зи кӯҳи Қоф барстандаш камарбанд.
Ки инҳо ҷумла ҷоҳил, ҷумла кӯранд,
Ба истикроми олам дар ғуруранд.
(ниг.: Мирзозода, Холиқ. Даромаде бар куллиёти Аҷзӣ. Дар китоби: Меҳрнома (Ҷашнномаи ҳаштодсолагии устод Муҳаммадҷон Шакурӣ). Таҳия ва танзими Валӣ Самад. –Душанбе: Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, 1385. С.280)
Ҳамин тариқ, Сиддиқии Аҷзӣ равиши рӯшангариро дар аз ҷаҳолату нодонӣ канорагирӣ, илмомӯзӣ, инсонпарастӣ, маорифпарварӣ ва тавонмандии фикрӣ дониста, хитоб намудааст:
Агар аз зиндагӣ доред уммед,
Урупо ҳар чӣ медонад, бидонед.
(ниг.: Мирзозода, Холиқ. Даромаде бар куллиёти Аҷзӣ. Дар китоби: Меҳрнома (Ҷашнномаи ҳаштодсолагии устод Муҳаммадҷон Шакурӣ). Таҳия ва танзими Валӣ Самад. -Душанбе: Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, 1385. С.280)
Устод Айнӣ, бо таваҷҷуҳ ба донишу таҷрибаи рӯшангарони вақт, аз ҷумла Аҳмади Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Сиддиқхоҷаи Аҷзӣ ва дигарон дар масири ислоҳи авзоъ ва тағйироти зеҳнию иҷтимоӣ бардамона гом бардошт. Устод Айнӣ рисолати рӯшангариро дар беҳбуд бахшидани вазъи асафбори иҷтимоию маънавӣ, саводнок кардани мардум ва пахшу нашри улум қаламдод карда, тавсияи худро дар шакли стратегияи фикрию маданӣ ироа медорад: “Аввал танвири афкор ва нашри улум лозим аст, сонӣ ислоҳот худ ба худ ё ба иҷбори афкори умумӣ хоҳад шуд. Хулоса: илм чу ояд, ба ту гӯяд, ки кун” (ниг.: Айнӣ, С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. /Куллиёт. -Ҷ.14. -Душанбе: Матбуот, 2005. С.160).
Мусаллам аст, ки давлат ва ҷомеаи амирсолории Бухоро, ки қисмати зиёди нуфуси онро тоҷикон ташкил медоданд, бар асари ҷаҳлу нодонӣ, мазҳабзадагӣ ва хурофапарастӣ дар ҳолату вазъи буҳронӣ ба сар мебурданд ва фақри фикрию маънавӣ ва карахтии зеҳнӣ бар баданаҳои иҷтимоӣ тасаллут пайдо карда, роҳи наҷот аз махмасаю фалокатро душвор намуда буд. Дар ин миён рӯшанфикрону донишмандони қаламрави Бухоро, ки худро дар рафъи буҳрони амиқи фикрӣ масъул ва муваззаф медонистанд, бар он мекӯшиданд, ки бо фаъолияти густурдаи фикрию фарҳангӣ ин мушкилоти саросариро, ки ҷомеаро бемадор сохта буд, ҳаллу фасл намоянд.
Яке аз саромадони ҷараёни рӯшангарӣ устод Садриддин Айнӣ буд.
Бо он ки устод Айнӣ дар ибтидои садаи бист таҷрибаю собиқаи андаки фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию маданӣ дошт, масъулияти танвири афкори ҷомеаро аз шонаҳои худ холӣ накард ва дар иҷрои рисолат-миссияи хеш ҷиддӣ иқдом намуд. Устод Айнӣ ҳанӯз аз айёми туфулӣ дар масоили маърифатӣ, маданӣ, адабӣ ва динӣ ҳассос будааст ва бо маҳорати дақиқбинӣ ва малакаи пурсишгарӣ, ки аз падар ба ирс гирифтааст, ба мушкилоти гуногуни замон бархӯрд мекардааст. Воқеиятпарастӣ, шакку тардидварзӣ ва ростгӯйӣ ба унвони вежагиҳои ҳувиятию шахсиятӣ ба устод Айнӣ имкон доданд, ки дар баёни дақиқ ва тасвири амиқи ҳаводис ва зуҳуроти гуногуни замон ба иштибоҳ роҳ надиҳад. Ин буд, ки устод Айнӣ ба тавсия ва насиҳати ҷиддие, ки падараш ба устод Айнӣ ҳанӯз дар айёми наврасӣ кардааст, “ҳар чизро, ки бинӣ, бо диққат зеҳн монда нигоҳ кун, ҳар гапро, ки шунавӣ, бо диққат гӯш андоз ва агар касе ба ту гӯяд, ё коре фармояд, фаҳмида бошӣ ҳам, дубора пурсида ва ёд гир. Ва эҳтиёт кун, ки гап аз ёдат набарояд. Аммо ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯй, ки ҳам шарманда мешавӣ, ҳам бадном” (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. -Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.98), тамоми умр такя карда, бар мабнои он фаъолияти адабӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва рӯшангарӣ намудааст. Ба ин далел, устод рисолати адабӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маърифатӣ ва билохира рӯшангариашро ба таври аҳсан анҷом додааст. Ба ин мазмун, устод Айнӣ аз даврони толибилмӣ (айёми таҳсилот дар мадориси Бухоро) ба муҳитҳои рӯшангарӣ роҳ меёбад ва ҳадаф мегузорад, ки дар танвири фикрӣ ва бедории иҷтимоии насли наврас ва ҷавони Бухорои амирӣ саҳми муносиб бигирад. Маҳз аз ин марҳила (манзур солҳои 1905-1912) фаъолияти рӯшангарии устод Айнӣ шурӯъ мешавад. Устод замони талош ва ҷустуҷӯҳои худро дар заминаи касби дониш ва улуми дунявӣ ба ёд оварда, таъкид мекунад, ки: “чун ба муаллим Абдураҳмони Саъидӣ (Абдураҳмон Саидӣ тотор буда, аз нахустин муассисони мактаби тоторӣ (соли 1906) дар Бухоро маҳсуб меёбад-Н.Н.) робитаи мо зиёд шуд… Ҳар рӯз баъд аз фароғи таълим ба ҳуҷраи фақиронаи камина дар мадрасаи Кӯкалтош меомад, китобҳои тозабаромад ва рисолаҳои нофеаро оварда мутолеа намуда, ба мо тафҳим мекард. Китобу рисолаҳое, ки дар боби тарбия ва таълим дар Русия ва Истамбул таҳрир ва табъ ёфта буд, ба мо мутолеа мекунанд. Фақир ва Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдиро ба ҷаридаи “Вақт” ва маҷаллаи “Шӯро” муштарӣ кунанд” (ниг.: Айнӣ, С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. /Куллиёт. –Ҷ.14. -Душанбе: Матбуот, 2005. С.42). Рӯҳи бедорӣ ва танвири фикрӣ устодро ба кушодани мактабҳои типпи нав ё ба истилоҳ, мактаби усули савтия вомедорад. Дар ин замина, соли 1326 ҳиҷрӣ (соли 1908 мелодӣ) дар гузари Дарвозаи Салоҳхона дар хонаи Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар Бухоро нахустин мактаби усули савтия ба забони форсии тоҷикӣ таъсис меёбад ва устод Айнӣ дар он ба тадрис машғул шуда, китобу дастурҳои таълимӣ ҳам менависад (ниг.: Айнӣ, С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. /Куллиёт. -Ҷ.14. –Душанбе: Матбуот, 2005. С.40). Бо кушода шудани мактаби усули савтия, ки тавассути тарзу усули наву ҷадиди таълиму тадрис ва ҳазми маводи дарсӣ мардум босавод карда мешуданд, қишри рӯҳонияти мутаассиб фаъол мешавад ва дар садади нобудӣ ва шикасти он мекӯшад. Ҳарчанд ки бо иғвои муллоёни мутаассиб ин мактаб баъди як сол баста мешавад, ба таври пинҳонӣ чанд муддати дигар фаъолият мекунад. Ибтикороту ташаббусоти Айнӣ ва ҳамнаслони ӯ дар заминаи бедории иҷтимоӣ ва танвири фикрӣ, ки он замон унвони ифтихорӣ ва эҳтиромии “тараққихоҳони Бухоро”-ро гирифта буданд, ихлосу садоқат ва самимияту муҳаббати мардумро сазовор гардиданд (ниг.: Бухороӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ. Равшангари бузург. -Душанбе: Адиб, 2006. С.21-22).
Агар марҳилаи аввали рӯшангарии устод Айнӣ ба замони амирӣ (солҳои 1908-1920) иртибот дошта бошад, марҳилаи баъдӣ ба даврони нави сохтмони давлат ва ҷомеаи сотсиалистӣ (солҳои 1920-1954) рост меояд. Бавежа, фаъолияти рӯшангарии Айнӣ дар марҳилаи ҳассоси нимаи дуюми солҳои бистуми садаи бист (солҳои 1924-1929), ки дар таърихи миллӣ ба сифати замони миллатсозӣ ва муқовимату муборизаҳои шадиди сиёсию мафкуравӣ муаррифӣ шудааст, сазовори таъкиду тазаккури мукаррар аст. Дар он марҳилаи ҳассос, ки тоҷик нав соҳиби ҷумҳурии алоҳида шуда буд, устод Айнӣ тариқи нашру пахши мақолаю матолиби публитсистӣ рӯшангарӣ мекунад. Ин аст, ки Айнӣ дар нашрияи овозадори “Овози тоҷик” силсилаи матолиби ҷиддии публитсистӣ нашр кард, ки ба мавзӯъ ва масъалаҳои муҳимм ва рӯзмарраи миллӣ ихтисос ёфта буданд. Аз ҷумла, дар имтидоди солҳои 1924-1925 устод Айнӣ мақолаҳои “Қавми тоҷик ва рӯзнома” (//Овози тоҷик, 25.08.1924), “Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик” (//Овози тоҷик, 4.09.1924), “Тоҷикони кӯҳистон” (//Овози тоҷик, 21.09 — 5.10.1924), “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон” (//Овози тоҷик, 12.11.1924), “Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон” (//Овози тоҷик, 4.10.1924), “Кори Тоҷикистон гул карданист” (//Овози тоҷик, 6.03.1925), “Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон” (//Овози тоҷик, 6.03.1925) ва амсоли инҳоро навишта (ниг.: Асозода, Худойназар. Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ. -Душанбе: Шуҷоиён, 2010. С.52-53), ба ин восита дар садру раъси рӯшангарони миллӣ қарор мегирад ва раванди муборизаю муқовиматҳои миллиро, ки дар доираи тоҷикият ва манофеи миллӣ мунсаҷим шуда буданд, таҳкиму тақвият мебахшад. Гузашта аз ин, таълифи тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” (соли 1926) воқеияти ҳузуру нуфузи фаъоли қавму миллияти тоҷикро дар миқёси Осиёи Миёна (аз қадим то замони зиндагии устод Айнӣ) собит сохт ва аз ин тариқ мушти муҳкаме ба даҳони муғризони сарсахт ва душманони миллӣ зада шуд (барои иттилои бештар таваҷҷуҳ шавад ба мақолаи хуби адабиётшинос ва рӯшангари муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода таҳти унвони “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст” дар китоби тозанашри: Саидзода, Ҷамолиддин. Нақди солим ва носолим. -Душанбе, 2021. С.156-173). Ба ин маънӣ, устод Айнӣ дар қаламрави Тоҷикистони азиз ба унвони рӯшангари миллӣ аз ҷойгоҳ ва мақоми волое бархӯрдор аст.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз, бо назардошти вазъи геосиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талабот ба мутолиа ва омӯзиши бардавоми осори устод Айнӣ ба миён омадааст. Чаро омӯзиши осори Айнӣ имрӯз ба зарурати таърихӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст? Чунки раванди ҳаводиси таърихӣ ва сиёсию фарҳангии охири садаи бист ва ибтидои асри бисту як дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон собит кард, ки аксари намояндагони ниҳодҳои гуногуни фикрӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷуғрофиёи миллӣ, бо он ки имконоти зиёди фаннию иттилоотӣ доранд, дар банди хурофоту таассуб гирифторанд ва дар рафъи мушкилот ва буҳронҳои бамиёномада на танҳо кумак намекунанд, балки дар бисёр маворид садди роҳи хирадгаройӣ ва фазилати ҷамъӣ, ки аз мабонии аслии низоми демократӣ ва мардумсолорӣ маҳсуб меёбанд, мешаванд. Албатта, иддае аз зиёиёни пешқадами мо аз мутолеоти фаровони адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ ва назариёти донишмандони минтақавию ҷаҳонӣ бархӯрдоранд, вале, ғолибан макони санҷишу эксперименти онҳо фазои берунӣ аст, на муҳити дохилӣ. Бинобар ин, татбиқи назариёти сиёсӣ, геосиёсӣ, мафкуравӣ, ҷомеашинохтӣ, равоншиносӣ, равонковӣ, фалсафӣ, таърихӣ ва амсоли инҳо дар маҳдудаи маконию замонии миллӣ бояд сурат бигирад. Манзур ин аст, ки фазои татбиқи назариёти фавқи урупоиро метавон дар китобҳои устод Айнӣ пайдо кард ва масири ҳаракати фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, равонӣ ва фарҳангии миллиро дуруст шинохт.
Нозим Нурзода,
пажӯҳишгар