Ҷашни фархундаю хуҷастапаи Наврӯз барои мардумони ориёнажод ва хосатан, барои тоҷикон рамзи бедории табиат шукофоию рамзи қавонии оламу одам аст. Навруз ҷашни омадани баҳор иди такопу ва ҷунбиши зебоиҳои ҳаёт, зоишу рушди дубораи табиат мебошад. Навруз яке аз бузургтарин ва мондагор тарин ойинҳо ҷашнҳои тоисломии мардуми олитабори Ориёӣ мебошад, ки бо ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Тиргон, Об, Оташ, Оғом, Навзул ва ғайра тавъам аст. Он ҷашну маросимҳо якдигарро комил мегардонанду, тақвият мебахшанд. Наврӯз ҷашни муқаддастарин, зеботарин сури миллӣ ва фарогири ҳамагон аст. Метавон пиндошт, ки ҷашни Навруз ҳақиқат, тағйиру такмили табиати ҷаҳону инсонҳо, кушиш барои навшавӣ, навгароӣ, навандешӣ, тағйирӣ тозаи зоҳириву ботин, андешидани нақшаҳои навин барои беҳбуди оянда, барои дар ҷаҳони моддӣ нав шудан аст.

Агар ба таъриху ойину русуму ҷашну сурҳои ҷаҳониён бингарем, ба ёд мерасад, ки аз ин пеш аз кеши Зрадушти кабир то кунун ҳеҷ ҷашне ба дараҷаи Наврӯз дар байни қавмҳои ориёӣ дар равнақу шукуҳ набуда.

Наврӯз яке аз маъмултарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон нақш ва мақоми хоса дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукуҳи тоза пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо саммимияти хоса ва шукургузории том таҷлил мегирад. Махсусан, баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз (2010) таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзуданд. Таваҷҷуҳи муҳақиқонро бештар масоили таърихӣ, пайдоиш ва фалсафаи Наврӯз, ҷойгоҳи Наврӯз дар фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башарӣ давраҳои таҳаввул, расму оинҳо ва суннатҳои Наврӯзӣ, тарзи тайёр намудани дастархони Наврӯзӣ ба худ ҷалб намуд.

Мардумони наҷиби ориёӣ тавонистанд аз мероси фарҳангии худ, аз ҷумла, ҷашни Наврӯзро аз манъкуниву монеъшавии аъроб қаҳрамонона дифоъ кунанд. Ойинҳои мо баъзан ба андешаҳои исломӣ низ пайванд дода мешаванд. Дар ин ҷода бохту бурдҳо ба чашм мерасад. Ҳарчанд халифаҳои ъарабӣ дар ибтидо ба Наврӯз беэътино будаанд, дар рӯзи Наврӯз ҳадяҳои ин ҷашнро ҳамчун хироҷи солиёна қабул мекардаанд. Умавиён бошанд барои даромаду ҳадяҳои (андозҳои) наврӯзиро афзуда, мардумро ба эҳдои ҳадяҳо (неъматҳои бо арақи ҷабин дарёфта) даъват мекарданд. Аммо ин ҷашн дар тамоми муддати вуҷудияташ ҳамчун ҷашни миллӣ боқӣ мондааст.

Рамзи баҳори дунё- Наврӯз ҳамчун муборактарину хуррамтарин рӯз бисёр шоиронро ба ваҷҳу шӯру шавқ, ба нуқтапардозӣ оварда буда.

Аз ҷумла, Умари Хайём мефармояд:

Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст,

Дар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

Аз дӣ, ки гузашт ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,

Хуш бош, зи дӣ магу, ки имрӯз хуш аст.

Ба ақидаи Хайём Ҷамшед баробарии шабу рӯзро дарёфта ва онро Наврӯз ном ниҳод, мавҷуд будану ҷашнгирии он дар айёми пеш аз Зардушт буда. Ҷашни Наврӯз на фақат хоси дарбору дарбориён буд, балки ҷашни мардумӣ ҳам буд. Баъзе андешаҳои худро оид ба ойинҳои гузаштагон асосан дар заминаи «Наврӯзнома» ба такрор гушзад карданд. Вале баъзе нуқоти дигари «Наврӯзнома», ин китоби ҳаҷман хурд, вале фарогири як ҷаҳон маъноҳост, бояд гуфт.

«Наврӯзнома»-ро метавон ибрози назар оид ба оинҳои мардумӣ, ривоятҳову гуфтаҳо, бипазируфт. Чун Умари Хайём ба халқ хеле наздик буд, тавонист анъанаҳои халқиро хеле амиқу густурда ба қалам кашад. Наврӯзро Хайём ба ҷузъиёташ баён кардааст. Дар «Наврӯзнома» аз кашфи ҳақиқати Наврӯз, кадом рӯз будани он, бузург доштани он ва дигар оинҳои подшоҳон сухан рафтааст. Хайём сабаби ниҳоди Наврӯзро ду даври офтоб (365)-руз  меҳисобад. Ҷамшед дарёфт он рузрову (ба аввали дақиқаи Ҳамал боз омадани рубъе аз шабу рӯз ва ба ҳамон вақту рӯз рафтан) Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин кард, хабар медиҳад Хайём.

Метавон бо камоли бовар иброз дошт, ки таърих садои инсонҳост. Аз ин рӯ, ба ҳодисаву воқеаҳо, рӯйдодҳои он наметавон бепарво буд. Таърихи куҳан ифодагари воқеоти гӯёву хомуш, Қомуссест омӯзанда, барои имрӯзу фардо ва фардоҳан оянда. Таърих агар лаҳзаҳое хумуш монда бошад, онро бояд гӯё кард. Таърихи қавмҳои ориёӣ, ки тоҷикон низ ҷузъи он мебошанд, бисёр қадиму пурвоқеот, пур аз моҷарроҳо, ҷангу хунрезӣ ва бунёду эҷодҳо буда, пурсодаву пурнаво, шоистаи баёдоварист, зеро муаммоҳои бисёри бознашуда дорад.

Моя ва маслаки қадимтарин ҷашни мардумони ориётабор метавон пайвандгарӣ аслҳои фарҳангӣ ва наслҳои инсонӣ унвон кард. Наврӯз хешу табор, авлодро бо аҷдод, наслҳоро бо аслҳо, гузаштаро бо ҳозира, ҳозираро бо оянда ва дар ниҳояти силсилаии робитаҳо ва нисбатҳо Ҷаҳони Кеҳин (Инсон)-ро Ҷаҳони Меҳин (Кайҳон) мепайвандад. Пайвандгоҳу аслҳову наслҳо ба сони ҳамон замини барӯманди афсонавӣ бувад, ки такягоҳу такондеҳи ҳунарнамоиҳои Антей ном қаҳрамони як устураи машҳури Юнонист: ҳар боре, ки ӯ дар ҷанги тан ба тан бемадор мешуд, ба замин (тимсоли модараш) даст расонда қуввати нав мегирифт ва пирӯз мегардид.

Наврӯз ҳам барои ҳар як фард ва ҳар як халқи некиродаю боғайрат рӯзи андухтани қуввату қудрати тозаи руҳонию равонист.

Гузаштагони мо дар ҷумлаи осори гаронбаҳои маданӣ, илмӣ, адабӣ анъана ва ҷашнҳоеро низ ба ёдгор гузоштаанд, ки онҳоро муҳити таърихию иҷтимоӣ ва рӯзгори зироатдорӣ ба вуҷуд овардаанд. Яке аз чунин маросимҳо ҷашни Наврӯз мебошад.

Наврӯз ба иди баҳору меҳнат, бардамию нишот чусту чолокӣ, сабзу хуррамии шаҳру деҳот ва дӯстии халқҳо мубаддал гардидааст. Мо ки Наврӯзро ҳар сол ҷашн мегирем бояд бидонем, ки пайдоиш ва таҳаввули минбаъдаи он чӣ гунааст.

Наврӯз аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки тасвир ва инъикоси он дар адабиёти классикӣ ва эҷодиёти лафзии тоҷикон мавқеи калон дорад. Дар бораи Наврӯз дар маъхазҳои қадимии «Авесто», алалхусус, «Занд Авесто» гуфта шудааст, ки ба мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо-Ҳурмузд (Аҳурамаздо)- баъди 3000 сола подшоҳияш аз тарафи мабдаи ҷаҳодат ва торикӣ Аҳриман бо лашкариёнаш (торикиву ҷаҳолат) ҳуҷум сар мешавад. Мабдаи тозагӣ ва равшаноӣ Ҳурмузд барои несту нобуд намудани Аҳриманро равшаноиро эҳдо карда, ба муқобили душманаш равона менамояд. Ҳамин рӯзи пайдоиши равшании аввалин гӯё Наврӯз мебошад.

Зардуштиёни қадим вуҷуд доштани дунёро ба таври мавҳум тасаввур мекарданд. Мувофиқи ақидаҳои онҳо Худои хубӣ ва нур Ҳурмузд ва равшанӣ фармон фармоӣ мекардаст. Аз рӯи тасаввуроти онҳо дар маркази мавҷудоти офтоб воқеъ гардидааст, ки вуҷуд доштани дунё ба он вобаста мебошад. Онҳо дар як рӯз шаш бор пеш аз баромадан, ҳангоми баромадан чоштгоҳӣ, нимрӯзӣ, пеш аз нишастан ва дар айни ғуруби офтоб сурудхонон ба он саҷда мекарданд, ки баъзе осори он сурудҳоро ҳоло аз байни халқ пайдо кардан мумкин аст. Масалан, дар Бухоро пеш аз револютсия агар паи ҳам чанд рӯз бориш шаваду офтоб набарояд, мардум ба бачаҳо мефармуданд, ки таронаи зеринро суруда, аз зери абр баромадани офтобро хоҳиш намоянд.

Анҷилою манҷило,

Ба халқи гумбази тилло.

Хуршедхоним фирор кун,

Нимаи биринҷа об кун.

Булур равад ба шаҳри дур,

Хуршед биёд ба шаҳри мо.

Гузаштагони мо аз рӯи ҳолати офтоб фаслҳои солро муайян мекарданд. Наврӯз ҳамон вақт дохил мешуд, ки гӯё равшанӣ торикиро маҳв месохту ҳаёт аз болои марг ғалаба мекард ва офтоб бо тантана ба олам ҳукмронӣ менамуд.

Азбаски ҷашни Наврӯз айёми баробаршавии шабу рӯз, ҳангоми эҳёи табиат, оғози мавсими киштукори баҳории деҳқонӣ буда, нисбат ба дигар ҷашнҳо эътибори бештаре дошт.

Тақвими Авестоӣ дар давраи Сосониён, низ мавҷуд буд. Мувофиқи ин тақвим рӯзи аввали моҳро Ҳурмузд ё худ Урмузд меномиданд. Рӯзи аввали моҳи фарвардин оғози соли нав ҳисоб мешуд.

Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар асарҳои олимон ва шоирони асрҳои миёнаи форсу тоҷик ривоятҳои мухталифе мавҷуд аст. Ин ривоятҳо фикру ақидаҳои мардумро дар бораи пайдоиш ва ҷоришавии ҷашни Наврӯз ҳар хел маънидод менамоянд.

Бунёди ҷашнгирии Наврӯзро сарчашмаҳои бостонӣ ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.

Олим ва файласуф Абурайҳони Берунӣ сабаби Наврӯз номида шудани рӯзи аввали моҳи фарвардинро чунин шарҳ медиҳад: «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ҷин ва шаётин онро ҳамл карданд ва ба як рӯз ба куҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд». Ва дастаи дигар аз Эрониён мегӯянд, ки Ҷамшед дар шаҳрҳо зиёд гардиш менамуд ва чун хост дар Озарбойҷон дохил шавад, бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба души худ он тахтро мебурдан ва чун партави офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд. (Абурайҳони Берунӣ, Осор-ул-бақия, Теҳрон соли 1321 ҳиҷрӣ, 1943 мелодӣ, саҳ 242).

Ибни Балхӣ, низ дар «Форснома» сабаби аз тарфи Ҷамшед ҷашн гирифта шудани Наврӯзро баён намудааст. Мувофиқи гуфтаи Ибни Балхӣ Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзонад, шаҳр барпо мекунонад ва онро Истахр ном ниҳода, қарор медиҳад. Ба ин муносибат ҷашн барпо мегардад, ки онро «Наврӯз» меноманд. (Ибни Балхӣ, Форснома, чопи Кембриҷ,1921,саҳ.32-33).

Дар бораи сад рӯз  ҷашн гирифта шудани Наврӯз маълумотҳои мухталиф мавҷуд аст.  Берунӣ дар аҳди Сосониён шаш рӯз ид карда шудани Наврӯзро хотирнишон намудааст. Мувофиқи маълумоти ин муаллиф, шоҳ рӯзи аввалин Наврӯзро бо қабули мардум ва ҳурмату эҳтироми онҳо мегузаронид. Рӯзи дуюм мансабдорон ва давлатдоронро қабул карда, суҳбат меорост. Рузи сеюм мӯъбадан, олиму доноёни давр, чаҳорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум фарзанду хешу таборони худро мепазируфт. Рӯзи шашум, ки расид, худи шоҳ наврӯзро қайд мекард. Аз ин рӯ, ҷашни рӯзи шашумро «Наврӯзи бузург» номидаанд. Шоҳ дар Наврӯзи бузург пешкашҳои аз вилоятҳои омадаро қабул менамуд. Аз онҳо ба мардум бахшида, ҳиссаи костаашро ба хизина мефиристод.

Дар давраи истилои арабҳо низ гузаштагони тоҷикон Наврӯзро мисли пешина ҷашн мегирифтанд. Дар аввали ҳукмронии худ арабҳо бо мақсади нуфузи исломро афзун гардонидан хостанд, ки ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро чун дигар расму оини хуби мардуми эронинажод аз байн баранд.

Аммо Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро ҷашни «суннати Ҷамшед» номида ба ид карда шуданаш иҷозат медиҳанд.

«Дар давраи хилофоти бани Аббос,-мегӯянд Саид Насифӣ,-махсусан дар замоне, ки вузарои эронӣ ва аз он ҷумла Бармақиён ба сари кор буданд, Наврӯз дар дарбори эшон шукуҳи хоса дошта ва дар адабиёти он замон, хоса дар осори Чаҳиз ба бештар дар «Китоб-ул-махосини-ва-л-аздод»-и мансуб ба ӯ ва дар ашъори сухансароёни маъруфи дарбори Бағдод ва бештар аз ҳама Абӯнавос, Буҳтурӣ ишораи бисёр дар шукӯҳ ва ҷалоли Меҳргон дар ин давра ҳаст». (Саид Нафисӣ, ҳамон асар,Паёми навин саҳ. 78).

Доир ба таъриху давраҳои таҳаввули ҷашни Наврӯз ва вижагиҳои баргузории он то имрӯз теъдоди зиёди сарчашмаҳои қаламию чопӣ, савтию электронӣ бо забонҳои гуногуни дунё интишор ёфтаанд, ки қисме аз онҳо дар се китобномаи «Наврӯз» номнавис шудаанд.

Китобномаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврӯзшиносии мардум ва муаррифию тавсияи адабиёти баргузида оид ба Наврӯз ва суннатҳои наврӯзӣ таҳия шуда, 4193 номгӯи адабиёти чопӣ ва электронии дар солҳои 1947-2017 интишорёфтаро фаро гирифтаанд. Китобномаҳо ба эҳтиёҷмандон барои дарёфти адабиёт марбут ба таъриху давраҳои таҳаввули Наврӯз, расму оинҳо ва тавсифу тасвири бадеии он кумак хоҳанд расонд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here