«Асби тира”, шахсе, ки солҳои тӯлонӣ хадамоти амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ — КГБ-ро сарварӣ кардааст, «Новый мир» мехонд. Ӯ буд, ки Солженитсин ва Сахаровро бадарға кард ва корҳои дигареро ҳам анҷом дод, ки ҳоло ҳам барои таърих як бахши омӯхтанашудаест.

Панди маллоҳ “Ҳаёт, Юра, ин саҳни киштии таршударо мемонад…” 

Як дарси муҳиме, ки Андропов ҳангоми таҳсилаш дар омӯзишгоҳи дарёии Рибинск гирифта буд, ин гуна ба забон меомад: “Ҳаёт, Юра, ин саҳни киштии таршударо мемонад. Ва барои он ки дар он налағжӣ, бесаросемагӣ ҳаракат кун. Ва албатта, ҳар бор ҷойеро интихоб кун ва баъд пой дар он мон!” Ин машварате буд, ки ба Юраи ҷавон ботсмани киштӣ дода буд, вале вай куҷо медонист, ки ин ҷавон замоне сарвари кулли Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳад шуд. Ва Андропови ҷавонро ин панд хуш омад ва онро ба гӯш гирифт ва тамоми умр аз он кор гирифт, зиндагии худро бар пояи ҳамин панд ба роҳ андохт. Ва тадриҷан ба як бозингари аслии мансабхоҳону қудратталабони Кремл табдил ёфт. Муборизае, ки замоне онро Черчил ин гуна тавсиф карда буд: “муҳорибаи булдогҳо (навъи саг) зери бурё”.  

Леонид Брежнев Андроповро низ аз ҷумлаи меросбарони худ меномид ва мегуфт, ки метавонад ҷойгузини вай бошад. Вале Брежнев мегуфт, ки “Андропов худро дар кураи КГБ сӯхтааст”. Аммо воқеъият нишон дода, ки комил насӯхтааст. Аввалин касе, ки баъди марги Брежнев ба бӯстонсарои вай омад, ҳамин Юрий Андропов буд. Вай басо оромона ба ҳуҷраи муншии аввал ворид шуд, боз ҳам хомӯшона гирди он гашт ва аз он ҷо кейсро ((англ. case) гирифт ва оромона бе он ки ҳарфе занад, аз он хориҷ гардид. Ва фурсате бад ҳамроҳ бо дигар аъзои Бюрои сиёсӣ омад ва тавре худро вонамуд сохт, ки аслан то кунун ин ҷо наомада буд. Дар он кейс Брежнев ҳама маълумоти муҳим дар бораи аъзои Бюрои сиёсиро нигоҳ медошт.

Ҳаёт ва адабиёт

Бо он ки аз ҷумлаи кормандони кумита буд, вале ба зебоӣ рағбат дошт, хондани адабиёт барояш бегона набуд. Вай хеле хуб ба санъат сарфаҳм мерафт, хуб дарк мекард. Абстрактсионистонро дӯст медошт ва ҳатто расмҳои кашидаи онҳоро харидорӣ мекард. Хеле зиёд китоб мехонд. Дар болои мизи кории вай китобҳои Гегел ва Декард дида мешуданд. Вақте азъои Бюрои сиёсӣ аз вай мепурсиданд, ки ин китобҳо барояш чӣ лозим, посух медод: то ки бо шумо тавонам гуфтугӯ кунам”. 

Андропов ҳамчунин адабиёти муосирро низ мехонд ва аз ҷараёнҳои нави адабӣ бохабар буд. Маҷаллаҳоро нигоҳ медошт. Бахусус ба вай маҷаллаи  «Новый мир» писанд буд.

Писари зинокор

Аз никоҳи аввал Андропов писаре дошт бо номи Владимир. Баъди он ки волидон аз ҳам ҷудо шуданд, ба назар мерасид вай ба касе лозим набуд. Аввалин доғи судии худро дар наврасӣ пайдо кард. Замоне, ки тифл буд, дучори бемории геппатит шуд. Вай орзу дошт ҳавонавард шавад, вале ба орзуяш нарасид. Ва қариб ки аслан кор ҳам намекард, зиёд менӯшид ва дар синни 35-солагӣ вафот кард. Юрий Владимирович писарашро дар бемористон аёдат накард ва ба ҷанозааш ҳам нарафт. Вай медонист, ки бо писари зинокору ситамгар наметавонад дар муборизаҳои кремлӣ ширкати фаъол дошта бошад. Аз ин рӯ вай ҳамеша аз суҳбат дар бораи Владимир дар доираҳои гуногун дурӣ меҷуст. Гӯё вай набуд… 

Солженитсин, Сахаров ва Андропов

Андропов замони муборизаҳо бо ҳаракатҳои диссидентӣ машҳур шуд. Маҳз бо ташаббуси вай он солҳо ду чеҳраи маъруфи сиёсат ва адабиёту илм-Солженитсин ва Сахаров бадарға шуда буданд. Андропов беҳтар аз ҳар каси дигар ин масъаларо сарфаҳм мерафт, вале тибқи ёддоштҳои Рой Медведев (Рой Александрович Медведев- нависандаи таърихнигор, муаллифи китобҳои зиёди сарнавиштӣ, узви КМ КПСС, вакили мардум дар Шӯрои Олӣ) вай сарвари аслии буғикунандагони озодӣ набуд. «Андропов борҳо гуфта буд, ки боздошту ҳабс ва бадарға намудани ҳамаи дигарандешон маъно надорад”. Пас чӣ бояд кард? Вай ин корро шабеҳи шинои дарахтон дар дарё медонист ва мегуфт, ки “вақте маҷро баста мешавад, танҳо аз миёни дарахтони зиёд яке аз ғӯлачӯбҳои асосиро мекашанд, то роҳи ҳаракати чӯбҳои дигар боз шавад”. Тибқи воқеъият Андропов нагузошт, ки Сахаровро зиндонӣ кунанд ва Солженитсинро ба Сибир бадарға намоянд. 

Масъалаи венгерӣ

Замоне, ки Котиби генералии КПСС буд, Андропов ҷиддан бемор буд. Вай ҳатто аз доктор Чазов пурсида буд, ки чанд соли дигар метавонад зинда бимонад ва Чазов гуфт, ки 5-7 соли дигар ҳаёт мебинад. Ва Андропов ба таҳияи як ислоҳоти сиёсӣ барои 5 соли оянда пардохт. Вале баъди ташхиси Чазов вай ҳамагӣ 15 моҳ зинда монд. 

Ба саломатии Андропов шӯриши Будапешт дар соли 1956 таъсири ҷиддӣ расонда буд. Он замон Андропов сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Венгрия буд. Андропов шахсан барои пахши шӯриш ба истифодаи қувваи ҳарбӣ тасмим гирифт, ҳарчанд ҳамроҳонаш ба вай маслиҳат медоданд, ки корро ба ин ҳад чигил накунад. Аммо Андропов масъулияти инро бар душ гирифт ва аввалин сактаи дилаш он вақт иттифоқ уфтод. Баъдан вай борҳо ба хотир оварда буд, ки моҳи октябри соли 1956 мошини сафорат дар канораҳои Будапешт мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта буд ва ӯ ҳамроҳ бо намояндаи ҳарбӣ ва ронанда пиёда то сафорат расида буд. Роҳи дусоатаи шабона онҳоро хеле хаставу бемадор ҳам кард. Ва Андропов дар роҳ бо чашмони худ гуруҳҳои зиёди одамон ва ҳатто коммунистони аз пояшон овезон дар дарахтонро дида буд.

Аввалин аз чап

Брежнев баъди марги худ ворис нагузошт. Тибқи анъана мебоист Котиби генералии оянда тобутро аз чап аввалин шуда мебардошт. Яъне, нафаре, ки дар бурдани тобут дар қатори чап аввалин аст, бо ҷойи вай таъин мегардид. Марги ногаҳонии Брежнев ҳамин гуна як сардаргумӣ ба миён овард. Ба мисли беҳокимиятии муваққатӣ. Дар ҷаласаи қабл аз пленум ҷойи раисии КМ-ро мехост Черненко ишғол кунад ва ҳатто хост ба ҳуҷраи вай равад. Вале маршал Устинов ӯро дар нимароҳ боздошт ва гуфт: “Исто, Костя, бояд муҳокима кунем”. Аммо номзадии Андроповро бидуни баррасӣ тасдиқ карданд.  

Сӯиқасд

Рӯйдоди муаммобарангез 19-уми феврали соли 1983 рух дод. Ин сӯиқасд ба ҷони Андропов буд. Ин рӯйдоди торику то ба ҳол комилан ифшоношудаест. Вале ин ҷо фарзияи расмиро ном мебарем. Андропов барои сӯистифода аз вазифа вазири корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ Николай Шелоковро барканор намуд. Шелоков дарк кард, ки кораш бо ин барканорӣ ба поён намерасад ва худро парронд. Ҳамсари вай ба ҳамаи ин Андроповро гунаҳгор донист ва ба қароре омад, ки қасос гирад. Чун онҳо дар як бино мезистанд, вай вориди лифт бо Котиби генералӣ шуд ва чанд маротиба сӯяш тир андохт. Ва баъдан амсоли шавҳараш худро низ ба ҳалокат расонд. Андропов баъди ин сӯиқасд ҳамагӣ як сол зинда монд.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here