Яке аз ҳодисаҳои муҳиме, ки дар сар задани ҷанги дохилии солҳои навадуми асри гузашта нақши асосӣ доштааст, воқеаҳои баҳманмоҳи соли 1990 буд. Дар бораи иллату сабабҳои сар задани ҳодисаҳои февралӣ (баҳманмоҳи соли 1990) зиёд навиштаву гуфтаанд, аммо ҳанӯз ҳарфе барои гуфтан ва навиштан вуҷуд дорад. Махсусан, дар заминаи ба бозӣ кашидани гуруҳҳои ифротии динӣ, ки дар созмони террористии наҳзатӣ инсиҷом ёфта буданд, тарҳи ҳодисаҳои февралӣ рехта шуд. Зотан, ташкилоти террористии наҳзатӣ бо султагирӣ ва султадорӣ иртибот мегирад, чаро ки сардамдорони наҳзатӣ ҳамеша ба нуқтаи асосӣ — зери таъсири идеологии исломӣ қарор додани ҷомеа ва тадриҷан ба қудрати сиёсӣ расидан, таваҷҷуҳ мекарданд (ва имрӯз ҳам ҳамин нуқтаи меҳвариро пайгирӣ мекунанд).

Агар ба таърихчаи ин тудаи ҷинояткор ҳамчун ташкилаи динӣ-сиёсӣ назар афканем, дармеёбем, ки солҳои навадум наҳзат то ба ҳадди қудратмадории сиёсӣ расида, миёни табақаҳои иҷтимоӣ аз нуфузи қобили мулоҳиза бархӯрдор гардида буд. Дар марҳилаи ахирӣ ташкилоти террористии наҳзатӣ дар ҷомеъа нуфуз  пайдо  кард ва дар тарҳи ҳаводиси февралӣ  ба таври бевосита ва бавосита ширкат варзид. Шоҳидони ҳол, чӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти интизомӣ ва чӣ аз ходимони созмонҳои ғайридавлатӣ ва аъзои ҷомеаи маданӣ, умдатан бар ин назаранд, ки воқеоти февралӣ, ки таҳти баҳонаи бо хона таъмин намудани арманиҳо пӯшиш ёфта буд, маҳсули фаъолиятҳои пинҳони масъулони наҳзатӣ аст. Барои собит сохтани ин иддао ба чанд нукта таваҷҷуҳ мекунем:

Аввал ин ки созмони пинҳонии экстремистии ба ном Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон аз оғози солҳои ҳафтодуми садаи бист барои омода намудани кадрҳои наҳзатӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ иқдом гирифт ва ҳатто ҳаракати сиёсию иҷтимоии худро баъдан ба унвони ҳаракати таҳаввул дар дину маросимот муаррифӣ намуд, то мардум ва ҷомеаи мадании вақт, ки аз нерӯҳои демократӣ ва озодандеш таркиб ёфта буд, аз асрори қудратталабӣ ва султахоҳии наҳзатиҳо ва тарҳи фоҷеаи сиёсӣ бохабар нашаванд. Илова бар ин, ташкил намудани гуруҳҳои тадрисӣ-таблиғӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва дар баробари тадриси улуми муқаддимотии динӣ (сарфу наҳви арабӣ, мабдаъ-ул-қироат, мухтасар ва амсоли инҳо), мударрисини наҳзатӣ муридонро ба тамрини усулҳои ҳарбу зарб ҷалб менамуданд. Бавежа, тамрини усули ҳарбии «каратэ» дар миёни муллобачаҳои ҳавзаҳои дарсии вилояти Хатлон маъмул шуда буд. Ҳамаи ин тадобир маънои омодагӣ ба даргирӣ ва ба истилоҳ, инқилоби исломиро далолат мекард, ки мебоист дар наздиктарин фурсат иттифоқ меафтод ва наҳзат дар он пирӯз гардида, қудратро комилан рӯйи даст гирифта, барномаи  исломикунонии мардум ва ҳукуматро дар мамлакат татбиқ  менамуд.

Дуюм ин ки ташкилоти террористии наҳзатӣ ба воситаи роҳандозӣ намудани тарҳи ҳаводиси февралӣ (албатта, аз тариқи ба низоъ ва даргириҳо мувоҷеҳ кардани насли ҷавон ва оростани таҷаммуоти гуруҳҳо) мехост дар ибтидо қудрати ҳукумати марказиро дар симои Маскав бисанҷад ва ҷараёни воқеоти минбаъдаро ояндабинӣ намояд. Ҳарчанд, ки қувваҳои интизомии Вазорати дифои Иттиҳоди Шӯравӣ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон пеши роҳи бетартибиҳои гуруҳҳоро  гирифта, вазъияти ҷумҳуриро таҳти назар қарор дода буд, заъфиятҳои элитаи ҳукмрони онвақтаи кишвар ва баъзе ниҳодҳои интизомӣ барои наҳзат ошкор гардид. Ҳамчунин, ба василаи роҳандозӣ намудани бетартибиҳо дар маркази қудрат — шаҳри Душанбе, он ҳам дар назди бинои Комитети Марказӣ  дастандаркорони ҳодисаҳои февралӣ ҳолу ҳавои сиёсии кишварро омӯхтанд ва таносуби қувваҳоро дар ҳолатҳои даргирию низоъ мушаххас намуда, ҷиҳати пиёда кардани барномаҳои минбаъда тасмимгирӣ карданд.

Севум ин ки ташкилоти террористии наҳзатӣ мебоист аз пушти парда манзараҳои даргирию низоъҳоро тамошо мекард ва ҷараёни задухӯрдро аз берун идора менамуд. Ин нақша амалӣ шуд, вале қишри рӯҳониёни муҳофизакори наҳзатӣ ба эҳсосот роҳ дода, баъзан ба маърака шарикӣ намуданд. Ин буд, ки изи пойи дастбакорони ин бозии шум дар ҷойи ҳодиса ба мушоҳида расид. Ҳасрати мансаб ва ҷоҳу ҷалоли исломӣ онҳоро ором нагузошт ва ба таври нохудогоҳ ба саҳнаи сиёсӣ кашида шуданд.

Чорум ин ки Президенти вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбати ихтисосиаш дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмон дар иртибот ба ҳаводиси февралӣ таъкид карда буд: «Ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ! Қозии собиқи кишвар А. Тураҷонзода дар байни аҳолӣ қасдан дар бораи ба арманиҳои аз заминларза осебдида овоза паҳн карда, мардумро ба шӯр овард. Дар натиҷа одамон ба хиёбон баромаданд ва аз ин фурсат наҳзатиҳои ҳаммаслаки вай суиистифода карда, вазъиятро ноором карданд ва аввалин хунрезиро оғоз намуданд». Бубинед, чӣ гуна василаҳои таъсиррасонии динӣ-мазҳабиро барои ҷалби мардум ба эътирозот истифода бурданд. Сари мавзӯи мазкур дигар коршиносон, аз ҷумла, генерал Амирқул Азимов, ки ба ҳайси роҳбари бригадаи тафтишотии вақт ҳодисаи баҳманмоҳи хунинро мавриди санҷиш қарор дода буд, аз назари тахассусӣ ба масоили марбута таваҷҷуҳ намуда, ба ҷузъиёт ва куллиёти ҳаводиси гузашта аз дидгоҳи сирф касбӣ ва инсонӣ расидагӣ кард ва дар ҳаводиси февралӣ даст доштани муллоҳои наҳзатиро эълом дошт.  Аз ин ҷост, ки наҳзатиҳо дар ба вуҷуд омадани даргирию низоъ ва бетартибиҳо дар шаҳри Душанбе на танҳо манфиатдор буданд, балки худ ҷараёнро таҳти назар қарор дода, таҷаммуотро идора ва ба сифати муҷрӣ  иштирок мекарданд.  Бо таваҷҷуҳ ба ин, ташкилоти террористии наҳзатиро метавон ба унвони тарроҳ ва муҷрии ҳаводиси февралӣ муаррифӣ кард.

Панҷум ин ки таърихи миллӣ, ки аз маҷмӯи воқеиятҳои рӯз таркиб ёфтааст, иртиботи бевосита доштани наҳзат дар ҳаводиси февралӣ, ки боиси ҳарҷумарҷ ва даргириҳои бемаънӣ шуда буданд, исбот кардааст.

Ардамеҳр АШӮРОВ,

ходими калони илмии АМИ ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here