30 -юми ноябри соли 2018 пайвандон, зиёиён, шогирдони олими шинохтаи тоҷик, омӯзгори соҳибмактаб, адабиётшинос, номзади илмҳои филология, профессор Ҳоҷибоева Бароат Абдураҳимовнаро ботантана қайд намуданд. Ӯ 90-сол қабл 27 ноябр дар оилаи яке аз абармардони халқи тоҷик, нахустин раиси шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев таваллуд шуда ба камол расидааст.

Бароат Абдураҳимовна хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) буда, фаъолияташро чун омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар мактаби миёнаи №3-юми шаҳри Ленинобод оғоз карда, сипас дар донишкадаи омӯзгорӣ идома додааст. Вай дар вазифаҳои сарварии қисми таълим, ҳамзамон сармуаллимаи кафедраи адабиёти рус ва хориҷа, и.в. ноиби ректор оид ба  таълим, дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷа, мудири кафедраи усули таълими забон ва адабиёти рус, профессори кафедраи амалияи нутқи даҳонӣ ва хаттии факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод фаъолият дошта, минбаъд ба ҳайси профессор — мушовир адои вазифа намудааст.

Соли 1968 дар Маскав рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Муаллифи беш аз 150 асар бахшида ба масоили адабиёти рус ва робитаи он бо адабиёти тоҷик мебошад. Раҳнамоҳои таълимию методии ӯ имрӯз яке аз сарчашмаҳои муҳими таълим барои шогирдон, алоқамандони адабиёти рус ба ҳисоб меравад. Меҳнати хоксоронаи профессор Бароат Абдураҳимовна дар ҷодаи илм буд, ки олимон, нафарони зиёд аз кору пайкори вай ибрат ва илҳом гирифтаанд. Имрӯз осори таълимӣ-методии муаллима манбаи муҳим ба шогирдон ва алоқамандони забону адабиёти рус мебошад.

Заҳмату меҳнати шабонарӯзии илмии Бароат Абдураҳимовна боис шуд, ки китобҳои «Пушкин ва Шарқ” бо диплому медали тиллоии Пушкин ва “Иван Бунин” (аввалин барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт аз Русия) ба Ҷоизаи Бунин сазовор шуд. Ин олитарин подоши амал аст. Хидматҳои Б. Ҳоҷибоева бо медалҳои «Барои шуҷоати меҳнатӣ», «Ба муносибати садсолагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» ва «Барои меҳнати шоиста» низ қадрдонӣ гаштааст.

Хоҷибоева Бароат Абдураҳимовна, олим ва омӯзгор, инсони комил ва фидокор, меҳрубону ғамхор, шахсияти наҷиб ва ба дилҳо наздик, зани поксиришт ва модари камназир мебошад.

Бароат Ҳоҷибоева зани бузург аст, ки на танҳо дар пешрафти илми филологияи тоҷику рус саҳм гузоштааст, балки монанди пуле дар миёни  ду адабиёти қадим хидмат карда, ба робитаҳои адабии байни адабиёти  ду халқи бузург пайванди тоза бахшидааст.

Бароат Ҳоҷибоева фаъолияти эҷодӣ, ташкилотӣ ва омӯзгориашро пайваста равнақ медод. Ба унвонҳои дотсентию профессорӣ ноил гашта, як қатор рисолаҳои илмиро ба нашр расонд. Он асарҳо таълими адабиёти русиро дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ ба пояи нав бардошт ва чандин насли омӯзгоронро тарбия намуд.

Ӯ аз зумраи он олимони шинохта ва тавонои тоҷик, ки месазад зери қудумаш дурри сухан ва гавҳари тафаккур афшонанд. Зеро, Б.Ҳоҷибоева, тамоми умр фақат барои равнақу ривоҷи илми тоҷик заҳмат кашида, осори гаронбаҳои илмӣ эҷод намуд ва шогирдони зиёдеро ба камол расонд, ки ҳар кадом алҳол худ устоданд. Бароат Ҳоҷибоева бо матонату фидокорӣ, иродаи пӯлодин ва ҳаёти пурбаракату бошарофати хеш исбот кард.

Бароат Абдураҳимовна дар фазои маданиву маънавӣ сорбони шамъи зиё буд, ки зарурияти фарҳангиёнро сӯи мақсуди барои инсон  сохтани“бинои одамгарӣ» раҳсипор мекард. Аз соли 1958 фаъолияти меҳнатии ӯ дар кафедраи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии ба номи С.Киров оғоз ёфтааст. Вай соли 1968 дар Институти илмӣ-тадқиқотии маорифи умумии Академияи илмҳои педагогии СССР дар шаҳри Маскав рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Омӯзиши лирика дар дарсҳои забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ” бомуваффақият дифоъ намуд.

Мақолаҳояш дар нашрияҳои Маскав, Ленинград, Рига, Фрунзе, Душанбе ва ғайра ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои дарсӣ барои хонандагони мактабҳои тоҷикӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои педагогӣ мебошад, ки Вазорати маорифи СССР тавсия кардааст. Подоши заҳматҳояш бо Ифтихорнома ва унвонҳои “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “корманди Шоистаи Тоҷикистон” қадршиносӣ шудааст. Вале ҷоизаи аз ин ҳам волотарро худи Худованд барояш арзонӣ доштааст.

Бароат Ҳоҷибоева номбардори арзандаи падари худ шуда, барои зиндаву абадӣ гардонидани номи Абдураҳим Ҳоҷибоев басо заҳмат кашид, китоби сарнавишти ӯро на ба қалам, балки бо хуни дил рӯи коғаз овард, ки хонанда онро наметавонад бе оби дида қироат намояд.

Се фарзанди қобилу шоистаи Бароат Ҳоҷибоева — Муаззама, Матлуба ва Фарзона, ки ҳар яке имрӯз гулҳои сари сабади ҷомеа ҳастанд, натанҳо ифтихори модари меҳрубон, балки ифтихори Тоҷикистонанд.

Б.Ҳоҷибоева бо рафтору хислатҳои намунавӣ ибрати ҳамагон буд. Аз гуфтору муносибати меҳрубонона, ошиқи касби хеш будан ва дар ин ҷода бо сафои руҳ, нафаси тоза ва сабру таҳаммул беш аз ним аср барои такомули миллату фарҳанги тоҷикӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ ранҷи беҳисоб кашидааст.

Аз корномаи профессор Бароат Ҳоҷибоева пайдост, ки доманаи пажуҳишаш густурда буда, месазад, ки ӯро ҳамчун адабиётшинос, забоншинос, мунаққид, методист ва мутарҷим бишносанд. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Бароат Ҳоҷибоева забондонӣ аст. Ӯ муаллифи қариб 30 китоби илмӣ мебошад. Б.Ҳоҷибоева маънӣ ва ҳосили зиндагии хешро дар зистан барои омӯхтан, донистан ва навиштан медонад. Муҳимтар аз ҳама дорои сиришти нек ва маданияти баланди инсонӣ будани вай аст, ки бо ин қадар вусъати андеша ва азамати тафаккур меҳрубониву шафқат ва накӯкориро рисолати хеш донистааст.

Мавсуф сарнавишти аҷиб дошт. Даврони бачагиаш то 9-солагӣ бо навозишу дӯстдориҳои волидон, дар иҳотаи бузургтарин шахсони замон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бруно Ясенский, Поль Вайян Кутюре ва бисёр дигарон, ки бо падарашон дӯстиву рафоқат доштаанд, гузаштааст. Қаҳрамони мо дар хурдсолӣ ба талхиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ мегардад. Дар хотираҳои хоҳарбузурги ӯ аз ҷумла омадааст: “Кӯдакии мо хеле рангину зебо буд. Вақте ки ман мактабрав шудам, хоҳаракам Бароатҷон, бо вуҷуди он ки се сол аз ман хурдтар буд, ҳамроҳи ман ба мактаб мерафт. Муаллимон дар аввал аз омадани ӯ розӣ набуданд, аммо баъди он ки шавқу ҳаваси беандозаи ӯро мушоҳида намуданд, ба ҳолаш гузоштанд. Модарам ҳам ҳар рӯз ба ҷомадончаи мо кулчаву қанд ва пораи нону гӯштро гузошта таъкид мекарданд, ки ҳамроҳ ҳангоми танаффус наҳорӣ кунем.”

Кӯдакии хушбахтонаи фарзандон соли 1937 яку якбора ба охир расид. 25-уми январи соли 1938 бо қарори коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС А.Ҳоҷибоев ба қатл маҳкум гашт. Модарро низ ба маҳкама кашиданд. Баъди ҳабси модар моҳи феврали соли 1938 Рафоат ва Бароат Ҳоҷибоеваҳоро ба хонаи кӯдакони шаҳри Харков, баъдан ба ятимхонаи Средние Буды супориданд, ки солҳои ҷанг ин ятимхона ба деҳаи Козловкаи Мордовия кӯч баст. Пас аз шаш соли дар ба дарӣ ва дур аз диёру пайвандон соли 1944 ба Тоҷикистон бозгаштанд. Бароат Ҳоҷибоева хотироти солҳои вазнини ҳаётро дӯст намедошт, вале бо вуҷуди он чунин мегуфт: “Дар рӯзҳои аввали бозгаштан ҳарфҳое мисли “ҳоҷибоевчигӣ”, “думҳои Ҳоҷибоев” ва “миллатчии буржуазӣ”, ки дар бораи падар дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешуд, хеле  моро озор медоданд. Мо як зарра ҳам шубҳа надоштем, ки падари мо марди ҳақиқатҷӯву миллатхоҳу ватанпарвари асил буд. Ин эҳсос ба мо нерӯ ва боварӣ эҳдо мекард, ки рӯзе адолат барқарор хоҳад шуд.”

Танҳо шахсияти асил метавонад, ки пас аз ин гуна саргузашт зиндагиро дӯст дорад, нисбат ба инсон муҳаббаташ боқӣ монад.

Дар солҳои вазнини ҳаёт Б.Ҳоҷибоева аз вартаи даҳшатбори зиндагӣ наҳаросид, ба факултаи забон ва адабиёти руси институти омӯзгории Ленинобод дохил шуда бомуваффақият онро хатм (1948) намуда, бо камоли сидқу самимият ҳидоятгари шогирдон гашт ва ишқи забону адабиёти рус ва тоҷикро дар дили толибилмон бедор намуд. Барои заҳматҳои шоёни илмӣ моҳи марти соли 1993 Вазорати мактабҳои олии Федератсияи Русия ба хотири фузунии миқдори таълифот ба эшон унвони илмии профессориро шоиста дид. Ҳамзамон баҳри хидмати содиқона ба Ватан, тарбияи насли наврас ва тайёр кардани мутахассисони баландпоя, соҳиби ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ шудааст.

Моҳи апрели соли 1997 бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон профессор Бароат Ҳоҷибоева ба унвони Ходими хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ҳар як аз замири дил иншокардаи Бароат Абдураҳимовна, дар тарбияи насли наврас ва омӯзгорон чун асари рӯи мизӣ хизмат мекунад.

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here