Аз саёҳати Бухоро як мақсади дигари Айнӣ зиёрати он деҳае буд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар он ҷо тавлид шудааст. Аммо он деҳа дар куҷост? Устод боварӣ дорад, ки он ҷо деҳаи Лағлақа аст. Худи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва таърихнависони баъди вай гузашта, зодгоҳи Шайхурраисро деҳаи Афшана навиштаанд, аммо ин вақт дар вилояти Бухоро Афшана ном деҳае нест. Дар райони (ноҳияи) Рометан Лағлақа ном деҳае ҳаст, ки аз рӯи ривоятҳо Афшана номи пештараи ҳамин деҳа будааст. Як деҳаи дигар ҳаст, номаш Испана (Испанӣ), аммо ин деҳа ба он чи ки таърихнависи асри XI Наршахӣ дар бораи Афшана навиштааст, дуруст намеояд; бо вуҷуди ин чанде пеш яке аз олимон ҳамин «Испана»—ро вайроншудаи «Афшана» дониста, ватани Абӯалӣ ибни Синоро ҳамон ҷо қарор додааст. Ин гап ба гӯши Айнӣ мерасад, ки ҳам Испана ва ҳам асари Наршахиро нағз медонад ва шубҳа надорад, ки ватани олими бузург он ҷо нест, боз таърихи Наршахиро ба варақ задан медарояд, то исбот намояд, ки ҳукми олими мазкур хатост.
Айнӣ дар китобхонаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино воқеаи «Испана» ва «Афшана» — ро нақл карда, таърихи Наршахиро талаб намуд. Бо ёрии Нақшбандхон ном марди куҳансол — ходими китобхона, ки шиноси дерини Айнӣ будааст, чанд нусхаи он китобро ёфта овардаанд, аммо ҳамаи он нусхаҳо мухтасари таърихи мазкур буда, аз онҳо маълумоти даркорӣ ёфт нашуд. Айнӣ дар ин гуна мавридҳо сахтгир аст: мудир ва дигар ходимон аз ваҷҳи дар китобхонаи онҳо набудани таърихи мукаммали Наршахӣ, ки чандон камёб ҳам нест, аз домулло хеле гапҳои талху тунд шуниданд.
— Ҳамаи китоб ва дастнависҳои қиматнокро ба Тошканд гирифта бурданд, — гуфта узр овард директор.
— Мо ба Рометан рафта ватани ҳақиқии Ибни Синоро ҷустуҷу мекунем, — ба ману Икромӣ гуфт Айнӣ. -Маркази райони Рометан дар Лағлақа аст. Афсӯс, ки инҳо Наршахии мукаммал надоштаанд, набошад ман ба шумоён нишон медодам: Наршахӣ менависад, ки дар Афшана масҷиди Бинни Восеъ ҳаст. Ин масҷид дар наздикии Лағлақа буд ва ман дар хурдсолиам онро дида будам. Агар он масҷид хароб нашуда бошад ва мо онро дар Рометан ёбем, бешубҳа собит хоҳад шуд, ки Лағлақа ҳамон Афшана ва зодгоҳи Ибни Синост.
Нависандаи номии мо бо вуҷуди пирӣ ва заъфи саломаташ бисёр пурҳавсалааст, ки агар аз паи коре афтад, ба охир нарасонда намемонад…
Мошинсавор рафтем ба Рометан. Котиби комитети районии партия марди сиёҳҷурдаи чорпаҳлу ва бокитфу бозу, одами кушодарӯй ва хушсуҳбате будааст. Ба лағлақагӣ будани Абӯалӣ ибни Сино мутлақо боварӣ дорад, бо ин фахр мекунад ва тайёр аст бо муқобилони ин ақида сахт мубоҳиса кунад. Чизи дар китобхонаи ба номи Ибни Сино наёфтаамро мо аз китобхонаи шахсии котиби райком ёфтем: вай аз хонааш як нусхаи пурраи «Таърихи Наршахӣ»-ро оварда ба Айнӣ нишон дод. Бо фармоиши устод, Икромӣ ва ман онро ба варақ задан даромадем.
— Дар миёнаҳои китоб боби «Мазорҳо»-ро кофта ёбед, — гуфт домулло. Вай аз роҳи дароз ва рӯзи гарми пурҷангу ғубор монда шуда буд ва бо чойи кабуди талх кӯфти роҳро бароварданӣ мешуд.
Мо кофта — кофта он боб ва он маълумоти даркориро ёфтем. Дар он ҷо чунин навишта шуда буд:
«Афшана. Шаҳристоне бузург дорад ва ҳисоре устувор, навоҳии ба вай мансуб ва ҳар ҳафта як рӯз бозор бошад ва зиёъи деҳа вақф аст бар талабаи илм ва Қутайба бинни Муслим он ҷо масҷиде бино кардааст ва Муҳаммад Бинни Восеъ масҷиди дигар бино кардааст… Мардумони шаҳри Бухоро он ҷо раванд…»
— Ана худаки ҳамин ҷой деҳаи Зирак аст, — гуфт котиби райком.
Деҳаи Зирак дар паҳлуи деҳаи Лағлақа (маркази район) буда, дар ҳақиқати амр ба вай мепайвандад.
Айнӣ ҷои масҷиди Бинни Восеъро пурсид. Котиби райком ба Одинаев ном шахсе кас фиристод, вай омад. Марди миёнсол, саводи куҳна дорад, бошандаи дерини Лағлақа, аслаш аз Кӯлоб будааст. Масҷиди Бинни Восеъро шунидааст, онро мардум «Марози ҳазрати бобо» мегуфтаанд. Аз он масҷид осоре намонда, ҷои он ва гирду атрофаш, ки пештар деҳа будааст, ҳоло киштзор ва боғу бӯстон аст, бинобар ин Айнӣ бо вуҷуди кофтукови бисъёр ҷои он масҷидро, ки дар хурдсолӣ дида будааст, муайян карда натавонист.
Бо ҳамроҳии китоби райком ва Одинаев мошинсавор ба Зирак рафтем. Деҳае будааст хушобу ҳаво, аз миёнааш ҷӯйбори калони Хайробод мегузарад, оби ҷӯйбор зарди лойолуд аст ва ба дарёи Қарокӯл (номи маҳаллии Зарафшон) мерезад. Мардумаш тоҷик, колхозашон ба номи Ворошилов. Мошинҳоро дар канори ҷӯйбор нигоҳ доштем. Баъди чанд дақиқа аз дари як ҳавлӣ духтаре пайдо шуд, дар кӯза айрон ва як косаи чинӣ оварда, ба расми мусофирнавозӣ айрони сарди хушгуворашро ба омадагон таоруф кард; нӯшида ташнагиамонро шикастем.
Домулло аз вай пурсид:
-Духтарам, шумо Абӯалӣ ибни Синоро шунидаед?
— Ҳа, — шармгинона ҷавоб дод духтар, — бобом мегӯянд, ки он азиз аз ҳамин деҳаи мо будаанд, ҷудо олими калон, табиби зӯр будаанд.
Устод дар ғояти хушҳолӣ бо тантана ба мо нигоҳ кард, ки яъне: «Шунидед? Ҳаминҷои будани Ибни Синоро ҳамин духтар ҳам медонистааст!».
Аз аҳли деҳа якчанд кас ҳозир шуданд, ҳамаашон мисли духтари айроноварда Абӯалӣ ибни Синоро ҳамватани худ медонанд.
Айнӣ, ки бо одамони одӣ, хусусан, бо мӯсафедон гуфтугӯ карданро дӯст медорад, бо онҳо машғули сухбат шуд, ман ва Икромӣ бо ҳамроҳии Одинаев, режиссёри кино Кимёгаров ва фотографҳо аз пули хурдтараки Хайробод гузашта, қад-қади ҷӯйбор то ҷое, ки он ҷӯйбор ба даръёи «Қароқӯл» мерезад, рафтем: масофаи то он ҷо аз ним километр зиёдтар буд. Чунон ки дар боло гуфта шуд, ки дарё аслан Зарафшон аст, ки дар Рометан онро Қароқӯл меноманд. Сабаби ба он ҷо рафтани мо ин буд, ки ҳанӯз дар маркази район Одинаев ва котиби райком ба мо гуфта буданд, ки ба қарибӣ аз таги дарёи Қароқӯл шикастапораҳои як пули сангин баромад ва мардум он пулро Абӯалӣ Сино сохтагӣ мегӯянд, зеро аз ин пеш ҳам дар байни халқ дар бораи ба дарёи Қароқӯл пул бастани Абӯалӣ ибни Сино ривояте будааст.
— Ман монда шудам, шумоён рафта бинед, — фармуд устод ба мо.
Соҳили рости дарё аз об ду метр баландтар буд, оби дарё таги ин соҳили баландро шуста ковок карда будааст ва аз он ҷо осори пули куҳна баромадааст. Дар ҳақиқат аз зери хок як навъ кодокҳои аз хишти пухта сохташуда намудор буданд, аммо он кодокҳо ба пул тааллуқ доштанд ё ба ягон иморати қадимии дигар, муайян кардан душвор буд.
Дар канори деҳаи Зирак, дар тарафи даръёи Қароқӯл хокпуштаи баланд ва дарозе дида мешавад, ки ба харобаи девори қадиме хеле монандӣ дорад. Балки пуштаи мазкур боқимондаи девори ҳамон шаҳристон бошад? Наршахӣ боз менависад: «Ҳисори устувор дорад», ҳақиқатан дар миёнҷои деҳа тале ҳаст, ки мегӯянд дар қадим он ҷо ҳисор будааст…
Ба ин тариқ, мо масҷиди Бинни Восеъро ёфта натавониста бошем ҳам, аз рӯи якчанд «санад»-ҳои дигар қариб боварӣ ҳосил кардем, ки Афшанаи қадимӣ ҳамин Лағлақа ва ватани Ибни Сино ин ҷост. Муҳимтарини ин «санад»-ҳо эътиқоди худи халқ аст: авлод-авлоди аҳолии Лағлақа, Бухоро ва атрофи он деҳаи мазкурро ватани Абӯалӣ ибни Сино медонанд, ки бояд бесабаб набошад. Бисёр деҳаҳои вилояти Бухоро монанди худи Бухоро дар тӯли ҳазор сол дар ҷойҳои худашон истодаанд, бинобар ин дар ин муддат ватани Ибни Сино, ки шӯхраташ дар байни халқ аз ҳар бузургвори дигар бештар аст, мумкин набуд аз хотири мардум фаромӯш шавад.
… Дар лаби сарҳавзи колхози ба номи Ворошилов, дар сояи бедҳои сабз каме дам гирифта, бо соҳибони меҳмоннавози колхоз хайрбод кардем.
Аз китоби Сотим Улуғзода “Пири ҳакимони Машриқзамин”.
Таҳияи Фирӯза Муҳаммадҷонова, корманди Китобхонаи миллӣ