Фернан Магеллон ё Хуан Себстян Элкано?

Ин як сарнавишти пурсӯзест аз замони кишваркушоиҳои аврупоиён. Фердинанд Магеллон-пӯянда ва дарёнаварди маъруфи португалӣ, ки дар кишвараш тарҳашро напазируфтанд ва ба Испания рафт, нахустин касе буд, ки аз тариқи ғарб аз Аврупо ба Осиё раҳсипор шуд ва дар уқёнуси Ором киштӣ ронд. Аввалин касе буд, ки бо ҳадафи давр задани кураи Замин роҳбарии як ҳайати бузурги киштирониро ба уҳда гирифт. Дар роҳи сафар ба таври фоҷеавӣ тарки олам кард, вале афродаш тарҳи ӯро ба анҷом расонданд. Аммо… Оламиёнро лозим омад боз бист соли дигар сабр кунанд, то парда аз асрори ин сафар кушода шавад. Чаро? Матлаби зер посухест ба ин суол.

Соли 1518. Киштиҳои испониву португалӣ баҳрҳои тропикиро убур карда, тадриҷан ғубори ноаёниро пушти сар гузошта, ба қораи азими барои он замон асроромези Амрико наздик мешуданд. Соҳилҳои шарқии ин қора дар чандин ҳазор километр аз Мексика то Ла-Плат таҳқиқ шуда буданд. Аммо дохили вилоёти навкашфшуда ҳанӯз мавриди омӯзиш қарор нагирифта буданд ва касе ҳам намедонист ва гуфта ҳам наметавонист, ки оё то Осиё масофа дур аст? Оё он бо хушкӣ пайваст аст ва ё бо баҳрҳо ҷудо шудааст? Соли 1513 Нунйес де Балбоа баҳри Ҷанубиро кашф кард, вале касе намедонист, ки он хеле дур доман паҳн кардааст. Метавонистанд тахмин кунанд, ки дар паси он Осиё қарор гирифтааст. Вале барои шино кардан ба Осиё аз тариқи баҳри Ҷануб ба киштиҳо лозим меомад, ки аввал вориди худи ҳамин баҳр шаванд. Аммо ин корро чӣ гуна метавон анҷом дод, дар ҳоле, ки тӯли бист соли ахир, ки ин қитъа кашф шуд, ягон гулӯгоҳе пайдо нагардид? Дар ҷараёни ҷустуҷӯҳо маълум гардид, ки Амрико роҳи Осиёро ба аврупоиён бастааст. Сарватҳои Олами Нав ҳоло аз чашми аврупоиҳо пинҳон монда буд ва он садде буд, ки бояд аз он мегузаштанд, то ба Осиё расанд.

Ҷустуҷӯҳо дар ҷануб нисбатан муфидтару умедворкунанда буданд, вале дар ин самт низ монеъаҳои бузурге буданд. Ҳар қадар ҷанубтари хати экватор мерафтанд, ҳамон андоза соҳилҳо сардтар мешуданд, захираи ғизо боз ҳам мушкилтар мешуд.  Ҳиндуҳо дар ин манотиқ зиёдтар адоват доштанд ва дар бархӯрд бо онҳо испониҳо зиёд кушта шуданд. Киштиҳо аз зодбуми саворонашон торафт дуртар мерафтанд, масофа ҳазорҳо км тай мешуд ва барои ин на моҳҳо, балки акнун солҳо дар роҳ буданд. Барои он ки одамонро водор кунанд дар ин роҳи номуайяну норушан шино намоянд, иродаи қавиву мушти қавӣ лозим буд.

Соли 1518 дар Шӯро оид ба Ҳинд маллоҳи португалӣ Фернан Магеллон изҳор дошт, ки омода аст роҳи ғарбро ба самти ҷазираҳои Моллук (яке аз маҷмуъҷазираҳои Индонезия, ки дар бахше аз минтақаи обии ҷанубу шарқи Осиё воқеъ шудааст) идома диҳад. Аммо шарт ин ки португалиҳоро, ки ҳоло роҳии ин ҷазираҳо шудаанд, пеш гузашт. Зеро соли 1494 дар Паймони Тордсиёс (муоҳада дар бораи муайян намудани минтақаҳои таҳти назорат миёни ду кишвар дар заминҳои хориҷ аз қаламрави онҳо кашфшуда) танҳо дар бораи як хате сухан меравад, ки аз кулли қаламрави Атлантик аз шимол ба ҷануб мегузарад. Ҳолати аҷоибе пеш омада буд: португалиҳо ҳақ доштанд ба самти шарқ аз атрофи Африқо барои ифтитоҳи Осиё ҳаракат кунанд, аммо испониҳо ҳамин ҳақро ҳангоми ҳаракат ба шарқ доштанд. Ва ҳама аз он вобаста буд, ки кадоме пештар ба ин ё он замини нав мерасад. Исботи ин ки фалони заминро  ғайриқонунӣ ишғол кардааст, номумкин буд.  Ҳамаи аъзои Шӯро оид ба Ҳинд ин нуктаро хубтар аз Магеллон медонистанд. Аммо масъала ҷойи дигар буд: Магеллон киштиҳоро аз кадом роҳ ба баҳри Ҷанубӣ мебарад? Маллоҳи португалӣ мегуфт, ки гулӯгоҳ каме ҷанубтар аз  он ҷойест, ки то кунун аврупоиҳо шино кардаанд ва барои исботи фикраш харитаеро нишон дод, ки дар он гулӯгоҳ аз ҷанубтари арзи  40° нимкураи ҷанубӣ ҷой гирифтааст. Он замон ба харитаҳо бо як ҷаҳон эҳтирому боварӣ менигаристанд, ҳарчанд на ҳамеша онҳо дақиқ буданд, чун дар мавридҳое гулӯгоҳу ҷазираву нимҷазираҳои дурӯғин ҳам ишора мешуданд. Дар ин маврид ҳам чунин буд: муаллифи харита ё гулӯгоҳро дар ҷойе ишора карда буд, ки муносиби будани он аст ва ё ба суханони ким-кадом маллоҳоне бовар кард, ки резишгоҳи кадом дарёеро гулӯгоҳ пиндоштаанд.

Ба Магеллон муяссар шуд, ки ҳақ будани худро исбот кунад. Вай бори аввал соли 1505 ба Шарқ рафта буд. Ин замоне буд, ки португалиҳо дар Ҳинд қалъаҳои азимро кашф карда буданд. Магеллон дар хушкиву дар он дар муҳорибаи машҳури назди Диу, ки португалиҳо флоти арабҳоро шикаст дода, ба шаҳри Гоа, ки баъдан пойтахти Португалия дар Ҳинди ишғолӣ шуд, ҳамла карданд. Ҳарчанд қаҳрамониҳои зиёд дар ин муҳорибаҳо нишон дод, вале аз он ки аз ноиби шоҳ шадидан интиқод кард, шоистаи ягон ҷоиза ҳам нашуд.

Соли 1513 Магеллон вориди Лиссабон мешавад. Пул надошт ва ба сафи артиш ворид шуда, ба Африқо эъзом мегардад ва дар ин сарзамин боз ҳам қаҳрамониҳо нишон медиҳад. Аммо дар ин ҷо низ бахташ омада намекунад, ба тӯҳмати шариконаш рӯ ба рӯ мегардад ва шоҳ аз пардохти нафақа ба вай худдорӣ мекунад. Баъди бозгашт ба Лиссабон Магеллон тарҳи шино ба ҷазираҳои Моллук бо роҳи ғарб таҳия менамояд ва ин дидгоҳи худро ба шоҳи Португалия Мануэл пешниҳод мекунад. Аммо шоҳ пешниҳоди Магеллонро рад мекунад: португалиҳо аз ғарб аллакай ба ҷазираҳои Моллук наздик шуданд, аммо роҳ аз тариқи баҳри Ҷануб, ҳатто дар сурати мавҷуд будани гулӯгоҳ хатарнок аст.

Магеллон аз ин гуна муносибати беадолатона худро таҳқиршуда мебинад ва ба Испания меравад ва баъди баррасиҳои зиёд тарҳи пешниҳодии вай пазируфта мешавад. Киштиҳо ба Севил ҳаракат карданд. Гумоштаҳои  шоҳ Мануэл бо ҳар роҳ талош мекунанд ин экспедитсия ба шикаст мувоҷеҳ шавад. Онҳо ҳатто ба ҷони Магеллон сӯиқасд ҳам карданд. Португалиҳо аз ташкилкунандагони экспедитсия низ истифода карданд, то онҳо барои ин сафари баҳрӣ киштиҳои фарсуда харидорӣ кунанд. Яке аз гумоштаҳо дар бораи ин киштиҳо ба Магелон хабар расонд: “Онҳо хеле куҳнаву фарсудаву пурдарбеҳанд, алоҳазрат ва шуморо бовар мекунонам, ки бо онҳо шумо ҳатто то ҷазираҳои Канор рафта наметавонед”.

Дар бандарҳои Андалус гумоштаҳои Мануэл дар бораи экспедитсия ва сарвари он овозаҳо паҳн мекарданд ва ин ба интихоби ҳамсафрон мушкил эҷод мекард. Флотилия аз панҷ киштӣ иборат буд ва калонтарини он бузургтар аз киштии “Санта-Мария”-и Колумб набуд.  Дар ин сафар Магеллонро 265 нафар ҳамроҳӣ карданд: испониҳо, португалиҳо, фаросавиҳо, инглисҳо, олмониҳо…Ин ҳайати рангоранги иборат аз миллатҳои мухталиф мушкилоти дигари Магеллон буд, зеро мухоифонаш хеле хуб метавонистанд аз ин гуногунрангӣ истифода кунанд. Дар ҳайати фармондеҳӣ низ афрод аз миллатҳои зиёд гирд омада буданд. Чунончӣ, дар миёни капитанҳои киштӣ ду нафар португалиҳо, се нафар испониҳо шомил буданд.

20-уми сентябри соли 1519 киштиҳои Магеллон бандари Санлукарро тарк карданд ва ба самти ҷазираҳои Канор равона гардиданд ва аз ҷо ба ҷануб, ба сӯи ҷазираҳои Димоғаи Сабз раҳсипор гардиданд. 29-уми ноябр онҳо ба Бразилия расиданд. Онҳо аз Атлантик бидуни кадом як мушкилот ва ҳодиса гузаштанд, ҳарчанд киштиҳоро тӯфон таъқиб менамуд. Маллоҳон на як бору ду бор оташи Элмаи Муқаддасро диданд.

Киштиҳо дар имтидоди соҳилҳо ба самти ҷануб мерафтанд. 10-уми январи соли 1520 онҳо ба резишгоҳи дарёи Ла-Плата расиданд.  Акнун ба роҳи минбаъдаи онҳо ба ҷануб Магеллон ва ҳамроҳонаш дигар ягон маълумоте надоштанд, ба маънии дигар ковишҳо барои ин ҳайат аз ин ҷо оғоз шуданд. Резишгоҳро аз назар гузаронида, онҳо дар ин минтақа ягон гузаргоҳи матлубро пайдо накарданд ва киштиҳо қадоқади соҳилҳо ба роҳи худ идома доданд. Лозим меомад ҳар халиҷро ҷиддан аз назар гузаронанд. Ин айёме буд, ки дар нимкураи Ҷанубӣ зимистон бо сардиҳо ва тӯфонҳои шадидаш фаро мерасид ва ба маллоҳон лозим меомад оҷилан маконеро барои зимистонгузаронӣ интихоб кунанд. 31-уми март киштиҳо барои чанд моҳ дар халиҷе, ки онро Магеллон лангаргоҳи Сан-Хулиан номид, таваққуф карданд.

Зимистон вазнин омад: сарвари экспедитсия фармон дод, ки нон ва шаробро ба миқдори камтар тақсим кунанд, ки ин наметавонист сабаби шӯру мағал нашавад. Ба оташи ғазаби маллоҳон капитанҳои испонӣ, ки намехостанд як хориҷӣ комёб бошад, равған мерехтанд. Одамон Магеллонро водор карданӣ мешуданд, ки ақиб гардад, чун умедҳои пайдо кардани гулӯгоҳ намонда буд. Магеллон бошад фармони шаҳро пеши назар меовард ва ҳайатро бовар кунонданӣ мешуд ва мегуфт ин сабру таҳамулашонро бо ҷоизаҳои сазовор ҷуброн хоҳад кард. Вале ошӯб аланга зад. Капитанҳои испонӣ Мендоса, Кесада ва Картахена сарварони ин ошӯбҳо буданд. Онҳо аз панҷ киштӣ се киштӣ: «Сан-Антонио», «Консепсон» ва «Виктория»-ро ишғол карданд. Чун бартариро ҳис карданд, аз Магеллон хостанд то дар ҳама масъалаҳои муҳим бо онҳо машварат кунад. Пазириши ин талаби ошӯбгарон ба он маъно буд, ки тадриҷан ба бозичаи дасти онҳо табдил ёбад. Сарнавишти экспедитсия сари мӯй қарор дошт.

Дар ҳамин ҳолати бӯҳронӣ сарвари экспедитсия оромона ба қарор омад. Вай шахси ба худ содиқаш Гонсало Гомес де Эспиносро бо чанд тани дигар бо номае ба киштии «Виктория» эъзом кард ва аз Мендос хост ба киштии флагмани «Тринидад» барои гуфтушунид ояд. Вақте Мендосе номаро мехонд, Гомес де Эспиноса ба гулӯи вай ханҷар гузошт. Дар ин ҳол одамони Магеллон пинҳонӣ аз дигар ҷониб ба «Виктория» наздик шуданд ва ногаҳониву зуд киштиро ишғол карданд ва саворони ҳайратзадаи онро ба худ тобеъ карданд. Худи ҳамон замон «Виктория» ба ду киштии Магеллон пайваст. Дар баромадгоҳи халиҷ ба баҳр онҳо роҳи ошӯбгаронро бастанд ва имкони фирор надоданд. Дар дақиқаҳои бошумор Магеллон дубора таъсири гумкардаи худ ба ҳайати экспедитсияро баргардонд. Рӯзи дигар сӯиқасдкунандагон талош карданд ба обҳои озод бароянд ва роҳи фирорро боз намоянд, вале маллоҳони киштии «Сан-Антонио» ба тарфи Магеллон гузаштанд ва баъди ин киштии «Консепсион» низ ишғол шуд. Ошӯб хунсо гардид. Барои ҷазо додани ошӯбгарон Магеллон бори дигар дурандеш будани худро собит сохт. 40 тан маҳкум ба қатл шуданд, вале аз миёни онҳо танҳо як нафарро қатл кард. Магеллон намехост бо куштор сафи норозиёнро афзоиш диҳад ва ин тасмими дуруст буд: то охир ягон ошӯби дигар сар назад.

24-уми август киштиҳои Магеллон халиҷро тарк карданд. Акнун аз панҷ киштӣ чор киштӣ боқӣ монда буд, чун киштии «Сантяго», ки ба иктишофу таҳқиқ фиристода шуда буд, дар роҳ ба фалокат дучор гардид ва ғарқ шуд.  Киштиҳо ба ҷануб ҳаракат карданд ва дар роҳ ҳама пастухмиҳои соҳилҳоро бодиққатона аз назар мегузарониданд. 21-уми октябр  киштиҳои «Сан-Антонио» ва «Консепсон» ба ҷустуҷӯи гулӯгоҳ фиристода шуднд. Ногаҳон тӯфони азим бархост. Вақте ба киштиҳо бепаногоҳмонда хатари нобудӣ таҳдид мекард, маллоҳон хамгаштеро мушоҳида карданд ва саросемавор киштиҳоро барои пинҳон шудан дар ин хамгашт пеш ронданд. Ва маълум шуд, ки ин даромадгоҳи гулӯгоҳ аст, аз паси он халиҷ ва дохилтар боз гулӯгоҳ ва боз халиҷ. Оби халиҷҳо ва гулӯгоҳҳо шӯр буд ва самти ҷараён ба ғарб нигаронида шуда буд. Дигар шаке боқӣ намонд: гулӯгоҳи мавриди ҷустуҷӯ ёфт шуд!

Роҳи гузар тангу мушкил буд ва ҳар беэҳтиётӣ метавонист сабабгори садамаи киштиҳо шавад. Ва ногаҳон киштии «Сан-Антонио» ғайб зад. Муддати якуним сол маллоҳон гумон мекарданд он комил аз даст рафт, вале баъдтар маълум шуд, ки киштӣ фирор кард ва ба Испания баргашт.

Се киштии боқимонда аз гулӯгоҳ гузаштанд ва ба паҳнои уқёнуси Ором баромаданд. Ва аввалин бор маҳз маллоҳони Магеллон ин уқёнусро Ором номиданд, чун аз он бидуни ягон тӯфон гузаштанд. Вале ин шино мушкилоти зиёд дошт. Таърихнавис Антонио Пигафетта (итол. Antonio Pigafetta – нависандаи итолёвии китоби “Сафарномаи Магеллон”) дар хотироташ навишт: «Муддати се моҳу бист рӯз мо аз ғизои тозаву солим маҳрум будем. Мо пораҳои нони қоқ мехӯрдем ва чанги ин номҳо бо кирмҳо омехта шуда буд…Мо оби зард менӯшидем, ки муддати чанд рӯз бӯй гирифта буд. Калламушҳо бо нархи ним дукат (воҳиди пулии бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, ки соли 1284 ба муомилот баромадааст) фурӯхта мешуданд. Аммо бо ҳамин нарх ҳам пайдо кардани онҳо осон набуд…» Бемории исқорбут шурӯъ шуд ва аз он 19 нафар ба ҳалокат расиданд. Пигафетта нақлаш аз ин мушкилотро бо ин ҷумла  ба поён расондааст: «Ман бовар дорам, ки сафаре ба ин монанд гумон аст дар оянда сурат гирад».

Пигафетта иштибоҳ мекард. Баъди панҷ соли сафари Магеллон уқёнуси Оромро бо ҳамон самт ду киштии испонӣ ва ба дунболи онҳо дигар киштиҳо гузштанд. Дуруст аст, ки талошҳои убур аз уқёнуси Ором аз самти шарқ муддати дурудароз нокомиҳо дошт. Киштиҳо ногузир ба ҷараёнҳо ва бодҳои мухолиф рӯ ба рӯ мешуданд. Танҳо дар нимаи дуюми асри XVI кашф гардид, ки қисмати шимолии уқнуси Ором ҷараёни об барои ҳаракат ба шарқ мусоид аст. Ва он вақт роҳи дуҷониба миёни Осиё ва Амрико кушода шуд.

Аммо ин ҳама баъдҳо рух дод. Бахт ба рӯи Магеллон гоҳ хандид ва гоҳи дигар на. Аз сӯе ба киштиҳо муяссар гардид, ки бо маллоҳони гуруснаву камҳаракати худ аз тӯфонҳо саломат гузаранд. Аз сӯи дигар хати ҳаракати экспедитсия нобарор буд. Агар киштиҳо каме ҷанубтар ҳаракат мекарданд, аз наздикии ҷазираҳои бешумори Полинезия, ки сабзу хуррам буданд, мегузаштанд. Магеллон ҳоло ба ҷазираҳои Мариан нарасида дар уқёнус ҳамагӣ ду сахраро вохӯрд. Киштиҳо дар ҷазираҳои Мариан зиёд таваққуф накарданд ва ба зудӣ ба ҷазираҳое расиданд, ки хеле баъдҳо ба шарафи валиаҳд Филипп — шоҳи ояндаи Испания Филиппи II Флиппин номида шуданд. Орзу ва ҳадафи муқаддаси Магеллон ҷазираҳои Моллук буд, ки масофа ба онҳо наздик буд, вале ин ҷо Магеллон бо як ҳокими маҳаллӣ дӯст шуд ва дар як ҷанги дохилии онҳо дахолат намуд.

27-уми апрели соли 1521 ин дарёнаврди маъруф дар остонаи амалӣ гаштани орзуяш дар бархӯрди бемаънӣ бо одамони маҳаллӣ кушта шуд.  Ҳанӯз аз мотами сарвари экспедитсия дур нашуда, маллоҳонро мусибати дигар пеш омад. Сарвари қабила афсарони киштиҳоро ба зиёфат даъват кард ва баъд хоинона онҳоро саркӯб намуд. Дар ин бархӯрд беш аз 20 нафар кушта шуданд, ки аксри онҳо афроди соҳибтаҷриба ва донишманд дар экспедитсия маҳсуб мешуданд. Зиндамондагон дар ҳоли ногувору вазнин буданд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин охири соли 1521 ба ҷазираҳои Молукк расиданд ва дорувори зиёди шаҳватбарангез, аз ҷумла дорчин, гули мехак, чормағзи мускатӣ бо нархи арзон харидорӣ карданд.

Вақте киштиҳо омодаи бозгашт ба Испания мешуднд, хабар расид, ки португалиҳо онҳоро мехоҳанд ба асорат гиранд ва ҳамин замон мерасанд. Мебоист ба зудӣ ба роҳ мебаромданд. Ба қароре омаданд, ки «Виктория» бо сарварии Хуан Себастян Элкано аз роҳи португалии Африқо ба Испания бармегардад. «Тринидад» бояд аз тариқи уқёнуси Ором бармегашт.

Аммо толеъи  «Тринидад» омад накард. Вай шаш моҳ дар уқёнуси Ором шино кард ва билохира ба ҷазираҳои Молукк баргашт. Аксари сарнишинони киштӣ ба ҳалокат расиданд, аммо сарнавишти зиндамондагон даҳшатноктар буд. Онҳо ба асорати португалиҳо афтоданд ва қариб ҳамаи онҳо дар зиндонашон мурданд. Танҳо ба се нафарашон муяссар гашт, ки баъди панҷ сол ба Испания баргарданд.

«Виктория» аз уқёнуси Ҳинд гузашт ва 20-уми майи соли 1522 дар димоғаи Умеди Нек тӯфони шадидро пушти сар гузошт. Дар ин киштӣ низ бисёре аз маллоҳон аз исқорбут, гуруснагӣ ҷон доданд. Ба соҳилҳои Африқо ҷиҳати пайдо кардани ғизо фуруд омадан мумкин набуд, чун рӯ ба рӯ омадан бо португалиҳо фоҷеанок хоҳад буд. Танҳо иродаи сахту шикастнопазири капитани киштӣ буд, ки бо азобу азияти зиёд кори оғозкардаи Магеллонро ба анҷом расонданд. 8-уми сентябри соли 1522 баъди шиноварии беш аз якунимсолаи бидуни танаффус киштӣ дар соҳили Севиле лангар андохт ва рӯзе пас, чуноне Пигафетта ба ёд меорад, «Ҳамаи мо бо пироҳан ва пойи урён, ҳар кадом шамъе дар даст ба ибодатгоҳ шитофтем…». Метавон ин одамонро дарк кард. Инҳоро мӯъҷизае аз марги иҷборӣ наҷот дод ва чун пой аз киштӣ ба замин гузоштанд, ба шукронаи ин наҷот пеши Худованд зону заданд, то шукри ин неъматашро ба ҷо оранд.

Аввалин сафари даври олам дар таърихи башар ба поён расид ва он қариб се сол идома дошт. Аз панҷ киштӣ танҳо ба яке муяссар шуд, ки ин сафарро анҷом диҳад ва аз 265 нафар танҳо 18 тан дар анҷоми сафар саҳим буданд.  Қаҳрамони ин сафар на Магеллон, балки Хуан Себастян Элкано эълон шуд. Шоҳ барояш нафақаи калони солона, ҳамчунин нишоне, ки кушк — рамзи Кастилия ва зери он дорчин, гули мехак ва чормағзи мускатӣ буд, эҳдо намуд. Нишон тасвири замин дошт ва дар он шиори «Ту аввалин шуда маро гузаштӣ» ҳаккокӣ шуда буд.

Аммо Магеллон ба нақзи дастурҳои шоҳ ва гӯё бераҳмии исботношуда муттаҳам шуд. Нақши аслии ин дарёнаварди бузург хеле баъдҳо маълум гардид. Арзёбии ин сафар мушкил аст. Баъди 20 соли ҷустуҷӯҳо билохира гулӯгоҳ пайдо шуд ва он номи Магеллонро гирифт. Маҳз ба Магеллон муяссар шуда буд, ки кореро, ки Христофор Колумб оғоз кард ва умрашро ба он бахшид, ба анҷом расонад ва  роҳи ғарбӣ ба кишварҳои Шарқро боз кунад.

Сафари Магеллон барои ҳамеша ба баҳсҳо оид ба шакли сайёраи мо анҷом дод ва амалан курашакл будани онро исбот намуд. Муайян шудани андозаи уқёнуси Ором ба ғояи афзалият доштани хушкӣ бар баҳр, ки Колумб ба ин назар буд, низ поён дод. Саранҷом вуҷуди як ҷаҳони уқёнусии олам низ исбот гардид…

Таҳияи Б.Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here