Ба ақидаи олимони қадим ва муосири ҷаҳон дар системаи офтоб 30 ҳазор сол пеш на 9 балки 10 ё 11 сайёра мавҷуд будааст. Дар осмони панҷум Феотон ном сайёрае қарор доштааст, ки дар ҳаҷм аз Миркури бузургу аз Марс ба андозаи хурд будааст, ки ҳаёти инсони дар онҷо дар авҷи камолот қарор доштааст, ки аз худ тамаддуни хеле ҳайратовари пешрафтаеро боқӣ гузоштааст. Дар ҳамон давраҳо звездолётҳои онҳо қудрати олии парвозро доро буда, ба сайёраҳои дуру наздик равуо доштаанд. Беш аз 15 сол аст, ки дар қатори нигораҳои “Осорхонаи куҳистонӣ” — и ноҳияи Ёвон нигораи сафолмонанде мавҷуд буд, ки кадоме аз шогирдон онро ба ман туҳфа намуда буду дар шакл хеле содда менамуд. Аввал ман ба он тавааҷҷуҳе надоштам, боре аз интернет тасодуфан дар бораи сайёраи панҷум, ки дар осмони панҷум қарор дошт, маълумот пайдо намуда дарк намудам, ки нигораи номбурда ба нигораи аз Ашки мамонти Перу соли 1976 ёфтшудаи олимон пурра монанд аст, ки гӯё ҳарду яке бошанд.

Соли 1984 дар Ингушистон низ чунин нигораро ёфтаанд. Олимон маълум сохтаанд, ки он диске аз маълумотномаи киштии кайҳонии Фаетониён буда, олимон бо заҳмати зиёд рӯи онро чунин хондаанд: “Мо Фаетониён дар натиҷаи таркиши сайёраи Фаетон бо суръати 32 км сония аз сайёраи панҷум ба сеюм “Замин” расидем”.

Асрҳост, ки дар бораи таркиши сайёраи Фаетон дар байни олимони ситорашиноси ҷаҳон ақидаҳои ягона вуҷуд надошта, ба ҳашт гуруҳ тақсим шуда, ҳар кадоме фарзияи худро доранд. Лекин далелҳои қавӣ, ки ба жарфнои таърихӣ мерасанду ифшогари дурусти ин қазия мебошанд, ки собиқаи 30-60 ҳазорсола мебошанд.

Дар Перу дар масофаи 80 км аз уқёнуси Ором дар баландии куҳ майдони аҷибе мавҷуд аст, ки онро танҳо аз масофаи парвози парранда аз боло дидан мумкин асту нақшаҳои спиралмонанди ба худ хосро доро мебошад.

Ба гуфтаи олими немис он аэродроми звездолёдҳои Фаетониён будааст.

Инҳо, ки мардумони таҳҷоии Перу мебошанд, аз забон ба забон ривояти хеле аҷиберо бо худ овардаанд, ки маънояш чунин аст: “Дар гузаштаи хеле дур аз осмон аппарати тиллоранги пурҷилое дар сарзамини онҳо фуруд омадааст, ки роҳбарии экипажро Арияна ном зани зебое ба уҳда дошта, муддати муайяне дар онҷо зиста, 77 нафар фарзандонро ба дунё оварда, пасон худ боз ба осмон баргашта рафтааст. Гӯё рисолати ӯ оғоз бахшидан ба тамаддуни замини будаас”.

Дар боараи таркиши Фаетониён дар Шуммери қадим дар рӯи лавҳаи гилине навиштаҷоте ҳаст, ки олими эзотерики Америкоӣ Закари Сеченев бо заҳмати зиёд хондааст. 6 ҳазор сола таърих дошта, дар бораи таркиши Фаетон маълумот медиҳад. Юнониёни қадим дар бораи Фаетон маълумот дошта, дар ин хусус ривояти хеле аҷибе доранд:

“Гелеус худои офтоб писаре дошт бо номи Фаетон ӯ аз падараш исроркорона хоҳиш менамуд, ки барои савории аробаи тиллоие, ки чор аспи бодпо мекашиданд, иҷозат диҳад. Гелеус ҳар боре бо баҳонае хоҳиши ӯро рад карда чунин мегуфт:

Ин хоҳиши ту аз  ақл берун ва хатарнок аст, ки ҳатто подшоҳи худоён Зевси пурқудрат аз уҳдаи идораи он намебарояд!

Фаетон аз райъи хеш барнамегашт Гелеус маҷбур шуд, ки хоҳиши писарашро ба ҷой орад.

Фаетони ҷавону пурғурур ба ароба, ки дар забони юнонӣ “Калеснитса” меномиданд, савор шуд. Аробаро чунон меронд, ки гоҳ ба замин расида ва гоҳ осмонро мехарошид. Аз зери чархи он оташ аланга мезад. Дар натиҷа заминро оташи даҳшатноке фаро гирифт, ки тамоми набототу ҳайвоноти заминро месӯзонд. Гея бо зораву таваллои ҷонгудоз аз Зевс хоҳиш мекунад:

Эй Зевси бузургу тавоно, сарзамини бародари ту Поседон сухта нобуд мешавад, набототу ҷонзоти онро хатари бузурге таҳдид мекунад, дунёеро, ки бо заҳмати зиёд бунёд намудаӣ ба холигии аввала бармегардад. Ҳоло, ки дер нашудааст пеши ин хатарро бигир!

Зевс бо силоҳи хеш раъду барқи ҷонгудоз Фаетонро нобуд сохта, ҷисми онро ба коинот пош дод ва барои хомӯш намудани сӯхтор обхезии шадидеро ба вуҷуд овард.

Дар осмони панҷум баъди ин ҳодисаҳо камарбанди бузурги астероидҳо мавҷуд аст, ки шумоари онҳо беш аз 4 ҳазорро ташкил менамояд.

Дар девораи аҳроми Апидосияи Миср расми чанде аз аппаратҳои парвозӣ ва ҳарбӣ мавҷуд аст, ки таърихи 3-4 ҳазорсоларо доро буда, чанде аз онҳо ба самалёт, вертолёти имрузаро мемонад.

Комилзода Олими Комил,

роҳбари иттиҳоди ҷамъиятии Осорхонаи куҳистонӣ дар н. Ёвон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here