Пешвои миллигароёни Олмон Адолф Гитлер, ки шояд аз хунрезтарин чеҳраи таърихи башар бошад, муддати ҳудудан 100 сол аст, ки боз ҳам як чеҳраи ношинохта боқӣ мондааст. Дар бораи ӯ садҳо ҷилд китоб навишта шуда, садҳо филм рӯйи навор омада. Вале боз ҳам саҳфаҳое аз китоби фаъолияташ варақгардон нашуда боқӣ мондаанд. Ҳарчанд менависанду мегӯянд, боз ҳам чизи тозае ба гуфтаҳои пешин меафзоянд. Дар зер аз се рӯйдоде ҳикоят мекунем, ки ба Гитлер ва дору дастгоҳи вай ихтисос дорад.

Ошёнаи гург: ситоди фармондеҳии Гитлер шаҳри боз мешавад?

Ангезаи навиштани ин матлаб хабари ВВС дар бораи Ошёнаи гург – паноҳгоҳи Адолф Гитлер дар Полша, ки бино ба маълумоти расмӣ аз соли 1941 то 1944 муддати 850 рӯзро дар ҳамин паногоҳ гузаронд ва баъде, ки шикастро эҳсос кард ва дид, ки Артиши Сурх ва муттаҳидон торафт майдони амали артиши Олмонро танг мекунанд, ба Берлин баргашт ва охирин рӯзҳои умрашро дар ҳамин шаҳр гузаронд.

Ҳоло идораи давлатии ҷангалдории Полша, ки ин макон мутааллиқ ба он мебошад, тасмим гирифтааст онро таъмиру тармим кунад, то тавонад таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро бештар ҷалб созад. Яъне, ин макон бояд ба маҳалли боздиди гардишгарон табдил шавад, то судҳое ба давлати Полша орад. Ин як пораи таърихи башар аст, як маконест, ки даҳшатноктарин фармонҳои ҷангӣ барои нобудии ҳазорон шаҳру русто ва миллионҳо одамон аз он содир шудааст.

Манбаъ овардааст, ки “ҳамаи ин паногоҳҳои бетонӣ, майдонҳои мина ва анвоъи макру ҳилла ва пинҳонкориҳо натавонист монеъи он афсарони ёғӣ шавад, ки дар бистуми моҳи июни соли 1944 талош карданд Гитлерро дар Ошёнаи гург ба қатл бирасонанд. Моҷарои ин террор боис шудааст, ки имрӯз ин макон ҷозибияти бештаре барои  боздидкунандагон дошта бошад.

Гитлер ба далели вуҷуди мизи маҳками чӯби булут дар утоқи конфронс аз инфиҷори ин бомби дастӣ фақат ҷароҳатҳои сатҳӣ бардошт. Ин бомб боиси кушта шудани чаҳор нафар шуд, ки се нафар аз онон аз афсарони нозӣ буданд ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд. Гуруҳи афсарони тарроҳи ин террор дар артиши олмон бо роҳбарии Калаус Шенк фон Штауффенберг (ашрофзодаи олмонӣ, афсари ситоди артиши Олмони нозӣ дар ҷанги ҷаҳонӣ ва аз роҳбарони ҷунбиши афсарони артиши Олмон бар зидди Гитлер) басуръат дастгир ва эъдом шуданд. Себастян Тропек сухангӯи идораи давлатии ҷангалдорӣ мегӯяд, ки авлавияти феълӣ барои бозсозии ин парк, бозсозии саҳнаи инфиҷори бомб ҳамроҳ бо намунаҳои зиндаест, ки вуҷуд дорад.

Неруҳои нозӣ миқдори хеле зиёди маводи мунфаҷира барои инфиҷори чандин паногоҳ ва мақару сохтмонҳои артиши сурхи Шӯравӣ дар июни соли 1945-ро масраф карданд. То чанд даҳа дар Полшаи коммунистӣ ин ҷангалзор атрофи ин вайронаҳоро фаро гирифт, блокҳои азими бетонӣ бо гиёҳони гуногун пӯшида шуданд.

Ошёни гург мақаре буд, ки лоиҳаҳои зиёди фашистон дар он тарҳрезӣ ва амалӣ гардид. То соли 1944 ҳама тарҳҳои ҷангӣ маҳз дар ҳамин бункери пинҳонии Гитлер кашида мешуданд, ҳама дастуру фармонҳо аз ҳамин макон содир мешуд. Аз ҷумла: амалиёти Барбарос, ҳамлаи густардаи натсистҳо ба Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ дар 22 июни соли 1941, ки дар он бештар аз 3 миллион неруҳои олмонӣ ҳамла карданд.

Дар ин қарордод 200 таъсисот ва сохтмон буд, аз ҷумла ду мақари парвоз ва як истгоҳи қатор, ки ҳама бо майдонҳои мина ва силоҳҳои зидди ҳамлаи мушакӣ муҳофизат мешуданд.

Дар ин қароргоҳ Гитлер ва мушовирони аршадаш тасмимоти асосӣ дар маврирди набардҳои худ дар нобудӣ ва аз миён бурдани Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ ва яҳудиёни Аврупоро мегирифтанд. Диктатори фашисти Италия Мусолинӣ ва муттаҳидони дигар маҳз дар ҳамин макон бо Гитлер дидор мекарданд.

Ин макон ба масоҳати 250 гектар яке аз муҳимтарин манбаъҳои даромади минтақаи дарёчаи Мазур (минтақае дар қисмати шимолу шарқии Полша аст, ки аз назари ҷуғрофӣ дар ноҳияи Мазур қарор дошта, шомили бештар аз 2 ҳазор дарёча мебошад) аст, минтақаи зебое, ки иқтисоди он меҳвари гардишгарист.

Ҳоло талош меравад, ки ин макон ба як макони гардишгарон табдил дода шавад, вале агар он маконе шавад, ки неонатсистон бештар вуруди он мешаванд, пас метавон ҳадс зад, ки тамоми талошу кӯшишҳои масъулини ин ибтикор нақше бар об мешавад. Дар айни замон аз ин макон ҳар сол ҳудуди 300 ҳазор ҷаҳонгардон дидан мекунанд, ки бештарашон полякҳо ва олмониҳо мебошанд. Қимати билети вурудӣ ба ҳадди 4 доллари амрикоӣ муайян шудааст, ки бо пули полякӣ пардохт мешавад.

Достони камназири дӯсти ҷавон ва яҳудии Гитлер

Ин ҳам як саҳифаи зиндагии диктатори олмонӣ Адолф Гитлер аст. Бо он ки яҳудиёнро бад медид ва тибқи оморҳои интишорёфта шаш миллион яҳудиро дар Аврупо ба қатл расондааст, вале дӯстии вай бо ҷавондухтаре аз табори яҳудиён худ китоби дигарест, ки ба зиндагиномаи Гитлер пайваст шуда.

Соле қабл расонаҳои олам аз аксе дар ауксион хабар доданд, ки мебоист фурӯхта мешуд ва ин акси хеле ҷолиб таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ кашид. Дар назари аввал шояд ба назар расад ин акс нишондиҳандаи хушҳолӣ аст: марде духтари мӯтиллоиро ба оғӯш кашидааст. Аммо нигоҳи дақиқтар қиссаи сиёҳро пеши чашмон меорад, ин мард, ки дастури қатли шаш миллион яҳудиро содир кардааст, ҳамин Адолф Гитлер аст ва ин духтар ҳам яҳудист. Чӣ тазоде!

Бо вуҷуди ҳисси нафрат ба яҳудиён Гитлер ва Бернил (номи ин духтарча) бо ҳам тарҳи дӯстӣ рехтанд, аммо ин дӯстӣ то ба охир идома накард, панҷ сол баъд бо дахолати мақомҳои натсистӣ он ба поён расид. Аксе, ки дида мешавад, аз соли 1933 аст ва он дорои имзо ҳам мебошад. Дар мавриди фурӯши он дар он ауксион дигар иттилои дақиқ интишор нашуд, аммо дар аввал расонаҳо қимати онро бештар аз 10 ҳазор доллар эълон карда буданд. Расме, ки аз лаҳзаҳои таърихии диктатори хуношоми ҷаҳонӣ ҳикоят мекунад ва моли таърих аст.

Акс чун ҳар ашёи мутааллиқ ба шахсиятҳо таърихи худро дорад ва онро суратгири шахсии Гитлер Ҳенрих Ҳоффманн гирифта буд.

Нуқтаи муҳиме, ки ин ду танро ба ҳам овард ва дӯст шуданд, он будааст, ки сарвари натсистон баногоҳ огоҳ шудааст, ки таърихи таваллуди онҳо дар як рӯз аст. Гитлер аз Бернил ва модараш даъват мекунад, ки ба иқоматгоҳи ӯ бираванд ва ин акс ҳамон ҷо гирифта шудааст. Хеле ба зудӣ ошкор мешавад, ки модари Бернил яҳудист ва табиист, ки хуни яҳудӣ дар рагҳои Бернил низ ҷорист ва ин хилофи сиёсати натсистист, ки онҳо ориёии тоза нестанд. Аммо дар оғоз ин ҳам монеъ намешавад, ки Гитлер рафоқаташ бо ин хонаводаро канор занад ва акси имзошударо ҳам барояш мефиристад. Рӯйи акс номи Бернил бо сифати “азиз”, яъне Бернили азиз ва ба ҳароҳи исми Гитлер таърихи 16 июни соли 1933, шаҳри Мюнхен навишта шудааст. Бернил ба акс менигарад ва худ бо дастони худ рӯйи он чанд гулро ҳам наққошӣ мекунад.

Тибқи иттилои то кунун расида миёни солҳои 1933-1938 Бернил 17 маротиба барои Гитлер ва дастёри вай Вилгел Брукне нома навиштааст. Аммо ӯ ва модараш, ки он замон бева шуда буд, аз сӯйи муншии хусусии Гитлер аз навиштан барои ӯ манъ шуданд. Ҳофман мегӯяд, ки Гитлер аз ин кори муншиаш розӣ набуд ва солҳо баъд дар китобе, ки дар бораи Гитлер навишт, аз ҷониби вай нақли қавл кардааст, ки “одамҳое ҳастанд, ки истеъдоди хароб кардани ҳар хурсандӣ барои манро доранд”.

Китоби Ҳофман бо номи “Гитлер дӯсти ман буд” дар соли 1955 мунташир шуд ва нусхаи дигар аз ҳамин акс дар ин китоб ҷо ёфтааст. Ва дар шарҳи акс муаллиф навиштааст: “Ишқи Гитлер барояш дидори ин духтар дар Бергҳоф бисёр хушоянд буд, то замоне, ки як мард мутаваҷҷеҳ шуд, ки ӯ аз нажоди поки ориёӣ нест”.

Як сол баъд аз он ки муншии Гитлер робитаи ин дуро қатъ кард, Ҷанги ҷаҳонии дуввум оғоз шуд ва шаш сол баъд, ки ҷанг ба поён расид, аз кушта шудани шаш миллион яҳудӣ хабар дода шуд.

Бернил ҳам аз ин ҷанг ҷон ба саломат набурд, вай, ки он замон таҳсилкарда ва соҳиби ихтисоси наққоши фаннӣ ҳам шуда буд, дар бемористони Швабинг аз бемории фалаҷи атфол вафот кард. Ин замоне буд, ки аз нахустин дидораш ва пешвои натситон як даҳсола сипарӣ мешуд. Қабри ӯ ҳоло дар қабристони ғарбии шаҳри Мюнхен аст.

Агар Иоаҳим Рённеберг намешуд…

Оре, агар ӯ ва ҳамроҳонаш намешуданд, харобаҳои силоҳи ҳастаиро мо пеш аз соли 1945 медидем. Агар ӯ ва ҳароҳонаш намебуданд, олам аз таркиши силоҳи атомӣ талафоти бештар аз Ҳиросима ва Нагасатки медид. Агар ин гуруҳ намебуд, шояд аввалин бомби атомӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ фуруд меомад. Агар… ва бозу боз агарҳои дигар…

Иоаҳим Рённеберг моҳи октябри соли 2018 тарки олам кард. Вай яке аз собиқадорони ҷанг ва муқовимати Норвегия дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳон буд. Иоаҳим ба он шуҳрат дорад, ки соли 1943 амалиёти нобудсозии корхонаи тавлиди оби сангин дар Норвегияро сарварӣ мекард. Ва агар ин амалиёт намебуд, эҳтимол дошт то поёни ҷанг Гитлер соҳиби бомби атомӣ мешуд ва аввалин шуда онро на амрикоиҳо, балки натсистони Олмон ҷойе партов мекарданд ва нерӯи худро ба намоиш мегузоштанд. Ин ҳам як таърихест аз рӯзгори ҷанг, ки ба Гитлер иртибот дорад.

Иоаҳим Рённеберг пас аз ҷанг ба кори журналистӣ пардохт ва чун хабарнигори мустақили радио фаъолият кард ва нақши муҳиме дар огоҳии ҷавонон аз хотироти ҷанг дошт. Боре дар як суҳбаташ бо ВВС гуфтааст, ки панҷ сол баъди инфиҷори бомбҳои амрикоӣ дар Ҷопон ба аҳамияти кораш пай бурд.

Иоаҳим Рённеберг соли 1919 дар шаҳри Олесуни Норвегия ба дунё омад ва замони ҳамлаи натсистон дар соли 1940 аз кишвараш фирор кард. Дар синни 21-солагӣ ҳамроҳи ҳашт нафар аз дӯстонаш савори заврақ роҳи Искотландро пеш гирифт, вале баъдан аз фикраш гашт ва ба қароре омад, ки ба Норвегия баргардад ва зидди истилогарон биҷангад. Ин замоне буд, ки Олмон ба оби сангин ниёз дошт ва мехост бо идома рақобат бо мухолифонаш бомби ҳастаӣ бисозад. Ва ин кори пурхатар ва барои ояндаи олам хатарнокро дар корхонаи Norsk Hydro воқеъ дар шаҳри Веморк оғоз карда буд.

Як сол баъди омадан ба Норвегия Иоаҳим Рённеберг як гуруҳи панҷнафараро барои ин маъмурият интихоб кард. Ӯ дар ҳафтодумин солгарди ин амалиёт ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки “Мо гуруҳе аз дӯстон будем, ки бо ҳам як корро анҷом додем”.

Ин гуруҳ бо чатр рӯйи куҳ фуруд омад, аз рӯдхонаи яхзада убур кард. Аз он ҷо онҳо савори қатор шуданд ва маводи мунфаҷираро дохили марказ гузоштанд. Дар ҳамон суҳбаташ гуфтааст, ки ҳамаи онҳо гумон мекарданд ин охирин сафар барояшон аст ва роҳи зинда бозгаштан баста шудааст.

Баъди инфиҷор онҳо 220 километр масофаро тай карданд, то ки ба Шветсия расанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки се ҳазор сарбози олмонӣ баъди таркиш онҳоро таъқиб мекард. Ин амалиёт ва ҳамлаҳои амрикоиҳо як сол баъд сабаб шуд, ки Олмон аз қасди сохтани бомби атомӣ даст кашад. Амалиёт то кунун ба унвони харобкортарин амалиёт дар солҳои ҷанг ёд мешавад.

Аз он замон то ба солҳои 1970 дар бораи ин амалиёт чандин филми мустанад ва ҳунарӣ таҳия гардид, вале Иоаҳим Рённеберг алоқаи он надошт, ки муфассал дар бораи амалиёти ҳангомадор ҳарф занад. Вале баъдтар ин сукуташро шикаст ва ҳангоме, ки хатари силоҳи ҳастаиро ба ҷавонҳо мегуфт, изҳор дошт: “Бачаҳое, ки ин рӯзҳо бузург мешаванд, бояд бидонанд, ки мо ҳамеша омодаи мубориза барои озодӣ ва сулҳ будем”.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here