Ҷашни «Сада» дар шумори сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадимаро доро мебошад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо нисбати Наврӯзу Меҳргон маълумот камтар оварда шудааст, вале ин на онқадар аҳамияти ҷиддие дошта метавонад, зеро маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, ки мо ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он ҷаҳд намоем.

Дар дунёи фалсафа, тафаккур ва маънавиёти зеҳнии эронитаборон фурӯ рафтан ва аз он бозгаштан корест басо сангину имконнопазир. Ин пиндорамон барои обу ранг ва ҳусни калом ҳаргиз набуда, зеро агар ба фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳақиқатан хираду ҳикмати эронитаборон баҳрест бекарон ва ҳар касе агар ғаввоси моҳире бошад метавонад аз он баҳри бепоён марвориде ба даст оварад. Албатта, ба умқи ин андеша танҳо шахсиятҳое, ки аз он баҳр қатрае баҳра бардоштаанд, воқиф мешаванд.

Ҳазор сол қабл, барҳақ, фарзона ва энсиклопедист Абӯалӣ Сино гуфта буд: «Агар тавоноии донишмандони Эрон аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳӣ боқӣ намемонад». Арҷгузорӣ ва омӯзиши таърих, фарҳанг, фалсафаи иҷтимоиёт, суннатҳои аҷдодӣ ва илму адаби гузашта барои ҳар фарди худшиносу ҳувиятдор ҳам фарзу ҳам суннат аст. Беэътиноӣ ва нодида гирифтани рукнҳои зикргардида, инсонро ба беҳувиятӣ ва ниҳоят ба вартаи нестӣ бурда мерасонад. Пешвои миллат барҳақ гуфтаанд: «Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад». Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди миллати тоҷик аз ҳарвақта бештар рӯй оварад ба осори адабиву илмӣ ва суннатҳои гузаштаи худ ва бад-ин минвол аламбардори илму хирад ва давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони хеш бошад.
Ҳоло диққати шумо, хонандагони азизро ба яке аз ҷашнҳои суннатӣ ва миллӣ, ки «Сада» ном дорад ҷалб менамоем. Албатта, боварӣ дорем, ки ҳар кадоми шумо аз ин ҷашн воқифед ва медонед, ки Сада чӣ гуна ҷашн аст, аммо мо кӯшиш мекунем мухтасар аз таърихи пайдоиш ва баъзе вижагиҳои ин ҷашни бостонии миллӣ маълумоте ба шумо расонем.
Ҷашни «Сада» дар шумори сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадимаро доро мебошад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо нисбати Наврӯзу Меҳргон маълумот камтар оварда шудааст, вале ин наонқадар аҳамияти ҷиддие дошта метавонад, зеро маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, ки мо ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он ҷаҳд намоем.
Чи тавре ки дар сарчашмаҳо зикр гардидааст, таҷлили ҷашни Сада ҳамасола ба 10-уми Баҳманмоҳи солшумории шамсӣ (мутобиқ ба 30-юми январи мелодӣ) рост меояд. Чунонки гуфта мешавад, муҳтавои фалсафии вожаи Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад. Мардуми аҳди қадим ва асримиёнагӣ ҷашни Садаро бо ниҳояти хурсандӣ ва пирӯзмандӣ ҷашн мегирифтаанд, ки аз банди сардиву торикӣ раҳо гардидаанд ва дар пеш онҳоро рӯзҳои хушу хуррам ва табиати сабзу ҳавои гарме интизор аст.
Ҷашни Садаро афрӯхтани оташ шукуҳу шаҳомати дигаре зам мекунад, ки он намоди гармиву рӯшноиро ифода мекардааст, аммо бархе аз муддаиён ва мухолифони ин оин иддао мекардаанд, ки ин ҷашни оташпарастон, яъне ҷашни Садаро хоси дини зардуштӣ медонистанд. Вале фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимов дар китоби хеш «Фолклори тоҷик» дар ин хусус аз қавли доктор Меҳрдоди Баҳор, овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале муҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст». Бар илова ҷашни Сада ва соири ҷашнҳои устуравии эронитаборон ғолибан марбут ба ҳеҷ кешу оине набудаанд, балки сирф фалсафӣ, иҷтимоӣ ва эҷоди мардумист, ки сарчашмаҳо низ ин андешаро аксаран тасдиқ менамоянд.
Оид ба шарҳи вожаи «Сада» дар манбаъҳои таърихиву адабӣ бисёр андешаҳову тавзеҳот омадааст, вале аз ҳама маъмултару машҳуртар дар байни мардум — «Сада» баргирифта аз шумораи сад аст. Тафсироти мардумӣ аз сад бар ин андеша аст, ки пас аз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб, Наврӯз даррасад ва маънии «Сада» ҳам аз ҳамин баргирифта мебошад. Аммо, фолклоршиноси тоҷик Д.Раҳимов боз ба андешаи устурашиноси маъруфи эронӣ Меҳрдод Баҳор такя менамояд, ки ин ташреҳи истилоҳи «Сада», ки гуё аз ду панҷоҳ сохта шуда бошад, иштиқоқи омиёна аст. Сада аз решаи sand-и авестоӣ, ба маънои «зоҳир шудан» аст. Яъне Хуршед пас аз чил рӯз зоҳир мешавад. Ва ин тафсироти доктор М.Баҳор аз ин ҷиҳат дуруст мебошад, ки ҷашни Сада пас аз чил рӯзи Шаби Ялдо — рӯзи мелоди эзид Митра, ки ин ҳам яке аз ойинҳои бостонии эронитаборон мебошад, таҷлил мегардад. Аз ин шарҳу тафсилот бармеояд, ки ҷашни Сада ҳамчун муждарасон, пайки шодиовар бар мардум мебошад. Ҷашни Сада дар дили мардум умед, нишот меоварад ва мардум аз ин муждаи садаӣ огоҳ мешаванд, ки рӯзҳои башумор мондааст, ки аз сардиву торикӣ, яъсу ноумедӣ, дуду чанги хокистари алав раҳо бишаванд. Ва аз ин лиҳоз, дар гузашта мардум ин рӯзро хуҷаста ва муборак медоштаанд, зеро Сада қосиди фараҳмандиҳои эшон будааст. Ва агар мо аз дидгоҳи фалсафӣ ба ин ҷашн назар афканем, хуб дармеёбем, ки гузаштагони мо дар илму фалсафаи иҷтимоӣ, ақлгароӣ, арзишшиносӣ, табиат ва амсоли аз инҳо бетафовут набудаанд, балки то қадри имкон бархӯрдор ва ошноӣ доштаанд, бад-ин маъност, ки аз гардиши рӯзгор ва чархи фалак беаҳмият набудаанд, вагарна чӣ тур метавон ин гуна ҷашнҳое, ки вобаста ба гардиши сол, хуршед, моҳ ва коинот аст, ҳам кафш карду ҳам офарид?
Роҷеъ ба пайдоиш ва замону макони ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ маълумотҳои гуногун омадааст. Пайдоиши ҷашнро ба давраи ориёиҳо мансуб медонанд, ки ин рафта ба асотир мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ дар китоби худ «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат медиҳад, ки далели гуфтораш ҳам дар он аст, ки шоҳ Ҳушанг аввалин касе мебошад, ки оташро кашф кардааст ва ба хотири он ҷашн меорояд ва аз худ ҷашни Садаро ёдгор мегузорад. Ва ин ҷо порае аз нигоштаи Ҳаким Фирдавсиро меоварем, ки мефармояд:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Донишвар Абӯрайҳони Берунӣ оид ба пайдоиши ҷашни Сада дар китоби худ «Ат- тафҳим» овардааст: « Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯз, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номи ӯ Армоил, некдил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристондӣ. Чун Афредун ӯро бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси куҳанд. Пас бо вай устуворон фиристод, то ба даъвӣ аз ӯ нигаранд. Ӯ касеро фиристоду бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид оянд». Аз ин гуфтори донишвар Берунӣ бармеояд, ки пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун нисбат додааст. Ва дар манбаъҳои дигар ҷашни Садаро ба шоҳ Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд, ки албатта, барои мо ворисони эшон пеш аз ҳама маълум гардидааст, ки ҷашни Сада ҷашнест таърихи қадим дошта, решааш дар замонҳои пешдодиён ва асримиёнагӣ об хӯрда, то ба замони мо омада расидааст. Ифтихор ва болидаруҳии мо аз он аст, ки гузаштагони мо дар шинохти ҳамагуна ҳодисаҳои табиат ва ҷанбаҳои ахлоқиву иҷтимоии инсонӣ ба хубӣ огоҳ будаанд. Аз ҷашнҳои суннатӣ, ҳикматҳо ва рисолаву китобҳои ба ҷой гузоштаи аҷдодон, имрӯз ҳар кадоми мо бояд ифтихор дошта бошем, вале ин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки на ифтихори пучу дурӯғин, балки бо диду назари имрӯз баррасӣ ва мувофиқа намуд, то баъдинаҳо низ аз он баҳравар гарданду замимаи ифтихори милливу ҳувияти миллиашон қарор диҳанд.
Ҷашни Сада дар Мовароуннаҳру Хуросон ва дар дигар ҷойҳое, ки эронитаборон сукунат доштанд, то замони ҳамлаи муғулҳо бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешуд. Замоне, ки муғулони бедодгару яғмогар ҳуҷумҳои пай дар пай ба сарзаминҳои эронитаборон карданду онро ғасб намуданд, оҳиста- оҳиста илму фарҳангу адаби форсу тоҷик рӯ ба таназзул овард ва аз ҷабру зулми золимон аз шаҳрҳову водиҳо гурезон шуда, ба дараҳову куҳҳо паноҳ оварданд. Ва золимону хунхорони ҷоҳилу таасубзада ҳама ҷашну суннат ва оини гузаштагони моро аз кешу оини зардуштӣ ва бутпарастӣ дониста, барои таҷлилу ҷашнороияш муқобилият нишон дода, онҳоро то ҷое несту нобуд намуда, қисмати дигарашро ба гӯшаи фаромӯшӣ биспурданд, вале бояд қайд намуд, ки мардум ҷашни Садаро бо тағйири ном таҷлил мекарданд ва аз ҷашнгирии он даст накашидаанд. Ба мисоли ҳут, чоршанбеи охирон ва амсоли аз инҳо. Он ғосибон куҷо ақлашон мерасид, ки давлатдориву шоҳигарӣ мисли илму фарҳанг, ҷашну маросим ҷовидона ва намиранда нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки китобу рисолаҳо, ҷашну маросимҳо низ мисли соҳибонашон қисмати талхеро пушти сар кардаанд, вале ҷавҳар ва рисолати худро аз даст надода, дар ҳама давру замон хидматгузору раҳнамои натанҳо як миллат ё қавм, балки башарият будаанду ҳастанд.
Ва имрӯз ба шарофати истиқлолият, моро имкон даст дод, ки ҳамаи ҷашнҳои суннатии хешро аз нав эҳё ва зинда гардонем. Мутахассисони соҳаи этнография, бостоншиносӣ, фолклоршиносӣ ва мардумшиносӣ мунтазам таҳқиқотҳо гузаронида истодаанд, ки албатта, то имрӯз бештари оину маросимҳои миллӣ таҳқиқу баррасӣ карда шуда, қисматҳои баҳсталаби онҳо дар пажуҳиши илмӣ қарор дода шудаанд. Ва ҳамчунин дар паёми навбатии хеш Президенти кишвар махсусан боз зикр намуданд, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҳар чи бештар баҳри эҳё ва зиндагардонии мероси гузаштагон камари ҳиммат бибандем.
Ҳамаи сокинони кишвари азизамонро дар арафаи ҷашни бостонии Сада муборакбод мегӯем!

Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here