Рафтани СССР аз харитаи сиёсии олам дар ин 30 соли охир хеле аз соярушанҳоро дар таърихи ин қудрати ҷаҳонӣ фош кардааст. Яке аз ин қаҳрамонсозиҳо аз касонест, ки ё буданду қаҳрамоние накарданд ва ё корномае доштанду на ба ҳадди қаҳрамонӣ ва далели ин ифшои даҳҳо ном аз саҳфаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Он замон кишвар ба ривоятсозиҳо ниёз дошт, чун омиле бояд мебуд, ки одамонро ба ҳифзи марзу бум руҳбаланд мекард. Вале баъдан дида шуд, ки баъзе аз ин ривоятҳо воқеъияти таърихӣ ҳам надоранд, гарчаннде дар сарнавишти ҷанг нақши муҳим бозиданд.

Ва ҳамин гуна сарнавишт Павлик Морозовро ҳам насиб шуд. Буда бо ин ном писарбачае, вале на қаҳрамоне.

 

Сад сол пеш аз ин Павилк Морозов ба дунё омада буд. Шахсе, ки замоне ба номаш ифтихор мекарданд, инсоне, ки дар борааш шеъру достону қиссаву романҳо навишта буданд, филмҳо ба навор гирифта буданд. Ва тӯли умри басо кӯтоҳи худ ду маротиба қурбонии таблиғоти сиёсӣ шудааст. Роҳи пурхатареро тай кардааст, то ба унвони пионери қаҳрамон мушарарф шавад ва баъдан чун “хоин” шинохта шуд, чун дар ҳамин роҳе, ки “пуршараф” медонист, падари худро қурбон кард. Павлик Морозов рамзи қаҳрамониву шаҳомати пионер-аввалмактаби комсомолу коммунист буд. Ба номи ӯ ҳатто дар Тоҷикистон кӯчаҳо ва мактабҳову отрядҳои пионерӣ номгузорӣ шуда буданд.  

Шахсияти Павлик Морозов ба афсонаву ривоят табдил шуда буд, вале дар асл чӣ буду кӣ буд ва чӣ коре анҷом дод, ки вирди забони хосу ом гашт, маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.  

Матлаби зер аз “Газета.ру” таҳия шуд ва талошест барои муайян кардани шахсияти Павлик Морозов. Посух ба ин суол, ки чаро ин наврасро дар ҷангал ба қатл расонданд ва чӣ шуд, ки ин пионер бо чекистон иртибот пайдо кард? 

Павлик Морозов соли 1918 дар Урал ба дунё омад. Падараш баъди таваллуди вай оиларо тарк кард ва онҳо аслан дигар иртиботе бо ҳам надоштанд, ҳарчанд дар як русто ва ҳатто дар ҳамсоягии ҳамдигар мезистанд. Морозов аз хурдӣ кор мекард, ҳам таҳсил мекард, заҳмати зиёд мекашид, то хонаводаи худро таъмин кунад. Ва мегӯянд маҳз вай аз аввалин касоне буд, ки дар рустои Герасимовкаи губернияи Тоболск нахустин отряди пионериро таъсис дод.  

Тибқи фарзияи расмӣ моҳи сентябри соли 1932 дар ҷуши мубориза зидди кулакҳо Павели 14-сола падари худ Трофим Морозовро ба додгоҳ кашид. Ин замоне буд, ки Трофим Морозов раиси шӯрои деҳот буд ва бо асноди ҷаълӣ одамонро кулак мекард ва ё баъзеҳоро аз кулакшавӣ нигоҳ медошт ва боз ҳам бо асноди тақаллубӣ. 

Вай ҳамчунин ба кулакҳо мадад мекард, ки аз супурдани молиёт озод шавад, гандумеро, ки бояд ба давлат супурда мешуд, пинҳон мекард. «Ман хоҳиш мекунам падари маро ба ҷазои шадид кашед, то ки ба дигарон ибрат шавад ва онҳо аз ҳимояи кулакҳо даст кашанд”,-гуфт наврас дар додгоҳ. Албатта, ин матлабе буд, ки дар газетаҳои он шабу рӯз чоп шудаву аз Павлик чун пионери содиқ ба ғояҳои Ленин ва инқилоб ва сарсахт ба душманони сохти сотсиалистӣ ситоиш мешуд.  Ва дар хулосаи айбдории қотилони писарбача ин ҷумлаҳо омада буд:  

«Морозов Павел, чун пионер дар муддати як соли охир бо душманони синфӣ дар муборизаи фаъолу беамон қарор дошт, вай дар ҷаласаву гирдиҳамоиҳо баромад мекард ва дар фош кардани кулакҳо ҳиссаи арзанда дошту дар ин бора зиёд мегуфт”. 

Тибқи нишондоду шаҳодати писар падари вай Морозови калонӣ ба муддати 10 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум гардид. Аммо пионер бо ин ҳам иктифо накард: баъдан вай дар бораи гандуме хабар дод, ки падараш дар хонаи ҳамсоя пинҳон карда буд, ҳамчунин шавҳари холаи худро ба дуздии гандум аз анбори давлат муттаҳам кард ва изҳор дошт, ки бахше аз ин гандум дар хонаи бобои вай – Сергей Морозови 80-сола пинҳон карда шудааст. 

 

Қатле, ки саропо муаммост 

Соле баъди ин ҳодисаҳо Павелро бо бародари кӯчакаш дар ҷангал, ки барои модарбузургашон мева мечиданд, пайдо карданд ва ҳамон ҷо ба қатл расонданд. Онҳоро хешони падараш куштанд ва бо ин нишон доданд, ки хиёнати писарбачаро ҳаргиз набахшидаанд ва таҳаммул ҳам накардаанд, ки вай зинда бимонад.  

«Дуюми сентябр ман ба Тавда рафтам ва сеюми сентябр Павел бо бародараш Фёдор ҷангал рафтанд, то мева ҷамъоварӣ кунанд,- ба ёд овардааст модари бачаҳои кушташуда дар мурофиаи додгоҳӣ. — Рӯзи панҷум баргаштам ва фаҳмидам, ки Паша ва Федя аз ҷангал барнагаштаанд. Ман ба изтироб уфтодам ва ба милитсия муроҷиат кардам, вай одамонро ҷамъ кард ва ҳамагонӣ ба ҷангал рафтанд ба ҷустуҷӯи онҳо. Аммо кушта ёфтанд. Писари миёнаи ман Алексей, ки 11 сол дорад, нақл кард, ки 3 сентябр вай дид, ки Данила аз ҷангал берун мешуд ва саги мо аз паси вай медавид. Алексей пурсид, ки оё Павел ва Федяро надид? Данила посух надодаву хандида рафтааст”. 

Чор нафар аз хешони наздики вай-бобо, бибӣ, Данила, Арсений Кулуканов, ки амаки ӯ буд, ба додгоҳ кашида шуданд. Додгоҳ Даниларо чун иҷрогари фармоиши қатл эъдом намуд. Кулукановро низ ҳукми паррон дод. Ксения ва Сергей Морозови пирсолро, ки вақти қатл бачаҳоро медоштанд, зиндон кард ва онҳо дар ҳабсхона фавтиданд. Аммо Арсений Силин, ки амаки дуюми Павел буд, сафед шуд. Трофим Морозов, ки ӯ низ ҳабс шуда буд, то охир дар зиндон боқӣ намонд ва се сол баъд озод шуд ва ба зодбумаш баргашт. Муаррихон навиштаанд, ки вай дар сохтмони канали Белемор-Балтика фаъолона ширкат намуд ва ҳатто аз ҳабс бо орден баргашт. Аммо тасдиқи расмии ин фарзия низ вуҷуд надорад: аммо он чи маълум аст то ба охири умр Морозов аз рӯ ба рӯ омадан бо писари зиндамондаи худ худдорӣ мекард.  

То пош хӯрдани СССР сарнавишти Павел Морозов чун як сарнавишти ибратомӯз мавриди таблиғ буд ва аз ӯ ба унвони касе ёд мекарданд, ки барои пойдории Ҳукумати Шӯравӣ қаҳрамониҳо кардааст. Аз ин кӯдак як қаҳрамони мардумӣ сохтанд, вале ҳамзамон бо ин баъзе нукоти зиндагии вайро пинҳон доштанд, то қаҳрамон доғе надошта бошад. Аммо оё метавон то абад асрор пинҳон бимонад? 

 

Гӯшти Павел барои модари вай

Ҳукумати Шӯравӣ ба инқирози худ наздик мешуд, бозсозии горбачёвӣ шуруъ гардид ва акнун ба таърих ҳам ба назари интиқод менигаристанд. Паспардаи хеле аз қаҳрамониҳои он даврон ошкор шуданд, аз ҷумла дар бораи пионери қаҳрамон низ баъзе нукоте гуфта шуданд, ки қаблан одамон намедонистанд. Маълум гардид, ки бобои Павел дар замони худ жандарм буд ва бибии вай барои аспдуздӣ зиндон шуда буд. Онҳо бо ҳам дар зиндон шинос шуданд ва замоне буд, ки бобои Павел чун жандарм ин зани дузди зиндониро посбонӣ мекард.  

Падари вай Трофим Морозов бадмасти гузаро буд, хеле зиёд менӯшид ва сабаби тарки хонавода ва ятим кардани чор тифлу бева кардани занаш ҳамин айшу нӯшаш буд. Вай бо ҳамсоязан Антонина Амосова ҳамхона шуд. Людмила Исакова-муаллимаи Павел дар хотираҳояш навиштааст, ки  падари Павел доим модарашро мезад ва ҳатто баъди рафтанаш аз оила фарзандонашро мезад. Бародари Павел Алексей низ инро тайид кардааст. Вай гуфтааст, ки падараш танҳо худаш ва шаробро дӯст медошт ва ба хотири айшаш ба касе раҳм намекард: на ба модарашон ва на ба ӯву бародаронаш. 

Падари Трофим ин ҷудоиро айби келинаш медонист ва мегуфт, ки вай намехост бо писараш зиндагонӣ кунад. Алексей баъдтар гуфта: “Бобо ва бибии мо бароямон кайҳо бегона шуда буданд. Моро ақалан боре парасторӣ накардаанд. Набераи худ Даниларо вай ба мактаб ҳам намемонд равад. “Бесавод ҳам мешавад зиндагӣ кунӣ, ту хуҷаин мешавӣ ва ин сагбачаҳои Татяна батракҳои ту хоҳанд буд”,- мегуфт вай ба Данила.  

Павликро Данила ва модаркалон “коммунисти фисин” меномиданд ва доим мегуфтанд, ки пӯсти вай ва модарашро бояд канд.  

Дар парвандае, ки ба Морозови калонӣ тартиб дода буданд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳамсари пешинаш низ баёнот гирифта буданд. Вай дар бораи ҳамаи рафторҳои ғайриқонунии шавҳараш навишта буд. Муаррихон мегӯянд, ки дар ин мурофиа Павлик ширкат дошт ва ягона коре, ки кард, гуфтаҳои модари худро нисбати падараш тасдиқ намуд. Аммо аризаи Павлик дар бораи кулаккуниву кулакбозиҳо ва амалҳои зиддинқилобии падарашро мақомоти тафтишотӣ пайдо накарданд.  

Маълум шудааст, ки амалкарди Павел сиёсӣ набуд, вай танҳо модари худро дастгирӣ кард, чун бо чашмони худ медид, ки хешони падарӣ хушунат доранд ва ӯро зери фишорҳои зиёди равонӣ қарор додаанд. Аммо барои ин писарак ҳаёти худро аз даст дод, чун модаркалон ва бобои ба хашмомада қасос гирифтанд ва ҳам ӯро қурбон карданд ва ҳам модарашро барои тамоми умр дар сӯг нишонданд.  

Бо амали ваҳшиёнаи худ онҳо аввал Павелро бо корд ба шикаму дилаш ҷароҳатдор карданду куштанд ва сипас Фёдорро, ки фирор карданӣ буд, бо чӯб ба пешониаш заданд ва сипас, кордро ба шикамаш халонданд. 

Аммо ҷинояткорон талош накарданд изи ҷинояти худро рӯбанд. Татяна Морозова-модари Павел баъдҳо ба ёд овард, ки вақте ҷасади азияткашидаи фарзандонашро ба деҳа оварданд, модари шавҳари пешинаш ва модаркалони бачаҳо Ксения Морозова бо заҳрханд гуфт: “Татяна, мо ба ту гӯшт тайёр кардем, акнун ту онро бихӯр!” 

Ин куштор ангезаи дигар ҳам дошт. Баъди он ки Трофим ҳамсар ва тифлонашро вогузошту рафт, тибқи қонун қисмате аз заминҳои вай ба Павел гузашт ва хонаводаи падарии Трофим ба ин назар буданд, ки бо аз байн бурдани меросбар заминҳои писарашонро дубора соҳибӣ хоҳанд кард.  

 

Оё ин писарак дар асл вуҷуд дошт? 

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фарзияи дигаре паҳн гардид, ки тирамоҳи соли 1932 худи мавҷудияти писарбачаеро бо номи Павлик Морозов зери шубҳа мебурд. Гап сари он ки дар рустои Герасимовкаи губернияи Тоболск дар бораи таърихи таваллуд ва марги писарак далелҳои зиддунақизе вуҷуд доштанд. Танҳо дар бойгониҳои гуногун 12 гузинаи суханронии фошсозандаи вай мавҷуд буд.  

Дар воқеъият будани Павликро дар замони худ танҳо муаллимаи вай Людмила Исакова тайид карда буд ва ҳатто дар бораи вай маълумоти зиёдеро ҳам нақл мекард. Бино ба гуфтаи вай Павлик Морозов гумон аст, ки масоили сиёсиро пайгирӣ мекард ва дар рафтораш ангезаҳои сиёсӣ дида намешуданд: танҳо ӯро вазъи сангини зиндагонии оилавӣ ва ҳолати фишорҳои равонӣ ба модараш нигарон карда буду бештар ба ҳамин таваҷҷуҳ дошт. Ва ба гуфтаи Исакова маҳз ҳамин омил сабаб шуд, ки Павел дар додгоҳ суханронӣ кард.  

Фарзияи дигаре низ вуҷуд дорад, ки писарбача ба як бозичаи дасти чекистон табдил шуда буд. Дар ин фарзия гуфта мешавад, ки Павлик бо хоҳиши модараш аз болои падараш шикоят кард ва баъдан гӯё аз ҷониби гумоштаҳои ОГПУ кушта шуд, то бо ин васила ба таъқиби оммавӣ ва ба зиндон андохтани тӯдаи кулакҳо шуруъ кунанд.  

Сарнавишти Павлик Морозов эҳтимолан бофтаи он солҳо буд, чун замони коллективизатсияи таърихӣ аз мушкилтарин солҳои ҳокимияти шӯроҳо ба шумор мерафт ва аз ҷониби дигар ташкилоти пионерӣ ҳеч нуфузу маъруфият пайдо намекард. Барои маъруф шудан бояд ин созмон ҳам қаҳрамонони худро медошт ва ривоятҳое бофта мешуданд, ки бачаҳои ин синну солро руҳбаланд месохтанд. Ва яке аз ин бофтаҳову ривоятҳо сарнавишти иловашуда ба зиндагиномаи Павел Морозов буд.  

Ахборе низ дар даст аст, ки Павлик аслан шомили ягон ташкилоти пионерӣ ҳам набуд ва бино ба нақли ҳамзамононаш ин гуна овозаҳо, ки гӯё вай узви созмони пионерӣ буд, ба ин деҳа танҳо баъди як моҳи маргаш паҳн гардид. Галстук бо акси вайро баъдҳо наққошӣ карданд.  

Бино ба гуфтаи муаллимаи Павлик вай дар ҳақиқат хеле зиёд мутолиа мекард ва дарсҳоро хуб аз худ менамуд ва саргармӣ ба таҳсилу мутолиа ин чизе набуд, ки вақт барои корҳои дигар пайдо кунанд. “Баъзеҳо ҳоло гумон мекунанд, ки Павлик ҳамин хел як писараки аз шиорҳои пионерӣ сершуда бо сару либоси озодаи пионерӣ буд. Аммо вай аз сабаби камбағалӣ ин сару либосро аслан ҳатто надида буд”,- ба ёд меорад муаллима. 

 

Ба ҷойи хулоса

Чизе буд ё набуд назарияи “иғвои ОГПУ” тафтиш ҳам нашуду онро касе ҳам насанҷид. Тафтиши ҳодисаи марги фоҷеавии вай гуноҳи гумонбаронро пурра исбот кард: Павликро хешовандонаш ба ангезаҳову сабабҳо ва хушунатҳои худ куштанд.  

Ва ҳатто соли 1997 маъмурияти ноҳияи Тавдин бо ташаббуси хешовандони кушташуда Данила Морозова ва Арсения Кулуканова ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд. Вале онҳо низ ба ягон натиҷаи мусбат нарасиданд. Хоҳиши бозбинии қарори додгоҳи вилоятии Урал, ки хешонаи Павликро ҳукми қатл додааст, рад карда шуд. Ҳамзамон бо ин Прокуратураи генералии Русия ба натиҷа расид, ки Морозовҳо қобили сафед кардан нестанд, чун парвандаи онҳо ҷиноист. Ва Додгоҳи олии Русия низ ба ҳамин назар аст…

Таҳияи Ф.Муҳаммад 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here