Ҳодисаҳои сиёсии солҳои 20-и асри ХХ аз ҳар ҷиҳат барои халқи тоҷик як имтиҳони тақдиру сарнавишт буд. Бо вуҷуди норасоиҳои зиёд заминаи давлатдории навини худро миллати мо дар ҳамин солҳо гузошт. Ба навиштаи профессор Ҳайдаршо Пирумшоев ин давра зинаи ҳалкунанда дар эҳёи давлатдории тоҷикон мебошад.

Дар ҳамин айёми бисёр ҳассос ва нозук хушбахтона, чанде аз фарзандони бонангу ори миллат бо ҳар роҳу васила барои ҳифзи миллат ва разишҳои он ҷаҳду талош мекарданд. Чеҳраҳое ба мисли С. Айнӣ, Н. Махсум. Ш. Шоҳтемур, А. Муҳиддинов, А. Алиев, С. Ализода … ба ин корзор ворид шуда, тавассути сухани ҳақ ва навиштаҳои хирадмандона манфиатҳои миллати хешро дифоъ мекарданд. Эшон бештар бо навиштани мақолаю рисолаҳои илмию адабӣ дар матбуоти даврӣ беадолатиҳои замонро, ки манфиатҳои қонунию таърихии халқи моро поймол менамуд, бо истифода аз мадракҳои муътамад ифшо месохтанд. Махсусан пас аз ба роҳ мондани нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» (Сеюмин нашрияи тоҷикӣ буда аз 25-уми августи соли 1924 бо номи «Овози тоҷики камбағал» дар шаҳри Самарқанд чоп мешуд. Аз шумораи 10-ум сар карда номи «Овози тоҷик»-ро гирифт. Аввалин сармуҳаррираш Абдулқаюми Қурбӣ ва котиби масъул бошад С. Ализода буд. Ин газета аввал ҳамчун нашрияи КМ ҲК (б) Туркистон, аз 10-уми декабри соли 1924 ҳамчун нашрияи Бюрои тоҷикистонии КМ ҲК (б) Ӯзбекистон ва Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, аз июни соли 1925 бошад чун нашрияи тоҷикистонии КМ ҲК (б) Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон нашр мегардид) дар соли 1924 ин тамоил ривоҷ ёфт. Ба ибораи дигар агар қайд намоем дар нимаи дуюми солҳои 20-и асри ХХ «Овози тоҷик» ба як маркази бузурги ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва мадании халқи тоҷик табдил ёфта буд. Гуфтан мумкин аст, ки саҳифаҳои ин нашрия ба як мактаби бузурги худшиносии тоҷикон табдил ёфта буд. Бинобар навиштаи олимони шинохта Иброҳим Усмонов ва Д. Давронов «Редаксияи газета бо роҳбарони Ҷумҳурияти Худмухтори Тоҷикистон ба монанди А. Муҳиддинов, Ш. Шоҳтемур, Н. Махсум, Ч. Имомов, Алӣ Исмоилзода робитаи қавӣ дошт…». Яке аз нафароне, ки ҳамчун корманди баландмақоми КИМ ҶМШС Тоҷикистон дар нашри ин нашрия кӯмаки зиёд мерасонид ин Абдуқодир Муҳиддинов ба ҳисоб мерафт.

Дар чунин шароити бисёр ҳассосу нозук ва авҷи ҷараёни пантуркизм қисме аз роҳбарони ҷумҳурӣ аз ҷумла Абдулқодир Муҳиддинов хело зиёд кӯшиш менамуданд, ки ҳайати кормандони идораи редаксияи «Овози тоҷик» ба таъриху маданияти тоҷикон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ҳамин буд, ки аз 12-уми сентябри соли 1924 бо номи «Аз тарафи идора» муроҷиатномае дар саҳифаҳои рӯзнома чоп шуд. Дар он ҳайати кормандони рӯзнома аз аҳли илму фазл даъват менамуданд, ки дар ҳамкори бо рӯзнома саҳифаҳои таъриху адабиёти халқи тоҷикро рӯи чоп биёранд. Дар муроҷиатномаи аз ҷумла чунин омадааст: «Чун то ҳол таърихи қавми тоҷик ҳал нашудааст, аз ин ҷиҳат аз ҳамин рақам тарихи миллати тоҷикро ба тариқи мубоҳиса дарҷ мекунем. Хоҳишмандем, ки ҳар кас доир ба таърихи қавми тоҷик ҳар маълумоте дошта бошад ба идораи мо фиристода моро мамнун намояд. Умедворем, ки дар натиҷаи ин мубоҳисоти таърихӣ аҳволи таърихияти миллати тоҷик ҳам ҳал шуда, дар ин бора таърихи пухта ва маҳкаме ба даст ояд». Муроҷиатномаи мазкур дар байни аҳли илму фаҳм ҳамовози пайдо намуд, ки минбаъд дар саҳифаҳои он мақолаҳои гуногун мазмун оид ба рафти баргузории тақсимоти миллию марзӣ ва инчунин, оид ба таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик аз тарафи шахсиятҳои шинохтаи замон ба монанди С. Айнӣ, Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, А. Муҳиддинов, А. Алиев, Н. Муҳаммадов, А. Мунзим, А. Лоҳутӣ, Т. Зеҳнӣ ва дигарон ба нашр расиданд. Ҳамзамон, бо кӯшишҳои раиси КИМ-ии ҶМШС Тоҷикистон Н. Махсум ва ҷонишини ӯ Абдулқодир Муҳиддинов соли 1925 дар Тоҷикистон «Соли Рӯдакӣ» эълон карда шуд. Ин иқдом агар аз як тараф барои баланд бардоштани дараҷаи худшиносии миллии ҷомеа равона шуда бошад, аз тарафи дигар дар ҷодаи эҳёи фарҳанги асри IX-X ва ба хусус рӯдакишиносӣ дар асри ХХ заминаи асоси гардид. Аз рафту натиҷаҳои чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар саҳифаҳои рӯзнома мудом мақолаҳои ҷудогона ба нашр мерасид. Бо тақозои замон таваҷҷуҳи роҳбарои ватандӯсти ҶМШС Тоҷикистон барои бедор кардани хотираи таърихии миллат рӯз аз рӯз меафзуд. Онҳо барои ҷалби олимони шарқшиноси соҳибтахассус аз дигар миллатҳои Шӯравӣ кӯшиш ба харҷ медоданд.

Ҳамин буд, ки як зумра олимони рус аз қабили В. В. Бартолд, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. М. Дяков, Б. Э. Бертелс, А. А. Фрейман ва ғайраҳо дар баробари зиёиёни тоҷик ба омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикон пардохтанд. Инчунин, бо талоши онҳо ва бо ташаббуси КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон 9-уми январи соли 1925 дар шаҳри Тошканд ҷаъияте бо номи «Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқияти эронии бурунмарзии он» ташкил карда шуд. Олимони аъзои ин ҷамъият дар шаҳрҳои гуногуни Шӯравӣ доир ба таърихи сиёсӣ, забону адабиёт, фолклор, этнографияи халқи тоҷик корҳои тадқиқотӣ бурда, дар шакли мақолаю рисолаҳои илмӣ ба нашр мерасониданд. Баъзе аз чунин тадқиқотҳо дар шумораҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп мешуданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар чунин вазъияте, ки инкори миллати тоҷик авҷ мегирифт, ҷамъияти номбурда, барои инкишофи илми тоҷик махсусан таъриху фарҳанги он хизмати босазое намуд. Асосан доир ба бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва осори хатии гузашта маводҳои зиёде ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба муносибати таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон мақолаи С. Айнӣ бо номи «Қобилияти ташкилоти дар тоҷикон» дар «Овози тоҷик» ба нашр расид. Ин мақола дар партави табрикномаи роҳбари давлати Шӯравӣ И. В. Сталин, ки дар он «қобилиятчигии тоҷикон» таъкид ёфта буд, рӯи коғаз омад. Соли 1925 дар шумораи сеюми рӯзнома мақолаи Абдулмуъмин Сатторӣ бо номи «Тоҷикон» ва давоми он дар шумораи ҳаштум бо номи «Тоҷикон: маълумоти таърихӣ ва ҷуғрофӣ», ки бештар ба натиҷаҳои тақсимот нигаронида шуда буд, ба чоп расид. Дар пайравӣ ба ӯ як зумра мақолаҳои бемуаллиф оид ба каҷрафториҳо дар рафти тақсимот ба нашр расиданд. Баъдтар мақолаи нафаре бо номи Ҳасани Хӯҷандӣ таҳти унвони «Тақсими ҳудуди миллатҳоро комилан ба ҷо овардан мумкин аст» чоп шуд. Ин мақола бори дигар яке аз муаммоҳои сарпечи давраи ташаккули ҷумҳуриҳои миллиро дар Осиёи Миёна ба миён гузошта, диққати хонандаро ба ҳалли дурусти ҳудуди миллатҳо, аз ҷумла ҳудуди воҳаҳои тоҷикнишини Фарғона ва дигар маҳалҳо ҷалб менамояд. Аз санаи 4-уми октябри соли 1927 мақолаи Ҷабборӣ, бо сарлавҳаи «Чаро тоҷикон худро миллати дигар ба қалам медиҳанд?» нашр гардид, ки дар он то ҷое омилҳои худро ӯзбек муаррифӣ намудани тоҷикон баррасӣ мегардид. Ба ҳамин монанд хело зиёд мақолаҳо дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ мерасиданд, ки албатта, нашри онҳо дар замири қалби нотавонбинони миллат тухми адовату низоъро мекоштанд.

Яке аз муаллифони доимии рӯзномаи «Овози тоҷик» ин Абдулқодир Муҳиддинов буд. Ӯ ҳамчун як хайрхоҳи миллати хеш доир ба таъриху фарҳанг инчунин, ноадолатиҳои давру замонасозони вақт нисбати тоҷикон мақолаҳо дар шумораҳои рӯзнома чоп менамуд. Масалан, дар санаи 27-29-уми январи соли 1929 бо номи «Дар бораи забони адабии тоҷикӣ» рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаи А. Муҳиддиновро чоп намуд. (Ин мақоларо рӯзноманигори варзидаи тоҷик, равоншод Пайванди Гулмуродзода дар китоби хеш «Забон ва худшиносии миллӣ» бознашр намудааст, ки барои ихлосмандони таъриху фарҳанги тоҷик хизмати босазоест).

Дар мақолаи мазкур А. Муҳиддинов ба интихоби забони адабии тоҷикӣ, беолоишии он, сабабҳои омезиши забони тоҷикӣ бо дигар забонҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба забони тоҷикиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Ба воситаи ин мақола А. Муҳиддинов мехост, ки тоҷикон чун миллати комил соҳиби забони адабии худ бошанд. Тарзи гӯишу муносибаташон мувофиқ ба забони адабӣ бошад. Чун забон рукни асосии миллат аст, аз ин лиҳоз А. Муҳиддинов талош менамуд, ки тоҷикон ба воситаи ин мероси баландарзиши гузаштагон дар чунин шароит аз худу ҳуқуқҳои худ дифоъ намоянд.

Пас аз мутолиаи ин мақола хонанда ба хулосае меояд, ки дар масъалаи забони тоҷикӣ А. Муҳиддинов чун як коршиноси ҳирфаӣ соҳиби андешаи махсусест, ки дар асоси пояҳои илмӣ ташаккул ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки А. Муҳиддинов он солҳо ҳамчун яке аз симоҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва шахсияти соҳибмансаб дар зинаҳои баланди ҳукумат паи ҳалли ҳазорон мушкилиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат буд.  Бо вуҷуди серкорӣ ва тарадуди зиёд боз вақт пайдо намуда, паи навиштани мақолаҳое мешуд, ки аз миллату асолати он дифоъ менамуд. Чунин муносибат намудан бо фарҳангу маънавиёти миллат бори дигар аз хирадмандию миллатдӯстии А. Муҳиддинов дарак медиҳад.

Дар мақолаи худ А. Муҳиддинов оид ба муаян намудани забони адабии тоҷикӣ андешаҳои худро баён намуда баҳсҳое, ки атрофи ин масъала ба вуҷуд омада буданд, мавриди таҳлил қарор додааст. Олудагии забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо забонҳои ғайр муаллифро ба ташвиш оварда тақозои онро дорад, ки забони адабии имрӯза барои тоҷикони Осиёи Миёна ва инчунин халқҳои Эрону Афғонистон содаю фаҳмо бошад. Аз ин лиҳоз, дар мақолаи худ чунин иброз медорад: «Мо ҳам тарафдори онем, ки як забони адабӣ ба вуҷуд биоварем, ки фаҳмиданаш барои оммаи порсизабонони Эрон, Афғонистон ҳам осон бошад. Яке аз вазифаҳои калони Тоҷикистон ҳам ин аст, ки ба воситаи ҳамзабонони худ ба ранҷбарони тоҷикзабони Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон хидмати маданӣ кунад. Аз иморати маданӣ ва комёбиҳои сусиёлизми Тоҷикистон онҳо баҳравар шаванд. Дар ҳал кардани масъалаи забон ин мақсади маданӣ ва сиёсӣ бояд ҳеҷ фаромӯш нашавад».

Муҳиддинов дар баробари навиштани ин мақола, ба ин андеша ҳаст, ки бояд ҳамаи халқҳои тоҷику форс, ки тамаддуни муштарак доранд ба воситаи забон доим дар иртибот бошанд. Баъдан солҳои сиёҳкунии номи А. Муҳиддинов дасисабозон чунин андешаҳои ӯро мисол оварда, ӯро ҷосус ва думрави давлатҳои зикршуда эълон намуда буданд.

А. Муҳиддинов чун як коршиноси соҳа, забони матбуоти Эрону Афғонистонро бо овардани иқтибосҳо аз рӯзномаҳои гуногуни чопи ин давлатҳо таҳлил намуда, ба чунин хулоса мерасад: «Ин намунаҳо ба хуби исбот мекунанд, ки забони адабии имрӯзаи Эрон ва Афғонистонро на оммаи Эрон ва Афғонистон мефаҳманд ва на тоҷикони Осиёи Миёна. Ин забон ба ҳеҷ сурат «ягонагии забон»-ро дар миёнаи порсигӯёни Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна муҳофизат карда наметавонад ва ин забонро мо маркази асос қабул карда наметавонем».

Мавқею мақоми забони оммафаҳми тоҷикиро А. Муҳиддинов тарғиб намуда ба воситаи он пуртаъсир гардидани адабиёти Тоҷикистонро дар Эрону Афғонистон таъкид менамояд. Ӯ изҳор мекунад, ки мо бояд забони худро аз калимаю ибораҳои забонҳои бегона пок созем.

Мақолаи А. Муҳиддинов баъди нашр мухлисони зиёд пайдо намуда, бошад аз тарафи дигар гуногунандеширо низ байни зиёиёну ходимони давлатӣ ба вуҷуд овард. Ҳамон тавре дар боло ишора намудем, баъзеҳо чунин фикр мекарданд, ки Муҳиддинов мехоҳад бо Афғонистону Эрон ва Ҳиндустон равобит барқарор намуда, ва бо ин васила роҳро барои Англия боз намояд. Чунин сӯи тафоҳумҳо дар солҳои минбаъда хело зиёд авҷ гирифтанд. Аммо Муҳиддинов бо навиштани ин мақола чунин ният надошта, баракс чун донандаи таърихи тоҷикон кӯшиш менамуд, ки тоҷикони ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ робитаҳои маънавии хешро гум накунанд ва асолати миллии хешро фаромӯш насозанд. Густариши чунин иқдомҳоро рисолати ҳар зиёии воқеъбини тоҷик меҳисобид.

Умуман дар давраи мухторият дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» чун як майдони ҳарбу зарб бо нотавонбинони миллат, матолибе нашр мешуд, ки дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии ҷомеа нақши созанда мегузошт.

Давлатшоҳ Маҳмудов,

Ғозибек Гадоев,

омӯзгорони факултаи таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here