12 июли соли 1977 Тоҷикистон мотам дошт. Он рӯз аллома, муаллифи асари безаволи «Тоҷикон», директори Институти Шарқшиносии СССР Бобоҷон Ғафуров аз олам даргузашт. Ин талафоти калон буд барои тоҷикистониён. Ҳазорҳо нафар назди тобути ӯ омада, бо собиқ котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ барои ободию беҳбудии мардум заҳмат кашидааст, хайрбод  мекарданд.

 

Он рӯзи видоъ як гуруҳ роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, депутатҳо ба навбат ба сари тобути устод ҳамчун посбони фахрӣ меистоданд.

Як вақт аз мошини фарсудаи «ГАЗ-69» директори савхози ба номи «Съезди XXII-юми КПСС»-и ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) Турсун Ӯлҷабоев фаромада сӯи дари даромад равон шуд. Вай бо қадамҳои ноустувор ва сари хам пеш меомад, аён мешуд, ки марги нобаҳангоми Бобоҷон Ғафуров ба ӯ сахт таъсир кардааст. Ҳозирон бо эҳтиром ба Т.Ӯлҷабоев нигариста саломуалек ва ҳамдардӣ баён менамуданд. Зеро онҳо медонистанд, ки то директори Институти шарқшиносии АФ СССР таъин шудан, Бобоҷон Ғафуров котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон буд ва аксари кормандони ҳизбию советии он вақт фаъолият дошта, аз ҷумла Ӯлҷабоев шогирди ӯ буданд.

Б.Ғафуров вақти ба Москва рафтанаш номзадии Турсун Ӯлҷабоевро ба ҷои худ пешниҳод карда буд. Турсун Ӯлҷабоев мехост, ки чун шогирди Б.Fафуров дар сари тобути ӯ чанд дақиқа истода, эҳтиромашро нисбати устод баён кунад. Аммо як корманди масъули ҳизб гуфт, ки «ин антипартия ин ҷо чӣ кор мекунад?» ва нагузошт, ки Турсун Ӯлҷабоев  қарзи инсониашро адо намояд. Ҳама ба якдигар менигаристанду чӣ кор карданашонро намедонистанд. Раиси вилояти Ленинобод, ҷонишини раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Усмон Қосимов, ки дар қаровули фахрӣ меистод ба назди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, раиси ҷамоати деҳоти Қистақӯз (ҳоло Хистеварз)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳодӣ Кенҷаев омада гуфт:

— Ҳодӣ Исобоевич, шумо ба он кас фаҳмонед, ки Турсун Ӯлҷабоев аз шогирдони қадрдони академик Бобоҷон Fафуров аст, ӯ бояд бо устодаш хайрбод кунад. Ҳодӣ Кенҷаев, ки нафақат дар ҷанг, балки зиндагӣ ҳам қаҳрамон буд, ҷасурона ба назди корманди масъули ҳизб омада,  ҳамаашро фаҳмонд.

Баъд Ҳодӣ Кенҷаев ва Усмон Қосимов аз дастони Турсун Ӯлҷабоев гирифта, ӯро назди тобути шахси барои ҳамаамон азиз Бобоҷон Fафуров оварданд. Ҳамин тавр Турсун Ӯлҷабоев қарзи инсонӣ ва шогирдиашро назди устодаш ба ҷо овард.

Дар рӯи ҳавлӣ чанд нафар ӯро истиқбол карда, то назди мошини хизматиаш гусел намуданд ва баъди аз назар ғоиб шудани «ГАЗ-69» қафо гаштанд.

Шояд саволе ба миён ояд, ки Турсун Ӯлҷабоевро шиносонаш ин қадар боҳурмату эҳтиром пешвоз гирифтанду гусел карданд, вале он масъули Кумитаи Марказӣ бадхашмона «антипартия» гуфт ва ба назди тобут даромадан намонд. Агар Ҳ.Кенҷаев намешуд, шояд ӯро барои видоъ намемонданд.

Таърих имрӯз чун ҳакаму ҳақиқатнигор ба он воқеаҳои солҳои 60-уми қарни гузашта баҳои худро дод. Имрӯз номи неки Турсун Ӯлҷабоеву Додхудоев ва Обносов барқарор шуд. Туҳмату фишоровариҳои мақомоти боло, суханрониҳои беандешонаи котиби КМ КПСС Ф. Р. Козлов исбот шуд.

Ба сари Т.Ӯлҷабоев бор кардани изофанависии пахта ин, агар аз як тараф қасосгирию хусумати Иван Ковал бошад, аз дигар тараф, дар муддати солҳои 1959-1960 номи Турсун Ӯлҷабоев ончунон дар байни котибони якуми КМ-и ҷумҳуриҳои СССР машҳур шуд, ки ба нафсонияти баъзе шахсон расид ва як қатори онҳо бо чашми ҳасад менигаристагӣ шуданд. Боре, дар яке аз зиёфатҳои Кремл Н.С.Хрушёв аз суханронии пурмазмуни Турсун Ӯлҷабоев ба ваҷд омада, ӯро ба оғӯш кашидаву бӯсида, бо фахр ба ҳозирон гуфт: «Бинед, аз Тоҷикистони хурд чунин сарвари фозилу доно баромадааст. Офарин, Турсунбой!».

Ана ҳамин кордонию ҷасорат душманону ҳасудхӯронашро ором намегузошт ва онҳо билохир ба сари ӯ тухми туҳматро пошида, бе ягон айб аз ин мансаб барканор карданд. Турсун Ӯлҷабоевро аз сафи ҳизб хориҷ намуда, ба ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ директори совхози нообод  таъин карданд. Аммо иродаашро шикаста натавонистанд.

Ӯро ба изофанависӣ айбдор карданд, вале ин дарди бедаво дар тамоми СССР реша паҳн карда буд, муаллифи он котиби якуми вилояти Рязан Ларионов ба ҳисоб мерафт, ки шиори «Дагоним и перегоним Америку»- ро ба миён гузошта буд. Мувофиқи шиори вай маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус озуқаворӣ — гӯшт, шир, равған, тухм даҳчанд афзун мегашт. Кор ба ҷойе расида буд, ки масъулини фабрикаҳои парандапарварию заводҳои ширу равған субҳ барвақт ба мағозаҳо маҳсулот  «месупориданд», баъд аз нав «мехариданд» ва соате пас боз ба харидорон пешкаш менамуданд. Онҳо барои барзиёд супоридани  маҳсулот сазовори мукофотҳо мегаштанд. Аз ҷумла, бо нархи давлатӣ соҳиби мошин мешуданд.

Ҳазорон нафар изофанависӣ мекарданду роҳбарони олимақоми Тоҷикистон ба бало монданд. Вале таърих ба ин беадолатӣ баҳо дод: Бисёр роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон, сарварони Тоҷикистон аз қабили Т.Ӯлҷабоев, Н.Додхудоев, П.С.Обносов, Холиқ Иброҳимов ва дигарон аз ҳизб бароварда шуданд.

Ҳақиқат бо мурури гузашти таърих ғалаба кард.

Вале ба як савол касе ҷавоб надод. Изофанависӣ дар тамоми СССР суръат мегирифт, аммо фақат роҳбарони Тоҷикистонро ҷазо доданд, дигарон дар канор монданд. Шояд ин қасос ё тарсонидани тоҷикистониён бошад?

 

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here