(Ӯ расмҳои ҷолиби таърихии Тоҷикистони Шӯравии солҳои 20-30-умро аз хатари нобуд шудан ҳифз кард)
Барояш хеле мушкил буд бигӯяд, ки чӣ гуна муяссараш гардид расмҳои таърихиро наҷот диҳад ва тӯли ин солҳо нигоҳ дорад. Вай нақл мекарду мегирист. Он чӣ тавонистам аз суханонаш, аз суҳбати телефонӣ рӯйи коғаз орам, ин аст:
«Солҳои 80-и асри гузашта ман дар Кумитаи ҳизбии вилояти Қурғонтеппа кор мекардам. Хеле хуб дар хотир дорам, ки соли 1983, вақте омодагӣ ба ҷашни 50-солагии азхудкунии Вахш шуруъ шуда буд. Ба ман ва боз ба ду ҳамкорам супориш шуда буд, ки албоми суратҳо дар бораи таърихи бунёди системаи обёрии водии Вахшро омода намоем.
Он солҳо ҳоло бисёре аз аввалин бунёдкорони Вахш дар қайди ҳаёт буданд. Дар оғоз мо маводҳоро аз онҳо ҷамъоварӣ кардем, яъне аз ширкаткунандагону бунёдкорони Вахш, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагонӣ мекарданд. Баъдан номаҳо ба манотиқи гуногуни Русия, Украина, Белорусия ирсол кардем. Зеро ин сохтмон интернатсионалӣ эълон шуда буд ва дар он халқияту миллатҳои зиёд иштирок доштанд. Қаҳрамонони Вахшстрой вокуниш нишон доданд ва барои мо аксу суратҳои хеле ҷолибе ирсол намуданд. Масалан, оё расме, ки 19-уми июли соли 1931 гирифта шудааст ва дар он раиси Кумитаи Иҷроияи кумитаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Нусратулло Махсумро мебинем, арзиши таърихӣ надорад? Ва аксу суратҳои зиёди дигаре ҳастанд, ки наметавон ба онҳо бо бе изтироб нигарист.
Дар муддати як сол мо 6 албоми суратҳо на танҳо дар бораи бунёди Вахш, балки дар бораи ҳаёти заҳматкашони водии Вахш дар солҳои 20-30 тайёр кардем ва ин туҳфаи мо ба ин ҷашнвора буд.
Тобистони соли 1992. Ман он вақт мудири шуъбаи фарҳанг ва варзиши Иттифоқи касабаи Тоҷикистон будам ва дар Душанбе зиндагонӣ мекардам. Дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон ба Қӯрғонтеппа меҳмонии хешовандонам рафтам. Вақте аз назди бинои ҳизби коммунисти Қурғонтеппа мегузаштам, шоҳиди манзараи аҷибе шудам: аз бино ҷувздонҳои ғавсро мебароварданд ва онҳоро месӯзонданд. Ман ба назди гулхан давидам ва ҳамон албомҳои расмҳоеро дидам, ки ману ҳамкоранам барои тартиб додани онҳо заҳмат кашида будем ва сахт ба даҳшат уфтодам! Ман он албомҳоро аз дасти сӯзандагони таърих кашида гирифтам.
Хуб дар хотир дорам, вақте ин албомҳо ба дастам расиданд, эътирозамро ба ин амал ин гуна баён доштам: “Шарм намедоред? Чӣ гуна шумо метавонед басо оромонаву бепарво хотираи таърихро ба коми оташ диҳед?!” Аммо ин замон ба назарам расид, ки ба фикрам ман бо каррону гунгон муколама мекунам. Ҳатто ягон нафари онҳо ба суханонам эътино накард.
Моҳи марти соли 1993 ман ҳамроҳ бо хонавода чун садҳо ҳазор русзабонон ноилоҷ Ватанам-Тоҷикистонро, ки дар он ман зода шуда будам ва зиндагии хушбахтонае доштам, тарк кардам ва ба ватани аҷдодонам-Бошқирдистон омадам. Ҳиҷрати мо ғамангезтарин лаҳзаи зиндагии ман буд. Барои мо вагони пӯшидаи олудаи ангишт расид ва дар он мо чизу чораи худро ҷобаҷо карда будем. Хонаи сеҳуҷраии худ дар хиёбони Айниро мо натавонистем фурӯшем ва онро гузоштему рафтем.
Муддати 16 рӯз мо дар роҳ будем, то ки ба Бошқирдистон расем. Чандин маротиба дар чандин истгоҳҳои роҳи оҳан вагони моро ба роҳи оҳани баста ворид мекарданд ва моро лозим меомад боз ду рӯзу се рӯз мунтазири ҳаракат бимонем. Ва ҳоло ҳам ки он лаҳзаҳоро ба ёд меорам, манзараҳои азиятборе пеши чашмонам ҳувайдо мешаванд. Чӣ қадар таҳқиру озорро таҳаммул кардан лозим омад. Бароямон лозим омад шаш гузаргоҳи марзиро гузарем ва ин шаш маротиба барои ёфтани маводи мухаддир чизу чораи моро такурӯ карданд. Ҳатто албоми суратҳоро дар фарши ифлос пош доданд. Ва ман бо ашки чашмон ҳар бор онҳоро аз фарш мебардоштам, аз чангу ғубор тоза мекардам ва боз ҷобаҷо мекардам.
Ёд дорам ки дар як гузаргоҳи марзӣ як корманди гумрук луқмаи бешармона партофт: “Ҳама аз Тоҷикистон дастгоҳ мебарад, аммо ин ин занак албоми суратҳо мекашад. Эҳтимоли пурра ҳаст, ки дар ин албомҳо маводи мухаддир ҷобаҷо карда шудааст”. Ва суратҳоро ба ҳар тараф пош медод. Ва ман дубора он аксҳои нодирро ҷамъ меовардам, албомҳоро сари зону мегирифтам ва муддати дурудароз мегиристам.
Аз миён 25 сол гузашт. Ман ҳоло 78-солаам. Чанде пештар шавҳарам аз дунё гузашт. Ва дар вуҷудам изтироб лона гузошт. Ба ин албомҳое, ки муддати ин солҳо чун муқаддасот эҳтиёташон мекунам, чӣ пеш хоҳад омад? Ва ман онҳоро варақ мезанаму наметавонам аз ашк худдорӣ кунам. Ман омодаам ба ҳар арзише онҳо ба Тоҷикистон баргардонида шаванд, омодаам худ ҳақашро пардохт кунам, то ин суратҳо ба ватан баргарданд. Зеро баъди марги ман онҳо дар ин Бошқирдистон дигар ба касе лозим нахоҳанд шуд.
Ва боре ҷиянам Венера Мерзликина дар Интернет очеркҳои шуморо дар бораи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ пайдо кард ва онҳоро ба ман овард. Вақте ман навиштаҳои шуморо мехондам, дарк кардам, ки он шахсе, ки ман метавонам ин албомҳоро бовар кунам, ин шумоед. Хоҳиш мекунам, онҳоро эҳтиёт кунед ва ба осорхонаи шаҳри бароям азизи Қурғонтеппа биспоред”.
Вақте ин нақли ғамоварро шунидам ва хостам изҳори ташаккур намоям ва худоҳофизӣ кунам, вале вай маро нигоҳ дошт: “Хоҳиш мекунам, ҳоло гӯширо нагузорем. Ман ҳоло ҳарфи асосиро нагуфтаам!” Ва баъди лаҳзае таваққуф иброз дошт: “Тоҷикон! Бародарону хоҳарони ман! Ман аз сарнавишт розиам, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадам! Он ҷо ҳаёти хушбахтонае доштам! Ман ҳамеша бо як ҷаҳон шодӣ ва хотироти нек дар бораи инсонияту накӯӣ ва меҳрубониҳои шумо, олиҳиммативу меҳмондӯстии шумо меандешам! Ман сарзамини тоҷиконро пазмон шудаам, ман суҳбати гарми шуморо пазмон шудаам, ман шуморо дӯст медорам! Тоҷикистон-муҳаббати ман!”
Ман аз ҳарфҳои охир ончунон ба ҳаяҷону изтироб омадам, ки натавонистам дар посух чӣ гӯям. Аммо ҳоло посух медиҳам. Ҷияни ӯ Венера Мерзликина дар Фейсбук суханони маро ба вай хоҳад расонд.
Муҳтарам Рамзия Халиловна! Пеши қаҳрамонии Шумо сари таъзим фуруд меорам! Шумо таърихи зиндаи Тоҷикистонро аз фаромӯшӣ наҷот додед. Ва мо барои ин талошатон аз шумо миннатдорем. Осуда бошед! Ин албоми расмҳои пурарзиш ба осорхонаи вилоятии кишваршиносии Қӯрғонтеппа супурда хоҳанд шуд!!!
Волидони Рамзия Халиловна бо даъвати ВКП (б) солҳои 30-уми асри 20 ба Тоҷикистон омаданд, то дар кишвари мо сотсиализмро бунёд созанд. Ӯ соли 1940 дар шаҳри Регар (ҳоло Турсунзода) ба дунё омад. Каме пештар аз шуруъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ падарашон Халил Валиев бори дигар хонаводаи худро ба Бошқирдистон бурд. Моҳи августи соли 1941 вай ба ҷабҳа рафт. Соли 1943 дар ҷангҳои назди Харков кушта шуд. Чор тифли хурдсол ятим монданд. Соли 1953 тағои Рамзия Халиловна, бародари модараш Шайдулло Насибуллин, ки корманди умури дохилӣ буд, бори дигар хоҳарашро ба шаҳри Регар овард.
Рамзия Халиловно аз рӯйи ихтисос омӯзгор буд ва муддате директори мактаб-интернати шаҳри Қӯрғонтеппа буд. Баъдан корманди кумитаи вилоятии ҳизби коммунист, ҷонишини раиси иттифоқи касабаи вилояти Қӯрғонтеппа буд.
Дар албомҳое, ки ӯ ирсол кард, ман маводи калони иттилотии муаллифи номаълумро дар бораи таърихи бунёди Вахш пайдо кардам. Ва акнун очерки ман дар бораи Нусратулло Махсум (таваҷҷуҳ кунед ба Фейсбук аз таърихи 15-сентябри соли 2016) бо номи “Сохтмони бузурги Нусратулло Махсум” васеъ мешавад ва эҳтимол дорад дар шакли китоби алоҳида интишор ёбад.
Ин бор ба зодгоҳи азизам шаҳри Қӯрғонтеппа ман бо туҳфа хоҳам рафт: Ба осорхонаи он ин аксу суратҳои гаронарзишро тақдим хоҳам кард.
Саломиддин Мирзораҳматов