Давлати тоҷдори тоҷикон, ки дар тӯли таърих, бавижа дар асри заррини Сомониёни тоҷик, ҳуввият ва шахсияти маънавӣ ва ориёияшон ҳамчун хуршеди тобон дар Хуросони бузург, Мовароуннаҳр ва Осиёи Миёна дурахшид, дар ҳақиқат баргҳои тиллоии ҳукумати онҳо бахши бисёр муҳиме аз таърихи тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аст. Аммо мутаассифона, баъд аз ҳукумати заррин, тиллоӣ ва ориёии Сомониён ҳукуматҳои баъдӣ аз Ғазнавиён ба баъд, шоҳони ғаёриориёӣ ба ҳукумат расиданд, ки ба наҳве муғулзадаву арабзада буданд ва ин мавзуъ боис шуд, ки фарҳангу тамаддуни асили ориёӣ камрангу беранг шавад, аммо ин фарҳанги устураӣ ва таърихии ориёӣ ҳамчун оташи зери хокистар боқӣ монд ва ҳаргиз хомӯш нашуд. Ин масъала бармегардад ба хидмате, ки Оли Сомони тоҷик ба эҳёи фарҳангу тамаддуни бостонии худ карданд ва шоҳоне ҳамчун Амир Исмоили Сомонӣ, Наср ибни Аҳмад ва қабл аз онҳо Яъқуби Лайси Систонӣ ҳар як ба навбаи худ дар посдошту нигаҳдошти фарҳанги бостонӣ кӯшиданд ва бо арабу арабгароӣ ба мубориза бархостанд. Бавижа бо ҳиммати вазирони доно ва донишманди Оли Сомон, аз ҷумла хонадони Балъамӣ, Ҷайҳонӣ, Утбӣ ва Масъабӣ, сиёсатҳои хирадмандона, илмгароёна ва ҳунарпарварона тавонистанд ташвиқгари донишмандону шоирону бузургон шаванд. Ҳамчунон ки Абӯалӣ Сино, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Форобӣ тарбиятшудаи дастгоҳи Сомониён буданд ва осору таълифоти арзандаю мондагоре ба ҷаҳониён ҳадя карданд. Шоироне ҳамчун Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ дар ин даврон по ба майдони шеъру адабу ҳикмату фалсафаву миллигароиву меҳанпарастӣ гузоштанд ва ҳар як ба навбаи худ шеъру адаб, фарҳангу тамаддуни бостониро дубора зинда карданд. Пас, бо асноду осори мавҷуд ба таври яқин метавон гуфт, ки давлати Сомониёни тоҷик асоси фарҳангу тамаддун ва таъриху забони баъд аз ҳамлаи аъробро дар Хуросони Бузург, Мовароуннаҳру Осиёи Миёна гузоштанд. Чароғе, ки дар ин росто рӯшан карданд, ҳаргиз хомӯш нашуд ва то ба имрӯз дар миёни кишварҳои форсизабони ҷаҳон, бавижа Тоҷикистон ҳамчун хуршеде медурахшад.
Тоҷикони қаҳрамон ва ориёинажод дар тӯли таърих миллати наҷибу меҳрубон сарафрозу сарбаланд, сулҳдӯсту инсондӯст, фарҳангпарвару меҳанпараст, бо нангу номус буда, огоҳона, тоҷикона зидди бегонапарастӣ ва нодонӣ будаанд ва дар тӯли таърих миллате сулҳталаб, инсондӯст, меҳрубону меҳмоннавоз будаанд. Дар ҳеч замоне ва дар ҳеҷ маконе мутаҷовиз набудаанд, балки ҳамвора, далеронаву мардона мудофеи кишвару меҳан ва арзишҳои миллии худ будаанд. Ва инак низ ин сифатҳо дар тоҷикони азиз вуҷуд дорад. Метавон гуфт тоҷикон дар тӯли таърих родмардон, диловароне ҳамчун Спитамен, Деваштич, Абӯмуслими Хуросонӣ, Бобаки Хуррамдин, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, сарбадорони Хуросон ва ғайра ба таърихи ҳамосӣ, муборизотӣ ва миллии ориёиён ҳадя додаанд ва то асри муосир донишмандону бузургоне ҳамчун Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, ҳар як ситораи дурахшоне дар осмони фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон медурахшад ва ному ёдашон ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Аммо агар нигоҳе кӯтоҳ ба таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ биандозем, мебинем, ки ин халқи қаҳрамону бофарҳанг бо ин ки 70 сол фарҳангу тамаддуну забону одоби дигар дар ин кишвар ривоҷ дошт, аммо ғайрату ҳиммати тоҷикона ва руҳу равони аҳуроӣ ва ориёигароёнааш боис шуд, ки ҳамаи маҳдудиятҳову тангноҳо ва сахтиҳои фарҳангу тамаддун, забону шеъру ҳунари ниёгони худро ҳифз кунанд ва ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд ва аз осебу газанди боду борон дур нигоҳ доранд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин гуфтаҳо метавон гуфт, ки дар ин давраи ҳассоси таърихӣ, ки гуруҳҳо ва муддаиёни давлатҳои динии истибдодӣ мехоҳанд тасаллут ва ҳукумати худро дар бисёре аз кишварҳои мусалмон ва ҳатто ғайримусалмон барқарор кунанд, зарурат дорад, ки руҳи огоҳӣ ва ҳушёрии миллӣ, меҳании ориёинажодон дар муқобили ин гуна тафаккуроти иртиҷоӣ, сиёҳ ва вайронгару хонумонсӯз ҳарчӣ бештар рӯшангарӣ намояд. Бавижа ҷавонон бидонанд, ки истибдоди динӣ ва мазҳабӣ ба номи ҳар наҳзату гуруҳу дастае реша дар ақибмондагӣ, вайронӣ, ҷаҳлу нодонӣ дорад ва бо шароиту авзову аҳволи имрӯзи мудерни ҷаҳон ҳеҷ гуна ҳамоҳангӣ ва ҳамхонӣ надошта ва нахоҳад дошт. Миллати азиз ва наҷиби тоҷик решаи дарахти бостонӣ ва аҳуроии ориёии худро ҳамвора ҳифзу обёрӣ кардааст ва ҳамчун Фирдавсӣ таърихи пурифтихори ниёгони худро дар зеҳну замир ва ганҷинаи таърихии худ нигаҳ дошта ва дар тӯли замон сина ба сина нақл кардааст ва бо ҳар гуна ифротгароии мазҳабӣ ва ҷаҳлу нодонию хурофот ва террору терроризм ба мубориза бархостаанд. Дар ҳақиқат иртиҷои сиёҳу ифротгароӣ ва терроризм душмани ҳамаи мардуму миллатҳо мебошад ва ин ҷараён як ҷараёни береша, беҳуввият ва дар айни ҳол бисёр хатарнок аст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои доно ва хирадманди тоҷикон «Терроризм миллату ватан надорад». Дар ҳақиқат ҷараёноти мазҳабӣ, ифротгароӣ ва истибдоди динӣ мехоҳад фикру фаҳми мардумро ба чоҳи амиқ биандозад ва онҳоро ба занҷири бардагӣ, нодонӣ ва хурофот бикашад ва дар ниҳоят бо номи дин ба ғорати молу амволу ҳастии миллатҳо дароздастӣ кунад. Ҳол он ки имрӯз, асри ақлонияту мудернизм аст ва наметавон бо ривоёту аҳодиси ҷаълӣ ва ғайриҷаълӣ ба фанноварӣ ва тараққиёту пешрафтҳои мухталифи замон ҳамоҳанг буд. Имрӯз қарни XXI аст, бо шароиту авзоъу аҳволи дигар ва ниёзҳову заруратҳои навин, ки наметавон бо тафаккуроти мазҳабӣ ба ҳар шаклу ба ҳар номе ҳукумати динию истибдоди зиддимардумӣ бино гузошт. Ҳарчанд ки ҳанӯз ҷараёнҳо ва ниҳодҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ҳамчун асрҳои миёна ба номи калисову Исо ҳукумат кунанд ва донишмандону андешамандону ақлгароёнро дар оташ бисӯзонанд. Дар воқеъ бояд гуфт дин масъалаи шахсӣ ва қалбӣ аст ва ҳукумату сиёсат амре ақлию илмӣ ва ҳар кадом бояд ҷойгоҳу пойгоҳи хоси худро дошта бошанд ва дин набояд дар умури сиёсат ворид шавад, чаро ки сиёсат шомили бархӯрдҳоест, ки бояд дар дунёи имрӯз бо иқтисоди навин, технологияи навин, фарҳанги навин ва ниёзҳои моддӣ ва маънавии имрӯзии башар созгор бошад. Ҳол он ки дин дар чорчӯби аҳодису ривоёт ва ғайра аст, ки наметавонад посухгӯи ниёзҳои имрӯзаи ҷаҳонии башарӣ бошад, чаро ки оё ин ҳама пешрафтҳои мухталифи башарӣ аз давраи ҷангалнишинию ғорнишинӣ ва асри бардадорию феодалӣ то зиндагии навин ва мудерни шаҳрнишинии имрӯз, ки миллионҳо технология вориди он шудааст ва метавон бо дастгоҳҳои технологии мавҷуд аз қабили телефони ҳамроҳ, интернет, компютер дар чанд сония бо дигар кишварҳо иртибот барқарор кард ва ҳавопаймоҳову сафинаҳои бесарнишин ба тасхири сайёраҳо мепардозанд ва ҳазорон ҳазор технология, ки дар хидмати иқтисоду кишоварзию беҳдошту фарҳанг ва дар ниҳоят башарият ҳастанд, оё инҳо аз калисову канисаву хонақоҳу ибодатгоҳҳои мухталиф ба вуҷуд омадаанд ё дар озмоишгоҳҳо ва корхонаҳои бисёр пешрафтаи имрӯзӣ, ки ҳамаи онҳо зодаи ақлу ақлонияту хиради башари имрӯзӣ аст. Чунонки Фирдавсӣ мегӯяд:
Хирад раҳкушову хирад раҳнамой,
Хирад роҳ ҷӯяд ба ҳар ду сарой.
Ё ба қавли Саъдӣ:
Расад одамӣ ба ҷое, ки ба ҷуз Худо набинад,
Бинигар, ки то чӣ ҳад аст макони одамият.
Пас, ба қавли Суҳроби Сипеҳрӣ: «Чашмҳоро бояд шуст, тарзи дигар бояд дид».
Ба қавли Мавлоно:
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.
Ё ба қавли Ҳофиз:
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.
Пас, метавон натиҷа гирифт, ки рӯй овардан ба гузаштаҳои бостонӣ ва ниёгонии худ ва ҳифзи фарҳангу тамаддуни онҳо барои посдошт ва ҳифзи ҳувияти таърихӣ ва ориёии худ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад ва суннатҳои аҳуроию ориёиро бо мудернизми имрӯз созгор намоем. Дар мавриди бегонапарастӣ ва пайравӣ аз дину мазҳаби бегонагон бояд ба тааммулу андеша биншинем. Ба гувоҳии талху ширини таърих истибдоди динӣ ва мазҳабӣ ҳамвора заҳҳокгуна амал кардааст, мағзҳоро мекушад ва ба морҳои қудрату ҳукумати худ медиҳад, то андешаҳои иртиҷоӣ ва сиёҳу ғайризамонавии худро зинда нигоҳ дорад, то битавонад ба унвони як табақаи мустабидди динӣ ҳукумати худкома ва диктатор дошта бошад ва роҳи огоҳӣ, бедории фикрӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро бандад, ки ин бо озодандешию озодии баён ҳаргиз созгор набудааст. Истибдоди динӣ мегӯяд бо чашми ман бубин, бо гӯши ман бишнав, бо забони ман сухан бигу ва ту озодии комил дорӣ, ки ғуломи ман бошӣ. Дар ғайри ин сурат кофиру мулҳиду бедин ҳастӣ ва бояд зиндону шиканҷаву маргро бипазирӣ ва агар бандаи ин истибдод бошӣ, ба биҳишт меравӣ. Дарвоқеъ, бояд гуфт истибдод ва диктатории динӣ худ ширк асту куфр асту фиръавнияту бутпарастӣ. Чаро ки роҳбарони мустабиддини динӣ мехоҳанд худро дар замин ҷонишини Худо биноманд ва иродаву қудрати нафсонии худро ба номи Худо ба мардум таҳмил кунанд ва бо рӯй овардан ба ин гуна тафаккурот ба ҷоҳу мақому мансаби дунявӣ бирасанд, ҳарчанд ба зоҳир ва барои авомфиребӣ шиори ғайр аз ин медиҳанд ва ба қавли Ҳофиз:
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Аз ин гуфтаҳо метавон натиҷа гирифт, ки дар дунёи имрӯз бо чашми ақл ба дунё бингарем ва шароити дунёву рӯзгорро дарёбем, ки навъи зиндагӣ кардани имрӯз бо гузашта бисёр мутафовит буда ва ҳаст. Ба қавли Рӯдакӣ:
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.
Ба қавли Низомӣ:
Ба ҳар муддате гардиши рӯзгор,
Ба тарзи дигар хоҳад омӯзгор.
Ин нуктаҳоро гуфтем, то бо назардошти таваҷҷуҳу аҳаммияте, ки Пешвои муҳтарам ва хирадманди Тоҷикистон ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангу тамаддуни ориёиён медиҳанд, дар Тоҷикистон 29 октябр «Рӯзи ҷаҳонии Куруш» эълом шавад. Бояд гуфт, ки Пешвои бузургу сутурги Тоҷикистон, ин фарзанди ростини Исмоили Сомонӣ ва Куруши замон, барафрӯзандаи хуршеди фурӯзони Оли Сомон аст, ки дар ҷанги хонумонсӯз ва ваҳшатноки шаҳрвандӣ бо мардонагию шуҷоат ва ҳушёрию доноӣ, ҷон бар каф ба майдон омад ва ҳамчун Куруши Кабир парчами сулҳу ваҳдату иттифоқро ба душ гирифт ва ҳамаи тоҷиконро ҳамчун Куруш, ки ақвоми порсу модро муттаҳид намуд, ӯ низ ҳамаи тоҷикони азизро зери парчами иттиҳоду сулҳ кашид ва дар ҷаҳаннамитарину ғамбортарин шароити таърихӣ, ки оташ аз замину осмон меборид, тоҷиконро аз гирдоби нестӣ ва ҳалокат наҷот дод ва дасти иртиҷои сиёҳ ва афродеро, ки дар иштибоҳи маҳз буданд, аз сари тоҷикон кӯтоҳ кард. Дарвоқеъ, бо ҷуръат метавон гуфт, ки ин Пешво ва Куруши замон дар ҷанги шаҳрвандӣ гӯристонеро таҳвил гирифт ва имрӯз гулистонеро ба тоҷикони азиз ҳадя кард, ки аксҳо ва филмҳои он даврону ин даврон гувоҳи ин гуфтаҳо аст. Ин Пешвои бузург ва некандеш дар зеҳну замири рӯшану тобони худ ба ин натиҷа расида буд, ки душманони тоҷик ва бегонапарастони ғайриориёӣ мехоҳанд бо тафаккурот ва ақидаҳои куҳнаву пӯсидаи худ таърихи пурифтихори тоҷиконро аз байн бибаранд. Ин Пешвои гиромӣ дар он мавқеъ ба дарки дурусти таърихӣ ва илмӣ расида буд, ки агар аз як миллат таърихашро бигирем, миллати бетаърих миллати бефарҳанг аст, миллати бефарҳанг миллати безабон аст ва миллати безабон миллати беистиқлол аст ва миллати беистиқлол маҳкум ба нобудӣ аст ва аз саҳфаи таъриху рӯзгор маҳв мешавад. Бинобар ин, ин Пешвои бузурги тоҷик ва идомадиҳандаи роҳи Коваву Курушу Сомон, барги заррини истиқлолу озодӣ ва сарбаландии тоҷиконро ба таърихи ҷаҳон ва ориёиён изофа намуд ва аз ин рӯ қобили таҳсину тамҷиду тақдир аст ва номи зарринаш ҷовидона дар сафҳаи таърих боқӣ хоҳад монд.
Гуфтан ва навиштани ин хадамоти шоиста ва арзандаи Пешво ниёз ба семинарҳо, конфронсҳо ва таълифи даҳҳо ҷилд китоб дорад. Чаро ки ин Пешвои бузург кори бисёр муҳими таърихӣ ва истиқлолталабона барои тоҷику Тоҷикистон анҷом дод, ки ин шоҳкори ӯ дарвоқеъ дар он замону ин замон кори ҳар касе набуд ва нахоҳад буд. Ба қавли Мавлавӣ:
Бояд, ки ҷумла ҷон шавӣ, то лоиқи ҷонон шавӣ,
Гар ту сӯи мастон равӣ, мастона рав, мастона рав.
Ё Ҳофиз мегӯяд:
Боз арчӣ гоҳ-гоҳе бар сар ниҳад кулоҳе,
Мурғони Қоф донанд ойини подшоҳӣ.
Ё:
На ҳар ки чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,
На ҳар ки оина созад, сикандарӣ донад.
Ҳазор нуктаи бориктар зи мӯ инҷост,
На ҳар ки сар битарошад, қаландарӣ донад.
Ва ё Фаррухии Яздӣ, шоири давраи машрутияти Эрон мегӯяд:
Алам шуд дар ҷаҳон Фарҳод дар ҷонбозии Ширин,
На ҳар кас куҳкан шуд дар ҷаҳон, Фарҳод мегардад.
Ва аз замони Раёсату Президентӣ то Пешвоии имрӯз Тоҷикистон аз назари иқтисодӣ, фарҳангӣ, беҳдоштӣ, саноату технология, роҳсозӣ, таъмини обу барқ, сохтани корхонаҳо, ҷодаҳо ва ғайра ва садҳо пружаҳои умронию рифоҳӣ иқдомоти бисёр муфиду муассир ва чашмгире анҷом додааст, ки воқеан қобили тақдиру таҳсин аст ва аз назари таваҷҷуҳ ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон таълифоте ҳамчун «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Забони миллат-ҳастии миллат»-ро офаридааст, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёиён, хирадмандон ва андешамандони тоҷику ғайритоҷик қарор гирифтааст. Нисбат ба эҳёи суннатҳо ва ҷашнҳои бостонию таърихӣ ҳамвора пешгом, парчамдор, роҳкушову роҳнамо будааст. Чунонки иди Наврӯз бо ҳиммату хирад ва андешаву ишқу алоқаи ӯ буд, ки бо ёрии дигар кишварҳо Иди Наврӯз мавриди пазириши ЮНЕСКО қарор гирифт ва ҷаҳонӣ шуд. Ҳамчунин суханрониҳо ва таваҷҷуҳе, ки ба ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва ғайра доштааст, ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи ориёиёни сарорсари ҷаҳон қарор гирифтааст. Ҳол бо таваҷҷуҳ ба шахсияти сиёсӣ, фарҳангӣ, миллӣ, меҳании ин Пешвои гиромӣ ва азизи ориёӣ ва таҷрибаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсии бисёр болое, ки доранд, метавон гуфт, ки шахсияти ин Пешво дар мавриди иттиҳод ва ваҳдати тоҷикону ташкили давлати Тоҷикистон ҳамчун иттиҳод ва ваҳдате аст, ки Куруши Кабир миёни ақвоми ориёӣ барқарор кард ва императории бузурги Ҳахоманишиёнро ба вуҷуд овард. Имрӯза ба назар мерасад, ки чашми тамоми ориёиён ва форсизабонони ҷаҳон ба ин Пешвои хирадманд дӯхта шудааст, ки фарҳангу тамаддуни Ҳахоманишиён ва асолатҳои бостонии Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва Сомониёни тоҷикро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ориёинажод эҳё намояд. Аз он ҷо, ки мутаассифона, дар минтақа ва баъзе аз кишварҳо ниҳодҳои мазҳабӣ, ки ба Куруш алоқа надоранд ва ҳукуматҳои бостонию подшоҳони онҳоро кофару бедину гумроҳ медонанд, дар натиҷа аз гиромидошти номи онҳо пешгирӣ мекунанд ва арзишҳои ориёӣ ва аҳуроиро беарзиш медонанд. Аммо аз он ҷо, ки миллати ориёӣ ва аҳуроии Тоҷикистон аз гузашта то имрӯз маҳди арзишҳои бостонии ориёиёни ҷаҳон будааст, пешниҳод мешавад, ки як рӯз бо номи «Рӯзи Куруш» таъйин гардад.
Дар аҳамияти номгузории «Рӯзи Куруш» метавон гуфт, ки Куруши Кабир кофиру бедин ва зидди дин набудааст. Ӯ сиёсатмадори хирадманд ва аҳли дину дониш буд. Ва аз тарафе, омили ваҳдат ва ҳалқаи пайванди ҳамаи фарҳангҳову миллатҳост ва навъе гуфтугӯи тамаддунҳои шарқӣ ва ғарбиро матраҳ мекунад. Куруш кофар нест, мусалмон нест, масеҳӣ нест, яҳудӣ нест, балки мавриди қабули ҳамаи адён аст. Куруш мутааллиқ ба ҳамаи ҷаҳониён ва дар моликияти ҳамаи дунёст, на мутааллиқ ба шахс ё гурӯҳ ё як кишвар. Қавлу амали Куруш мавриди қабули ҳар инсони донишманд ва озодаву озодандешу доност. Куруш ифтихори бузурги ориёиён ва ҷаҳониён аст, ки лавҳи кучаки сафолии ӯ ба унвони аввалин Маншури ҳуқуқи башар шинохта шудааст. Оре, Куруш садҳо сол аз замони худаш пештар буд ва андешаҳояш нав, мудерн ва имрӯзӣ аст. Ӯ ҳудуди 2500 соли пеш чунин андешаҳое доштааст:
1. Ба боварҳои мардум эҳтиром бигзоред ва дар муштаракот ҳамнавоӣ кунед (демократияи фикрӣ).
2. Аз андешаҳои андешамандон ҳаросе ба дил роҳ надиҳед (озодии андеша).
3. Аз ҷангу хунрезӣ бипарҳезед (сулҳдӯстӣ).
4. Аз озору азият ва ғорати мардум бипарҳезед (адолатхоҳӣ).
5. Ҳеҷ қавме ва нажодеро бартар аз дигарон надонед (риояти баробарии ҳамаи қавму нажодҳо ва рафъи табъизи қавмию нажодӣ).
6. Асирон ва зиндониёни бегуноҳро озод кунед (раҳму мурувват ва инсондӯстӣ).
7. Оворагонро ба сарзаминҳои худ баргардонед (таваҷҷуҳ ба гурезагону оворагони дур аз ватан).
8. Бадбахтиҳо ва гирифториҳои мардумро поён бахшед (хидмат ба бенавоёну бечорагон).
9. Шаҳрҳоро обод ва вайронаҳоро бозсозӣ кунед (таваҷҷуҳ ба умрону ободии ватан).
10. Сулҳ ва дӯстиро дар байни худ ва ҷаҳониён густариш диҳед (гуфтугӯи тамаддунҳои Шарқу Ғарб).
11. Оромиш ва амниятро ба мардум ҳадя кунед (таваҷҷуҳ ба зиндагии моддӣ ва маънавии мардум).
12. Нишоту шодмониро аз мардум нагиред (таваҷҷуҳ ба шодӣ ва нишоти руҳию равонии мардум).
Дар ҳақиқат паёми Куруш паёми паёмбарон аст ва дӯстдори дини ҳақиқӣ ва худопарастӣ ва озодии инсонҳо ва барқарории адолат аст. Аммо на дине, ки бо шамшеру ҳамлаву тиру камону таҳоҷуму кушту куштор ба мардум таҳмил шавад ва на дине, ки хулафои Бани Умайя ва Бани Аббосаш эрониёну ориёиёнро «аҷам» ё гунгу лол биноманд ва бихоҳанд бартарии қавмӣ ва нажодии худро бо зӯри дину шамшер ба мардум таҳмил кунанд ва на дине, ки муфтиёну муллоёнаш бихоҳанд бо диктаторӣ ва истибдод бар мардуми мусалмон ва ғайримусалмон тасаллут дошта бошанд ва на дине, ки Маҳмуди Ғазнавии қарматикуш ва мустабид лақаби «Низомиддин» бигирад ва ё на ба дине, ки ба Муҳаммад ибни Арғун ибни Обоқо ибни Ҳулоку лақаби «Ғозонхон», яъне ҷангҷӯйи дин ва ҳимоятгари дин доданд. Ва на ба дине, ки хонадони асил ва ориёии Баромакаро дар давраи Бани Аббос ба қатл расонданд. На дине, ки Ал-Муқаннаъ, Бобаки Хуррамдин, Афшин ва ҳазорон ҳазор озодихоҳи дигар ё донишмандони динӣ аз ҷумла, Айналқуззоти Ҳамадонӣ ва Шайх Шаҳобидини Суҳравардиро ба қатл расонд, на ба дине, ки ҳатто иҷозаи дафни Фирдавсиро надод, на ба дине, ки Ибни Синои тоҷикро кофар хонд, Ҳофизу Мавлавиро кофар хонданд ва ба Ҷомӣ низ туҳмати куфр заданд, чунончи ӯ мегӯяд:
Эй муғбача аз меҳр бидеҳ ҷоми маям,
К-омад зи низоъи суннию шиъа қаям.
Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ,
Сад шукр, ки сагсуннию харшиъа наям.
Ва на дине, ки имрӯз бо номи толибу доъиш ба қатлу куштори мардум даст мезанад, на дине, ки иддае бо найрангу фиреб домгустари он бошанд ва мардумро ба ҷаҳолату ҳамоқат бикашонанд ва худро комилу оқилу муъмин биноманд ва дигаронро ҷоҳилу ғофилу кофар бихонанд. Дар ин росто бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ кард, ки дар тӯли таърих чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб диндорони ҳоким худро шоҳ меномиданд (кашиш, руҳонӣ) ва барои инки мардум дар муқобили зулму ситам ва афкори хурофотию пӯсидаи онҳо ва қонунҳои истибдодии онҳо эътирозу мубориза накунунд, мегуфтанд «қудрат ва ҳукумати моро Худо тасдиқ кардааст ва ҳукумату қудрати мо ҳукумати илоҳӣ аст». Чунонки дар асрҳои миёна кашиш ё кашишон ҳам қудрати руҳонӣ доштанд, ҳам қудрати шоҳӣ. Яъне поп ҳам шоҳ буду ҳам бузургтарин шахсияти динӣ. Ва дар Шарқ низ ҳамин гуна будааст ва подшоҳони золиму диктатор подшоҳии худро ба хосту иродаи Худованд нисбат медоданд ва мегуфтанд «ас-султону зил-иллоҳ», яъне «шоҳ сояи Худованд дар рӯи замин аст». Дар Эрони бостон низ баъзе аз подшоҳон, аз ҷумла Дориюш ҳукумати худро ба Аҳуромаздо нисбат медод. Дар ҳақиқат иттиҳоди номуқаддаси дину давлат ва идеяи ҳукумати динӣ аз гузаштаҳои дур то ба имрӯз ба чашм мехӯрад, ки бояд ин гуна ҳукуматҳо ва авомфиребии онҳо ба номи дину мазҳабро аз мутолиаи таърих биёмӯзем. Бидонем, ки гузашта чароғи роҳи ҳол ва оянда аст. Ончи боиси гирифторию бардагӣ ва тангназарии афроди мутаассибу камсаводу бесаводи динӣ ва мазҳабӣ аст, иҷозаи фикр кардан ва андешидан ба онҳоро намедиҳад ва ё ҳатто қодир ба фикру андеша нестанд ва дучори ақибмондагии зеҳнӣ аз кӯдакӣ то ба имрӯз мебошанд ва ин амр натиҷаи тарбияи хонаводагии шаклгирифтаи падару модаронашон аст, ки кӯр-кӯрона ва тақлидгароёна аз ниёкони худ андешаҳои ақибмондаро ба ирс бурдаанд ва имрӯз низ барои фарзандони худ ба ирс гузоштаанд ва дар чоҳи тақлиди кӯр-кӯрона ва бидуни таҳқиқу ақлоният ва ҳатто ваҳшат аз андешаҳои ғайрихудӣ гирифтор шудаанд. Ба қавли Мавлоно:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад нафрин бар ин тақлид бод.
Дар ҳақиқат истибдоди динӣ ва тасаллут бар мардум зоидаи ҳамин тафаккур аст, ки боис шуда намрудҳо, фиръавнҳо, чингизҳо қудрат ва шоҳиро ба даст оваранд ва ин қудрату шоҳиро ба Худованд нисбат диҳанд. Чунонки рӯи нигини ангуштари Чингизхон навишта шуда буд «Худои ягона дар осмон ва дар рӯйи замин Чингиз». Дар Чини бостон низ император фарзанди осмон ҳисобида мешуд ва тоифаҳои муғул ӯро фиристодаи Худо медонистанд. Дар Бобили бостон низ «Ону» подшоҳи Бобил қудрати худро ба Худованд нисбат медод. Бояд гуфт, ки ин гуна андешаҳои истибдодии динӣ ва фиребкорона сохтаву бофтаи зеҳни худкома ва мустабидди онҳо буд, вагарна ҳеҷ гоҳ Худо ва паёмбарон ё Аҳуромаздо ҳеҷ Фиръавну Халифаву шоҳеро интихоб накардааст.
Оре, Куруш подшоҳи демократ, инсондӯст, одил ва диндори воқеӣ буд ва Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башари ӯ гувоҳи гуфтаҳои мо аст ва аз ин рӯ аст, ки имрӯз садҳо китобу мақола дар хусусиёт ва сифоти ӯ навишта шудааст. Курӯш муътақид ба озодии дину мазҳабу андеша буд ва Сомониёни тоҷик пайрави андешаҳои ӯ буданд ва аз ин рӯст, ки дар давраи Оли Сомони тоҷик мазҳабҳои мухталифи зардуштӣ, маздакӣ, монавӣ, яҳудӣ, масеҳӣ, буддоӣ, бараҳмоӣ ва ғайра ҳар як озодии комили динию ақидатӣ доштанд ва дар корҳои давлатӣ ва сиёсат ҳам дахолате намекарданд. Ва на дине, ки аз дасти он бузургмарди дину дониш Абуҳанифаи олиму одил ба василаи Мансури Аббосӣ, халифаи араб, зулмҳо, ситамҳо ва шиканҷаҳо дид ва саранҷом дар зиндон вафот ёфт. На дине, ки дар асрҳои миёна ва даврони ҳукумати калисо фишорҳои зиёде ба донишмандону рӯшанфикрон меоварданду онҳоро таҳдид ба марг дар оташ мекарданд. Имрӯза низ пайравони андешаҳои динии мутаассиб, ки бо демократия ва озодандешӣ мухолиф аст, ҳамин ҷараёнро дунбол мекунанд. Агар Волтер, файласуф ва донишманди фаронсавии асри XVIII мегуфт «бо ақидаи ту мухолифам, вале ҷонамро медиҳам, то ту ҳарфатро бизанӣ», аммо имрӯза истибдоди мазҳабию ниҳодҳои террористӣ бо номи мазҳаб ҷонатро мегиранд, то ту ҳарфатро назанӣ.
Оре, дини Куруш ва Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башари ӯ реша дар адолатхоҳӣ ва демократия дорад. Чунончи дар Ғарб низ бисёре аз сиёсатмадорон, андешамандон, донишмандону файласуфон аз Эъломияи ҳуқуқи башар ва сиёсатҳои ӯ таъсир пазируфтаанд. Чунонки дар асри рӯшангарӣ Тумос Ҷеферсон, сеюмин раиси ҷумҳурии Амрико, ки аз бунёнгузорони амрикои навин аст, пешнависи Конститутсияи Амрикоро бо таъсирпазирӣ аз Маншури ҷаҳонии Куруш навиштааст ва ҳатто ӯ наздик ба 200 сол пеш ба наберааш Франсис Пес навиштааст, ки ба ту тавсия мекунам ба таври мустақим ба дарсомӯзӣ аз таъриху адабиёт дар ҳар ду забони юнонӣ ва лотинӣ бипардозӣ ва дар юнонӣ аввал бо «Курушнома» шурӯъ кун. Бояд гуфт «Курушнома» асари муаррихи юнонӣ Гезенуфон, шогирди Суқрот, аст (асри 5 пеш аз мелод), ки дар ин китоб ӯ ба шарҳи зиндагӣ ва тарбияти Куруш пардохтааст. Бахше аз ин номаи Ҷеферсон дар намоишгоҳи «Устувона, Куруш ва Эрони бостон» акнун дар музейи «Артур Секлер»-и Вашингтон мавҷуд аст. Аз тарафе, ҳамин китоби «Курушнома» баъдҳо илҳомбахши донишмандоне, аз ҷумла Никуло Мокиёвели, Жон Жок Руссу ва Бенҷомин Фронклин, аз бунёнгузорони Амрикои навин дар асри XVIII, қарор гирифт.
Номгузории рӯзи Куруши Кабир дар Тоҷикистон бисёр қобили арзишу аҳамият барои тоҷикону форсизабонон ва ориёиёни ҷаҳон аст, ки бо гузоштани муҷассамаи Куруши Кабир дар пойтахт ё ҳар шаҳри дигари Тоҷикистон ва мақбараи рамзии Куруш (Посоргод) ва лавҳи рамзии Ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ё сохтани Тахти Ҷамшеди рамзӣ дар ин кишвар, метавонад миллионҳо нафар аз ошиқони Куруш ва Эрони бостону ориёиёнро ба Тоҷикистон биёварад. Зимни ин ки медонем дар Тоҷикистон, дар сарзамини Суғд шаҳре ба номи Курушкада вуҷуд дорад, ин амр низ бо ин номгузорӣ метавонад ҳамоҳангӣ дошта бошад. Ин тарҳ ва пешниҳод боис мешавад, ки санъати туризму гардишгарӣ дар Тоҷикистон равнақи бештар пайдо кунад ва садҳо ё миллионҳо доллар фоида аз санъати туризм ба буҷети давлат ворид шавад. Аз сӯи дигар, боис мешавад, ки ширкаткунандагону боздидкунандагон бо шароити иқлимӣ, таърихӣ ва бостонии ин кишвари ориёӣ бештар шинос шаванд ва осору санъатҳои дастии Тоҷикистон дар иртибот бо Эрони бостон (аз даврони асотирии Пешдодиёну Каёниён гирифта, то ҳукуматҳои бостонии Ҳахоманишиёну Ашкониёну Кушониёну Сосониён) ва Сомонӣ истеҳсол шаванд, аз қабили қолин, сафол, либосҳои адрасу атлас, санъатҳои дастӣ ва ё ба таври имрӯзӣ акс ва чизҳои дигар. Аз тарафи дигар бо ташкили конфронсҳо, семинарҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ, намоиши филм, баргузории театрҳо ва консертҳои суннатӣ метавон ба шукуҳу азамати ин рӯз равнақи тоза дод ва меҳмононеро низ аз саросари ҷаҳон дар ин ҷашнҳо даъват кард.
Аммо нуктаи дигаре, ки метавонад гӯёи аҳамият ва арзиши миллӣ, таърихӣ ва худшиносии ниёгон бошад ва руҳи ватандорӣ, ватандӯстӣ ва тоҷикдӯстиро тақвият кунад, ин аст, ки ҷавонони ғаюру ғайратманд ва бо нангу номуси тоҷик бештар бо таъриху нажоду меҳану гузаштаи худ ошноӣ пайдо кунанд ва ин ганҷинаи пурбаҳоро дар зеҳну замири худ пос бидоранд ва бо таваҷҷуҳ ба шароити минтақа, ки иртиҷои сиёҳи мазҳабӣ ва домгустарону мустабиддони зиддиориёии мутаассиби ақидатӣ мехоҳанд ҷомеа ва тамаддунро ба садҳо соли пеш ва ҳатто асри санг бирасонанд, ба доми ифротгароӣ ва терроризм наафтанд ва бидонанд, ки сиёсатҳои ҷаҳонии ғарбӣ мехоҳад фарҳангу тамаддуни ориёинажодонро нобуд кунад, ҷавононро аз ҳикмату донишу фалсафаву ватандорию меҳаншиносӣ дур кунад, то битавонад ба манфиатҳои иқтисодии худ бирасад. Аз ин рӯ, бояд гуфт номгузории «Рӯзи Куруш», ки реша дар фарҳангу тамаддуни ниёгони мо дорад, бисёр қобили аҳамият аст ва дар ҳақиқат «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ талошу кӯшише буд, ки ин бузургмарди ҳамешаи таърих бо 30 сол ранҷу заҳмат онро офарид, ки дар бораи тасаллут ва ҳукумати бегонагон мегӯяд:
Аз ин зоғсорони бе обру ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг.
Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада,
Ҳам оташ бимирад ба оташкада.
Барои ин ки битавон Тахти Ҷамшеди намодин ё рамзро дар Тоҷикистон бино кард, метавон бунёде бо номи «Бунёди Куруши Кабир» таъсис дод, то тамоми ориёиёни ҷаҳон ё бахше аз онҳо бо ин Бунёд аз назари фарҳангӣ ё молӣ барои бозсозии намодини Тахти Ҷамшед мадад намоянд ва дар натиҷа дар иҷрои ин тарҳи ориёӣ саҳмгузор бошанд ва пайванди ҳарчи бештари худро бо ҳамнажодони ориёии тоҷики худ бештару бештар намоянд.
Шоиста аст, ки дар ин рӯз нишон ё мидоле бо акси Президент ва Куруш аз тарафи намояндагон, сиёсатмадорон, шоирон, нависандагон ба Пешвои муҳтарам эҳдо шавад. Умедворем, ки бо иҷрои ин тарҳ ва номгузории «Рӯзи ҷаҳонии Куруши Кабир» тоҷу тахти Ҷамшедӣ ва Фарраи Каёнӣ бо шукуҳи ҳарчи бештар дар Тоҷикистон намодина ва ниҳодина гардад ва ҷаҳониён бидонанд, ки сарзамини ориёӣ ва аҳуроии Тоҷикистон реша дар тамаддуни ҳафтҳазорсола ва ё бештар дорад ва намодҳои таърихии он дар Хатлонзамин, Суғд, Ҳисор ва Куҳистони Бадахшон, бавижа Дарвоз, вуҷуд доранд, ки намоёнгари рӯшани фарҳангу тамаддуни қадимии ин қавми асилу соҳибистиқлол ва сарбаланди тоҷик аст. Умедворем, ки дар ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ин тарҳи пешниҳодӣ мавриди қабул воқеъ шавад ва ин номгузории «Рӯзи Куруш» беҳтарин ва гаронбаҳотарин ҳадяи наврӯзие бошад, ки Пешво, давлат ва мардуми Тоҷикистон ба ориёиёну ғайриориёиёни ҷаҳон тақдим кунанд.
Тобанда бод тоҷу Тахти Ҷамшедӣ ва Фарраи Каёнӣ дар Тоҷикистон! Поянда бод Пешво, давлат ва миллати ҳамеша қаҳрамони ориёии Тоҷикистон! Дар парвоз бод Парчами Коваёнӣ ва Ориёии Тоҷикистон!
Муҳаммадризо Тоҷдинӣ
шоир, нависанда ва пажуҳишгари эронӣ,
узви Анҷумани тоҷикон
ва форсизабонони ҷаҳон-Пайванд