Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёитабор буда, таҷлили он дар фасли тирамоҳ ҳангоми ҷамъоварии меваю сабзавот, ғалладонаву дигар ҳосилоти маҳсули дасти деҳқонон барпо мегардад.

Ҷашни Меҳргонро дар тӯли таърих мардумони эронитабор ба мисли ҷашни Наврӯз гиромӣ медоштанд. Агар Наврӯз оғози баҳор ва мавсими киштукори баҳории деҳқонон бошад, Меҳргон дар фасли тирамоҳ мавсими ҷамъоварии ҳосилотро фаро мегирад. Ҳардуи ин ҷашнҳоро маъхазҳои қадимӣ ду қутби зиндагии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз оғози сол сар шуда, то фасли тирамоҳ анҷом мепазиранд.

Истилоҳи «меҳргон» дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маъниҳои «меҳру муҳаббат бастан, муҳаббат варзидан, тирамоҳ, хазон, моҳи аввали пойиз, меҳрмоҳ, номи моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, ки Офтоб дар бурҷи Мизон қарор дорад ва он ибтидои фасли тирамоҳ ва эрониёни қадим онро муборак шумурда, ид мекарданд ва ин рӯзро меҳргон меномидаанд, мувофиқи достони қадимӣ, рӯзи ҳабс карда шудани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд будааст ва номи яке аз идҳои қадимаи мардуми эронинажод омадааст».

Роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва баргузории ҷашни Меҳргон дар маъхазҳои таърихиву илмӣ ва фолклорӣ маълумоти мухталиф дода шудааст. Чи тавре ки аз сарчашмаҳо бармеояд, Меҳргон ҷашни аҷдодии мардумони форсизабон буда, он дар фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешудааст ва мувофиқи баъзе маълумотҳо он аз ҷашни Наврӯз бартарӣ доштааст. Аз ин ҷост, ки олим, мутафаккир ва ҳакими барҷастаи тоҷик Абӯрайҳон Берунӣ дар асари пурарзиши худ «Осор-ул-боқия» дар хусуси ин ҷашни куҳан ва таърихии мардуми Ориёӣ маълумоти дақиқу арзишманд додааст. Чунончи: «Меҳрмоҳ, рӯзи аввали он ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад».

Аз маълумоти Берунӣ бармеояд, ки ҷашни Меҳргон бо гардиши хуршед вобаста буда ва ин ҷашн тарғибкунандаи дӯстиву бародарӣ ва якдилӣ будааст. Ин маъхаз ба он шаҳодат медиҳад, ки махсусан дар рӯзи ҷашни Меҳргон бозор барпо гардида, маркази тиҷорати мардум мебошад ва дар байни эронитаборон ба вуҷуд омадааст.

Дар илми фолклоршиносии тоҷик роҷеъ ба ҷашни Меҳргон фолклоршиносон Аҳмадов Р., Р. Раҳмонӣ ва Раҳимов Д., андешаҳои ҷолибро дар мақолаву маҷмуаҳои алоҳидаи худ зикр намудаанд. Дар мақолаи Аҳмадов Р. «Шод бошед, Меҳргон омад» (2008) оид ба таҷлил ва баргузории ин ҷашни таърихӣ дар адабиёти китобӣ ва шифоҳӣ ва махсусан дар хусуси оростани хони меҳргонӣ иттилои хуб дода шудааст: «Дар даврони куҳан аз маъмултарин ва ҷолибтарин русуми меҳргонӣ оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хеле бошукуҳ бо оростану перостани хон бо ҷамъи меваҷот сурат мегирифтааст. Дар Меҳргони бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро қабул мекард. Онон барои шоҳ ва ғанӣ гардонидани давлату хазина туҳфаҳо меоварданд. Борёфтагон ҳадяҳоро ба шоҳ бо навбат месупориданд. Баъдан дар патнуси тиллоӣ болояшро бо матои гаронбаҳо пӯшида, ашёҳои рамзиро ба назди шоҳ мегузоштанд, ки онҳо пандомӯз буданд». Фолклоршинос Раҳимов Д. соли 2012 маҷмуаеро бо унвони «Ҷашни Меҳргон» нашр намуд, ки он аз сездаҳ мақола иборат буда, дар ҳар мақола роҷеъ ба истилоҳи «Меҳргон», замони баргузории ин ҷашн, суфраи меҳргонӣ, аз таърихи пайдоиши Меҳргон ва ғайра маълумоти муфиди таърихиву фолклорӣ дода шудааст. Чи тавре ки ӯ менависад: «Меҳргон ҷашни мардумист. Онро шоҳони сосонию амирони сомонӣ бо халқ ва барои халқ барпо менамуданд. Дар доираи таҷлили Меҳргон онҳо корҳои кишоварзию боғдорӣ ва касбу ҳунарҳоро таблиғ мекарданд, мардумро ба иттиҳоду дӯстӣ ва рафоқату бародарӣ мехонданд. Ҳамин гуна арзишу ғояҳои судбахши Меҳргон буд, ки вусъату тамдиди онро таъмин кард ва то ба рӯзҳои мо дар шаклу суратҳои гуногун омада расид».

Меҳргонро чун ҷашни аҷдодӣ дар Тоҷикистон ҳамасола бо шукуҳ ва шаҳомати зиёд ҷашн мегиранд. Мавриди зикр аст, ки дар замони Истиқлолияти кишвари мо бо ибтикори сарвари муаззами кишавар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид. Минбаъд ҳамасола ҳаштуми октябр ҷашни Меҳргон дар кишвари мо таҷлил мегардад.

Метавон ёдовар шуд, ки яке аз давраҳои хуби таърихӣ барои зиндаву ҷовид нигоҳ доштани ҷашнҳои миллии мо ин замони салтанати Сомониён буд ва дар ин давра ҷашни Меҳргон бо ҳама одоту анъанаҳои марбут ба он таҷлил карда мешуд. Ва дар ин замон падари шеъри форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаёти осудаву оромро паси сар карда, дар дарбори амирони сомонӣ машғули кору эҷод буд ва дар ҳар ҷамъомаду нишастҳои меҳргонӣ бо аҳли дарбор ҳамнишинӣ ва ширинсуханиву машшоқӣ мекард. Чи тавре ки аз ривояти Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар хусуси эҷоди қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» бармеояд, гуруҳи дарбориён бо ҳамроҳии Наср ибни Аҳмади Сомонӣ соле дар фасли тирамоҳ аз Бухоро ба шаҳри Ҳарӣ (Ҳирот) сафар мекунанд ва фазову муҳити онҷо ба шоҳ писанд меояд ва дар он ҷо чаҳор сол сукунат мекунанд ва дар охир ҳайати гуруҳро ёди ватану фарзандон фаро мегирад ва ягон шахсе аз ҳамроҳон ёрои бо шоҳ дар ин бора муроҷиат карданро надоштанд. Пас сарони лашкару меҳтарони мулк ба назди Рӯдакӣ мераванд ва ба ӯ панҷ ҳазор динор ваъда медиҳанд, то ки шоир санъатеро истифода барад ва шоҳ ба Бухоро баргардад. Ва Рӯдакӣ ин маслиҳатро пазируфта, шабҳангом қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-ро менависад ва дар субҳ назди шоҳ онро дар пардаи «ушшоқ» месарояд ва пас аз ин воқеа шоҳ ғамгин мешавад ва ин қасида чунон таъсир мерасонад, ки шоҳро ёди диёраш ба сар мезанад. Ҳамин тавр подшоҳ ба Бухоро бармегардад. Ин воқеияти таърихиро донишманди бузурги форсу тоҷик Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар асари худ «Чаҳор мақола» моҳирона нақл намудааст. Чунонки ӯ менависад: «Меҳргон дер даркашиду сармо қувват накард ва ангур дар ғояти ширинӣ расид. Ва дар шаҳри Ҳарӣ саду бист навъи ангур ёфта шавад, ҳар як аз дигаре латифтару лазизтар ва аз он ду навъ аст, ки дар ҳеч ноҳияи аҳолинишини рӯи замин ёфт нашавад: яке парниён ва дуввум каланҷарии тунукпӯсти майдахӯшаи бисёроб, гӯӣ, ки дар ӯ аҷзои арзӣ (хокӣ) нест. Аз каланҷарӣ хӯшае панҷ ман ва ҳар донае панҷ дирамсанг биёяд, сиёҳ чун қиру ширин чун шакар ва азаш бисёр битавон хӯрд ба сабаби моъияте, ки дар ӯст. Ва анвоъи меваҳои дигар ҳама дилкаш (хиёр). Чун амир Наср ибни Аҳмад Меҳргону самароти ӯ бидид, азимаш хуш омад. Наргис расидан гирифт. Кишмиш бияфканданд, дар молину мунаққӣ (мавизи тоза) баргирифтанд ва ованг бибастанду (бо ресмон овехтанду) ганҷинаҳо пур карданд». Ин маълумот аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷашни Меҳргон бо ҳама гуна самароти худ дар он замон побарҷо буда, таҷлили он низ бо суруру шодӣ баргузор мегардидааст.

Тасвири ҷашни Меҳргон дар ашъори шоирони зиёде амсоли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Анвариву Фаррухӣ, Салмони Соваҷиву Ибни Ямини Фарюмадӣ ва дигарон ба чашм мехӯрад. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тасвири ҷашнҳои бостонии мардуми ориёиро чун Наврӯз ва Меҳргон дар осори хеш васф кардааст. Ҳангоми мутолиа ва баррасии девони Рӯдакӣ мо ба абёте аз ашъори шоир дучор омадем, ки дар бораи ин ҷашни бузург бахшида шудааст. Дар девони шоир тасвири ҷашни Меҳргонро танҳо дар як маснавии шоир вохӯрдем, ки дар хусуси фаро расидани ин ҷашни бостонӣ иттилоъ медиҳад. Рӯдакӣ дар байти нахустин шоҳону амиронро ба муносибати фаро расидани ҷашни Меҳргон табрик намуда, оғози мавсими шодиву сурурро ба малик-шоҳ муборакбод гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Хаз ба ҷойи мулҳаму харгоҳ*

Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд** ба ҷойи савсан*** омад боз,

Май ба ҷойи арғавон**** омад.

Ту ҷувонмарду давлати ту ҷувон

Маҳ ба бахти ту навҷувон омад.

Дар байти дуюм шоир ишора ба он менамояд, ки «хаз», яъне пӯстине, ки аз пӯсти ҳайвони хурди хаз дӯхта шудааст, ҷойи мулҳам (матои абрешимини нафис)-ро иваз менамояд. Ва муроди шоир дар ин ҷо тағйир ёфтани фаслҳо ва гармиву сардии ҳаво мебошад, яъне албатта вақте ки тирамоҳ фаро расид, ҳаво низ оҳиста-оҳиста сард мешавад ва дар табиат дигаргунии куллӣ ба миён меояд. Ва шоир ба тағйирёбии табиат ва боғу бӯстон низ ишорат менамояд. Ҳамин тавр, ёдовар шудан бамаврид аст, ки калимоти номафҳуми абёти зайлро барои зудтар фаҳмидани мисраъҳои шеърии шоир барои хонандагон дар поварақ шарҳу тафсир намудаем.

Дар байти мақтаъ шоир барои амир ҷавонмардиву сарбаландӣ ва ба пойдору ҷовид мондани давлати ӯ таманниёташро баён намудааст. Инчунин, дар ин байт ишорате ба моҳи нав кардааст, ки тибқи иттилооти маъхазҳо, дар рӯзҳои баргузории ҷашни Меҳргон низ моҳ нав шуда, шакли нимдоираро гирифта, дар осмон нурафшонӣ мекардааст. Роҷеъ ба ин масъала донишманди эронӣ, доктор Илоҳа Маърузӣ дар мақолаи хеш «Ишора ба чанд ойини куҳани эронӣ дар гулшани хаёлангези Рӯдакӣ» маълумоти хуб додааст. Чунонки ӯ менависад: «Маҳ низ дар Меҳргон навҷавон аст, чун барои аввалин бор дар ин шаб аз хуршед нур гирифтааст».

Ҳамин тавр, бояд зикр намоем, ки ашъори Рӯдакӣ саршор аз таҷрибаву мушоҳидаҳои воқеии ҳаётӣ буда, шоири нуктасанҷу мушоҳидакор роҷеъ ба ҳар гуна масоили ҳаётӣ бо чашми хирад назар афканда, борҳо санҷидаву пасон ба шакли шеърӣ иншо намудааст. Дар ашъори Рӯдакӣ на танҳо дар бораи ҷашнҳои бостонии миллии мо Меҳргон ва Наврӯз ишорот шудааст, балки дар хусуси ҳар гуна одату русум, маросим ва анъанаҳои халқи тоҷик сухан рафтааст.

Фаридун ИСМОИЛОВ,

корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ


*Харгоҳ — хаймаи калони мудаввар.

**Мӯрд — як навъ дарахтест, ки монанд ба анор аст ва баргҳои ҳамешасабз, ғафс ва хушбӯй дорад ва дар дорусозӣ истифода мешавад.

***Савсан — гулест пиёзбех, ки баргҳояш борику баланд буда, гулҳои рангоранги зебо дорад.

****Арғавон — дарахтест, ки баргҳои гирд ва гулҳои сурхранг дорад, қабл аз барг баровардан гул мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here