ЗАМИНИ ҒАРҚШУДА ДАР ОБ? ОЁ ИН ҲАҚИҚАТ ДОРАД? ИЛМ ЧӢ МЕГӮЯД?

Фарзияҳое дар бораи замини ғарқшуда дар уқёнуси Яхбастаи шимолӣ вуҷуд доранд. Бори аввал ин фарзия аз ҷониби табиатшиносон иброз шуд. Соли 1935 олими шӯравӣ А.И.Толмачёв рустаниҳои нимҷазираи Таймир ва маҷмаъаҷазираҳои қутбии Канадаро муқоиса кард. Ин заминҳо аз ҳам ҳазорон мил дуранд ва онҳоро як фазои яхии қутбӣ ҷудо мекунад, аммо хеле умумиятҳое дар олами рустанӣ доранд. Магар рустаниҳо метавонанд аз тариқи яхҳои Арктика “сайру саёҳат” раванд? Пас тахмине ба миён омад, ки замоне дар ҳамин маконе, ки ҳоло майдони касногузари яхӣ ҷой гирифтааст, кадом як гарданае будааст. Ва дар асарҳои олимон ҳатто он бо номи мушаххаси “Арктида” ёд шуд.

Парандашиносоне, ки рафтори парандаҳои шимолро меомӯхтанд ба як зуҳуроти ҷолибе таваҷҷуҳ карданд. Бо наздик омадани шабҳои дарози қутбӣ баъзе парандаҳо барои зимистонгузаронӣ ба муҳоҷират мераванд. Дар назари аввал барои сабукии парвоз онҳо бояд аз ҷазирае ба ҷазираи дигар раванд. Аммо дар асл хати парвози онҳо номуназзам сурат мегирад: аз чӣ бошад, ки парандагон мустақим аз тариқи Арктикаи Марказӣ, ки ҳатто порае замин нест, то дар зарурат фуруд оянд, парвоз мекунанд. Онҳо аз тариқи ҳамон “гарданае”, ки Толмачёв дар борааш изҳори назар кардааст, рӯ ба муҳоҷират меоранд.
Олимони гидробиолог низ ин фарзияро ба таври худ санҷиданд. Онҳо дар таҳқиқоти худ дар обҳои уқёнуси Яхбастаи шимолӣ ду гуруҳи ҳайвонҳои бемуҳраро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Онҳо низ аз ҳамин гардана аз ҳам ҷудо шудаанд ва ононе, ки дар шарқ зиндагӣ мекунанд, аз ҳайвонҳои ҳаммонанди худ дар ғарби ин минтақаи уқёнус фарқ мекунанд.
Сол 1948 экспедитсияи уқёнусшиносон зери яхҳои Арктика силсилакуҳҳои бузургеро кашф кард, ки баъдан номи Ломаносовро гирифт. Ин силислакуҳҳо бо пуштаҳои зериобӣ аз минтақаи Авруосиё то соҳилҳои Амрико мерасид. Хати парвози парандагоне, ки болотар сухан рондем, маҳз аз ҳамин ҷо убур мекард, маҳз дар ҳамин минтақа ду гурҳи ҳайвонҳои бемуҳра аз ҳам ҷудо шуда буданд.
Олими машҳури Шӯравӣ Яков Гаккел ин ҳама арқоми ҷамъшударо омӯхта тахмин зад: силсилакуҳҳои Ломоносов боқимондаи Замини Бузург ва ё ҳалқаи ҷазираҳоест, ки наздики ҳам ҷой гирифтаанд ва чандин ҳазор сол пеш аз ин Осиёро бо Амрико васл мекарданд.

Аъмоли хушунатомези Васко да Гама

Васко да Гама (фаронсавӣ Vasco de Gama, талаффузи португалӣ Вашку да Гама) 29 сентябри соли 1460 таваллуд ва 24 декабри соли 1524 фавтидааст. Ҷаҳонгард, дарёнавард ва кошифи машҳури Португалия, ки аввалин бор аз Аврупо бо роҳҳои баҳриву уқёнусӣ ба Ҳинд расид. Васко да Гама аз муваффақтарин дарёнавардони олам маҳсуб мешавад ва дар ҳама сафарҳои баҳриаш муваффақ будааст. Дар бораи сафарҳои баҳрии да Гама ва комёбиҳои илмиву пажуҳишии вай китобҳои зиёде навишта шудаанд. Аммо Васко да Гама бо вуҷуди он ки барои миллати худ хизматҳо кардаву пои аврупоиёнро ба Ҳинд кашондааст, худ як шахси хусуматпеша ва то ҳадде золиме будааст. Аз ӯ на танҳо ба унвони кошифи машҳуру маъруф, балки як роҳзани баҳрӣ, ғоратгари киштиҳо, қотили садҳо бегуноҳ ва золиму ситамгар ёд мекунанд.
Вай барои тарсонидани сокинони маҳаллӣ ва ҳокимони он диёр сайёдони бесилоҳро асир гирифтаву мусла (гӯшу бинӣ буриданд) мекард ва сару дасти онҳоро бо паёми катбӣ барои ҳоким мефиристод, то бифаҳманд, ки муқовимат бефоида аст. Ӯ сарварии Португали дар уқёнуси Ҳиндро бо шевае ба даст овард, ки онро имрӯз бо истилоҳи терроризми давлатӣ ифода мекунанд.
Аз соли 1502 роҳии сафари истеъморӣ ба Ҳинд шуд. Дар роҳи сафар бо як киштии мусалмонон бархӯрд кард, ки қасди зиёрати хонаи Худо доштанд. 380 мард ва иддаи зиёде зану бачаҳо савори ин киштӣ буданд. Ҳама молу амволи онҳоро ғорат кард ва киштиро бо ҳама сарнишинонаш бо борут оташ зад. Ва дар бораи ғосибиву қаллобӣ ва бераҳмиҳову роҳзаниҳои вай навиштаҳо дар сафарномаҳову таърихихномаҳои қораи Ҳинд зиёд гуфта шудааст. Ҷунончӣ, дар аввалин сафари худ барои кашфи Ҳинд Васко ба маслиҳатҳои Диаш гӯш фаро дод. Вақте вай аз Африқо мегузашт, маллоҳони хаста чун дар экспедитсияи Диаш даст ба ошӯбу балво заданд ва талаб карданд, ки ба Португалия баргарданд. Васко нармиш нишон надод, балки балвогарон ва саркардагони онҳоро дасту баст, ба пояшон завлона зад ва бо ин васила ошӯбро хомӯш намуд.
Дар аввалин қадам ба қаламрави тиҷорати араб сафар ба рейди роҳзанӣ табдил ёфт. Васко султони Мозамбикро фиреб кард, ки муслмон аст ва ӯ барояш лотсманҳои ботаҷриба дод. Аммо Гама бераҳмона киштиҳоро ғорат мекард. Боре киштии ҳиндуҳоро боздошт намуд, ҳамаи сарнишинони онро якҷо бо занону кӯдакон ба ҳабс андохт ва киштиро оташ зад. Ва он касонеро, ки илоҷе ёфта аз коми оташ худро раҳо карда буданд, вақте ба соҳил расиданд, аз тӯп оташ кушод ва ҳамаро яксара нобуд сохт.
Боре чандин ҳиндуро ба асорат гирифт ва хост онҳоро чун нишон барои камонғӯлак истифода барад. Баногоҳ хабар ёфт, ки онҳо насрониёнанд ва роҳибро даъват кард, то дар шоҳидии вай ҳамдинҳояш қабл аз маргашон ибодат кунанд.
Гама ҳар он чизе мехост, ба даст овард: соҳиби унвон буд, замин дошт, сармоядор буд, соҳиби шаш писар буд. Барои як зиндагии осоишта дигар ба чизе ниёз надошт. Аммо ин ҳаёти амну оромро шоҳ Жуани сеюм вайрон кард. Хабар омад, ки маъмурияти Португалия дар Ҳинд саропо ба фасод ғӯтидааст ва шоҳ Васкоро фиристод, то низомро ҷорӣ кунад. Расид ва чун даст амал зад, бемор шуд ва 24 декабри соли 1524 бар асари вараҷа аз олам гузашт. Ҷасадашро ба Португалия оварданд ва дар графигарии вай гӯрониданд. Аммо дар асри XIX дахмаи ӯро ғорат карданд. Ба ифтихори 400-солагии аввалин экспедитсия вайро дубора дар Лиссабон гӯрониданд, вале маълум шуд, ки устухонҳои беруновардашуда аз дахма аз ӯ нестанд….

ҶАЗИРАҲОИ МАККОР

Дар соҳилҳои ғарбии нимҷазираи Ямал, воқеъ дар баҳри Карск як гуруҳи начандон бузурги ҷазираҳои регӣ вуҷуд доранд, ки онҳоро Гурбаҳои Шарапов меноманд. Олимон ба ин назаранд, ки ин қадимитарин номҳои Арктика мебошад. Поморҳо ҳатто имрӯз ҳам тунукобҳои дарози региро, ки қадоқади соҳил тӯл кашидаанд, “гурба” ном мебаранд . Аммо вожаи «шарап» аз забони русӣ гум шудааст. Луғатнависи машҳури рус Владимир Дал “шарап”-ро “дуздии шартӣ” шарҳ додааст. Пас метавон Гурбаҳои Шарапро “Ҷазоири роҳзан” номид. Ин номро онҳо ба хотири рафторҳои маккоронаи худ гирифтаанд. Ин ҷазираҳо ба ҳангоми мадди баҳр пур аз об мешаванд ва барои дарёнавардон хатари азим доранд. Таърихи ҷуғрофияи олам ҳодисаҳои зиёди ҳалокати киштиҳоро ёд дорад, ки аксари онҳо дар Ҷазираҳои Шарап рух додаанд.

ГАЛАҶАЗИРАЕ, КИ БОРҲО ТАҒЙИРИ НОМ КАРДААСТ

Кашфи галаҷазираи Замини Шимолӣ дар рӯзи 13-уми сентябри соли 1913 яке аз воқеаҳои муҳимтарин дар таърихи омӯзиши Шимоли Русия ба шумор меравад. Аммо, кам касон медонанд, ки номи нахустини он Тайвай буд. Чӣ маъно дорад он? Маънои луғавӣ надорад, балки баргирифта аз ҳиҷоҳои аввали ду киштӣ аз ду ҳайати экспедитсионӣ — “Таймир” ва “Вайгач” мебошад. Бори аввал ин галаҷазира бо ҳамин ном дар рӯзномаи шаҳри Владивосток “Канораи дур” пайдо шудааст. Аммо баъдан ҳайати экспедитсия дар нашрияҳои марказии Русия номи ин галаҷазираро Замини Николи дуввум хонда, ба ҳайрат уфтоданд. Ин номро рӯзноманигори амрикоӣ дар пайравии Замини Франс-Иосиф гузоштааст, ки пештар кашф карда буданд. Нашрияҳои русӣ аз ин ном истиқбол кардаанд ва бо фармони вазири баҳрӣ ин ном тасдиқ шудааст.
Баъди соли 1917 пешниҳодҳои зиёде дар бораи дигар кардани номи он ба миён омад. Соли 1926 гидрографи машҳур П. В. Мессер пешниҳод кард, ки он «Замини Шимолии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ» номида шавад ва инро пазируфтанд. Аммо чун номи хеле дароз буд, онро ихтисор карданд ва «Замини Шимолӣ» номиданд.
Дар аввали солҳои 30-юм, дар бунгоҳи кӯчаки илмии Гренландияи Марказӣ марди ҷавони инглис Августин Курто кор ва зиндагӣ мекард. Ҳолате пеш омад, ки муддати панҷ моҳ тани танҳо монд ва якуним моҳи охир дар оғӯши як теппаи барфӣ зинда буд, чун барф дари даромадро комилан баста буд! Амалан Курто зиндониеро мемонд, ки дару девори зиндони вай бо барф пӯшидаву баста аст. Дар ин миён захираи керосин ва ғизо ҳам ба поён мерасид ва Курто дар ҳоле, ки гумон мекард нафасҳои охирини ҳаёташро мебарорад, дар рӯзномааш навишт: «Савганд ба ҳама муқаддасот, ки агар зинда баргардам, дигар ҳеч гоҳ, дар ҳайати ягон экспедитсия ба Арктика сафар намекунам…”
Аммо дар ин миён муъҷиза рух дод: Курторо дӯстонаш наҷот доданд ва ӯ бе ангуштони пойи сармозадааш ба назди арӯсаш баргашт… Ва ҷолибатар аз ҳама: Курто мисли он ки савгандашро фаромӯш кард ва на ин ки дар экспедитсияиҳои қутбӣ ҳамроҳ нашуд, балки дар ҳайате бо ҳамин арӯсу маҳбубааш, ки ба исмаш савганд ҳам хӯрда буд, ба сафари қутби Шимол рафт ва солим ба Гренландия баргашт! «Микроби қутбӣ», ки ба мавҷудияти он ҳатто машҳуртарин муҳаққиқон бовар доранд, абадану номурданӣ дар хуни Огастайн Курто ҷой гирифта буд…

«БОЗИИ БЕОХИРИ РАНГҲОИ ТОБОН»

Дурухашу тобиш ва партави кутбӣ (шимолӣ) як падидаву зуҳуроти ҳайратангези табиати афсункор аст. Солҳост, ки олимон мехоҳанд ин ҳама шарҳу тафсир кунанд, вале дар тасвир оҷиз мондаанд. Танҳо дар асри ХХ маълум шудааст, ки ин падида ҳодисаи фавқултабиӣ нест, балки партави ҳаво дар қабатҳои болоии атмосфераи Замин буда, сабаби он ҷараёни заррачаҳои зарядноки кайҳонӣ дар майдони магнитӣ аст. Ва ин нурафканӣ аз чанд дақиқа шуруъ мешавад ва то чандин шабонарӯз идома мекунад.
Фритоф Нансен партави қутбиро замоне мушоҳида кард, ки дар киштии “Фрам”шино мекард. Вай аввалин мушоҳидаи худро ин гуна тасвир кардааст: «Саҳни киштӣ комилан равшан буд ва инъикоси нур дар рӯи ях бозӣ мекард. Саросари осмон дурахшон буд, махсусан дар ҷануб, ки аз он ҷо як дунё нур дар баландиҳои осмон паҳн мешуд. Анбуҳи оташгун ба хатҳои гуногунранги дурахшон тақсим шуда, дар осмон ҳам ба тарафи ҷануб ва ҳам ба тарафи шимол паҳн мегардид. Нурҳо бо рангҳои тозаи рангинкамон дар дурахшидан буданд. Он бозии беохири рангҳои дурахшон буд, ки тамоми ашёи тасаввурпазирро тасхир менамуд».
Тасвири ҷолиб ва як мушоҳиди одӣ наметавонад бо ин назокат ин ҳамаро ба риштаи тасвир бикашад. Барои ин тахайюли бойи наққошӣ лозим буд, ки Нансен аз ин фазилат бархӯрдор буд ва тасвираш ҳам пурнақшу хотирмон омад…

«…Бод ҳамон аст… Мемирам…”

Солҳои 1833-1834 дар ҷазираи Ян-Майен, дар марзи баҳрҳои Норвегия ва Гренландия, бори аввал дар таърихи Арктика муҳаққиқон зимистон гузарониданд ва онро «зимистонгузаронии тадқиқотӣ» номиданд. Ҳафт баҳрнаварди голландӣ бо супориши Ширкати тиҷоратии Гренландия ихтиёрӣ ба ин ҷо омаданд, то “дақиқтарин мушоҳидаҳо оид ба табиати Арктикаро рӯи коғаз оранд: онҳо вазифадор буданд шабҳои қутбӣ ва дигар зуҳуроти минтақаро мушоҳида куаннд, зуҳуроте, ки ахтаршиносон дар бораи онҳо нуқтаву назарҳои гуногун доштанд (худи истилоҳи “мушоҳидаи дақиқ” аслан хандаовар буд, чун ин баҳрнавардони голландӣ бо худ ягон таҷҳизоти метерологӣ надоштанд, чун дар он замон ин гуна дастгоҳҳоро ҳанӯз кашф ҳам накарда буданд). Дарёнавардон танҳо коре, ки анҷом доданд, ин буд, ки рӯзнома навиштанд ва дар он рӯйдодҳои ҳар рӯзро соат ба соат дарҷ карданд ва охирин ҷумлаи ин рӯзномаи навиштаи ҳамон маллоҳе буд, ки аз ҳама охир бо ҳаёт падруд мегуфт ва исми ин нависанда барои тамоми умри башар номаълум монд. Сатрҳои охири дафтар аз ҷониби шахсе рӯи ин коғаз рехт, ки маҳз дар мушоҳидаҳои шабҳои қутбӣ хату савод омӯхта буд! Ва ин аст сатрҳои худоҳофизӣ: “Бод ҳамон аст. Каме борон меборад. Мо дар як ҳоли табоҳе ба сар мебарем, ки касе ба каси дигар ёрои ёрӣ расондан надорад. То рамақ дар бадан дорам, вазифаи худро иҷро мекунам. Шаб торик аст ва бод ҳамон аст, ки мевазид. Ҳам шаб ва ҳам рӯзи 24 апрел ҳаво абрӣ буд, бод аз самти ҷануб мевазид. Рӯзи 25-уми апрел гоҳ-гоҳ офтоб аз паси абрҳо берун мешуд ва медурахшид ва боз нопадид мегашт. Шаб боди шимолу ғарб вазид. Рӯзи 26-ум ҳаво тира буду бешамол, мо ноилоҷ саги худро куштем, чун бароямон ғизо намерасид. Шаб тира буд, бориш надошт, бод аз самти шарқ мевазид. Ва рӯзи 28-ум боди шимолу ғарб шуруъ ба вазидан кард. Рӯзи 29-ум ҳаво боз мисли пештара, бидуни тағйир. 30-юми апрел рӯз равшану офтобӣ буд, бод ҳамоне буд, ки қаблан мевазид. Мемирам….”

Таҳияи Б.Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here