Дар миёни кишварҳои қудратманди олам, ки замоне дар харитаи дунё вуҷуд доштанд, Империяи Русия ҳам буд, ки қаламрави хеле доманадору густарда дошт ва чандин мамолики дигарро ба худ ҳамроҳ карда буд. Аммо бо гузашти замон ин мамолик соҳибистиқлол шуданд ва имрӯз иддае аз онҳо аз душманони сарсахти Кремли имрӯза низ ҳастанд.

Қаламрави Империя

Бисёре аз қаламравҳое, ки пештар шомили ин империя буданд, ҳоло давлатҳои мустақиланд. Дар охири асри XIX қаламрави умумии ин кишвар 22,4 миллион метри кв буд, ки дуюмин қаламрави бузурги олам баъди империяи Британия ба ҳисоб мерафт. Аҳолии империяи Русия тибқи оморгирии соли 1897 наздик ба 128 миллион нафарро ташикл медод. Дар ин ҳол қисми бештари аҳолӣ дар бахши аврупоии қаламрави империя мутамарказ шуда буд. Сибир ва навоҳиву вилоёти дурдаст аҳолии хеле кам доштанд. 

Тақсими қаламрави ин кишвар бар пояи ҷудо кардани ҳудудҳо ба губернияҳо ва вилоятҳо сурат гирифт. Дар умум қаламрави ин кишвар дорои 81 губерния ва 20 вилоят буд ва боз ин ки қисмате аз онҳо дар воҳидҳои маъмурӣ бо номи генерал-губернатор ба ҳам оварда шуда буданд. Инҳо: генерал-губернатории Варшав, Приамур, Иркутск, даштӣ, Туркистон, Финланд, Киевӣ ва Московӣ буданд.

Соли 1914 дар тақсимоти ҳудудӣ таҷдиди назар шуд, дар натиҷа  теъдоди губернияҳо то 78 адад коҳиш ёфт ва ду округи мустақил ҳам рӯи кор омад.

Ба ҳайати империяи Русия кадом кишварҳо дохил шуда буданд?

Омӯзиши ин мавзуъ нишон дод, ки барои таҳлили тақсимбандии ҳудудиву маъмурии ин кишвар бояд бинем, ки кадом давлатҳо пурра ва кадоме қисман ба он шомил карда шуда буданд. Пеш аз ҳама қаламрави имрӯзаи Федератсияи Русия, ҳамчунин дигар давлатҳо: ҳамаи кишварҳои ИДМ, давлатҳои минтақаи назди Балтик, қисмате аз Полшаи имрӯза, бахше аз Финландияи имрӯза; бахше аз вилоятҳои Туркия ва Чин.

Бояд ёдовар шуд, ки муддате иёлоти Аляскаи ИМА низ моли Русия буд ва баъдан онро ба Иёлоти Муттаҳида фурӯхтанд.  Қаламрави империя нобаробару номуназзам васеъ мешуд, чун дохил шудани вилоятҳои нав ба кишвар ба ин ё он рӯйдодҳои сиёсӣ алоқаманд буданд.

Ҳамроҳсозии қаламрави Финландия

Ҳудуди Финландияи муосир соли 1809 бахши комилҳуқуқи империяи Русия шуд ва ин дар натиҷаи ҷанг бо шоҳигарии Шведсия сурат гирифт. Тибқи муоҳади сулҳи имзошуда миёни ду кишвар империяи Русия соҳиби заминҳои нав шуд. Онҳо дорои аҳамияти стратегӣ буданд, чун имкон медоданд, ки ҳимояи шаҳрҳои Санк-Петербург ва қаламрави атрофи он босаводонаву дақиқ ташкил шавад. Аммо ҳарчанд Финландия ба як минтақаи империяи Русия табдил ёфт, вале то ҷойе мухторияти худро ҳифз кард. Бо он нигоҳ накарда, ки сохти давлатии он замона шоҳӣ буд, Финландия ҳақи доштани ҳокимияти қонунӣ ва иҷроияи худро дарёфт карда буд. Гузашта аз ин ин минтақа ҳақи истифода аз асъори худро дошт ва дорои артиши ба теъдоди камтар ҳам буд. Он замон ин минтақа ба як осоишгоҳу тафреҳгоҳ барои зиёиёни рус ҳам табдил шуд. Бахусус, осоишгоҳҳои Хелсинкии он замон ҷойҳое буданд, ки шуаро ва олимони рус рафтаву истироҳат мекарданд.   

Ҳамроҳсозии Украина

Бахше аз қаламрави Украинаи имрӯза низ замоне ба Русия ҳамроҳ карда шуда буд. Ин кор дар замони ҳукмронии Екатеринаи дуввум сурат гирифт. Ҳамроҳ бо қаламрави Украина империяи Русия ҳамчунин қисме аз қаламрави давлати Полша, ки он замон Муштаракулманофеъ Полша-Литвонӣ номида мешуд, ба Русия ҳамроҳ карда шуд. Маврид ба ёдоварист, ки Муштаракулманофеъ Полша-Литвонӣ иттиҳодияе буд, ки дар соли 1569 мелодӣ бар асари иттиҳод миёни Подшоҳии Полша ва Литвонӣ ҳосил шуда. Ин сарзамин таҳти фармонравоии як подшоҳ қарор дошт. Дар садаи 14 ва 15 мелодӣ ин давлат бузургтарин ҳукумати аврупоӣ бо ҳудуди як миллион км мураббаъ вусъат ва ҳамчунин яке аз пурҷамъияттарин кишварҳои Аврупо ба шумор мерафт.

Марҳилаи дуюми ҳамроҳсозии қаламрави ин минтақа баъди анҷоми ҷанги русҳо ва туркҳо сурат гирифт ва як қатор вилоятҳо, аз ҷумла Запорожйе, Луганск, Херсон, Одесса, Днепропетровск, Николаевский зӯран ба Русия пайваст карда шуданд.

Украинаи соҳили чап ба ҳайати империя ихтиёри ворид шуд, чун он замон сокинони ин минтақа аз полякҳо ҷабр медиданд ва пайвастан бо Русия барояшон имкон медод аз шарри душманонашон эмин бимонанд. Бо гузашти чанд соли дигар қаламрави империяи Русия аз ҳисоби нимҷазираи Қрим васеъ шуд ва ин ҳам бар асари амалиёти ҷангии княз Потёмкин рух дод.

Ҳамроҳ намудани Аляска

Аввалин талоши Русия барои ҳамроҳ кардани Аляска соли 1648 шуруъ гардид. Он замон казаки рус Семен Дежнев ба Чукотка дар ҳайати як экспедитсия равона шуд. Аммо ин сафари ковишгар муваффақияте надошт. Аввалин сокинон дар қаламрави номбурда танҳо соли 1732 пайдо шуданд. Омӯзишҳои фаъоли соҳилҳо ва бунёдгузории аввалин минтақаҳои маскунӣ дар Аляска аз соли 1741 шуруъ шуданд. Ин дар ҳолест, ки ишғолгарон он замон дар бораи мавҷудияти захираҳои азими тилло дар қаламрави минтақаро намедонистанд ва ҳама бар ин назар буданд, ки сарвати аслии он олами ҳайвоноташ аст. Бо мақсади тезонидани раванди омӯзиши ин қаламрав Пётри якум фармони таъсиси ширкати русиву амрикоиро имзо кард ва ин созмон барои он замон дорои салоҳиятҳои нокомил буд. 

Дар миёни ин ҳама имкониятҳо дар мавриди идораи мустақили минтақа, ташкили неруҳои мусаллаҳи дохилӣ ва флоти баҳрӣ, истифодаи парчами худӣ иқдомҳои муҳим шуморда мешуданд. Ишғоли минтақа бо мусоидати сокинони бумӣ-ҳиндуҳои маҳаллӣ сурат мегирифт. Онҳо аз ду халқият иборат буданд: алеутҳо (Алеутҳо – номи қавме аз ҷумлаи аҳолии бумии  галаҷазираҳои Алеут воқеъ дар ИМА буда, бештар аз 900 нафар аз аввали асри XIX дар ҷазираҳои Командори Федератсияи Русия зиндагӣ доранд. Ба забони алеутӣ такаллум мекунанд) ва колюшҳо (қабилае дар ҷанубу шимоли Аляска). Аввалиҳо басо муваффақона ба ҳам омаданд ва фарҳангу дин ва урфу одатҳои ишғолгаронро қабул карданд, аммо дуюмиҳо ба муқовимати ошкоро бархостанд. Ин минтақа, ки тӯли солҳо аз ҷониби ишғолгарон омӯхта шуд, як қаламрави басо бузурге буд, ки баъдан таваҷҷуҳи Амрикоро ҳам ба худ кашид. Дар натиҷа ишғолгарони рус онро ба савдо монданд ва ба маблағи 7,2 миллион доллар ба ИМА фурӯхта шуд. Муоҳади ин харидуфурӯш дар Вашингтон имзо шуд. Таҳлилгарон мегӯянд ҳукумати подшоҳии рус ба он хотир ин қаламрави азимро ба савдо гузошт, ки аз уҳдаи идораи он баромада наметавонист.

Суқути империя

Николаи дуввум талош мекард қаламрави империяи худро аз ҳисоби заминҳои Шарқи Дур васеъ кунад. Ва яке аз кишварҳои муҳим ва қудратманд дар Осиё Ҷопон буд, ки ҳамеша барои касби қудрат ва бартарӣ бар Русия талош мекард. Охири соли 1903 император Николайро дар ҷараёни имкониятҳои мавҷуди ҷанг бо Ҷопон гузоштанд, вале шоҳи рус омодагии лозимро надид. Дар натиҷаи ҳамлаи ногаҳониву ғофилгирона душман тавонист дар кӯтоҳтарин муҳлат Бандари Артур, нимҷазираи  Ляодунро ишғол кунад.  Ва ин боис шуд, ки омӯзишу азхудкунии заминҳо дар Шарқи Дур қатъ шавад. Натиҷаи ин ҳама пархошҳову талошҳо сар задани инқилоби соли 1905, ҳамчунин тибқи муоҳадаи сулҳи Портмсмут ба Ҷопон додани бахше аз Сахалин шуд.   

Хулоса

Империяи Русия яке аз қудратмандтарин ва калонтарин кишварҳое олам дар таърихи башар маҳсуб мешавад. Он ҳар замон аз ҳисоби заминҳои бегона, ки ғасб мешуд, васеъ мегардид ва ин боис мешуда, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳарфи гуфтанӣ аз мавқеъи қудрат дошта бошад.   

Аммо ин кишвар ва сарварони он ҳамеша дар ин қаламрави бузург мушкилот доштанд, ки яке аз он нарасидани захираҳои инсонӣ буд, то қаламрави тозаишғол омӯхтаву аз худ карда шавад ва ин яке аз сабабҳои аслии аз дохил пош хӯрдани ин империяи бузург шуд.

Навиштаи Екатерина Туманова

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here