Он воқеаи даҳшатбор ҳанӯз аз хотири одамон нарафтааст, волидон то ба ҳол ба ёди фарзандон ашк мерезанд, занону кӯдакон роҳи шавҳару падар мепоянд. Эшон гумон доранд, ки шояд саҳв шуда бошад, сарпаноҳи оилаашон зиндааст ва боз ба манзил бармегардад. Волидонро интихоб намекунанд, гарчанде айбдор, ҷинояткор бошанд ҳам ҷигарбандашон ҳастанд ва ёд мекунанд, шабҳо дар хоб мебинанд.

Солҳои зиёд сипарӣ шуда бошанд ҳам, он воқеаро нафаре аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарҳ надод. Нафаҳмонданд, ки ҳамаи ин аз чӣ сар зад, гунаҳкор кист?

 

14-16 апрели соли 1997 зиндониёни маҳбаси низомаш қатъии муассисаи ислоҳотии ЯС 3/19-и дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошӯб карданд. Онҳо чанд талаб, аз ҷумла озод намудани якчанд ҳамроҳонашонро ба миён гузоштанд. Эшон ақида карданд, ки ин нафарон бегуноҳ буда, саҳван ё бо айби бофта ба масъулият кашида шудаанд. Маъмурияти муассиса талаби эшонро иҷро карда натавонист, зеро аз маҳалли маҳрумӣ аз озодӣ ҷавоб додани маҳкумшуда ба доираи ваколати онҳо намедарояд. 

Бунёди ошӯб дар муассисаҳои ислоҳотӣ рӯйдоди фавқулода буда, чунинаш аҳён-аҳён рух медиҳад. Дар таърихи ҷойҳои маҳрумӣ аз озодии Тоҷикистон ду маротиба ошӯб рӯй додааст:ошӯби нахустин ибтидои солҳои шастуми қарни гузашта дар муассисаи ислоҳотӣ-меҳнатии низомаш сахти ПЯ-ЯС 3/6-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ омада буд, ки саркардаи он Сангак Сафаров буд. Ҳамон Бобои Сангак, ки солҳои навадуми қарни гузашта роҳбарии Фронти халқиро ба уҳда дошт. 

Ошӯб бераҳмона пахш гашт, роҳбарони он, аз ҷумла Сангак Сафаров-марди саркаши бо беадолатӣ оштинопазир, ки пайваста реҷаи муассисаи ислоҳотиро вайрон мекард, байни ҳамроҳонаш нуфузи калон дошт, дар назди маъмурияти муассиса чанд талаб гузошт. Вай дархост намуд, ки вазъи нигаҳдории маҳбусон беҳтар карда шавад. Роҳбарияти Сарраёсати муассисаҳои ислоҳотии ВКД-и ИҶШС чунин воқеаро ғайричашмдошт ва зидди сиёсати давлат ҳисобид. Эшон ақида дошт, ки сокинони ин мамлакат зиндагии фаровон ва хушбахтона доранд, маҳбусон сад дар сад ҷинояткоранд, бегуноҳе ба маҳкама кашида намешавад ва ин кирдори бандиён зидди сиёсати ҳизби коммунист, давлату ҳукумат мебошад, чунин касон бояд ҷазои сазовор гиранд.

Дархостҳои ба миён гузоштаи саркардагони ошӯбро касе ба инобат нагирифт, таъкид шуд, ки кирдори хилофи талаботу реҷаи муассисаро хотима диҳанд, вагарна чораҳои қатъӣ мебинанд, аз ҷумла яроқи оташфишонро истифода мебаранд. Азбаски тарафҳо на забон ёфтанду на гузашт карданд, ошӯб бо истифодаи яроқи оташфишон ва сагҳои таълимгирифтаю машқдида бераҳмона пахш гашт. То ҳол шумораи фавтидагону захм бардоштагон маълум нест, зеро чунин рақамҳоро махфӣ нигоҳ медоштанд, вале даҳҳо нафар, аз ҷумла Сангак Сафаровро суд карда, муҳлати маҳрумиашонро зиёд намуданд ва барои иҷрои ҷазо ба муассисаи ислоҳотии низомаш махсусан вазнини ноҳияи Қаровул Бозори вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки он вақт дар Осиёи Миёна ягона маҳбасхонаи низомаш махсусан вазнин ҳисоб меёфт гузарониданд. Бераҳмона пахш кардани ошӯб чашми маҳбусонро тарсонд ва дар муассисаҳои ислоҳотӣ дигар чунин диданӣ ба қайд наафтод.

Ошӯби дуюм соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд сар зад, ки сокинонаш аз ҷангу ҷадал худро ба канор мегиранд, бо дурандешию пуртамкинӣ ном баровардаанд.

Саркарда ва роҳбарони ошӯб маҳкумшудагон Икром Ашӯров ва Ҷамшед Абдушукуров дар олами ҷиноят нуфуз доштанд ва дар шаҳр тарафдоронашон бисёр буд. Гумон мекарданд, ки ин кирдорашон аз тарафи ҷонибдорон дастгирӣ мешавад ва онҳо ба мақсад мерасанд. 

Эшон ақида доштанд, ки қурбони беадолатӣ шуданд ва дар ин бобат ба мақомотҳои боло борҳо аризаю шикоят навишта хоҳиш намуданд, ки қазияашон аз нав ҳаллу фасл карда шавад, муҳлати маҳрумиашонро кӯтоҳ ё қатъ намоянд, вале роҳбарияти мақомоти судии ҷумҳурӣ хоҳиши онҳоро ба инобат нагирифта, ҳукми суди шаҳри Хуҷандро қонунӣ ҳисобид. 

Икром Ашӯровро барои давом додани муҳлати маҳрумӣ аз озодӣ ба муассисаи номбурда 1 феврали соли 1997 аз маҳбаси тафтишотии шаҳри Хуҷанд оварда буданд ва то 16 апрели соли 1997 он ҷо буд. 

Икром Ашӯров аз нуфузи худ, алоқааш бо дунёи озод истифода бурда, дар атрофи худ одамонро мутаҳҳид намуд ва ташкилоти ғайрирасмӣ таъсис дод. Ҳарчӣ мехост мекард, чӣ қадаре озуқаю либос ё нӯшокии спиртӣ лозим шавад дарёб менамуд, баъдан ба аъзоёни ташкилот мадад мерасонд. Дар замоне, ки одамон на фақат дар маҳбас, балки берун аз он ҳам аз озуқа танқисӣ мекашиданд, ҳисоби зиндагиашонро базӯр меёфтанд, Икрому рафиқонашон аз чизе камбудӣ надоштанд. Мавқею нуфузи Икром дар маҳбас рӯз аз рӯз боло мерафт, ба гуруҳаш одамон бештар дохил мешуданд, тарафдоронаш афзун мегашт. 

Икром ба талаботу реҷаи дохила итоат намекард, бо роҳбарияти муассиса тез-тез баҳс менамуд, сад баҳона пеш оварда, аз кор сар метофт. Азбаски баъзе кормандону афсарони муассиса дар назди вай забонкӯтоҳ буданд, ба муқобилаш чора андешида наметавонистанд. Баръакс, барояш шароит фароҳам месохтанд, рухсат медоданд, ки бе навбат бо хешу рафиқонаш вохӯрад. Кор ба ҷойе расид, ки дар қисми тиббии муассиса ҳуҷраеро барои истиқомати вай ҷудо карданд. Дар ҳуҷраи «люкс» Икром аз магнитофони тасвирӣ ва телевизор истифода мебурд, нӯшокиҳои спиртӣ ва ташнашикан захира менамуд. 

Барои вай тартиботи муқарраршуда вуҷуд надошт, маҳбусонро мезад, таҳқир мекард, кор мефармуд, ҳатто баъзан ба кормандони муассиса дод мегуфт. Касе қудрати вайро ҷазо додан надошт. Барои маҳбусони муассиса як меъёру тартибот вуҷуд дошт, барои Икром меъёру тартиботи дигар. Азбаски касе пишакашро «пишт» намегуфт, торафт  бештар бебоку шерак мегашт. 

Олимон собит намудаанд, ки шахси ба ҷиноят даст зада бояд мувофиқи кирдораш ҷазо гирад, ҷазое ки сазовори гуноҳ бошад. Рафту вайро ҷазо надиҳанд, аз пештара гуноҳи вазнинтар мекунад. Чунин нафарон барои ҷамъият хавф ба миён меоранд. 

Икром Ашӯров фаҳмид, ки ягон қувва садди роҳаш намешавад, барои кирдори хилофи қонуниаш ҷазо намегирад, дағалию дастдарозиашро давом медод. Интиҳои кор аз ибтидояш аён буд: ҷойе, ки беинтизомӣ ҳукмфармост, қонун мешиканаду ҷазо намегирад на фақат ҷиноят, балки фоҷеа сар мезанад. 

14 апрели соли 1997 бегоҳӣ Икром Ашӯров ва Ҷамшед Абдушукуров дар маҷлисгоҳи тобистонаи муассиса тахмин 20-25 нафар ҳамфикронашонро ҷамъ намуда машварат оростанд. Дар атроф посбон гузоштанд, то ки каси бегона масъалаи муҳокимашавандаро фаҳмида, ба маъмурият хабар накашад. Ҷамъомадагон нақшаи ошӯбро кашиданд: сардорони дастаҳо вазифадор шуданд, ки фаъол шаванд ва аъзоёнашонро ба ҷасурию далерӣ даъват намоянд. 

Қисми оҷилии муассиса иттилоъ гирифт, ки Икром Ашӯров ошӯб бардоштанист, бо ин мақсад ситод таъсис дод, аммо кормандони қисм чораи судбахш андешида натавонистанд ва садди роҳи ошӯб нагаштанд. 

Ҳангоми хӯроки шом дар ошхона боз ҷамъомад оростанд. Икром Ашӯров, Ҷамшед Абдушукуров ва дигар аъзоёни гуруҳ баромад карда, оид ба беадолатии маъмурияти муассиса, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳарф заданд. Онҳо пайваста мегуфтанд, ки қурбони беадолатӣ шудаанд. 

Баъди тановули хӯроки шом тарафдорони Икром Ашӯров ба хобгоҳи №1ҷамъ шуданд. Шумораи онҳо афзуд ва дар хобгоҳ нағунҷид. Издиҳом рӯи ҳавлӣ баромад ва он ҷо Икром Ашӯров талаб намуд, ки пеш аз ҳама маҳбусони дар утоқҳои ҷаримавӣ ва хонаи карантин будагон озод карда шаванд. Дигарон ин талабро бо доду вой ва ҳуштакшакӣ тарафдорӣ намуданд. 

Азбаски биринҷ об намебардошт, маъмурияти муассисаи ислоҳотӣ гузашт кард ва дархости ошӯбгаронро ба инобат гирифта, 41 нафар маҳбусонро аз утоқҳои ҷаримавӣ ва 4 касро аз хонаи карантин озод намуд. Онҳо бо мамнуният ба тарафи наҷотбахшашон гузаштанд. 

Ин аввалин гузашти маъмурият ва ғалабаи ошӯбгарон буд. Фармондеҳӣ ҳамин тавр оҳиста-оҳиста аз тарафи якум ба ихтиёри дуюм мегузашт. Ошӯбгарон дар минтақа ҳукмрони мутлақ шуданд. Аз хоҷагии ёрирасон гӯсфандеро оварда куштанд ва палав пухтанд. Пагоҳӣ говеро сар зада гӯшташро ба дег андохтанд. 

Баъд ба амал гузаштанд: чор маҳбуси дар собиқа милиса бударо ҳамакаса шаттабарон карданд, дашном доданд, таҳкир намуданд. Гӯё бо ин эшон алами ким кию ким-чиро гирифтанд. Фаҳмидан душвор буд, ки бо кадом андеша милисаҳои собиқи маҳкумшударо дар муассисаи ислоҳотии умумӣ нигоҳ медоштанд. 

Қисми оҷилӣ боз иттилоъ ёфт, ки ошӯбгарон нияти кормандони маъмурӣ ва шаҳрвандони барои дидорбинии хешон омадаро гаравгон гирифтанианд…

Аз  минтақаи зери тасарруфи маҳбусон баровардани ҳарбиён ва хешу табори ба вохӯрӣ омада кори душвор буд. Тадбирҳои таъҷилӣ андешида, чанд нафарро берун карданд, вале ду нафар ҳарбӣ – сардори қисми тиббӣ, капитани хизмати дохилӣ Набиҷон Нуъмонов, прапоршики калон Қосимҷон Шарифов имкони аз минтақа баромадан наёфтанд ва ошӯбгарон онҳоро ба гарав гирифтанд. И. Ашӯров ҳамчунин 10 нафар занону кӯдакони ба дидори пайвандонашон омадаро гарав гирифт. 

Вазъият идоранашаванда гашт. Ҳар лаҳза сар задани нохушии нав аз эҳтимол дур набуд. Иттилоъ расид, ки тарафдорони ошӯбгарон дар атрофи муассиса ҷамъ омаданд, онҳо нияти ба дарун ёрӣ расониданро доранд. Бо вуҷуди он, ки атрофи муассисаро кормандони мақомоти умури дохила ва ҳарбӣ ба иҳота гирифта буданд, хабар ташвишовар буд. 

Кормандони РКД-и вилоят аз соатҳои аввали ошӯб ба маҳалли ҳодиса омада, барои муътадил намудани вазъият, пешгирии ҳодисаи нохуш омода гаштанд. Хабари нохуш барқвор ба чор тараф паҳн шуд ва хешу табори маҳкумшудагон хавотир гашта назди муассисаи ислоҳотӣ меомаданд. Аз симои онҳо ташвишу изтироб ҳувайдо мегашт, занону кӯдакон сарбозони яроқдорро дида, аз тарс ашк мерехтанд. Ба маҳалли ҳодиса роҳбарони ВКД омаданд. Бо супориши эшон кормандони РКД, ШКД-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, шуъбаи дар Хуҷанд будаи Академияи милитсия, қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ ба маҳал сафарбар гаштанд. 

Пайваста гуфтушунид мекарданд, таклиф ба миён мегузоштанд, ки ихтилофро хушӣ ба хушӣ мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд. Аммо ошӯбгарон розӣ нашуда, талабҳои нав ба миён мегузоштанд. Онҳо рӯйхати даҳ нафар маҳбусонро пешкаш карда, талаб намуданд, ки эшонро фавран ҷавоб диҳанд. 

Ошӯбгарон фаҳмиданд, ки талабашон иҷро намешавад, ба амал гузаштанд. Гуруҳе мошини тамғаи МАЗ (крани борбардор), ки ба муассиса мутааллиқ буд, сӯйи девор тела доданд. Онҳо мехостанд, деворро шикаста барои аз муассиса баромадан роҳ кушоянд. 

Роҳбарони ВКД-и ҷумҳурӣ аз берун баромадани маҳкумшудагон  хавотир буданд. Онҳо гумон доштанд, ки нафари аз маҳкама гурехта, дар роҳи худ ҳама чизро «мерӯбад», баҳри ба даст овардани хӯрокворию пӯшок ва маблағ даст ба ҷинояти нав мезанад. Ба ин набояд роҳ дод. 

Мошин пеш рафт ва чанде пас ба ҷӯйи лойолуд ғӯтид. Дигар илоҷи «МАЗ»-ро пеш бурдан намонд. Гуруҳе хеле мошинро пасу пеш тела доданд ва фаҳмиданд, ки қувваашон намерасад, аз баҳраш баромаданд. Ин нақша ҳам амалӣ нашуд. 

Нақшаи дигари ошӯбгарон бо мошини боркаш зада шикастани дарвозаи маҳбасхона буд. Нафаре паси чанбараки мошин нишаста онро босуръат сӯйи дарвоза ронд. Нақлиёт ба дарвоза зад, вале он нашикаст. Мазмун, маъмурияти муассиса ин фарзияро пешбинӣ карда, паси дарвоза булдозереро гузошт. Ин нақша ҳам ҷомаи амал напӯшид. 

Дар ин муддат хавфи дигаре ба миён омад: маҳбусони муассиса ба ду гуруҳ ҷудо гаштанд. Гуруҳи дуюм И.Ашӯров ва Ҷ.Абдушукуровро дастгирӣ накард. Онҳо нафароне буданд, ки оқибати ин корро тахмин менамуданд. То ба озодӣ баромадани эшон 3-4 моҳ монда буд, даҳҳо касони дигар нияти шартан озод шуданро доштанд. Барои манфиати дигарон ҷони худро ба гарав мондан ё муҳлати маҳрумиро 3-4 сол зиёд кардан чӣ лозим? Ин ҷо ҳар кас бояд манфиати худро ҷӯяд. 

Таънаю таҳқир ва таҳдиди гуруҳ давом мекард, ҳар кадоме худро ҳақ меҳисобид. Кату миз ва курсиҳоро шикаста, барои худ яроқ сохтанду ба маҳбас зарари моддӣ расонданд. Ин маъмурияти маҳбасро ба ташвиш андохт. 

Тарафҳо ба ҳам боз таклифҳо пешниҳод намуданд, вале дархостҳо иҷро нагаштанд. Барои ба осоишу дурандешӣ, хушӣ ба хушӣ анҷом додани муноқиша чанд нафар хешовандони ошӯбгаронро оварданд. Онҳо аз маҳбусон хоҳиш намуданд, ки ба эҳсосот дода нашаванд, вале дар дохил будагон ба гуфтаи онҳо аҳамият надоданд. 

Ба маҳал язнаи Икром Ашӯровро оварданд. Гумон доштанд, ки Икром гуфтаи ӯро ба инобат мегирад, зеро вақти дар маҳбас будани вай таъмини маишати оилааш бар дӯши поччояш буд. Ашӯров насиҳати язнаашро дағалона бурида, талаб намуд, ки ба ин кор дахолат накунад. 

Субҳи 15 апрел кор аз гуфтушуниди тарафайн оғоз ёфт. Дар берун будагон талаб карданд, ки ба бетартибӣ хотима диҳанд, онҳо на фақат ояндаи худ, балки падару модар, зану фарзандашонро аз ёд набароранд. 

Дар дохил будагон рӯйхати даҳ нафар маҳкумшудагонро фиристода, талаб намуданд, ки онҳоро аз маҳбас озод кунанд. Ин кори душвор буд, зеро аксари дар рӯйхат будагон барои куштор, ҳуҷуми мусаллаҳона, ғорату дуздӣ барин ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда буданд. Тарафи дигар изҳор намуд, ки онҳо ба ҷавоб додани номбаршудагон ҳуқуқу ваколат надоранд. 

— Не, худи ҳозир ҷавоб медиҳед, — дод зад Икром Ашӯров. – Дар акси ҳол мо ба амал мегузарем, он вақт пушаймон мешавед. 

Гуфтушунид тӯл кашид. Саркардагони ошӯб аз як тараф, аз ҷониби дигар ҷонишини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия А.Ғозиев, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотӣ – меҳнатии ВКД-и ҷумҳурӣ, полковники  хизмати дохилӣ И.Шарифов, фармондеҳи қӯшунҳои дохилии ВКД, генерал –майор Ш.Саидамиров, сардори РКД-и вилояти Суғд, полковники милитсия А.Ваҳҳобов, прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм Б.Бобохонов, прокурори  шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум А.Ӯрунов, сардори Раёсати амнияти миллии вилоят, полковник И.Полвонов ва дигар роҳбарону масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳарбӣ ширкат варзиданд. 

Онҳо ба ошӯбгарон амалашонро мувофиқи қонун шарҳ дода, оқибати кирдорашон ва масъулияти бар дӯшашон бударо фаҳмонданд, моддаҳои ба ин кирдорҳо вобастаи Кодекси ҷиноятиро бо теъдоди зиёд чоп карда, байни маҳбусон паҳн намуданд. Ваъда доданд, ки бо хешу таборашон рӯ ба рӯ менамоянд, вале дар дохил будагон аз вохӯрӣ рӯй тофтанд.

Дар гуфтушуниди дигар муовини аввали раиси вилоят Оқил Оқилов, раиси шаҳри Хуҷанд Раҳмат Бобокалонов, котиби шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон Атохон Сайфуллоев, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Саид Қайюмов ва дигарон иштирок намуда, ошӯбгаронро ба дурандешӣ, пуртамкинӣ даъват намуданд ва хоҳиш карданд, ки асири эҳсосот нашаванд. Бо чунин рафтор касе ба мурод нарасидааст, вале ин гуфтушунид ҳам натиҷа надод. Баъд ошӯбгарон назди дарвоза балони оксигендорро тарконданд, ба боми биноҳо  шишаҳои пур аз сӯзишвориро партофтанд. Дар натиҷа, бом оташ гирифт. Гуруҳи дигар мошини тамғаи «ВАЗ 21099» –ро оташ заданд. 

— Вазъият мураккабу муташаниҷ гашт, — шарҳ дод воқеаро нафаре аз масъулини мақомоти интизомӣ.

Хавфи барбод додани иншоот, амволи муассиса ба миён омад, амнияти маҳбусон, саломатии онҳо зери хатар монд, касе намехост, ки кор бо хунрезӣ анҷом ёбад. Ҷомаи ба маслиҳат кӯтоҳ намеояд гуфтагӣ барин чанд нафар собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро даъват намуда, илоҷи корро пурсидем ва нақшаи амалро кашидем. 

Дастаҳои таъиноти махсуси милитсия, РКД-и вилоят, қӯшунҳои дохилии ВКД-и ҷумҳурӣ ба ҳуҷуми мусаллаҳона омода шуданд. Роҳбарони мақомот роҳи дигари ҳалли масъаларо наёфтанд, онҳо гумон доштанд, ки ғайр аз зӯран пахш кардани ошӯб илоҷе надоранд. Эшон медонистанд, ки ҳамаи ин суфтаю ҳамвор намегузарад, даҳҳо нафар ҳалоку захмин мешаванд, бинобар ин мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, сӯхторнишонӣ тайёр намуданд, дар беморхонаҳои шаҳр барои 283 мариз кат ҷудо карданд. Мувофиқи фармони вазири корҳои дохилӣ ва раводиди прокурори генералии мамлакат дастаҳо ба амал гузаштанд. Садои тир ва доду войи захмбардоштагон ба фалак печид. 

Хараҷу мараҷ чандон тӯл накашид. Фавтидагону захмбардоштагон рӯйи замин ба хуну хок оғӯшта мехобиданд, дигарон фирор мекарданд, вале аз тир гурехта намешуд. Маҳбусонро ҷамъ карда, саф оростанд ва талафотро ҳисоб намуданд. Ошӯб ҳамин тавр зӯран пахш карда шуд ва он хеле гарон афтод. 

24 маҳкумшуда, аз ҷумла, саркардагони ошӯб –Икром Ашӯров – соли таваллудаш 1961, зодаи шаҳри Хуҷанд, маълумоташ синфи 8, пештар мувофиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. То ҳабс шуданаш ошпази фирмаи «Аҳмад»-и шаҳри Хуҷанд буд. Дар маҳаллаи 12-ум, хонаи 30, ҳуҷраи рақами 92-и маркази вилоят сокин буд. 16 декабри соли 1996 бо қарори суди шаҳри Хуҷанд мувофиқи қисми дуюми моддаи 115, қисми чоруми моддаи 234, 205, 201, қисми дуюми моддаи 204-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудааст. 

Ҷамшед Абдушукуров – соли таваллудаш 1978, то ҳабс дар маҳаллаи 13, хонаи 28, ҳуҷраи 30 зиндагӣ мекард. Мувофиқи моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Бори дуюм 5 декабри соли 1996 аз тарафи суди халқии шаҳри Хуҷанд бо қисми якуми моддаи 234-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ибтидои маҳрумиаш 4 ноябри соли 1996, интиҳояш 11 ноябри соли 2003. То 14 апрели соли 1997 ҳамагӣ 5 моҳу 10 рӯзи маҳрумиро адо карда буд, ҳалок гаштанд. Ҳамчунин аз захмҳои гирифта Зайниддин Маҳкамов, соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров, 28 августи соли 1996 бо моддаи 227, қисми 3 чор сол аз озодӣ маҳрум шудааст, Бахтиёр Исроилов — соли таваллудаш 1966, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз тарафи суди шаҳри Конибодом барои интиқоли маводи мухаддир 29 сентябри соли 1995 панҷ сол ҳукм гирифтааст, Абдулвоҳид Орифов соли таваллудаш 1970, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, соли 1996 бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент, бо моддаи 240 қисми 1 панҷ сол аз озодӣ маҳрум гашт. Ҳамчунин Ғуломҷон Қодиров, Александр Самошенко, Абдурасул Қозиев, Носир Аҳмадҷонов, Шуҳрат Ҳалимов, Тоҳир Намозбеков, Сергей Бушумов, Бобо Урдибоев, Махкамҷон Юсуфов, Олимҷон Нуралиев, Игор Тимофеев, Маъруф Рустамов, Мирзо Абдуазизов, Ғуфрон Аҳмадбоев, Тоҳир Ҳамдамов, Анвар Абдуқодиров, Баҳрӣ Султонов, Абдушукур Акбаров ҳалок гаштанд. 51 нафар захмҳои гуногун гирифтанд. Аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ 4 нафар ярадор шуданд. 

Барои ошӯб ва гаравгон гирифтан аз тарафи прокурори вилоят мутобиқи моддаҳои 75 ва 135-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Гуруҳи оҷилии тафтишотӣ таъсис гашт, ки ба ҳайати он кормандони прокуратура ва РКД-и вилояти Суғд шомил шуданд. 

Аҷаб тазодҳое дорад зиндагӣ, ки кас баъзан ба он сарфаҳм намеравад ва ба пешгӯию хулоса баровардан оҷизӣ мекашад: Чанд моҳ пеш аз ин воқеа дар назди бинои Ҳукумати вилоят намоиши серодам баргузор гашта буд, ки ба он Икром Ашӯров сарварӣ мекард. Баъди чанд рӯз муноқиша хушӣ ба хушӣ поён ёфт. Дертар И. Ашӯров бо ҷурми дигар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд, вале вай гумон дошт, ки барои ҷинояти бофта ба масъулият кашиданд. Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳукуқи шаҳр бо ин роҳ аз вай барои ташкили намоиш ниқор гирифтанд. 

И.Ашӯрови пештар бо ҷинояти вазнин маҳкумшударо суди вилоят бори дуюм бо талаботи ғайриқонунии худ низоми сахтро бо пурзӯр иваз намуд. Вай дар доираҳои гуногуни роҳбарияти мақомоти ҳукуматӣ, ҳуқуқӣ, додгустарӣ шиносони худро дошт, ки онҳо ба Ашӯров пайваста мадад мерасонданд. 

30 апрели соли 1997 дар назди бинои Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд  ҷавоне сӯйи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон норинҷаки тамғаи Ф-1-ро партофт. Аз таркиши норинҷак сардори давлат ва 80 нафар ҳамроҳони ӯ захмҳои гуногун бардоштанд… 

Норинҷакро сокини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Дӯстбобоеви 21сола партофта гурехт, вале дур рафта натавонист, чанд дақиқа пас милисаҳо Равшан Ҷумъаев, Мақсуд Раҳматбоев, Бозор Шарифов, Абдурашид Ғаффоров вайро дастгир намуданд. 

Ф.Дӯстбобоев вақти пурсуҷӯ иқрор шуд, ки норинҷакро бо супориши сардори даста — сокини шаҳри Хуҷанд Хуршед Абдушукуров партофт. Хуршед Абдушукуров — бародари Ҷамшед Абдушукурови дар муассисаи ислоҳотии ЯС 3/19 ҳангоми ошӯб ҳалокшуда мебошад… Ба ин тарафи масъала мо дертар бармегардем.                                                                         

 

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here