Шаби 12 ба 13-уми апрели соли 1814 Наполеон дар Фонтенбло (Кохи Фонтенбло-иморате дар 55-километрии ҷанубу шарқии Париж қарор дорад ва яке аз бузургтарин шатоҳои (иморати ба кох монандро гӯянд)  салтанатнишин дар Франсия маҳсуб мешавад) буд ва қасд ба ҷони худ кард. Шоҳиди аслии ин ҳодиса Арман де Коленкур (ҳерсог Виченский) ва камердинери (хизматгори) Наполеон Констан буданд ва ин ду тан рӯйдоди мазкурро басо батафсил дар ёддоштҳои худ овардаанд. Баъдтар ин рӯйдод вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт ва ҳатто касоне ҳам, ки ҳузур надоштанд ва аз ҷузъиёташ бехабар буданд, фарзияҳои худро  менавиштанд. Дар натиҷа нусхаҳои зиёди изҳори назарҳо атрофи қасди худкушии Наполеон ба вуҷуд омаданд. 

 

Худи Наполеон боре навишта буд: “Худкушӣ-аз ҷумлаи ҷиноёти бузургест. Чӣ ҷасорате дорад оне, ки пеши ноустувориву нопойдории бахту иқбол меларзад? Қаҳрамонии воқеъӣ болотар аз бадбахтиҳои зиндагист”.

Талош намекунем чизеро кашф кунем, ки то ҳол касе намедонад, танҳо мекӯшем ин ҳама шаҳодатҳоро ба ҳам орем. Ҳамаи ин танҳо ба он хотир, ки бори дигар ҳақиқати одиеро, ки 300 сол пеш Шарл де Сент-Эвремен (адабиётшинос, файласуф, яке аз либертинҳои аҳли Франсия буд. Солҳои 1610-1703 зистааст) шакл дода буд, таъйид кунем: “Ҳамаи муаррихон ба мо ҳақиқатро ваъда медиҳанд, вале ягон рӯйдодро бидуни таҳриф наметавонанд ба мо расонанд”.

 

Фарзияи АРМАН ДЕ КОЛЕНКУР

Арман де Коленкур (дипломати замони Наполеон, ки дар бораи ин ҷангҷӯи франсавӣ ва бахусус ҳамлааш ба Русия навиштааст) дар “Хотирот”-и худ, ки солҳои 1822-1825 навишта шудаву соли 1833 чоп шудааст, иброз медорад:

«Шаби 12 ба 13 апрели соли 1814. Соати се император маро ба назди худ даъват намуд. Вай дароз кашида буд, фонуси шабона чун ҳамеша дар ҳуҷраи вай рушании хеле заъиф дошт. Муддате хомӯш монд ва баъдан гуфт: “Хеле ба зудӣ ман дигар намемонам…”

Вай бо садои хеле заъиф ҳарф мезад, дар чеҳрааш нишони хастагиву ранҷ ҳувайдо буд, садояш канда-канда ба гӯш мерасид. Ҳиккак ӯро азият медод. Ман аз ӯ хостам иҷоза бидиҳад, ки фелдмаршали кохро даъват кунам. Мехостам бо истифода аз фурсат духтур Иванро даъват кунад, вале вай касеро дидан намехост….

Дарҳо пӯшида буданд ва камердинер маро намешунид. Ҳиккак шиддат мегирифт: дастонаш ва пойҳояш хаста мешуданд, меъда ва қалбаш мисли он буд, ки ба шӯриш бархостаанд. Аввалин майли қайкунӣ дар ӯ бенатиҷа анҷомид. Чунин ба назар мерасид, ки император бардошти ин азиятро надорад. Арақи сард ба гармии сӯзон табдил шуд…

Император аз таъсири заъифи афюне, ки истеъмол карда буд, шикоят кард. “Чӣ мушкил аст мурдан, — фарёд зад ӯ. — Чӣ даҳшат аст тӯлонӣ кардани марге, ки ҳамаро ба як бор ба поён мерасонад!”

Ҳаяҷону изтироби вай дар мавриди таъсири камтару заъифи афюне, ки истеъмол кардааст, қобили тасвир нест. Вай маргро бо ҳамон иштиёқе мехонд, ки дигарон ҳаётро мехонанд. Сухан дар бораи афюн мерафт. Ман аз ӯ пурсидам, ки чӣ гуна истеъмол кард? Посух дод, ки онро дар об ҳал намуд. Ман ба қадаҳе, ки болои мизи вай меистод ва як коғазе хобида дар бари он, нигаристам. Дар дохили он ким-чизе боқӣ монда буд. Хурӯҷи дилбеҳузурӣ бештару шадидтар мешуд. Вай дигар натавонист худро нигоҳ дорад ва ба қайкунӣ оғоз намуд. Ба овардани ташт таъхир карда будам. Император аз он маъюсу ноумед мешуд, ки меъдааш тадриҷан худро аз он чӣ нӯш карда буд, худро пок мекунад. Суолотам бароям имкон доданд фаҳмам, ки вай заҳреро, аз замони Малоярослав боқӣ монда буд, дар як бастаи хурдакак бо худ мегардонд ва намехост зинда худро ба дасти душманонаш диҳад. Ва меъёри ин заҳр ба ҳадде буд, ки (чуноне барояш гуфта буданд), метавонист ду нафарро бикушад.

Қайъкунӣ шиддат мегирифт, вале натиҷа надошт. “Чӣ хел дар бистар мурдан мушкил аст,-мегуфт император. -Дар ҳоле ки дар майдони набард бо ҳаёт падруд гуфтан басо осон аст!” Ва дар ин ҳангом ҷаноби Иван ҳам пайдо шуд, ман ба вай императорро нишон додам ва ӯ хоҳиш кард набзашро бисанҷад. Вай аз талошҳои беҳудаи қайъкунӣ ҳарф зад. “Доктор,-гуфт ӯ,- ба ман меъёри қудратмандтаре диҳед, то ман ба он чӣ шуруъ кардам, поён бидиҳам. Ин қарзи шумост ва ин ҳамон хидматест, ки бояд бастагонам бароям анҷом диҳанд». Ҷарроҳ эътироз кард, ки вай қотил нест ва ин ҷо ба он хотир ҳузур дорад, ки табобат кунад, то ки ҳаётро барояш баргардонад ва ӯ ҳаргиз зидди иродаву майлаш кор нахоҳад кард.

Император бори дигар ба қайъкунӣ оғоз кард; камердинер Констан даъват шуд. Император боз ҳам ба ҷаноби Иван хоҳишашро такрор намуд. Аммо вай посух дод, ки беҳтараш аз ин ҷо меравад, то ки ин гуна пешниҳодотро набишнавад.

 

ФАРЗИЯИ КОНСТАН ВЕРИ

Камердинер Наполеон Констан Вери, ки бештар бо номи Констан машҳур аст, дар “Ёддоштҳо”-и худ, ки соли 1830 чоп шуд, навишт:

«Ман аз оғоз аз хонандагон хоҳиш мекунам ба он чӣ ҳоло мехоҳам бинвисам ва нақл кунам, ҷиддан диққат диҳанд. Ҳоло ман дар нақши муаррихам, зеро хотироти дардовареро аз рӯйдоди фоҷеавии император ҳикоят мекунам; дар бораи рӯйдоде мехоҳам қисса кунам, ки атрофи он баҳсҳо зиёданд, ҳарчанд аксаран ногузир бар пояи ҳадсу гумонҳо гуфтанду навиштанд ва танҳо ба ман ҷузъиёти ин ҳодисаи ғамангез маълум буд. Заҳролуд шудани император дар Фонтенблоро дар назар дорам. Ман чунин меҳисобам, ки зарурати онро надорам, ки ҳақ будани худро дар инъикоси ин рӯйдод нишон диҳам. Ман бештар талош мекунам дар бораи ифшои ҷузъиёти ин ҳодиса таваҷҷуҳ намоям, то ин имкон диҳад чизеро аз он кам накунам ва ё чизе ба он изофа намоям, то ки ба ҳақиқат зарар нарасонад”.

Констан баъди ин нуктаи ҷолиберо ҳикоят мекунад: “11 апрел ман ба ҳуҷраи вай ворид шудам ва Алоҳазрат гирифтори ҳаяҷоне буд, ки қалам ба тасвири он оҷиз аст. Император дароз кашида буд ва чун ба кати вай наздик шудам, дар наздаш халтачаеро дӯхташуда аз пӯст ва бирешим дидам… Ин ҳамон халтачае буд, ки аз замони ҷанг барои Испания дар гарданаш овезон буд ва онро басо боэҳтиёт аз ҷанг ба ҷанги дигар нигоҳ медошт. Агар ман он замон медонистам, ки андаруни халта чист! Дар ин дақиқаҳои маргбор ҳақиқати даҳшатноке ба ман расид!”

Бо гузоштани санаи 11 апрел Констан бидуни шак иштибоҳ мекунад ва ҳамзамон иддои “дурустии бе айбу нуқсони” худро низ зери шубҳа мегузорад. Вале идома медиҳад:

«Констан, — даъват намуд аз ман бо садои заъифу хаста. – Констан, ман мемирам!… Ман наметавонам ин азобро таҳаммул намоям, бахусус аз ин сарфакандагие, ки дар иҳотаи гумоштаҳои хориҷӣ мебинам!… Уқобҳои ман бо лойю гил махлут шудаанд!… Онҳо маро нафаҳмиданд!… Констани бечораи ман, онҳо ҳоло интизори онанд, ки кай ман мемирам!”

«Император ба ман ҳарфҳои зиёде гуфт, дар бораи чизҳои зиёде гуфт, метарсам, ки наметавонам дуруст он ҳамаро такрор кунам ва ин қобили дарк аст, чун маро ҳисси яъсу ноумедӣ фаро гирфта буд, ман талош накардам он ҳамаро дар хотира нигоҳ дорам… Ман чашм аз чашмони император намекандам. Император азияти ҷисмониву руҳӣ мекашид, хунсардиро гум накард ва баъди аввалин қайъкунӣ ба ман рӯ овард: Констан, Коленкур ва Иванро даъват кунед”.

Ман дарро боз кардам, то ки аз ҳуҷраи император бурун нашуда, ин фармонро ба ҷаноби Пелар расонам. Ба сари болини вай баргашта, ман ӯро зери пурсиш қарор додам ва илтиҷо намудам, ки доруи таскиндиҳанда истеъмол кунад, вале ҳама талошҳои ман беҳуда буданд, вай ҳамаи хоҳишоти маро рад кард…

Ҷаноби ҳерсог Виченский, ҷаноби Иванов ва ман ҳама талошҳоро ба ҳам овардем ва императорро водор кардем, ки бе ягон мушкилот як пиёла чой бинӯшад. Танҳо баъди ин император ором гирифт ва хобаш бурд…

Баъди чанд соат император аз хоб бедор шуд ва ба назар мерасид, ки беҳтар шудааст, ҳарчанд дар чеҳрааш нишони ҳамон азияту хастагӣ мушоҳида мешуд. Наҷоти император аз маргро ман дар он мебинам, ки заҳре, ки дар халтача нигаҳ медошт, бо гузашти замон таъсири худро гум карда буд.

 

МУҚОИСАИ НИШОНДОДИ ШОҲИДОН

Нишондоди ду шоҳидро ба ҳам қиёс мекунем. Коленкур менависад, ки дар ин соати барои император фоҷеабор дар паҳлуи вай қарор дошт ва камердинер Констанро танҳо дар поёни моҷаро, баъди қайкуниҳову талошҳо даъват карданд. Констан баръакси инро мегӯяд: вай дар назди император буд ва Наполеон аз ӯ хост то Коленкур ва Иванро даъват намояд. Ин фаҳмост: ҳар кас мехоҳад дар шуои шуҳрати бегона гарм шавад.

Бино ба гуфтаи Констан маҳз вай ба Коленкур гуфтааст, ки император заҳр хӯрдааст. Коленкур мегӯяд худи вай стакан ва коғаз бо боқимондаи заҳрро дидааст. Коленкур дақиқан таърихи худро заҳролуд кардани Наполеонро шаби 12 ба 13-уми апрел мегӯяд, аммо Констан менависад, ки ин ҳодиса шаби 11 ба 12-уми июн рух дода буд.

Ҷустуҷӯи нишондодҳои номувофиқро метавон идома дод, дар дасти мо навиштаи ду нафарест, ки бевосита ҳамон шаб дар паҳлӯи Наполеон буданд. Пас аз муаррихоне, ки худ аслан чизеро надидаанд ва танҳо аз рӯи мавҷи нақлу ривоёт ва суханони бегонагон таърих менависанд, чӣ метавон умед кард?

 

ФИКРИ ТАЪРИХНИГОРОН

Муррихони асри XIX чун ҳамеша сергап ва моил ба ҳарфу ҳиҷои барзиёдатианд. Дар бисёр маворид онҳо талош мекунанд ҷузъиёти изофагӣ ва ҳатто беш аз он ки шоҳидони айнӣ дидаву навиштаанд, ироа кунанд. Ҳамзамон бо ин ҳамаи онҳо фарзияҳои Констан ва Коленкурро такрор мекунанд. Чунончӣ, Адолф Тейер дар «Таърихи консулгарӣ ва Империя» менависад: «Вай (Наполеон) аз ҳаёт дилмонда шуда буд ва қарор дод бо истифода аз истеъмоли заҳре, ки хеле кайҳо бо худ мегардонд, ба он поён диҳад. Дар Русия, рӯзе баъд аз ҷанги хунини Малоярослав, баъди ҳамлаи ногаҳони казакҳо, ки ҷони сарбозони вайро дар хатар андохта буданд ва эҳтимолияти ба асорат гирифтани онҳо вуҷуд дошт, вай аз доктор Иван хост, ки барояш миқдоре афюни моеъ пайдо кунад, то хешро аз азоби тоқатнопазири аробаи ороишёфтаи пирӯзӣ наҷот диҳад. Доктор Иван бо дарки зарурати ин чора барояш чакидаи лозимро омода кард ва онро дар халтачае ҷой дод, ки Наполеон тавонад ҳар куҷо равад, онро бо худ дошта бошад. Ба Франсия баргашта, император нахост онро нобуд созад.

Баъдан бо фикрҳои ғамангез, бо ғамхорӣ ба сарнавишти наздикони худ вай шаби 11 ба 12 апрелро интихоб кард, то ба зиндагонии худ ва ба мушкилоташ, ки дигар таҳаммули бардошти онро надошт, поён диҳад…»

Муаррихони нимаи асри ХХ низ ҳодисаро тақрибан ҳамин хел тасвир кардаанд, вале дар миёни ҷузъиёти майда-чуйда раҳгум задаанд. Масалан, Е.В.Тарле менависад: «Ба худкушии Наполеон ман ҳамеша чун зуҳури заъф ва беҷуръат менигаристам. Маълум аст, ки дар муҳорибаи  Арси-сюр-Об ва дигар ҷангҳои пеш ва баъд аз он дар солҳои 1813 ва 1914 вай ба мисли ин ки худ худро мефиребид, маргро меҷуст, вале на марге бо дастони худи ӯ, балки талош мекард худкуширо ниқоби дигар пӯшонад.

Вале 11 апрели соли 1814, вақте дар кохи Фонтенбло барои сафари вай ба ҷазираи Элба омодагӣ медиданд, Наполеон бо Коленкур, ки дар ин рӯзҳо вақти зиёдро ба вай гузаронида буд, худоҳофизӣ кард ва ба бинои худ раҳсипор шуд. Баъдан дар он ҷо шишачаи дорои маҳлули афюнро ба даст гирифт, ҳамон шишачае, ки аз хеле замонҳо бо вай буд ва аслан онро аз худ дур намекард.

Азобҳои ваҳшатнок шуруъ шуданд. Доктор шишачаро болои миз дид ва дарҳол фаҳмид, ки чӣ мегузарад. Наполеон шикоят кард, ки заҳр ё заъиф буд ва ё хушкида ва аз духтур бо исрор талаб кард, ки барояш миқдори дигари афюн диҳад. Азияти Наполеон боз чанд соати дигар идома кард, чун вай аз истеъмоли позаҳр саркашӣ карда буд”.

Аммо таърихнигорони нимаи дуюми асри ХХ заҳролудшавии Наполеонро дигаргуна таҳлил мекунанд: онҳо ё ба рӯйдод ба назари шубҳа менигаранд ва ё дар бораи он хеле кӯтоҳ ҳарф мезананд ва чандон таваҷҷуҳе ҳам намекунанд. Аз ҷумла, Роналд Делдерфилд дар китоби “Шикасти империяи Наполеон” менависад: “Муддати чанд сол, ба андешаи баъзеҳо сар аз соли 1808 ва ба гуфтаи дигарон баъди ҷанг барои фатҳи Маскав Наполеон халтачаеро дар гардан овезон дошт. Дар он заҳри кушандае буд, ки барои ӯ духтури фаронсавӣ Пйер Кабанис (пизишк, физиолог, файласуфи франсавӣ, пайрави мактаби асолати модда дар асри рӯшангарӣ) омода карда буд. Таркиби ин заҳр билохира кушода нашуд. Шояд он омехтае буд дорои стрихнин (номи заҳри хеле қавии кушанда). Наполеон ҳамеша мегуфт, ки бо худ заҳр мегардонад ва ин ба хотири он аст, ки агар душман ӯро ба асорат гирад, худро бо он бикушад”.

Жан Тюлар дар китоби худ “Наполеон ва ё афсона дар бораи “наҷотбахш” бо як назари кӯтоҳу гузаро дар ин бора навиштааст: “Дар ӯ андешаи худкушӣ бедор мешавад; 8-ум ва бо шаҳодати Коленкур шаби 12 ба 13-уми апрел дубора талош ба худкушӣ мекунад”.

 

ОЁ ДАР АСЛ НАПОЛЕОН ХУДРО ЗАҲРОЛУД КАРДА БУД?

Суоле ба миён меояд, чаро рӯйдоди шаби 12 ба 13-уми апрели соли 1814 аз ҷониби “шоҳидон” ба таври гуногун шарҳу тафсир мешавад? Гузашта аз ин дар бораи намуди заҳре, ки Наполеон истифода кардааст ва ё карданӣ буд, маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Баъзеҳо онро афюн меноманд, дигаре ба ин назар аст, ки он сианиди калий буд, сеюмиҳо мегӯянд он омехтае буд дорои стрихнин… Баъзеҳо мегӯянд Наполеон онро дар бастае нигоҳ медошт, дуюмиҳо халтача мегӯянд ва гуруҳи сеюм даъво доранд, ки ин заҳр дар шишача нигаҳдорӣ мешуд…

Иддае гуфтанд, ки Наполеон онро дар гарданаш овезон карда буд, дигарон мегӯянд дар сандуқе нигоҳ медошт, ки либосҳояш дар он буд ва гуруҳи сеюм бар ин назаранд, ки заҳрро Наполеон дар кисаи мусофиратӣ нигаҳдорӣ мекард.

Баъзеҳо исбот карданӣ мешаванд, ки заҳрро духтури хусусии вай Иван тайёр карда буд, баъзеи дигар мегӯянд, ки Пйер Кабаниси франсавӣ… Идае ба ин назаранд, ки Наполеон заҳрро аз замони ҷанг барои Испания бо худ гирифт, дигарон рӯйдоди Малоярославро ном мегиранд. Ва рӯйхати даъвоҳоеро, ки ҳамдигарро инкор мекунанд, метавон боз ҳам идома дод. Ҳатто таърихи ин рӯйдод мушаххас нест ва санаҳои гуногун оварда шудааст. Ба назар мерасад ин шабеҳи ривоятест, ки аслан шояд набуда ва ҳар касе аз он нақл мекунад, чизе изофа кардааст, то рӯйдод бузург нишон дода шавад.

Муаррихи шинохтаи британиёӣ Роналд Делдерфилд дар бораи ҳолатҳои буҳронии таърихӣ изҳори назар мекунад ва мегӯяд, ки ба баъзе аз ин ҳолатҳо намешавад пурра бовар кард ва андешаҳои худро чунин хулоса мекунад: “набояд қотеъ ба ин бовар буд, ки оё ин бемории ногаҳонии одами шикасташуда (Наполеон дар назар аст) натиҷаи талошҳои худкушӣ буд ва ё натиҷаи истеъмоли меъёри бештари афюн, ки вай дар ин рӯзҳо чун воситаи мубориза бо бехобӣ истифода мекард”.

Муаррихи маъруфи амрикоӣ Вилям Миллиган Слоон баҳс дар мавриди заҳр хӯрдан ё худкушии Наполеонро ин гуна хулоса мекунад: “Баъзе шубҳаҳо дурустии ин ҳикоётро рад мекунанд. Чунончӣ, субҳи рӯзи дигар Наполеон саломату ором аз хоб бармехезад, маршалҳоро ҷамъ овард ва бо охирин даъват ба онҳо муроҷиат кард. Аз нишондоди котиб ва табиб бармеояд, ки вай шадидан бемор буд, аммо боқӣ шаҳодатҳову навиштаҳову фарзияҳо нақши тасаввуротест, ки дидаву дониста дар бистари бемории вай гулдӯзӣ кардаанд”.

 

“Совершенно секретно”

 

Таҳияи Ф.МУҲАММАД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here