Чаҳор рӯзи охир саргарми хондани китоби Николай Веселовский “Очерк историко-географических сведений о хивинском ханстве от древнейших времен до настоящего” будам, ки дар соли 1877 чоп шудааст. Аз нахустин сафҳааш маро ба мадори худ кашид ва шефтаи хеш кард. Бино бар одати деринаам, порчаҳои ҷолиби онро барои худ аккосӣ кардам ва хулосаи кӯтоҳеро дар бораи ин китоб барои хештан инҷо навиштам. Веселовский соли 1848 дар Маскав ба дунё омада, умре ба омӯзиши Ховарзамин машғул буд ва дар соли 1918 даргузаштааст. Аз ин китоб дида мешавад, ки Веселовский ба андозаи педантӣ дақиқкор аст ва ҳеч гуна хаторо намепазираду ҳама гуна таҳрифро чашми дидан надорад.

Хонигарии Хева, тавре Веселовский менависад, дар авохири садаи 12 ва оғози қарни 13 бузургтарин давлати минтақа буда, дар сарнавишти он нақши ҳалкунанда бозидааст. Он замон марзҳои ин давлат аз Баҳри Хазар то Ҳинд ва аз соҳилҳои Сир то халиҷи Умон доман кашидаанд. Ҳарчанд дар давраҳои гуногун он ба қисматҳо ҷудо шудааст, ба сурати умум дар таърихи мардумони минтақа ҷойгоҳи сарнавиштсоз доштааст.
Аҳолии бумии онро, менависад муаррих, мардумони ориёӣ ташкил медодаанд. Ва меафзояд, сари ин нукта ҳамаи таърихнигорон иттифоқи назар доранд. Дар ин бобат Веселовский ҳамчунин ба осори он замон ба тозагӣ кашфшудаи Абурайҳон Берунии мо ва ҳамчунин навиштаи Роулинсон дар соли 1866 такя мекунад, ки гуфтааст, ҳамаи ҷойномҳои бостонии Хева решаи авестоӣ доранд ва дар шаклҳои “тозатар” назар ба Персия (Эрон) боқӣ мондаанд. Бо истинод ба пажуҳиши П.И. Лерх роҷеъ ба забони қадимаи Хева, Веселовский забони мардуми Хоразмро хеле наздик ба забони “Занд” (авестоӣ), порсии қадим ва паҳлавӣ меномад. Биноан, мегӯяд ӯ, аҳолии Хоразм ба бахши форси хонадони ориёӣ тааллуқ дорад. Муаллиф бар пояи далелҳои зиёди таърихӣ ва ҳафриётию бостоншиносӣ мегӯяд, фарҳанги Хоразм шабеҳи фарҳанги Бохтар аст, аммо аз он шукуҳи қадимааш ба ҷуз харобаҳои чанд шаҳр ва номи Хоразм чизе намондааст.
Номи он дар авестоӣ Гауризао, паҳлавӣ Уразмеийя дар чинии бостон Хо-ли-си-ми-ки-я буда, Веселовский аз ҳамаи шарҳҳои то замони худаш паҳншуда, “қайири” (ғизо) ва “зм” (замин) ва Хуршедзаминро бартарӣ медиҳад ва ҳамзамон эҳтимологияи Вамберӣ (хоҳ ва разм, яъне ҷангхоҳ), Шпигел (увар(бад)зм(замин), Лерх (Ҳамворзамин) ва ғайраро бедалел медонад. Вай вориди баҳси лингвистӣ намешавад, балки таъкид мекунад, ҳадафаш навиштани таърихи Хоразм аст. Аммо аз ин ҷо гирифта, гирдоварии ҳамаи иттилои барояш дастрас дар бораи ин ё он мавзуъ (русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, форсӣ, арабӣ, чиноӣ, туркӣ) таҳлил ва ислоҳи он ва решаковии хатову иштибоҳи муаллифони дигар ба як вижагии пажуҳиши Веселовский табдил меёбад. Барои намуна, ӯ на як бору ду бор навиштаҳои Ханикови машҳурро дар бораи Хоразм тасҳеҳ мекунад ё бархӯрди зиёдравонаи Вамбериро ба фактҳои таърих танқид.
Аз ин тарозубаркаши факт ва қаламдоди он дар ёдам ин ҳам монд, ки як сайёҳи чин пас аз чанд соли ҳамлаи муғул бо айни ҳамон масире, ки урдуи Чингиз ба Осиёи Марказӣ омадааст, ба минтақа сафар мекунад ва гаштаю баргашта менависад, ки шаҳрҳо ободу киштзорон шукуфонанд, мардум хушу хурсанд ва тартибу низом ҷорист. Ин дар ҳолест, ки мегӯяд Веселовский, даҳҳо муаллифи дигар харобиҳои мудҳиши ҳамлаи муғулро тасвир кардаанд ва арқому далели боварбахш овардаанд. Кандукови Веселовский ошкор мекунад, ки ин нависандаи чинӣ бо даъвати чингизиён харҷи онҳо ва ҳимояти онҳо дар роҳу рӯ ба минтақа сафар кардааст. “Себамро хӯрдӣ, ғоз деҳ”. Айнан мисли бархе аз хабарнигорони имрӯза, ки ошкоро сафедро сиёҳ мегӯянду сиёҳро сафед. Ҷолиб аст, ки Чингиз бо ташкили сафари хидматии ин нависандаи чинӣ хостааст, пайомади тохтҳои хунину харобиоварашро “сабуктар” кунад ва шояд аз навиштаҳои муаррихони зиёд ва баҳои онҳо ба ҳамлааш огаҳӣ дошт.
Веселовский ҳамчунин дурӯғнависиҳои маддоҳи дигареро бо номи Юсуфи Муншӣ фош кардааст, ки ба хотири ситоиш аз ҳокимони қарохонии Бухоро таърихро таҳриф намудааст. Дар ҷое Веселовский ҳатто ӯро “воҳимачӣ” меномад. Бо такя ба садҳо сафҳа аз таърихнигориҳо Веселовский танҳо аҳди Сомониёнро давраи шукуфоии иқтисоду сиёсату фарҳанг ва ниҳодина шудани назму адл медонад. Дар ҷойи дигар як марҳалаи кӯтоҳи ҳукмронии шоҳи Хоразм Муҳаммадраҳимро каме шабеҳ ба давлатдории Сомониён меномад.
Нақси асосии китоби ҷолиби Веселовский, аз нигоҳи банда ин аст, ки асосан ба бозгӯйи саргузашти шоҳону хонҳои зиёд ва таҳқиқи шаҷараи онҳо саргарм шуда, хеле кам дар бораи вазъи мардум иттилоӣ медиҳад. Аз он ҷо ки бахши умдаи ин ҳокимон аз қабоили турку муғул будаанд, таърихномаи ӯ низ бештар ба ин қабилаҳо рабт мегирад ва ба сурати умум ақидае устувор мешавад, ки таърихи Хоразм таърихи тохтутозҳои бераҳмона ва хунини ҷангҷӯён аст. Бо хуну оташ онҳо ҳокимиятро мегиранд ва бо хуну оташ аз байн мераванд ва агар мемонанд, миёни фарзандону пайвандони онҳо муборизаи бераҳмонаи қудрат ҷараён меёбад, писар падарро мекушаду бародар бародару бародарзодаашро.
Веселовский иқрор мекунад, ки таърихи бостонии Хева дар ҷаҳон мухлиси бештар дорад ва он аз тарафи профессори Донишгоҳи Вена Едворд Захау (нахустин тарҷумони Берунӣ ба забони олмонӣ) ба андозаи зиёд таҳқиқ шудааст, то давраҳои ахири ин таърих. Ба ин сабаб ӯ талоши бештарро ба омӯзиши давраи пас аз асри 16 равона мекунад. Бо вуҷуди ин Веселовский дар оғоз як руҷуъе ба таърихи қадимаи Хоразм мекунад ва аз Ҳеродот меорад, ки гуфтааст: “Хоразмиҳо якҷо бо портҳо, суғдҳо ва ориёиён сотрапии 16-уми давлати Форсро ташкил медоданд ва 3000 талонт молиёт мепардохтанд. Хоразмиён ва портҳо зери фармони як сипаҳсолор буданд ва ҳамроҳ бо суғдҳо, гандарийҳо ва додикҳо як хел силоҳ доштаву либосашон ба бохтариҳо монанд буд.”
Вақте ки Искандари Мақдунӣ ба соҳили Оксус (Сир) расид, ба нигоштаи Орриан, сатрапи Хоразм бо номи Фарасман бо 1500 сарбоз назди ӯ омад ва изҳори итоат кард, дар ҳоле ки Суғду Бохтар бо мақдуниҳо меҷангиданд. Чунин ҳолат дар Мод низ рух дода буд. Сатрапи он Онтрупотан (ки гуфта мешавад, номи Озарбойҷон аз ӯ мондааст) низ бо чунин роҳ мулки худро аз истилои мақдуниҳо эмин дошт. Страбон ҳам ба асолати ориёии хоразмиҳо ишора мекунад ва мегӯяд, Спитамон дар сарзамини онҳо паноҳ ҷуста буд.
Веселовский қатра ба қатра аз маъхазҳои юнонӣ инро гирд овардааст, ки бошандагони минтақа ба сурати умум ду бахш буданд, муқимиён (суғдиҳо, бохтариён ва хоразмиён) ва кӯчиён (сакҳо, массагетҳо, даҳиҳо, мардҳо), ки минтақаи аввалиҳоро дар муҳосира гирифта буданд. Ҳамаи онҳо бо ҳам хешу пайванд ва аз ақвоми ориёӣ буданд. Дертар кӯчиёни турк ба кӯчиёни ориёӣ ҳамла мекунанд, кӯчиёни ориёӣ ба ориёиҳои муқимӣ ва ҳалқа тангтар мешавад, то он ҷо, ки туркҳо ҳокимияти сиёсиро дар ҳамаи ин минтақа ба даст мегиранд. Ин бахши таърих, ба гуфтаи Веселовский, махсусан дар сарчашмаҳои чинӣ муфассал бозгӯ шудааст, ҳарчанд бо навишти пурғалати номҳо ва ҷойномҳо. Ҳамзамон Веселовский иттилои ин манобеъро бо маъхазҳои юнонӣ ва эронӣ мавриди озмоиш қарор медиҳад, то мӯйро аз хамир ҷудо кунад.
Ба сурати умум Веселовский ишғоли Хоразмро аз тарафи қабилаҳои турк оғози поёни он ҳамчун мулки шукуфон меномад. Вай мегӯяд, ишғолгарон танҳо як корро медонистанд, ки куштани неруҳои тавлидкунандаи ин сарзамин буд. Аз ҷангу ҷидоли байниҳамии онҳо низ пеш аз ҳама мардуми қаторӣ, сокинони асилу бумии ин мулк дастаҷамъона кушта мешуданд ва моли онҳо ба ғорат мерафт. Ҳатто дар осоиштатарин давраҳо низ дастаҳои раҳзан ба ғорати ин мардум машғул буданд ва кам иттифоқ меафтод, ки барои н муҷозот шаванд.
Омадаҳо тамоми низоми пешинаи ин ҷомеаро баҳам заданд ва низоми қабилагароии худро ҷорӣ намуданд (саҳ.140). Дар ин ҷо ва чанд мавриди дигар Веселовский бахши асосии аҳолии бумиро сарт меномад ва танҳо дар ду маврид тоҷик. “Бо ишғоли кишвари кишоварзон онҳо одатҳои саҳроии худро дигар накарданд. Ҳамаи корҳо ҳамоно дар дасти сартҳо буд, кишоварзӣ, кандани наҳрҳои обёрӣ, боғдорӣ, косибӣ ва тиҷорат.” “Онҳо дар давлатсозӣ ва давлатдорӣ ҳеч саҳми самарбахш наоварданд, балки дар давраҳои муайяне Хеваро ба лонаи ғоратгарон табдил доданд.” (саҳ.146)
Ба нақл аз чандин сарчашма Веселовский менависад, дар Хива туркманҳо ва ӯзбакҳо аз пардохти ҳама гуна боҷу андоз озод буданд. Вай ҳадс мезанад, ки ин имтиёз барои он дода шудааст, ки намояндагони ин ду қавм ҳастаи артиши Хеваро ташкил медоданд ва уҳдадор буданд, ки бо аввалин даъвати хон ба аспҳо савор шаванд ва ба ҷанг раванд. Ин дар ҳолест, ки боҷу андоз аз мардуми Хоразм хеле зиёд буд. Бахши асосии онро деҳқонон аз фурӯши гандум, ҷав, кунҷит, ҷуворӣ ва меваю сабзавот мепардохтанд. Агар деҳқон моли худро, чи зироат ва чи чорпо ба берун аз марзҳои хонигарӣ мефурӯхт, сӣ дарсади онро хон ҳамчун пардохти гумрукӣ мегирифт (саҳ. 295). Як андози дигар бо номи дегпулӣ вуҷуд доштааст. Аз ҳар дег, шояд манзур аз ҳар хонадон бошад, баробар бо 11 рубли нуқра нақдина гирифта мешуд.
Барои истифодаи об, сохтани каналу корезҳои нав низ боҷ пардохта мешуд. Бахши бузурге аз шабакаи обрасонии хонигарӣ ба хону иноқҳо тааллуқ дошт, ҳарчанд дар поккории солонаи онҳо асосан аз нерӯи аҳолӣ ба таври ройгон истифода мешуд. Ҳамчунин тоҷирони молҳои саноатӣ, бозорнишинҳо андоз медоданд. Як андози дигар аз чарогоҳҳо пардохта мешуд. Барои он ки дар шумориши молиёт хато ва фасоде рух надиҳад, дар давраи ҳокимияти Муҳаммад Раҳимхон дар Хева саршумории аҳолӣ ҷараён гирифт. Ба ғайр аз ин намояндагони ҳар касбу пеша соле як бор мебоист ба хон ё иноқ туҳфа мефиристонданд.
Ҳамаи ин шукуфоии ҳаёти хонигариро таъмин мекард. Ҳоло шумо бигӯед, ки андоздиҳандагон киҳо буданд ва чӣ қадар бояд зиёд бошанду чи қадар муваффақ, ки рифоҳи давлатро фароҳам оваранд. Ба дараҷае, ки бархе аз ҷаҳонгардон дар сафари Хева онро ба Бухорои аҳди Сомониён монанд кардаанд. Веселовский меафзояд, Муҳаммад Раҳим талош кард, ба шеваи шоҳони форс давлатдорӣ кунад ва як форсро ноиби худ таъйин намудаву ҳама умури мулк ва пеш аз ҳама умури молиро ба дасти ӯ дода буд.
Дар сафҳаи 324 Веселовский аз як пажуҳиши Данилевский ва Базинер дар бораи вазъи молии Хева нақл мекунад, ки бино бар он андози замин 1 миллион, андоз аз ғалла 150 000 рубл, боҷи амвол 35000, боҷи дукондорӣ 50000, хуллас ҳамаи пардохтҳо дар сол 1,5 миллион рублро ташкил медодаанд.

Қайдҳои парешон аз ин китоб

“Англия искала в то время новых рынков для своей торговли; она старалсь завязать торговые отношения с Персией и другими госдурставами Азии. С этой целью и был отправлен в Россию в 1557 году лондонско-московскою компанией, merchants of London of Muscovie Company, Дженкинсен с тем, чтобы пробраться оттуда в Хиву и Бухару. В России Дженкинсен так умел расположить в свою пользу Иоанна Грозного, что он позволил этому англичанину объездить Россию, а отправиться затем в Азию.» (Веселовский, саҳ.111)
Дар моварои ҷанг аз ду тараф садои азон баланд мешавад. Ду лашкар аз шамшерзанӣ бозмеистанд, аз хатти ҷабҳа ақиб мераванд, гоҳе ба нишемангоҳи худ бармегарданд ва агар об буд бо об, агар об набуд, бо хок таҳорат ё таяммум мекунанд, дар паси имоми худ саф мекашанд, намоз мегузоранд ва баъд аз салом бармехезанд ва бо нидоҳои “Аллоҳ акбар!” аз нав бо ҳамдигар вориди ҷанг мешаванд. Ҳарду тараф худро “ғозӣ” меноманд ва бераҳмона ҳамдинони худро бо найза шикоф ё шоф пора мекунанд…
Аввалин ҳамлаи русҳо ба хонигарии Хева дар соли 1603 рӯй додааст, мегӯяд Веселковский ва иттилои Жуковскийро, ки ин ҳамларо ба соли 1602 рабт медиҳад, иштибоҳ хондааст. Веселковский ҳатто пайдо кардааст, ки ин ҳамла дар моҳи июн ба вуқуъ пайвастааст. Он ҳам аз рӯйи ривояти Абулғозӣ, ки ба котибони худ гуфтааст, пас аз 40 рӯзи пирӯзии падараш бар казакҳои рус ба дунё омадааст. Ҷузъиёти ин ҳамла дар осори рус муфассал омадааст ва фармондеҳи казакҳо атаман Нечай буда, шумори онҳо то 1000 нафар. Гурганҷро ишғол ва 7 рӯз ғорат кардаанд, он ҳам дар ҳоле ки хони Хева Арабмуҳаммад машғули ҳамла ба Бухоро будааст. Бо расидани ин хабар ӯ ба Гурганҷ баргашт ва казакҳоро дунболагирӣ карда, дар соҳили Хазар ба онҳо расид ва якто намонда кушту асиронро раҳо намуд.
Абулғозӣ 15 рабиулаввали соли заргӯши 1012 (12 августи 1603) ба дунё омадааст ва Веселковкий аз ин ҷо шумурдааст, ки ҳамлаи казакҳо моҳи июн иттифоқ афтодааст.
Хон Фарнагро кӯчиён дар хонааш куштанд. Ҳамроҳ бо ӯ 200 нафар аз аҳли хонадонашро. Аммо ба гунае куштанд, ки як қатра хун ҳам ба заминаш нарехт. Онҳо яке паси дигар лаб ба захмҳои тани ӯ ниҳода ҳарисона хунашро макиданд. (Оё ин ягон расму ойин бошад?)

Салими Аюбзод 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here