Ҷойгоҳи зан — модар, ҳанӯз аз оғози таърих дар фарҳанги тоҷикон мақоми шоистаеро соҳиб буд. Аммо, бо ҳуҷуми араб ва ҷорӣ шудани дини ислом мутаассифона, нисбати зан ва мақому ҳуқуқҳои он аз тарафи рӯҳониёни гумроҳ ва идеолоияи ҳукмрони хилофати Умавиҳою Аббосиҳо, ки он аслан аз ҳамон фаҳмиши арабҳои ҷоҳил сарчашма мегирифт, маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ гардид. Ин фаҳмиш пасон дар давраҳои ҳукмронии сулолаҳои хурофотии турктабори асримиёнагӣ то ибтидои асри ХХ идома ёфт. Агарчанде, ки шариати аслии ислом ба зан ва ҷойгоҳи он нигоҳи нек дорад, аммо ҳукмронони замон зери таъсири иддае аз рӯҳониёни ҷоҳил давоми муддати зикршуда, занро ҳамчун манбаи айшу ишрат қарор дода буданд. Ҳамин тавр зан ҳамчун як нафар инсон аз бисёр озодиҳои хеш маҳрум шуда, дар оила мутеъ шуда монд ва дар муносибатҳои ҷамъиятӣ натавонсит ба таври зарурӣ ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Шоирони классики тоҷику форс қариб, ки дар васфи зан — модар ба ҷуз чанд марсия (ба монандӣ Масъуди Саъди Салмон, Амъақи Бухороӣ, Низоми Ганҷавӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва чанде дигарон) ҳеҷ шеъре ҳатто эҷод накарданд. Дар аксар маврид зан вазифааш дар хона нишастан ва чун ғулом ба кори хона банд шудан ва ҳамон тавре, ки зикр намудем ба манбаи ишрат қарор гирифтан буду халос. Дар ин маврид яке аз олимони асримиёнагӣ Ҳаким Тирмизӣ, ки яке аз донишмандони бузурги олами ислом ба ҳисоб меравад, чунин менависад: «Салоҳи кӯдак дар рафтан ба мактаб, ҷавон дар касби илм, пирамард дар пойбандӣ ба масҷид ва зан дар хонашинӣ аст».

Бо вуҷуди чунин вазъ қайд бояд намуд, ки дар фарҳанги хонаводагии тоҷикон зан — модар азизу муҳтарам буд. Зеро чунин муносибат таърихан дар вуҷуду сиришти таърихии ниёгони мо нуҳуфта аст. Тавре ховаршиноси рус Михаил Андреев қайд менамояд: «тоҷикон бо занон нарммуомилаанд…». Махсусан дар манотиқи кӯҳистони тоҷикнишин занон назар ба занони шаҳрҳою водиҳо хело озодтар буданду дар зиндагӣ баробари мардон нақш мегузоштанд. Читавре, ки М. Андреев менависад: «Дар ҷомеаи тоҷикони кӯҳистонӣ зан ёвари ҷиддии шавҳар аст. Ҳама корҳои рӯзгор ба дӯши ӯст ва ғайр аз ин дар корҳои саҳро ширкат меварзад: дар баъзе маҳалҳои кӯҳӣ занон ҳамрадаи мардон ғалла медараванд, хирман мекӯбанд (ба тарзи муқаррарии осиёимиёнагӣ: ҳайвонотро ба рӯи дарзаҳои хирман ронда) ва  баъзе корҳои дигарро низ  ба субут мерасонанд».

Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки асрҳои IX — Х, ки замони ҳукмронии сулолаҳои тоҷикон Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Зиёриён, Бувайҳиён дар ҳудудҳои Тоҷикзамини таърихӣ мебошад, дар қиёс ба ҳукумати Аббосиҳо ва сулолаҳои туркии минбаъда, зан то андозае аз ҳуқуқҳои худ бархурдор буд. Махсусан, бо таъсири сиёсати фарҳангпарварона ва инсондӯстонаи давлати Сомониён чанде аз занон дар ин қаламрав чун чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг падидор шуданд. Бархе аз занони олимон дар муҳити хонаводагӣ соҳибмактаб буданд.  Аз ин ҷост, ки бисёри бузургони мо нахуст устоди хеш модари худро медонанд. Дар аҳди Сомониён теъдоди чунин занони донишманд бе зикри номашон хело зиёд буданд. Мутаассифона, зикри номи занонро бархе аз рӯҳониён хурофотӣ ҷоиз намедонистанд ва ифшои онро ба бенангии мардон алоқаманд менамуданд. Аз ин рӯ, исми бисёре аз онҳо дар хотираи таърих намондааст. Дар ин миён ҳатто занони донишманде буданд, ки дар мавриди додани ҳаргуна фатвоҳои ҳуқуқӣ низ нақш доштанд. Ҳамин паҳлӯи мавзӯро дар замони Сомониён донишманди эронӣ Муҳаммадризои Ноҷӣ таҳлил намуда, аз ҷумла чунин менависад: «… дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва дигар шаҳрҳо, вақте фатвое аз хонаи олиме содир мешуд, ҷуз хатти соҳибхона, хатти духтар ва ҳамсар, хоҳар ва дигар бастагони ӯ низ дар пои он буд». Ҳамин тавр дар хонадони ҳар як нафар олиму мударрис зане соҳибдилу равшанфикр вуҷуд дошт, ки бо қалби худ чароғи хонадону ҷомеа буд.

Бо мақсади ошноии бештар метавон чанде аз онҳоро, ки дар адабиёти таърихӣ номашон ҳифз шудаанд ин ҷо муаррифӣ намуд.

Қозии Ҷузҷон Муҳаммад ибни Аҳмади Абириҷо духтаре дошт, бо исми Хадиҷа, ки ҳамчун фақеҳ муҳаддис шӯҳрат ёфта буд. Хадиҷа забони арабӣ ва фиқҳро аз падар ва модари хеш меомӯзад. Ӯ муддати сад сол умр мебинад ва дар хонаи хеш мактаби духтаронаеро сарварӣ мекард.

Бонуи дигар бо номи Каримаи Кушмиҳании Марвазӣ (асрҳои Х — ХI) мебошад, ки аз сабаби истиқомат дар Макка бо лақаби «Муҷовира» (бошандаи назди ҷойҳои муқаддас) машҳур шудааст. Ӯ зодаи шаҳри Марв буда, дар ҷавонӣ аз донишмандон Абӯалӣ Зоҳир ибни Аҳмади Сарахсӣ ва Муҳаммад ибни Маккӣ ибни Муҳаммади Марвазӣ ҳадис омӯхтааст. Дар донистани адабиёту ҳикмат ҳам ҳамто надошт. Бинобар навиштаи Муҳаммадризои Ноҷӣ ӯ зани фозилу донишманд буда ва дар тӯли ҳаёт издивоҷ накардааст. Ҳамроҳи падараш Аҳмад ибни Муҳаммади Ҳотам ба сафари Байтулмуқаддас ва Макка рафтааст. Ба навиштаи ин донишманд Карима борҳо «Саҳеҳ»-и Бухориро ривоят кардааст ва касоне чун Хатиби Бағдодӣ аз ӯ ривоят намудаанд.

Яке аз бузургтарин чеҳраҳои фарҳангӣ ин Робияи Балхӣ мебошад. Ӯ яке аз шоираҳои номовари аҳди Сомониён буд, ки дар эҷодиёташ ишқи поки инсониро тараннум намудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Забони миллат — ҳастии миллат» доир ба Робияи Балхӣ чунин менависанд: «Робиа бинти Каъби Қуздории Балхӣ аз нахустин бонувони сухансарои аҳди сомонист, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ шеърҳои ошиқонаи ҷаззобу рангин сурудааст… Аз ашъори ӯ маҷмӯан то рӯзгори мо 55 байт боқӣ мондааст. Забони ашъораш аз лутфи табъ ва рангинии хаёлаш дарак медиҳад». Дар воқеъ Робия яке аз занони озода ва озодандеш буд ва аз ишқи покаш бо нафаре бародараш (пушти падараиаш араб буд ) огоҳ шуда ӯро мекушад. Бо ин Робиа бадном мешавад. Ҳатто баъзе аз шоирони классик ӯро мазаммат намуданд. Масалан, тазкиранигор ва шоири асрҳои XII — XIII Муҳаммад Авфӣ дар асари худ «Лубоб — ул — албоб» менависад, ки «… зане ошиқпеша ва шоҳидбоз (бачабоз, фоҳиша. Д. М.) буд». Албатта, таассуби динию мазҳабӣ ҳатто ба бархе аз шуароро имкон намедод, ки воқеиятро ифшо созанд.

Гумони ғолиб бар он аст, ки умуман дар ҳавзаҳои илмию адабии Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Ҳисор, Ҳироту Балх, Марву Нишопур ва ғайра чунин занони соҳибмаърифат ва рӯшанфикр бо теъдоди ангуштшумор вуҷуд доштанд, ки ҳар яке мақоми муаяйнеро соҳиб буданд. Аммо аз сабабҳои дар боло ёдшуда мо наметавонем номи бештари онҳоро ин ҷо зикр намоем.

Давлатшоҳ Маҳмудов,

Содиқов Музаффар,

омӯзгорони факултаи таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here