Овозаҳои саховатпешагӣ ва дасти кӯмак дароз кардани Ҳоҷи Гардсӯз ба ҳазорҳо нафарро дар солҳои вазнинӣ ва гуруснагии солҳои 95-97 асри гузашта на як бору ду бор шуниданҳо бандаро ҷониби суроғаи ин марди саховатпеша бурд.   

Ҳоҷӣ Гардсӯз — Раҳмонов Шариф Чиллахонович соли 1953 дар деҳаи Тосқалъаи ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Падараш дар пункти пахтақабулкунии деҳаи Тосқалъа ҳисобчӣ шуда кор мекард. Модараш бошад, колхозчӣ буд. 

— Модарам қаҳрамонмодар буданд, 11 фарзанд доранд: 7 писару 4 духтар. Ман фарзанди калонии хонадон ҳастам. Шукронаи Аллоҳ, ҳамаи фарзандони падарам сиҳату саломат буда, пайи зиндагии мустақилонаи худ ҳастанд. Ман соли 1967 баъди хатми синфи 10 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорида, баъди супоридани имтиҳонҳо ба он дохил шудам. – мегӯяд Шариф Раҳмонов. 

Вай соли 1971 Омӯзишгоҳи педагогиро хатм карда, мувофиқи роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Панҷ фиристода шуд. Дар ноҳияи Панҷ чор моҳ кор кард ва Комисариати ҳарбии ноҳия ӯро ба хизмати Модар — Ватан сафарбар намуд. Дар шаҳри Барнаул ва баъдан дар Оренбург хизмат кард. Соли 1973 хизматро сарбаландона ба охир расонида, ба Тоҷикистон баргашт. Ш.Раҳмонов ду сол дар деҳаи худашон муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кард ва соли 1975 ба факултаи таърихи УДТ ба номи Ленин дохил шуд. Муддати як сол рӯзона ва баъдан бо сабаби мушкилоти оилавӣ дар шӯъбаи ғоибона таҳсил намуд. Соли 1981 УДТ-ро хатм карда, дар МТМУ-и №15 деҳаашон то соли 1989 муаллими фанни таърих буд. 

Ҳоҷӣ Шариф мегӯяд, дар ноҳияи Қумсангир Конференсияи ҷумҳуриявии омӯзгорон мегузашт. Маро аз шӯъбаи маорифи ноҳия барои баромад кардан он ҷо фиристоданд. Аз вилояти онвақтаи Кӯлоб ягон нафаре набаромад, то шеър бигӯяд. Як нафар ҷавон аз ВМБК, як нафар ҷавон аз Хуҷанд ва як нафар омӯзгори дигар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба минбар баромада, бо забони русӣ шеър хонданд. Яке аз онҳо рубоиёти Хайёмро бо забони русӣ қироат кард. Ман низ номус карда, ба ҳайси омӯзгори ҷавон аз вилояти Кӯлоб баромада, порае аз достони Ҷ.Румиро аз минбар бо забони русӣ  қироат кардам. Баъдан директори мактаб — як зани немис, ки барандаи он озмун буд ба наздам омада гуфт, ки “тебя ещё раз просят” ва ман бо ифтихор ин маротиб ба минбар баромада, 8 -10 рубёти Хайёмро бо забони русӣ қироат кардам. Баъди баромад кардан Рамазон Ғозиев (он замон мудири маорифи вилояти Кӯлоб) ба назди ман омада, пурсид, ки “бачам, аз куҷо мешавӣ?” Ман посух додам, ки “ронандаи мудири маорифи ноҳияи Восеъ мебошам”. Рамазон Ғозиев ба ман гуфтанд, ки “Додар, барои ман фарқ надорад, ту ронандаи мудири маориф ҳастӣ, мудири хоҷагӣ ҳастӣ, ё посбони мактаб. Азбаски обрӯи моро дар ин ҷо бардоштӣ ва омӯзгорони вилояти Кӯлобро дастгирӣ кардӣ, як роҳхати сайёҳӣ ба давлати Югославия ба номат ҳаст”. Пеш аз «Золотое кольцо» рафтан раҳматии С.Тӯрахонов ба ман путёвка дода, Венгрия равон карда буд. Барои он ки ман шиносномаи хориҷиро сари вақт тайёр карда натавонистам, Рамазон Ғозиев ба ҷои роҳхати Югославия ҳамон роҳхати «Золотое кольцо»-ро тӯҳфа кард. Инчунин, як мошини дигар низ барои ҳамон баромадам тӯҳфа карданд…

Баъди соли 1989 тарки муаллимӣ карда, дар Маскав ба тиҷорат машғул шудам. 

— Мо аз Душанбе ба Маскав рафтем. Солҳои 91-92, вақте ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ соҳибистиқлолии худро эълон карданд, аскарбачаҳои ин ҷумҳуриҳо дар ҳар гӯшаву канори собиқ шӯравӣ паи хизмати ватан буданд. Баъди пошхӯрӣ вазъияти онҳо вазнин шудан гирифт. Касе ба онҳо аҳмият намедод. Ман худ медидам аскарбачаҳои тоҷик дар қисми ҳарбии наздике хизмат доштанд, вале шароит ва зиндагии вазнин доштанд. Ҳамин тавр ман тиҷорат, ки мекардам, пулдор будам. Ҳолу аҳволи аскарбачаҳои ба тоҷик монандро дида, зиқ шудам. Дилам тоқат накард ва ба наздашон рафта, пурсидам, ки аз куҷоянд. Онҳо гуфтанд, аз Тоҷикистонем. Ман ба назди командири қисми низомиашон рафтам ва аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳукумати Шӯравӣ барҳам хӯрд, қисмҳои низомӣ ҳам ҳоло бенизом буда, парокандаанд, чӣ хизмат кунам, ки ту онҳоро ҷавоб дода метавонӣ? Он кас ба ман гуфт, ки 20-30 литр спирт биёр, ман онҳоро ҷавоб медиҳам.  Ҳамин тавр ман ба командири онҳо пул дода, 40 нафар тоҷикписарро, ки ҳама аз ноҳияи Панҷ будаанд, ҷавобашонро гирифта, ба ҳар кадомашон 25 рубли ҳамон давраина додам ва гуфтам, ба хонаҳоятон равед. 

Дар Тоҷикистон будам. Як писарак аз ҷои худамон дар Русия будааст, ба падару модараш нома навишт,а хоҳиш кардааст, ки омада маро бубаред, ки азоб дорам. Баъд ман ба Русия рафта, он писар ва боз 8 нафари ҳамроҳашро ҳуҷҷатҳояшонро дуруст карда, ба вагони самти Маскав – Тоҷикистон савор кардам ва маблағи роҳкирои қатораро низ додам. Ба ҷуз ин ҷавононеро дар кӯчаҳои Маскав медидам, ки ҳолу зори табоҳ доштанд, хизмат мекарданд, ё ҷавоб шуда бошанд ҳам имкони ба хона рафтан надоштанд. Оҳоро ба хона оварда, пули роҳкирояшонро дода, ба назди пайвандонашон гусел мекардем, — мегӯяд Шариф Раҳмонов. 

Бо маблағи тиҷорати дар Маскав мекарда Ҳоҷӣ Шариф додаронашро хононда, зан дода, хонаашон сохт. Хоҳарҳояшро ба шавҳар дод. Аз соли 1989 то соли 1991 дар Маскав пайи кор буд. Охирон сафари кардагиаш баъди ҳайкали Ленинро чаппа кардан буд. Ш. Раҳмонов мегӯяд, дар пеши меҳмонсарои “Космос” ҳамроҳи зангибачаҳо тиҷорати муштарак доштем. Онҳо ороишоти тиллоиро бисёр нағз медиданд. Ман аз заводи коркарди ашёҳои тилло ороишоти тиллоӣ харида, пулашро дар касса, дар доираи қонун месупоридам ва оварда ба онҳо медодам, онҳо ба ватанашон бурда, баъди 20 – 30 рӯз пулашро як ҷо оварда медоданд. Хубии кор дар он буд, ки боҷи гумрукӣ набуд. Инҳо ҳамон зангибачаҳое буданд, ки дар Институти дӯстии халқҳои ба номи Патрис Лумумба таҳсил мекарданд. Ҳамроҳи онҳо муддати 3 сол кор кардам. 

Соли 1991 билохира ба ватан баргаштам ва бо мардум пайи зиндагӣ дар деҳа шудем. Баъд иҷозати замин гирифтан шуд ва ман 2 га замин аз соҳили дарёи Сурхоб гирифтам ва мисли дигарон паи кори деҳқонӣ шудам. Шароити зиндагиамон хуб шуд, маҳсулот истеҳсол менамудам, ба ҷуз ин консерва тайёр мекардаму мефурӯхтам, молу гов нигоҳубинӣ мекардам, зиндагиам камбудие надошт. Чор тарафи заминам об аст – идома медиҳад суҳбаташро Ҳоҷӣ Шариф. 

Соли 1995 аҳволи зиндагии мардум бе ин ҳам ниҳоят вазнин буд ва боз ҳам вазнинтар шуд. Нафароне буданд, ки як халта гандумро ба нафарони зарурманд ба ҷои чор халта гандум доданд, яъне як халта гандум медоданд ва ба ҷои он чор халта гандум талаб мекарданд. Як халта гандумро бо як гови ҷӯшо иваз кардагиҳо ҳам буданд. 

Ҳоҷӣ Шариф як бегоҳ дар хона ҳамроҳи аҳли оила нишаста буд, ки садои гиряи аламноки кӯдаке беист ба гӯшаш расид. Пурсид, ин овози гиряи кист? Хонагиҳо посух доданд, ки овози гиряи бачаи 13-14 солаи ҳамсоя мебошад. «Нон, нон нон!» гуфта беист мегирист. Ҳамин ҳолат бисёр зиқаш менамояд (ӯ ашки чашмонашро пок мекунад) ва ҳамроҳи ҳамсараш маслиҳат карда, саҳар аз хоб хеста, як дег гардсӯз пухта, ба касоне, ки надоштанд, садақа доданд. Нарасид. Боз ба таги деги дигар оташро гиронда, равған ширин карда, шир андохта, ба он гард ҳамроҳ карда, тақсим карданд.- Деги тайёрашро тақсим карда, додан мегирифтем, боз дегҳои дигарашро равғану шир андохта, бо навбат тайёр кардан мегирифтем. Ҳамин тавр рӯзе се дег гардсӯз ба мардуми гуруснаву нон мехоста пухта медодем. Мардум омада мехӯрданд ва қисме ҳамроҳи худ гирифта мебурданд. 

Як рафиқ дорам. Аслам Ҳофиз мегуфтандаш. Вай дар хоҷагии бобои Миралӣ вазифаи мудири хоҷагиро адо мекард. Он кас биринҷ оварда медод, мо гоҳ ширбиринҷ карда ба мардуми муҳтоҷ медодем. Боре омада гуфт, ки як мард ҳамроҳи худ духтари қадрасашро аз кадом ноҳияҳои минтақа оварда, бо гиряву зорӣ илтимос кард, ки “бародар, ана ин духтарамро ба занӣ бигир ва ба ивазаш як халта гандумам бидеҳ”. 

Намедонистам, чӣ кор кунам, фарёд кунам, ки “Худои ман ин чӣ рӯз аст?”. Ман ба он мард гуфтам, ки марҳамат, 2-3 халта гандумро гирифта бираву духтарат ба ҷои фарзандам бошад. 

Боз нақл кард, ки шабе якчанд нафар омада, дар кафи дастони ман тилло рехтанд ва гуфтанд, ки бар ивазаш ду — се халта гандум ба мо бидеҳ. Лекин ман ягон дона тиллои онҳоро нагирифтам ва гуфтам, ҳеҷ чизи шумо ба ман лозим не, ман ҳамин хел мушкили шуморо ҳал мекунам. Ҳамин хел ҷавонмарди хайрхоҳ буд Аслам Ҳофиз. Вай сарояндаи хуб ҳам ҳаст ва бо раҳматии Зариф Наҷмиддин (раҳматӣ ҳофизи ғӯрамарг ва роҳбари ансамбли “Чашма” -и собиқ колхози ба номи Ленин) дӯстони қарин буданд. Бисёр шеърҳои баланд интихоб карда месароид. Ҳоло дар шаҳри Душанбе мебошад ва кору зиндагӣ дорад. Вай ҳам, Ҳофиз Аслам ҳам ба ман кам кам кӯмак мекарданд ва маҳсулоти овардаи онҳоро ҳам хӯрок пухта, ба мардум тақсим карда медодем. Мардум аз деҳаҳои ҷамоати мо ва ҷамоатҳои дигари атроф ҳама барои хӯрдан меомаданд. Бархе, ки мушкилоташ зиёдтар буд, ҳамроҳи худ зарфи хӯрокбарӣ меоварданд ва барои аҳли оилаашон мебурданд. Ин кори хайри мо се моҳ давом кард. Вақте гандум ба расидан сар кард, мардум омаданашон камтар шуд Худованд ин рӯзҳоро гузаронд ва боз рӯзҳои нек пеш омаданд, – иброз медорад Шариф Раҳмонов.  

Соли 2011 буд, рӯзе Ҳоҷӣ Шариф бемор шуда, ба беморхонаи шаҳри Душабе афтида хоб рафт. Мардуми деҳа, деҳаҳои атроф ва аз дигар ҷамоатҳо ҳам барои аёдати ӯ рафтанд. Дилаш суст кор мекарду пойҳояш варамида буданд. Духтурон ва нафарони ҳампалатааш ин қадар беморхабаргирии зиёдро дида ҳайрон шуда, аз Ҳоҷӣ мепурсиданд, ки шумо чӣ касе ҳастед? Ӯ дар посух мегуфт, ки ман ҳеҷ кас нестам, мисли ҳар яки шумо як одами оддӣ ҳастам. Меомаданд ва ростӣ, аксарияташонро умуман намешинохт ва аз онҳо мепурсид, ки бародар, нашинохтам. Мегуфтанд, ки бобои Ҳоҷӣ, мо ҳамон бачаҳое ҳастем, ки дар соли 1995 аз канори роҳ ва қади новаҳо бардошта бурда гардсӯз медодед ва мо ба худ омада, ба хонаҳоямон мерафтем ва пайи зиндагии худ мешудем. 

 -Худованд ҳеҷ хорашон накунад. Ҳозир аксарият коргар, роҳбар қисме духтуру муҳандис шуда кор мекунанд. Намакро, ки пос медоранд, Худованд нигаҳбонашон бошад. 

Шариф Раҳмонов оиладор буда, 7 фарзанд дорад: ду писару 5 духтар. Ҳамсараш духтари аммааш аз деҳаи худи Тосқалъа. Соҳиби маълумоти миёна, хонашин. Вай низ мисли Ҳоҷӣ Шариф хайрхоҳ мебошад. Ҳоло ҳам аз обилаи дастони худаш зиндагии худу аҳли оила ва наберагонашро пеш мебарад. 

Ш.Раҳмонов мегӯяд, ман ба зиёрати хонаи Худо нарафтаам ва мардум худ мартабаи ҳоҷигиро ба ман додаанд. Аз зиёрати хонаи Худо чандин нафарон, ба зиёрати ман омада мегуфтанд, ки фалон Ҳоҷӣ ва фалону фалон нафар аз Арабистон ба шумо дуруду паёми бисёр фиристоданд. Баъзеашон роҳи дарозро тай карда меоянд ба хонаам ва ҳамроҳам нишаста, суҳбат мекунанд ва мегӯянд:

— Ҳоҷӣ Шариф дар куҷост, ки пайғомашро расонем ва зиёраташ кунем. 

Ман ба онҳо мегӯям, ки каме мунтазир шавед, ҳозир меояд. Ҳарчанд, ки худи ман ҳамроҳашон ҳастам ва нишаста суҳбат дорем. Ҳамсарам хандида мегӯяд, Ҳоҷӣ Шариф ҳамин марди ҳамроҳатон, ки мебошад, аст. 

Охирон орзуву армони Ҳоҷӣ Шариф он аст, ки агар дасташ расид,  ба беваҳои бекасу фарзандони сағераи зиёде дошта ақаллан ду ҳуҷраӣ сохта бидиҳад, то ки сарпаноҳе ёбанду мушкили зиндагиашон каме ҳам бошад, беҳ шавад…

С. Халилиён, аз деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here