Нимпайкараи Пӯлот Бобокалонов — Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон, дорандаи ду ордени Ленин ва дигар медалу ифтихорномаҳо моҳи июли соли ҷорӣ дар шафати бинои  ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ гардид. Дубора сохтани нимпайкара ва дигар кардани ҷойи он ташаббуси худи наберагони қаҳрамон будааст.

Акбар Бобокалонов — набераи калонсолтари Пӯлод Бобокалонов аст. Бойгонии хонаводаи Бобокалоновҳо пурра дар ихтиёри ӯст. Вай  кӯчонидани нимпайкараи бобояшро кори саривақтӣ дониста, зарурати ин корро гуфта дод. Соли 1992 дар колхози Фрунзеи ноҳияи Хуҷанд бахшида ба 100 солагии бобоям нимпайкра гузошта будем, — мегӯяд ҳамсуҳбати мо. -Бо сабаби барҳам хӯрдани колхоз ва ба фурӯш рафтани идораи он муҷассама бе нигоҳубин монд. Ифлосиву чиркинии ин мавзеъ мо- набераҳоро ба ташвиш мононд. Бе он ки ҳар моҳ рафта поккорӣ мегузарондем, диламон ҳамоно хавотир буд. Бо даводавии мо ва як қарори махсуси раиси ноҳия нимпайкараро ба маркази ҷамоати Ғозиён кӯчонидем.

Набераи қаҳрамони мо то ҳол аз ҷамъкунии маълумоту ҳуҷҷатҳо, гулчини сурату наворҳо, ки фаъолияти пурсамари бобояшро нақл мекунанд, хотима надодааст. Тамоми осори публитсистӣ, бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, ки аз тарафи аҳли зиё офарида шудаанд, нигаҳдорӣ мекунад. Ӯ ба ҳар саволи инҷониб бо сурату ҳуҷҷат ва навори ҷолиб  посух дод.

— Замоне, ки пахтакорон техникаи коркарди заминро надоштанд, аз 1 гектар  — 67 сентнер пахтаи маҳиннах мегирифтанд. Давоми 5 сол Республикаи Тоҷикистон аз рӯйи ҳосилнокии пахта дар ҷойи  якум ва аз ҳисоби истеҳсоли пахта ҷойи дуюмро мегирифт. Дар ин кор бобоям барин деҳқонони мушкилнописанд меҳнати ҷонкоҳ сарф мекардаанд. 4-уми декабри соли 1935 дар шаҳри Маскав машварати колхозчиён ва колхозчизанони пешқадами Осиёи Миёна шуда мегузарад. Сталин шахсан бо ҳайати колхозчиён вохӯрӣ мегузаронад. Ҳайати Тоҷикистонро бобоям — Пӯлот Бобокалонов, ки вазифаи ҷонишини Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистонро дошт, роҳбарӣ мекард. Онҳо дар қабули И. В. Сталин як бех ниҳоли пахтаро мебаранд, ки қариб 665 кӯрак дошт. Ин чиз ҳозир дар назар афсона метобад. Таърих шоҳид аст, ки бобоям ба “доҳии меҳнаткашони олам” И. В. Сталин ҷомаи беқасаб, тоқии чоргула пӯшонида, миёни ӯро бо рӯймоли тоҷикӣ маҳкам бастааст. — Аз хондаҳову шунидаҳояш ёдовар шуд Акбар Бобокалонов.

Дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи нав Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, Аҳмадҷони Раҳматзод низ ширкат варзида, дар баромадашон иттилои нав доданд, ки пештар мо аз он хабар надоштем. —  Ҳамсуҳбати мо ин маълумотро аз забони Аҳмадҷони Раҳматзод нақл карда дод. — Солҳои 1938-1943 аҳли адибони тоҷик сар карда аз устод Айнӣ,  то Ҳилолиёни Аскар аз ёрдами моддию маънавии Генералисимуси ҷабҳаи кишоварзӣ (ба таъбири Раҳим Ҷалил) — Пӯлот Бобокалонов баҳраҳои зиёд бурдаанд.

— Солҳои 38  ҳаммаслаконаш ба номи сафеди Пӯлот Бобокалонов доғ гузоштан мехоҳанд. Ӯро роҳбарони ҳизбӣ, ки амалиёти антишӯроӣ доштанд, дар фасоду тамаъ айбдор мекунанд. Дар бозпурсиҳо аз сӯзан мегузаронанд. Айбҳои содирнакардаашро ба гарданаш мемонанд… Ниҳояти кор ӯ маҷбур мешавад, ки ба худи Сталин нома нависад. Он  нома дар ҳаҷми 18 саҳифаи чопӣ  навишта мешавад. 19-уми апрели соли 1939 ба рӯйи мизи ҳукуматдорни вақт соядасте аз худи Сталин пайдо мешавад. Маънои он: “Раф. Бобокалонв П. Фавран озод карда шавад, И,Сталин”,  — аз таърихчаи  сафед шудан номи бобояш гуфта дод Акбар  Бобокалонов.

— Падрам вақте ҷанг сар мешавад, хеста рафтанӣ мешаванд, аммо чӣ хел ба падарашон гуфтанро надониста, ҳайрон мемонанд, — Дар фуроварди суҳбат Акбар Бобокалонов нақли падараш Карим Бобокалоновро ҳисса кард. —  Сонӣ, падарам фурсати кушодани ин гапро карда, бо падрашон (Пӯлот Бобокалонов) гуфтугӯ  мекунанд. Дар суҳбат пеш аз писар худи падар мегӯяд, ки “ту фарзанди ман барин ходими намоён бошӣ ҳам, ҷанг рафтанат шарт”. Падарам бо сари баланд ҷангро адо карда омоада, боз ба хидмати давлату волидайн мегузаранд.

— Шояд бархе гӯяд, ки чунин нимпайкара гузоштану ҷой банд кардан кори бефоида аст. Аммо ман мегӯям, ки ин ба манфиати ҷамъият аст.  Ман баъзан аз ҷавонҳо мепурсам, ки “бобояшон  кӣ буд ва чӣ кор мекард!?”. Медонед, аксарият намешиносанд! Шояд ҷавонҳои интернетдони мо барорбари дидани чунин нимпайкарҳо як-як таърихи гузаштаи худро аз ҳамон  интрернети “ҳамадон” пурсуҷӯ карда, медидагистанд!, — бо ин гуна хитоба гапро хулоса кард Акбар Бобокалонов.

Файзуллохон Обидов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here