Наврӯз ҷашни навию таҷаддуд ва покию тараддуд аст. Суннат ва маросими Наврӯзӣ бо покию назофат, иззату шарофат, сидқу садоқат ва меҳру муҳаббат иртиботи мустақим доранд. Ҳар як анъана ва суннати Наврӯзӣ бо воқеиятҳои зиндагии мардум созгоранд. Аз ин рӯ, мардум дар гузашта бо роҳандозӣ кардани барномаҳои ҷашнӣ ба зиндагии худ сару сомон мебахшиданд ва бо хушҳолӣ гузаронидани рӯзгорро мароми ҳаётӣ медонистанд.

Чуноне ки медонем, Наврӯз дар ҳар минтақа, бо назардошти фазо, муҳит, ҷуғрофиё ва шароити зистӣ таҷлил мегардад. Махсусан, мардуми минтақаҳои куҳистонӣ, ки суннату анъана ва ойину маросимро зинда нигоҳ дошта, аз соле ба соле, аз давре ба давре, аз замоне ба замоне ва аз асре ба асре мунтақил мекунанд, дар роҳи гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва ҷашнӣ қадамҳои устувор бармедоранд. Дар ин росто, мардуми Дарвоз низ, бо такя ба суннатҳои дерини аҷдодӣ ва таҷрибаи ойиншиносии маҳаллию миллӣ маросими Наврӯзиро эҳё карда, аз насл ба насл сиҳату саломат интиқол дода, то ба замони мо расонидаанд.

Дарвоз минтақаи дурдасти куҳистонист, ки бо муҳит ва ҷуғрофиёи хос аз дигар манотиқи Тоҷикистон фарқ мекунад. Дар айёми баҳорӣ табиати нотакрори куҳистони Дарвоз ҳар бинанда ва тамошогарро мафтун мекунад ва ангезаи хуррамию хушҳолӣ мебахшад. Куҳу пушта, дашту даман, хамгашту дара, лолазору гулзор ва дар маҷмӯъ, боду ҳавои Дарвоз мисли дигар минтақаҳои куҳистонии Тоҷикистони азиз назаррабо буда, бо як дидан таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб мекунад. Садои парандахои хушилҳон, чаҳ-чаҳи булбулон, нағмахонии кабкон дар айёми Наврӯзӣ ва имтидоди баҳорӣ манзараи зебои идонаро пеши назар ҷилвагар месозад. Маҳз ҳамин фазои табиати биҳиштосои як гӯшаи Ватан тантанаҳои идона ва хушҳолиҳои мардумиро заминагузорӣ кардааст. Мардуми Дарвоз аз қадимулайём ба ин муҳит хӯ гирифта, дар ҳамоғушӣ бо табиати нотакрори диёр тадорукоти ҷашнӣ мегирифтанд ва бо омода кардани ғизоҳои Наврӯзӣ (аз ҳисоби гиёҳҳои шифобахши минтақа) ҷашнҳои миллию мардумиро ҳусни тоза мебахшиданд.

Хушбахтона, маросими Наврӯзӣ имрӯз ҳам дар Дарвоз бар асоси суннатҳои пешинаи аҷдодӣ сурат мегирад. Тарзи таҳияи ғизоҳои Наврӯзӣ, расму ойинҳои хонатаконӣ, поксозию назофати хонаю манзил, иҷрои суруду таронаҳои Наврӯзӣ, ободкорию созандагӣ, иштирок дар ҳашарҳои идона, варзишкорию аспдавонӣ, гӯштингирию зӯрозмоӣ аз ҷумлаи маросимоти ҷашнии Наврӯзианд, ки дар минтақаи Дарвоз имрӯз ҳам побарҷоянд. Солмандони деҳоти Дарвоз маросимоти аҷиби Наврӯзиро дар ёд доранд, ки аз шукуҳманд баргузор шудани иди баҳорӣ ҳикоят мекунанд. Дар ин матлаб зарур медонем, ки бо такя ба нақли яке аз солмандони деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвоз шодравон Мавҷон Рауфӣ аз чанд расми идонаи Наврӯзӣ дар минтақа ёдовар шавем. Қаблан тазаккур медиҳем, ки равоншод Мавҷон Рауфӣ аз чеҳраҳои фарҳангии ноҳияи Дарвоз маҳсуб ёфта, барвақттар аз дунё гузаштааст, вале он чи ки ӯ ба унвони намунаи маросимоти Наврӯзӣ манзури мо сохта буд, имрӯз ҳам дар қаламрави Дарвоз мутадовиланд. Ноқил, албатта, аз иҷрои маросимоти идонаи замони наврасӣ, ҷавонӣ ва минсолиаш мисол задааст ва ин гувоҳи он аст, ки Наврӯз ва маросимоти ҷашнӣ дар минтақа қадимият ва собиқаи тӯлонӣ доранд. Ба ҷараёни таҷлили ҷашни Наврӯз ва тадорукоти идона дар минтақа аз рӯйи нақли момои Мавҷон таваҷҷуҳ мекунем, ки хеле ҷолиб аст:

Дар Дарвоз омодагӣ ба Наврӯз аз рӯзи аввали баҳор – 1-уми март оғоз меёфт. Барои он ки ҳама ҷо намуди идона дошта бошад, мардум боғот, ҳавлӣ ва хонаҳоро тозаву озода мекунанд. Занҳо бо хоки махсуси сафед хонаю манзилҳоро сафед мекунанд, фарши хонаро бо гили коҳ андуда, бо санги махсус, ки «шовук» ном дорад, сайқал медиҳанд ва бо дудаи болои дегдон девори даруни хонаро тахминан ба андозаи як метр андова карда, бо санги «шовук» ба дараҷае хуб сайқал медиҳанд, ки бинанда аксашро дар он мебинад. Ин тадорукоти аввалияи идона аст ва дар марҳилаи дуюм мардум ба омода ва таҳия кардани хӯрокҳои Наврӯзӣ мепардозанд.

Мардум аз куҳу пушта меваи як навъ буттаи махсус, ки «луфток» ном дорад, оварда, дар дег андохта, мепазонанд. Ин мева ба меваи ангури табиӣ (онро дар забони маҳаллӣ ангури сагак мегӯянд) монандӣ дорад. Баъдан бо санги хос, ки «далясанг» унвонаш мекунанд, ин меваҳоро пора намуда, хамир мекунанд. Хамирро дар шохаҳои тахминан якметраи дарахти махсус часпонда, дар шоҳсутуни хона, ки ҷойи химчамонӣ муқаррар шудааст, се ва ё чаҳор химчаро ҷо дода месӯзонанд.

Як рукни дигари омодагӣ ба Наврӯз либосдӯзӣ аст. Занҳо аз матои сатранҷӣ либос медӯхтанд ва рӯймолҳоро махсус гулбаст (гулпартоӣ) менамуданд. Барои мардон ҷелакҳо дӯхта, гиребони либосҳоро гулдӯзӣ мекарданд.

Донаи олучаи туршакро кӯфта, хамир карда, дар ғудора (тағора-ташт)-и сафолӣ гузошта, аз тагаш алов (оташ) мемонданд ва болояшро бо тағораи дигари сафолӣ мепӯшониданд. Дудаи дар тағора-ташти болоӣ гузоштаро ҷамъ намуда, сурма мекарданд. Занҳо кокулони духтарони 4-5-соларо ранг (одатан, ранги сурх) намуда, мӯйи духтарони нисбатан калонро майдабофӣ ё панҷакбофӣ мекарданд.

Аз ҳама махсусияти маъмули ойини Наврӯзӣ расми «оташпарак» ва ба забони маҳаллӣ, «аловпарак» будааст, ки аз ҷониби мардуми Дарвоз дар арафаи иди Наврӯз сурат мегирифтааст. Ба хотири пешвози иди Наврӯз мардум қабл аз ҷашн ба пуштаю адирҳо баромада, буттаҳои махсусро ҷамъоварӣ намуда, барои иҷрои маросими «аловпарак» омода мекарданд. Буттаҳоро як ҷо ҷамъ карда, оташ мезаданд ва расми «Аловапарак»-ро созмон дода, иштирокдорон аз болои оташ банавбат мепариданд. Ин суннат рӯзи чаҳоршанбеи охири пеш аз оғози Наврӯз иҷро мегардид. Рӯзи Наврӯз дар боғҳо расми «Аловпараки бузург» доир мегардид ва мардуми зиёд аз гӯшаю канори деҳоти Дарвоз дар он маросим ширкат меварзиданд.

Азбаски Наврӯз бо кишоварзӣ иртиботи қавӣ дорад, дар иҷрои маросимоти ҷашнӣ аносири барзгарӣ ба назар мерасад. Бар ин асос, рӯзи Наврӯз барзаговҳоро ҷуфт ва дар пешониашон рӯймоли сафед мебанданд. Миёни ҷуфтгарро ҳам бо миёнбанди сафед мебанданд ва ӯ дар замини назди хона ҷуфтронӣ мекунад. Мардум маросимро тамошо мекунанд ва ба кори марди деҳқон барор мехоҳанд. Дар ин айём кӯдакон қоқу чида, намак зада мехӯранд.

Ба нақли момои Мавҷон, дар Дарвоз Наврӯзро, асосан се рӯз таҷлил мекарданд. Мардон дар як боғ ва занон дар боғи дигар ҷамъ омада, дар ҳавои навозишҳои ҷашнӣ сурудхонӣ мекарданд. Шӯхию базлагӯйӣ ва рақсу бозӣ асли хушҳолиҳои Наврӯзиро ташкил медод. Маъракаҳои Наврӯзиро навозишҳои созҳои миллии лабчанг, дойра, дутор, най, ғижжак шукуҳи тоза мебахшид. Мардону занон аз хонаҳояшон таомҳои гуногун — ширҷӯшӣ, дӯғҷӯш, ишкана ва зардолуоб меоварданд. Занҳо дар якҷоягӣ ду навъ суманак — танӯрӣ ва дегӣ мепухтанд. Занону духтароне, ки фориғ аз иҷрои маросимоти ҷашнӣ буданд, ба бозиҳои Наврӯзӣ, аз ҷумла арғунчаксаворӣ машғул мешуданд. Мардҳо бошанд, дар айёми идӣ ба маросими бузкашӣ, хурӯсҷанг, кабкбозӣ, гӯштингирӣ ҷалб мешуданд.

Бачаҳои хурдсол химчаҳоро бурида, хона ба хона гашта, Наврӯзхонӣ мекарданд. Ин байт намунаи наврӯзхониҳои кӯдакони Дарвозӣ аст:

Эй падар, бархез, Наврӯзӣ биёр,

То туро раҳмат кунад Парвардигор.

Аёдати азодорон, беморон ва зиёрати хешу ақрабо рукни муҳими ойинҳои Наврӯзӣ дар Дарвоз будааст. Дар айёми Наврӯз мардум ба аёдати беморон, азодорон ва хешу таборон мерафтанд ва бо ташрифи худ хушию хушҳолиро бар ин тоифа меафзуданд. Ин гуна маросимоти ҷашние, ки солмандони деҳоти Дарвоз арз медоранд, то имрӯз дар минтақа вуҷуд доранд ва дар айёми баҳорӣ ва ҷашни Наврӯз иҷро мегарданд.

Хулоса, Наврӯзро дар Дарвоз мардум ҳамчун иди зиндашавии табиат, вуруди соли нав, оғози кишту кор, айёми покию софӣ, озодагию меҳрубонӣ, дӯстию рафоқат ва хушию хурсандӣ шинохта, бо шукуҳу таҷаммули хос таҷлил мекунанд.

Наргис СУЛТОНЗОДА,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here