Дар рӯи мошини кушода, ду марди беқасабпӯш карнаю сурнай менавозад, сейуми доира мезанад. Мошин тамоми кӯчаҳои шаҳрро гирд гашта, ба мардум салому паёми наврӯзӣ мерасонад. Пагоҳ ид, иди Наврӯз!

Дар болои мошини дигар се духтари нозанини хуҷандӣ ба мӯйҳояшон гул зада, худро дар намуди баҳори нав ороста, шаҳрро чарх мезананд. Онҳо даст афшонда, кокулҳои маҳини худро ба бод дода, ба ҳамшаҳриёни худ пайки баҳор, пайғоми Наврӯзи баҳорои мерасонанд: «Пагоҳ ид, иди Наврӯз!».

Наврӯзгоҳи шаҳри Ленинобод (ҳозира шаҳри Хуҷанд, З. С.)- чорбоғи Камоли Хуҷандӣ бо шиору хитобаҳо, растаҳо, дӯконҳо, ба байрақҳои республикаҳои бародарӣ, бо байрақчаҳои рангоранг оро ёфтааст. Бӯи кабоб, харбуза, себ ба димоғ мерасад, сурудҳои Боймуҳаммад Ниёзов мардумро меболад.

Дар назди театри драмавӣ-мусиқии ба номи Пушкин одам ҷӯшидааст. Радаи идонапӯши мактабиён аз чор тараф сӯи майдон меояд. Пешо пеши рада пионери нақорачӣ машқи қадам мезанад. Дар минбар намояндагони комитети партиявӣ ва комсомолии шаҳр ҳозиронро бо иди Наврӯз табрик мекунанд. Пас аз он дастаи ҳаваскорони санъати мактабҳои шаҳр, санъаткорони муассисаҳо ба рақсу суруд оғоз менамоянд. Ҳозирон ба кафкӯбиҳои ва нидоҳои ваҷду хуруш ҷӯши дили худро ифода мекунанд. Рӯди Сир чун пири хирадманд солорона ҷорӣ шуда, ба оҳангҳои тарабангези наврӯзӣ гӯш медиҳад. Шояд, ӯ ҳатто дар замони Наврӯзро ҷашн гирифтани Ҷамшед чунин шукуҳи ҷамшедии Наврӯзро надида буд.

***

Наврӯз аз қадимтарин идҳои миллии халқи тоҷик буда, ҳатто пеш аз оини зардуштӣ вуҷуд дошт. Суғдҳо онро «Навсарда», хоразмиҳо «Навсарчӣ», форсҳо «Наврӯз» меномиданд. Мувофиқи афсонаҳо 3000- сола подшоҳии манбаи некӣ ва равшаноӣ Ҳурмуз ба муқобилати манбаи торикию ҷаҳолати Аҳриман дучор шуда, ғолиб меояд. Рӯзи ғалабаи нур Наврӯз ном мегирад. Дигар ин ки дар натиҷаи гардиши сайёраҳо соле ду маротиба Офтоб ба хатти устуво рост меояд, яке рӯзи аввали баҳор, дигаре рӯзи оғози тирамоҳ. Бинобар ин, Наврӯзи баҳор ва Наврӯзи тирамоҳ гӯянд. Дар ҳақиқат, Наврӯз иди бахосият ва хуҷистаи мо буда, аз замоне вуҷуд дошт, ки дигар расму таомулҳо ҳанӯз чун ӯ поя надоштанд.

Ба ин ҷашни фархунда Ҷамшед (шоҳи устуравии сулолаи Пешдодиён, З. С.) асос гузошт. Ҳар сари сол дар сари дастурхони наврӯзӣ ҳафт навъ чиз: шамъ, ширинӣ, шароб, шир, шарбат, шакар, шона бо гулоб гузошта мешуд. Ҳар ки дар сари хони наврӯзӣ ҳозир набошад, бетолеъ ҳисоб мешуд. Дар сари дастурхон чизи сиёҳе гузошта намешуд, зеро нишони сияҳамрии Аҳриман ҳисоб меёфт. Субҳи Наврӯз мардум ба чангу чағона, ба дафу нағора ба пешвози офтоб мебаромаданд. Бо суруду таронаҳои шӯрангез офтобро пешвоз мегирифтанд. Духтаракон борони найсонро дар зарфҳо гирифта, рӯю мӯй мешустанд. Гулхан афрӯхта, гирдогирди он арғушт мерафтанд. Наврӯз ҳамчун оғози баҳор, сари соли нав, баробар шудани шабу рӯз, оғози кишту кор ва дамидани хоку бедории табиат, ҳамчун рӯзи ҷавонии дунё, айёми дилбозию гулбозӣ ид карда мешуд. Чунон ки шоири баҳортабъе сурудааст:

Наврӯзи ҷавон кард бадал кору ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову замонро.

Ҳар сол дар ин фасл барорад фалаки пир,

Чун табъи ҷавонони ҷаҳондӯст ҷаҳонро.

Бигрифт шукуфа ба чаман- бар гузари боғ,

Чунон ки ситора гузари Каҳкашонро

Хурсандиовар аст, ки дар зарфи шаш-ҳафт соли охир халқи тоҷик чун давомдиҳанда ва номбардори анъанаҳои неки гузаштагон Наврӯзро дар қатори халқҳои Эрону Афғонистон, Туркия, Озорбойҷон ва баъзе мавзеъҳои дигари Қавқаз ид мекунанд. Хусусан ин иди зебо дар Ленинобод бо шукуҳи дигаре мегузарад. Комитети партиявӣ ва комсомолии шаҳр ба ин маросим эътибори комил дода, чанд сол боз онро бо тайёрии ҳарҷониба мегузаронанд. Мардуми баҳорпарвар ва наврӯзхоҳи Ленинобод бо як ҳаяҷону таманнои идона ба ҷашни баҳор мебарояд.

Мо дар гузашта, ҳама чизи зебо ва ба табъи имрӯз мувофиқро мегирем. Иди Наврӯз воситаест, ки дар зикри он чорабиниҳои дигар ҳам мегузаранд. Ҳукумати шаҳр ба ин муносибат ҳафтаи дӯстии халқҳо, шаби ҳамдилӣ бо муборизони Ветнам, иди суруд, азназаргузаронии фаъолияти дастаҳои ҳаваскорон, вохӯрии се авлод, вохӯрӣ бо коммунистони куҳансол, бо занони номдори шаҳр, маросими супурдани билетҳои нави комсомолӣ, қабули пионерон, шаби назм, шаби рақс, фурӯши китоб ва ғайраро мегузаронад. Бе шубҳа, ҳар замон ба ин ё он фаслу таомули анъанавӣ муҳри худро мегузорад. Имрӯз мо наметавонем, ки Наврӯзро ба ҳамон шукуҳи ибтидоияш ҷашн гирем. Барномаи иди Наврӯз, ки ташаббускорони шаҳр тартиб додаанд, хеле сердоманабуда, мазмуни баланди ғоявӣ ва интернатсионалӣ дорад. Аз 6 то 12 март дар шаҳр ҳам иди Наврӯз, ҳам иди озодии ва ниҳоят, интихоботи Совети Олӣ ва Советҳои маҳаллии РСС Тоҷикистон мегузарад. Варақаҳое, ки тайёраи симинбол аз фазои шаҳр мисли гулбаргҳои баҳор ба сари мардум барчош мекунад, пайғоми ид андар ид аст. Дар қасру клубҳо, дар муассисаҳо, дар хиёбонҳо табрикҳои наврӯзӣ, суханҳои гарму нарми дӯстӣ, сурудҳои халқҳои бародарӣ садо медиҳанд. Дар бозигоҳи шаҳр иди суруд мегузарад, ки ба он даҳ ҳазор ҳавасманд иштирок мекунад. Чорабиниҳои спортӣ, мусобиқаҳо болои ҳам мегузаранд. Хуллас, шаҳр ҳамчун дили ошиқ меболад, мефахрад, менозад. Мавҷҳои рӯди Сир чун духтарони чилкокули хуҷандӣ беқароранд.

Эй баҳор, эй шарафи ишқу суруди дили ман,

Пойандози раҳат буду набуди дили ман!

***

Чунон ки дар боло зикр шуд, мо наметавонем Наврӯзро ба он шукуҳи ибтидоияш ид кунем. Ҳарчанд Наврӯз аз аввал ба ҳеҷ хурофот алоқае надошт, лекин ҳақ ҳам надорем, ки онро тамоман дигар карда, ба ном Наврӯз, дар амал дигар чорабиниҳо гузаронем. Модом, ки Наврӯз иди пок миллист, вай ҳеҷ набошад, чанд сифати миллии худро бояд нигоҳ дорад, масалан, пеш аз кушода шудани маросими Наврӯз оркестр як марши қадамзании низомиро менавохт. Ман ҳайрон будам, ки ин марш ба Наврӯз чӣ алоқае дошта бошад.

Хайрият, ки андактар садои паёмовари карнаю сурнай баланд шуда, ба идчиён саломи наврӯзӣ овард. Чаро «Наврӯзи Аҷам», «Савти Аҷам»-ро наменавозанд? Ё ки пас аз хатми маҷлис, чун навбати санъаткорон расид, саросар сурудҳои ӯзбекӣ суруда шуд. Ман ин ҷо гуфтани нестам, ки сурудҳои ӯзбекӣ нахонанд. Не, модом, ки дар зикри Наврӯз ҳафтаи дӯстии халқҳо мегузарад, суруди ҳамаи халқҳо хонда шавад, лекин ҳеҷ вақт халқи худ, модари худ, расму таомули худро фаромӯш кардан хуб нест. Мутаассифона, радиои Тоҷикистон ҳамон шаби наврӯзи Ленинобод консерти кадом хори капелларо мешунавонд. Наход, кормандони редаксияи мусиқии радиои тоҷик наметавонистанд ба муносибати Наврӯз консерти идонае ба мардуми Ленинобод бахшанд? Ғайр аз ин, дар чунин рӯзҳои ид аз саҳна хондани сурудҳои вазнину ғамангези классикӣ он қадар осон нест. Барои чунин маросимҳо ба мисли сурудҳо Зафару (Зафар Нозим З.С.) Ҷӯрабек (Ҷӯрабек Муродов З.С.) шӯх, тарабафзо ва мафтункунанда лозиманд. Аммо бастакорони мо ба ин кам эътибор медиҳанд. Ба ҳар ҳол, ин баҳона намешавад.

Мо ин ҷо зимни тамошои наврӯзи Ленинобод баъзе эродҳо ва «дарди умум»-ро гуфтанӣ ҳастем. Вақте ки дар Ленинобод Наврӯзро ид кардани шуданд, албатта, аз ин ё он шаҳри Ӯзбекистон дорбозонро таклиф мекунанд. Зеро мо то ҳануз дастаи дорбозон надорем. Чаро якбора тоҷикон ин ҳунари қадимии худро фаромӯш карданд? Ё худ, масхарабозон, ширинкорони тоҷик нестанд. Мо сирки тоҷикӣ надорем. Фақат сирки республикаҳои дигарро тамошо мекунему худро тасалло дода мегардем. Барои ҳамин ҳам иди Наврӯз ҳамаро он қадар ҷалб намекунад. Ба маросими кушодани Наврӯз фақат мактабхонон омаданд. Аммо аҳолии шаҳр ками дар кам. Дар театри ба номи Пушкин консерти калони идона ҳам ба муносибати Наврӯз, ҳам ба муносибати 8-уми март барпо гардид. Дар қаҳвахонаи «Гулистон» шаби духтарон, дар институти педагогии ба номи С. М. Киров шаби назм гузашт. Дар чорбоғи Камоли Хуҷандӣ азназаргузаронии ҳаваскорони мактабҳо шуд. Бо Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ вохӯрӣ барпо гардид. Дар назди ҳайкалҳои ёдгории Баранов, Иванисткий, Д. Азизов, Ч. Зокиров маҷлиси ёдоварӣ гузашт. Ҳамаи ин чорабиниҳо ба иди Наврӯз таровату шукуҳи тоза мебахшанд.

Аммо чунин чорабиниҳо тамоми сол, ба муносибати Иди май, Иди 7-уми ноябр, Соли нав, Иди Ғалаба ва ғайра ҳам гузаронида мешаванд. Пас, иди Наврӯз ҳамчун иди миллӣ аз дигар идҳо чӣ фарқ дошта бошад? Ғайр аз ин, ба чунин чорабиниҳо гуруҳи муайяне тайёранду халос. Ид иди миллист, аммо саросар халқ худ ба ҳаяҷон ва шавқи саршори идона мисли ташна иштирок намекунад. Бедории ифтихори миллӣ, идороӣ, базмороӣ, ба ин ё он маросим сарубар шуданро танҳо аз роҳбарон талаб кардан хуб нест. Бояд халқ, хусусан ҷавонон, бо тамоми шавқу завқ ва ифтихор ба ин корҳо шарик шаванд. Вай чӣ дилест, ки дар рӯзи оғози баҳор, дар Наврӯз хомӯш ва бехурӯш буда тавонад?!

Мардум фақат барои тамошои консерт ё барои аз растаҳои лаби дарё харидани резавори рӯзгор меоянд. Худашон либосҳои идонаи миллӣ пӯшида, дар наврӯзгоҳ намерақсанд, бозӣ намекунанд. Охир, ин иди халқист, бояд худи халқ онро гузаронад. Агар ҳама на ба мақсади тамошо бароянд, ба ғайр аз растаҳо ва чаканфурӯшон чиро тамошо мекунанд? Чаро ҷавонон ҷомаи беқасаб пӯшида, миёнро баста, рубобу дутор гирифта, дар ҳар гӯшаи боғ хурсандӣ намекунанд? Раққосаҳо дар саҳнаҳо мерақсанд, аммо ҳеҷ духтаре, ки касбан раққоса несту ба идгоҳ баромадааст, намерақсад, шарм медорад. Дар рӯзи Наврӯз рақс кардан айб аст?

Агар бо қарори ҳукумати республика Иди Наврӯз ба як рӯзи муайян оварда шавад, Наврӯз як ҷашни умумихалқие мешавад, ки онро ҳар сол ҳама баробар тайёрӣ дида, дар як рӯз ва як хел қайд мекунанд. Варгарна, ҳар шаҳру ҳар район ба ихтиёри худ мегузаронанд, ки ин боиси номуташаккилӣ мегардад. Агар Наврӯз барои тамоми Тоҷиктистон дар як вақт гузарад, одамон метавонанд якдигарро аз ҳар куҷо табрик кунанд, мисли дигар идҳо табрикномаҳои Наврӯзӣ (открыткаҳо) нависанд.

Агар дар ҳама гӯшаю канорҳои республика иди Наврӯзро мисли хуҷандиён бо дахолат ва назорати органҳои роҳбар муташаккилона, бо тайёрии хуб, бо ифтихор дар як рӯз гузаронанд, шаъну шавкати ҷамшедии онро тантана кунанд, чӣ кори хайре мешуд. Дар ҳақиқат, агар холисона гӯем, аз ҳамаи идҳое, ки халқи мо дар тӯли асрҳо гузаронда, бо имону ихлос саҷда оварда омад, фақат иди Наврӯз боқӣ мондааст. Барои он боқӣ мондааст, ки ид иди халқист, идест, ки мисли баҳор қонунан табиӣ ва заминӣ. Пас, мо бояд онро бо ҳамаи эҳтиром ва эътиқоде, ки ба халқи ҳунарманд ва аҷдодони овозадори худ дорем, бо тантана гузаронем. Шояд, пурсанд, ки агар мо Наврӯзро бо он шавкати пешинааш гузаронда натавонем, ( ва раво ҳам нест) пас, ба чи сифатҳои нави миллӣ метавонем онро оро диҳем? Ҳамаи сифатҳои хуб, анъанаҳои беҳтарини халқро ба Наврӯз таҷассум бояд кард. Чаро мумкин нест, ки дар қатори гӯштингирӣ, дорбозӣ, таковарӣ ва ғайра гӯю чавгонбозӣ, конкурси рақсҳои беҳтарини (навтарини) миллӣ, мусобиқаи сурудҳои нави наврӯзӣ ва умуман, сурудҳои замонавӣ, намуди беҳтарини либоси идонаи миллӣ, мӯйбофии тоҷикӣ ва ғайра гузаронда шавад? Чаро мумкин нест, ки дар рӯзи Наврӯз мусобиқаи шеъри беҳрини шеърҳои олиҷанобе, ки дар ин рӯз хонда мешавад, ба шакли як китоб ( чунон ки ҳар сол «День поэзии» мебарояд) чоп карда шавад? Ва хонанда ҳар сол гоҳ барои шунидани шеъри тамоман тозае Наврӯзро ошиқона интизорӣ кашад? Дар ин хусус мубоҳисаи калоне кушода, фикри донандагон- мӯйсафедони соҳибтадбирро бояд шунид. Ҳеҷ мӯйсафеди тоҷик дар рӯзи Наврӯз, мо аминем, ки намозхониро талқин намекунад. Ӯ, албатта, ягон сифати тозаи Наврӯзро, ки дидааст, шунидааст ё хондааст, пешниҳод хоҳад кард.

***

Дарёи пурдидаи Сир мисли асрордони сахтпаймони халқ ҷорист. Киштии « Темурмалик» идкунандагонро дар рӯи мавҷҳои он сайр медиҳад. Дар боғ Гулгашти Наврӯзӣ давом дорад. Насими муборакқадами баҳорӣ муғчаҳои дарахтонро хабари арӯсӣ меорад. Пилтаи сафеди нӯги занҷираи мӯйҳои маҳини духтарон ҳамчун баҳор сафедкорӣ мекунад. Офтоб мисли тоқии симдӯзии духтарон зарҳал меафшонад. Табиат медамад, дил метапад, хаёли ошиқ ба сайргаҳи муҳаббат мепарад, сабзаҳо пардаи заминро дарида, ба офтоб салом медиҳанд. Наврӯз, ту ҳамчун боқимондаи сурудҳо ва навиштаҳои устод Рӯдакӣ азиз ва муқаддасӣ, ҳар кӣ дар зиндагӣ ба умри бузург омаду рафт, албатта, бо умеди рӯзи нав даргузашт. Пас, ту ҳайкали рафтагони мо ҳастӣ, Навзамон ва Наврӯз, ҳайкали ягонаи аҷдодҳоям, тантана кунед! Дар ҷашни шумо офтоби ленинӣ нурафшонӣ мекунад.

Одаме нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,

Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз нарӯяд, ҳазаб аст.

Л. ШЕРАЛИЕВ, мухбири махсуси «Комсомоли Тоҷикистон», Ш. Ленинобод, 12-уми марти соли 1967

Таҳияи Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here