Дар таърихи халқи тоҷик яке аз давраҳое, ки барои бунёди заминаҳои давлатдории миллӣ ба вуҷуд омада буд, ин солҳои 20-уми асри сипари- шуда мебошад. Ин марҳилаи таърихӣ барои халқҳои Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикон аз ҳар ҷиҳат, давраи тақдирсоз буд. Аммо танҳо дар он айём халқе метавонист ба истилоҳ тақдири хешро бисозад, ки соҳиби фарзандони ба ору номус ва худогоҳу меҳанпараст бошад. Хушбахтона миллати тоҷик дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ бо шарофати фарзандони фарзонаи хеш тавониста аст ҳастии маънавии худро нигоҳ дорад. Агарчанде нотавонбинони ин миллат тӯли ҳазорсолаҳо кӯшидан, ки моро дар умқи таърих нопадид созанд, аммо ҳадафашон, ки аҳриманӣ буд ба он муваффақ нашуданд. Нусратулло Махсум дар як айёми бисёр нозуки таърихӣ дар қатори дигар намояндагони шарафманди тоҷик ба мисли: устод Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов ва чанде дигарон барои ташкили давлати тоҷикон дар фазои шӯравӣ гомҳои устувору созанда гузошт.

Тавре аз саҳифаҳои таърих маълум аст Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон 14 октябри соли 1924 таъсис ёфт. Аммо қабл аз ин дар ҷараёни корҳои омӯзишӣ барои гузаронидани тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ бо таъсири пантуркистону пайравони фиребхӯрдаашон нисбати тоҷикон, ки яке аз халқҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафтанд аз ҷониби масъулин ноадолатӣ зоҳир шуд.
Санаи 12 июни соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия дар асоси ҳуҷҷатҳои зарурӣ қарор «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (ҶМШС Туркистон, ҶХШ Бухоро ва ҶХШ Хоразм)» қабул кард. Мувофиқи он сохтори Тоҷикистон чун вилояти мухтор дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил карда мешуд. 15 июни соли 1924 бошад Бюрои Осиёимиёнагӣ тезисҳоро «Дар бораи тақсимоти Осиёи Миёна» қабул кард. Ин тезисҳо ба тамоми ҳукуматҳо, вазоратҳо ва ташкилотҳо фиристода шуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси қарори«Дар бораи шӯрокунонии Бухорои Шарқӣ» -и КИМ ҶХШ Бухоро (майи с 1924) 7 июли соли 1924 Комиссияи фавқулодаи Диктаторӣ барҳам дода шуда, ба ҷои он КИМ Бухоро Шарқӣ дар ҳайати 19 нафар аъзо ва 7 нафар сарраёсати он таъсис ёфт. Аз 1 то 5 сентябр дар Душанбе Анҷумани I-и намояндагони халқи Бухорои Шарқӣ баргузор гардид, ки он мақомоти олии Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб мерафт. Анҷуман КИМ Бухорои Шарқӣ ва Сарраёсати (Президиуми) онро интихоб кард. Раиси Сарраёсати КИМ Бухорои Шарқӣ Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) интихоб гардид.
Дар ҳамин анҷуман тезисҳои дар боло зикршуда мавриди муҳокима қарор гирифт. Бинобар навиштаи муаррихи тоҷик Намоз Ҳотамов, он солҳо худшиносии миллии мардум, ки ҳанӯз ба дараҷаи зарурӣ нарасида буд, бинобар ин пешниҳодҳо қариб дар ҳама ҷо бо як овоз мақбули ҳозирон мегардид.
Агарчанде, ки аз тарафи вакилон ин лоиҳа қабул гардид, аммо Нусратулло Махсум нисбати он эродҳои худро дошт. Ӯ пас аз муҳокимаи лоиҳа ба хулосае омад, ки дар он манфиатҳои таърихию ҳуқуқии тоҷикон сарфи назар шудааст. Аз ин лиҳоз ба унвонии роҳбари ИҶШС И.Сталин мактубе навишта дар он тамоми фикру ақида ва эродҳояшро нисбати лоиҳа иброз медорад. Н.Махсум дар мактуб аз ҷумла чунин менависад:
1. Ҳудудҳои вилояти мухтори Тоҷикистонно нодуруст муайян карда шудаанд, зеро бисёр маҳалҳои тоҷикнишин, ки дар назди сарҳади вилояти Тоҷикистон пешбинӣ шуда, на дар ҳудуди табии худ қарор доранд, балки дар марзи Ӯзбекистон воқеъ гардидаанд.
2. Қарор дар бобати ба ҳайати Ӯзбекистон шомил гардидани Тоҷикистон, ҳамчун вилояти мухтор, ҳуқуқи миллии тоҷиконро ба худмуайянкунӣ инкор менамояд ва ин замоне ба амал меояд, ки чунин ҳуқуқҳо ба ӯзбекҳо ва туркманҳо дода шудаанд.
Дар идома Н.Махсум менависад, ки «масъалаи марбут ба манфиати тоҷикон ноодилона ҳал гардидааст». Аз ин рӯ, дар номааш аз ҳукумати марказӣ хоҳиш менамояд, ки ҳудудҳои Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Сӯх, Ӯчқурғон, Риштон ва инчунин он маҳалҳое, ки аксари аҳолиаш тоҷиконанд ба қаламрави Тоҷикистон дохил шаванд. Ба Тоҷикистон имконият додан лозим то ба мисли Ӯзбекистону Туркманистон дар асоси он шартҳои мавҷуда таъсис ёбад. Албатта, дар он солҳо бо чунин мазмун навиштани мактуб ба унвонии шахсияти аввали давлати шӯравӣ аз шахс матонату далерӣ тақозо менамуд. Зеро нотавонбинони миллат бо андак ҷурм метавонистанд чун миллатгарою буржуаз номи шахсро доғдор намоянду аз саҳнаи муборизаҳои адолатхоҳона берун бароранд.
Мактуб баъди анҷоми кори Анҷумани I-и намояндагони халқи Бухорои Шарқӣ, яъне миёнаҳои моҳи сентябр ба унвонии И.Сталин фиристода шуд. Пас аз ин 11 октябри соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия маърӯзаи сардори Комиссияи худ В.В.Куйбишевро оиди тақсимоти марзию миллии Осиёи Миёна шунида, қарорҳои зарурӣ қабул кард. Бюрои сиёсӣ масъалаи тоҷиконро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дода, ба чунин хулоса омад, ки ба ҷои вилояти мухтори Тоҷикистон ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил карда шавад. Ҳамин тавр ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфт ва ин ҳодиса бо вуҷуди камбудиҳояш барои миллати мо воқеаи беназир маҳсуб меёфт.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки яке аз омилҳои аслии тағийри «вилояти мухтор» ба «ҷумҳурии мухтор» ин таъсири мактуби Нусратулло Махсум мебошад. Ин иқдом барои расидан ба истиқлолияти комил як зина болотар буд. Ё ба ибораи дигар таъсиси ҶМШС Тоҷикистон барои бунёди ҶШС Тоҷикистон ва Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи воқеӣ гардид. Аммо масъалаҳои марзу бум, ки дар мактуб баррасӣ шуда буд ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтанд.
Таърихшиносони намоёни тоҷик Р.Масов ва Ш.Султонов доир ба ин паҳлӯи мавзӯи мавриди назари мо чунин ибрози андеша намудаанд: «Метавон гуфт, ки мактуби Нусратулло Махсум барои комиссия яке аз далелҳои муҳиме гардид, ки қарори худро тағийр диҳад-ба ҷои вилояти мухтор республикаи мухтор ва баъдан РСС Тоҷикистон ташкил гардад». Доктори илми таърих, профессор Мақсуд Шукуров низ ин ақидаро ҷонибдорӣ намуда, аз ҷумла чунин менависад: «Пешниҳоди ӯ (Нусратулло Махсум дар назар аст. Ҳ.М) нисбати муҳимтарин масъалаҳои сарҳадӣ аз тарафи комиссияи дахлдор қабул нашуда бошад ҳам, ба ҳар ҳол, мактуби ӯ барои насиби тоҷикон гаштани ҷумҳурияти мухтор ба ҷои вилояти мухтор нақши муҳим бозид». Бо ҳамин мазмун муаррих Ҳасанбой Дӯстов ақидаашро ба тариқи зайл баён медорад: «Мусаллам аст, ки номаи Нусратулло Махсум бе асар намонд. Сарфи назар аз тақсимоти ноадолатона Комиссияи марзбандиҳои миллӣ-ҳудудӣ ба «Вилояти худмухтори Тоҷикистон» манотиқи тоҷикнишини дигарро ҳамроҳ карда, моҳи октябри соли 1924 вайро ба «Ҷумҳурии худмухтор» табдил доданд». Эътирозоти Н.Махсумро дар ин мактуб профессор Намоз Ҳотамов ба риштаи таҳлил кашида, чунин хулосабарорӣ мекунад: «Эҳтимол, яке аз сабабҳо ҳамин эътирози Нусратулло Махсум буд, ки ҳангоми муҳокимаи ин масъала дар Москва, сараввал бюрои сиёсии КМ ҲК (б) Русия (11 октябри с.1924), баъд Иҷлосияи II КМ Умумииттифоқӣ, (14 октябри с.1924) ба ҷои «вилояти мухторӣ», «Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд».
Ба ин мазмун ақидаи бисёр олимону коршиносони соҳаро мисол овардан мумкин аст. Аммо бо сабаби ба дарозо накашидани ин матолиб ин ҷо ба нишон додани онҳо нуқта мегузорем.
Кордонию зиракӣ ва хирадмандию таҳамулпазирии Нусратулло Махсумро ба инобат гирифта, ӯро баъди ташкили Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон дар санаи 26 ноябри соли 1924 сарвари он таъин намуданд.
Хизматҳои шоистаи Нусратулло Махсум ва як қатор ҳаммаслаконаш дар он давраи ҳассосу нозуки таърихӣ буд, ки миллати мо ҳастии худро нигоҳ дошту соҳиби давлати худ гардид. Ҳақ ба ҷониби файласуфи олмонӣ Освалд Шпенглер аст, ки дар бораи чунин афрод мефармояд: «Мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд». Корнамоии Н.Махсум бешубҳа сарнавишти миллати моро дар марҳилаи нави таърихӣ муайян намуд.
Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи ин абармардон аз нав бо шеваю усули махсус зинда гардонида шуд. Беҳуда устод Лоиқ нагуфтаанд, ки
Бузургонро бузургон зинда медоранд.
Бузургонро бузургон поянда медоранд.

Давлатшоҳ МАҲМУДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here