Дар ибтидои соли 1991 дар охирин соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ вазъият дар Литва муташанниҷ гардид. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро вазъият дар ҷумҳурии мазкур муташанниҷ гардид ва кӣ ба ин манфиатдор буд?

Барои посух гуфтан зарур аст, ки каме ба ақиб баргардем то кӣ заминаи ташаннуҷи авзоъро сарфаҳм равем.

Гап сари ин аст, ки шаби 10 -ум ба 11- уми марти соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравӣ-Сотсиалистии Литва зери роҳбарии раиси парламент Витаутас Ландсбергис Эъломияи истиқлоли Литваро қабул кард ва дар натиҷа, фаъолияти Конститутсияи ИҶШС дар қаламрави ҷумҳурӣ қатъ карда шуда, ба ҷои он фаъолияти Конститутсияи соли 1938 ҷумҳурии мазкур барқарор гардид.

Ҳамин тариқ, Литва нахустин ҷумҳурие гардид, ки расман аз ҳайати ИҶШС хориҷ шуд, аммо рӯзи 22-юми марти ҳамон сол фармони президенти ИҶШС «Дар бораи чораҳои иловагӣ ба мақсади таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳимояи соҳибихтиёрии ИҶШС дар қаламрави ҶШС Литва» чоп шуд.

Тибқи фармони мазкур бояд шаҳрвандон ва созмонҳои ин ҷумҳурӣ халъи силоҳ мешуданд. Аммо дар ҷавоб ба ин, Горбачёв ба Шӯрои Олии ҶШС Литва, Ба халқҳо, ҳукуматҳо ва тамоми инсонҳои хайрхоҳ Муроҷиатнома қабул карда, изҳор дошт, ки «ба муқобили Ҷумҳурии Литва шаҳрвандони он аз ҷониби давлати дигар» омодагӣ барои зӯроварӣ рафта истодааст, бинобар ин, парламенти ҷумҳурии мазкур хоҳиш мекард «бо эътирозоти худ ба ҳамлаи эҳтимолӣ эътироз кунанд».

Дар худи ҳамин рӯз аз ҷониби аскарони шӯравӣ бинои кумитаи ҳизби коммунист дар шаҳри Вилнюс тасарруф карда шуд, баъди 3 рӯз бинои Мактаби олии ҳизбӣ низ ба тасарруфи артиш даромад. Субҳи рӯзи 25-уми март аскарони шӯравӣ Хонаи маорифи сиёсиро низ забт карданд.

Азбаски роҳбарияти ҷумҳурии Литва ақибнишинӣ  накард, 18-уми апрел муҳосираи энергетикии ҷумҳурии мазкур аз ҷониби Маскав шуруъ шуд. Баъди 9 рӯзи дигар дар назди бинои Шӯрои Олии Литва гирдиҳамоӣ ба хотири ишғоли Литва аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд ва дар ин маърака 500 нафар ҷавонон ба нишони эътироз билетҳои ҳарбии худро, ки аз Артиши Шӯравӣ гирифта буданд, сӯзонданд.

Рӯзҳои 1, 2 ва 3-юми ноябри соли 1990 дар шаҳри Вилнюс маҷлиси изтирории сарони ҷумҳуриҳои соҳили Лаби Балтика-Литва, Латвия ва Эстония баргузор гардида, дар он В.Ландсбергис, А.Горбунов ва А. Рюйтел ширкат карданд.

Дар ин ҷаласаи изтирорӣ дар баробари як қатор санадҳои муҳими ба имзорасида миёни роҳбарони се ҷумҳурӣ ҳамчунин як Муроҷиатномаи муштарак ба унвони парламентҳои Литва, Латвия, Эстония ва ҳамчунин ба Анҷумани 4-уми Шӯрои Олии ИҶШС қабул гардид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: “Бо назардошти ҳуқуқҳои таърихии халқҳои мо ва иродаи онҳо, Шӯроҳои Олии ҷумҳуриҳои Литва, Латвия ва Эстония қарор дар бораи барқарор намудани истиқлоли кишварҳои худ қабул карданд.

Мо аз Шӯрои Олии ИҶШС хоҳиш мекунем, ки дар масъалаи ба расмият шинохтани истиқлоли давлатии Литва, Латвия ва Эстония музокиротро шуруъ кунад.

Мо таъйид мекунем, ки Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Латвия ва Ҷумҳурии Эстония дар таҳия ва имзои шартномаи иттифоқӣ ширкат намекунанд. Мо кӯшишҳои маҷбур сохтани ҷумҳуриҳои Балтикаро бо фишорҳои иқтисодӣ ва таҳдиди истифодаи неруҳои ҳарбӣ қотеъона маҳкум менамоем”.

Ба сифати далели асосӣ зимни ин даъво сарони ҷумҳуриҳои мазкур ба моддаи 72-и Конститусияи асосии ИҶШС аз соли 1977 истинод мекунанд. Дар ин модда гуфта мешуд, ки ҳар як ҷумҳурӣ  ҳуқуқи ба таври озодона аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ баромаданро дорад.

Маскав ҳозир нашуд, ки истиқлоли ҷумҳуриҳои Лаби Балтикаро эътироф кунад, аз ин рӯ, рӯзи 29 декабри соли 1990 фармонҳои № 493/513 ВКД-и ИҶШС ва Вазорати мудофиаи ИҶШС содир гардид.

Бо баҳонаи мубориза барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҷинояткорӣ ба ҷузъу томҳои ин ду вазорат, ҳамчунин ба хотири ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ваколатҳои зиёд дода мешавад.

Аммо на вазири мудофиа ва на вазири ВКД ҳуқуқи содир кардани чунин фармонро надоштанд. Тибқи қонунгузорӣ бояд президент М.Горбачёв тибқи “Қонун дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулодда” ба Шӯрои Олии ИШҶС муроҷиат карда, иҷозаи онро мегирифт. Ба дунболи содир шудани фармонҳои мазкур ҷузъу томҳои Артиши шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои Лаби Балтика ба ҳолати омодабош оварда шуданд, ки дар асл ин маънои эълони ҷангро ба Литва, Латвия ва Эстония дошт.

Дар ибтидои соли 1991 бо сабаби муҳосираи иқтисодие, ки Маскав шуруъ карда буд, ҳукумати Казимире Прунскене нархҳои маводи хӯроквориро озод эълон кард ва дар натиҷа, яку якбора нархи хӯрокворӣ се баробар афзуд.

Ихтилофи миёни ҳукумат ва парламент дар Литва шароити мусоидеро барои дахолати артиш ба вуҷуд меовард ва дар Маскав ин лаҳзаро интизор буданд. Тибқи нақша баъди сар задани мухолифат миёни ду шохаи асосии ҳокимият бояд шӯравӣпарастҳо, ки ҳамроҳашон дар тӯли моҳҳои гузашта кормандони ҳизби коммунист ва КГБ кор мебурданд, ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, истеъфои ҳукумат ва баъдан Шӯрои Олии Литваро талаб мекарданд.

Барои Маскав муҳим ин буд нишон диҳад, ки дар Литва на ҳама сокинони ҷумҳурӣ ҷонибдори истиқлолият мебошанд, балки баракс теъдоди онҳое, ки мехоҳанд дар ҳайати давлати шӯравӣ бошанд, кам нестанд.

Аз ин рӯ, бо ёрии сохтори КГБ дар ҷумҳурии мазкур гирдиҳамоиҳои гуруҳҳои ҷонибдори Кремлро ташкил менамуданд.

Ин вазифа асосан ба уҳдаи Валерий Иванов, роҳбари гуруҳи “Единство” ва боқимондаҳои Ҳизби коммунисти Литва зери роҳбарии Миколас Бурокявичюс вогузошта шуда буд. Аксар роҳбарон ва аъзоёни қатории Ҳизби коммунист дар ин ҷумҳурӣ сафҳои ҳизби лениниро тарк карда буданд.

Баъди баланд бардоштани нархи хӯрокворӣ В.Иванов ва М.Бурокявичюс кӯшиш карданд ғазаби худро ба ҷониби роҳбарияти Литва раво карда, таваҷҷуҳи мардумро аз фишору муҳосираи Кремл, ки дар натиҷаи он нархҳо баланд бардошта шуда буданд, дур кунанд.

Дар чунин шароити буҳронӣ раиси Шӯрои Олии Литва В.Ландсбергис ба мардум муроҷиат намуда, хоҳиш карда имкон надиҳанд, ки ҷонибдорони Кремл бинои парламент, биноҳои маъмурӣ ва стратегиро ба ихтиёри худ дароваранд.

Дар натиҷа, ба ҷонибдорони “Единство” ва Ҳизби коммунисти ҷиноҳи М.Бурокявичюс муяссар нагардид, ки ба мақсади худ расанд. Аз ҷониби дигар, дар натиҷаи дидани чораҳои фаврӣ нархҳо ҳам поён фароварда шуданд. Рӯзи 8-уми марти соли 1991 раиси палатаи миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС Рафиқ Нишонов зимни суханронии худ эълон дошт, ки вазъият дар Литва муташанниҷ шуда аст, азин рӯ, ба унвони парламенти иитифоқӣ ҳар рӯз барқияҳои зиёд расида, сокинони ҷумҳурии мазкур хоҳиш мекунанд ҳарчӣ зудтар дар Литва тартибот барқарор карда шавад.

Ба ин хотир, рӯзҳои 8 ва 9-уми январи соли 1991 ба ҷумҳурии мазкур дивизияи десантии Псков ва бархе дигар ҷузъу томҳои Артиши шӯравӣ интиқол дода шуданд. Мақсад ин буд, ки аз вазъияти ба амаломада истифода бурда, бо ёрии неруҳои ҳарбӣ ва гуруҳҳои вижаи зиддитеррористии “Алфа”-и КГБ ИҶШС роҳбарияти Литва, ки асосан аз лидерони Фронти халқии “Саюдис” ва собиқ роҳбарони Ҳизби коммунисти ин ҷумҳурӣ иборат буданд, барканор карда, ба ҷои онҳо лӯхтакҳои нави содиқ ба Маскав сари кор меомаданд.

Ҳамин тариқ, ихтилофи ду шохаи ҳокимият барои ташкили эътирози неруҳои шӯравипарасти Литва баҳонаи хуб гардид ва ҷонибдорони сохти шӯравӣ рӯзи 8-уми январи соли 1991дар гирдиҳамоӣ эътирози қотеъонаи худро изҳор дошта, истеъфои ҳукумати ҷумҳуриро талаб карданд.

Ҷонибдорони созмони коммунистии “Единство” (Ваҳдат) ҳатто кӯшиш карданд, ки биноҳои Шӯрои Олӣ ва ҳукуматро ба тасарруфи худ  дароваранд. Дар натиҷа, парламенти Литва қарори ҳукумати К. Прунскенеро бекор эълон намуда, тамоми ҳайати онро ба истеъфо фиристод.

Рӯзи 10-уми январ М.Горбачёв ба Шӯрои Олии Литва муроҷиат намуда, талаб кард, ки фаъолияти Конститутсияи ИШҶС барқарор шавад, аммо ин ултиматум пазируфта нашуд. Ба ин хотир рӯзи 11-уми январ дар Литва манёврҳои ҳарбӣ шуруъ гардида, ба пойтахти ҷумҳурӣ 50 танк ворид гардид ва Хонаи матбуот аз ҷониби артиш забт карда шуд.

Ҳамчунин дар як қатор шаҳрҳои дигар низ объектҳоли стратегиро ҳарбиёни шӯравӣ ба тасарруфи худ дароварданд.

Ба хотири дифоъи як қатор биноҳои маъмурӣ дар шаҳри Вилнюс ва бурҷи телевизиони ҷумҳурӣ ва телевизион шаҳрвандони оддӣ баромаданд. Рӯзи 12-уми январ ба Литва ҷузъу томҳои нави Артиши шӯравӣ тавассути ҳавопаймоҳои борбар интиқол дода шуданд.

Соатҳои қариб ба 12-и шаб кӯшиш шуд, ки сокинони Литваро ба иштибоҳ андозанд. Ба ин хотир эълон гардид, ки ҳокимият дар ҷумҳурӣ ба дасти Комитети наҷоти миллӣ, ки роҳбарону ҷонибдорони он аз неруҳои шӯравипараст иборат буд, гузаштааст.

Дар ҳисоботи махфии гуруҳи “Алфа”-и КГБ-и ИҶШС, ки баъдан дар матбуот нашр гардид, гуфта мешуд, ки бо қарори роҳбарият соати 17:30-и рӯзи 11-уми январ бонги хатар эълон шуд ва соати 20:00 65 нафар хизматчии он зери роҳбарии сардори отделенияи сеюм подполковник Чудеснов Е.Н. ба тарафи аэропорти Внуково ҳаракат карданд.

Соати 21:30 гуруҳи «Алфа» дар ду ҳавопаймои борбар ба самти Вилнюс парвоз карданд.

Вазифаи ин гуруҳ иборат аз озод намудани як қатор биноҳои маъмурӣ, ки зери итоати ҷонибдорони Фронти халқии Литва «Саюдис» қарор доштанд, буд. Аз ҷумла объекти №1- бинои Комитети телевизион ва радиошунавонӣ, объекти №2 — бурҷи телевизион, объекти №3- маркази интиқоли мавҷи радио.

Ҳамчунин дар баробари гуруҳи «Алфа» барои барқарор кардани Конститутсияи ИҶШС дар қаламрави Ҷумҳурии Литва дивизияи ҳавоии десантии 76-и Псков ва дивизияи 107, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Вилнюс мустақар буд, истифода мешаванд.

Шаби 13-уми январ десантчиён ба бурҷи телевизион ҳамла карда, онро ба тасарруфи худ медароранд. Дар натиҷаи ин ҳамла 14 нафар шаҳрванди оддӣ кушта шуд, бештар аз 500 ё 600 нафар ҷароҳат мебардоранд.

Зимни ин ҳамла лейтенанти гуруҳи «Алфа» В.Шатских кушта мешавад, аммо КГБ-и ИҶШС ҳозир намешавад ӯро хизматчии худ эътироф кунад, зеро ширкати ин гуруҳи зиддитеррористӣ комилан махфӣ нигоҳ дошта мешуд.

Дар шароити ба амаломада раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Литва В. Ландсбергис кӯшиш мекунад бо президенти ИҶШС М.Горбачёв дар тамос шуда, хоҳиш кунад, ки истифодаи артиш қатъ карда шавад, аммо аз Маскав ба ӯ мегуфтанд, ки ҳоло Горбачёв хоб аст.

Дар асл ин дурӯғ буд, зеро ҳангоми иҷрои чунин амалиёти ҳарбӣ ҳеҷ имкон надошт роҳбари давлатеро, ки шояд ҷомеаи байналмилалӣ ӯро ба таҷовуз муттаҳам кунанд, хоб бошад.

Ба В.Ландсбергис муяссар шуд, ки бо раиси Шӯрои Олии Федератсияи Русия, Б.Елтсин, ки он вақт сарсахттарин рақиби сиёсии М.Горбачёв ҳисоб мешуд, дар тамос шавад. Елтсин баъди шунидани қиссаи В. Ландсбергис ба президенти ИҶШС М.Горбачёв занг зада, бо сароҳат  талаб мекунад, ки бетартибиро дар Литва бас кунад.

Занги телефонии Б.Елтсин барои М.Горбачёв аҳамият надошт, аммо рӯзи 14-уми январи соли 1991 дар шаҳри Маскав ба хотири ҳамраъйӣ бо мардуми Литва гирдиҳамоии 500 ҳазорнафарӣ баргузор гардид. Дар бархе шиорҳо «Горбачёв қотил», «Моро бубахш, Литва» ва ғ. сабт шуда буданд.

Кремл маҷбур шуд, ки аз андешаи барканор кардани роҳбарияти Ҷумҳурии Литва даст кашад.

Нуралӣ Давлатов 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here