8 апрели соли 1938 Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) қарореро қабул кард, ки фармони Президиум Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравиро тасдиқ менамуд: “Комиссари халқии корҳои дохила рафиқ Ежов Н.И. ҳамзамон Комиссари халқии нақлиёти обӣ таъин карда шавад”. Бино ба рӯйхати ширкаткунандагони қабули Сталин ҳангоми тасдиқи ин фармон худи Ежов дар ҷаласаи Бюрои Сиёсӣ ҳузур надошт, ҳарчанд он замон вай номзад ба аъзогии Бюрои Сиёсӣ ва котиби КМ ВКП (б) буд.

Аммо чуноне дар дафтари қайдҳо омадааст, худи ҳамон рӯз ноиби аввали Комиссари халқии корҳои дохила Михаил Фриновский ду маротиба ба қабули Саталин даромада буд. Дуюмин шахс дар НКВД-ро дар бехабарии сарварии бевоситаи ӯ ба назди доҳӣ хонда буданд. Ва ҳарчанд дар бораи суҳбатҳо миёни Фриновский ва Сталин чизе навишта нашудааст, метавон ҳадс зад, ки сухан аз тақсими вазифаву салоҳиятҳо дар иртибот ба таъиноти нав мерафт.

Худи Ежов баъди тасдиқи фармон аз таъиноти наву вазифаҳои сарборишудаи наваш хабар ёфт ва ба ӯ тавре фаҳмониданд, ки дигар наметавонист посухи рад диҳад. Комиссари халқии нақлиёти обӣ Николай Пахомовро низ дар бораи сабукдӯш шуданаш аз вазифа якбора хабар надоданд, балки 9-уми апрел ӯро таъҷилан ба назди Сталин даъват карданд. Ва агар ба дафтари қайдҳои қабулгоҳи Сталин таваҷҷуҳ шавад, дида мешавад, ки бори охир Комиссари нақлиёти обӣ 5 сентябри соли 1937 ба қабули Сталин рафта будааст, вале 9-уми апрел рӯзе буд, ки Сталин аслан касеро қабул накардааст. Яқинан ин бор Пахомовро дастгир карданд ва ба ҷурми “фаъолиятҳои ҷосусӣ” парронданд.

Таъиноти “комиссари оҳанӣ” ба вазифаи нав, ки бе ин ҳам кораш аз мӯи сараш зиёд буд, як қарори комилан ғайримуқарраӣ маҳсуб мешуд. Албатта, ба зоҳир инро басо бофасоҳату омиёна мефаҳмониданд, ки ин ҳам идомаи анъанаҳои инқилобии болшевикон аст. Ва боз ёдовар ҳам мешуданд, ки дар гузаштаи начандон дур аввалин раиси ВЧК Феликс Дзержинский ҳамзамон комиссари роҳ ҳам таъин шуда буд ва ҳадаф он буд, ки дар ин як самти муҳим бояд низоми лозим ҷорӣ карда шавад. Аммо мушкил он буд, ки он рафиқе, ки илова ба вазифааш бори сангинтари дигареро бар душаш мегузоштанд, имкони ҳар гуна боло рафтан ба вазифаи дигар ва саргарми кори сиёсӣ шуданро аз даст медод. Чуноне ба Дзержинский ҳамин иттифоқ уфтод ва серкор кардани ӯ низ ба ҳамин ҳадаф буд, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ бозмонад.

Дар омади гап мебояд гуфт, ки 5-уми апрели соли 1938 боз як ҷойи кори холӣ, вазифаи холӣ — комиссари халқии роҳ холӣ шуд. Вале роҳҳои оҳан аҳамияти стратегӣ дошт ва вазифаи он низ масъулиятноктар ва ба сари касе ин фикр намеомад, ки онро низ ба Николай Иванович Ежов биспоранд. Аз ин рӯ, расман вазифаи Комиссари халқии роҳ чун вазифаи изофӣ ба уҳдаи Комиссари саноати вазнин Лазар Каганович буд. Зимнан, ӯ низ он замон котиби КМ ВКП (б) ва узви комилҳуқуқи Бюрои сиёсӣ буд. Вале ба фарқ аз Ежов Каганович дар ин самт одами нав набуд, пештар вай сарварии ин ниҳодро ба уҳда дошт. Аммо Ежов шояд аслан наметавонист вазъи кор дар нақлиёти обиро ба танзим дароварад ва камбудиҳои соҳаро ислоҳ намояд.

Албатта, Иосиф Сталин расман дар назди Ежов вазифа гузошта буд, ки ин соҳа аз “душманон” бо истифода аз шеваҳои маъмулии паррондану бадарға поккорӣ шавад, вале вай инчунин вазифадор буд, ки киштиҳо пурра фаъол бошанд ва бори заруриро кашанд ва камтар дар об ғарқ шаванд. Ин соҳа замоне ба ихтиёри Ежов гузашт, ки комилан хароб шуда буд, бино ба маълумоти муҳаққиқ Алексей Павлюков беш аз 13 ҳазор садама рух додаву танҳо 40 дарсади киштиҳо тавонистаанд баъди таъмири нав дубора шино кунанд, боқӣ садамаҳое буданд, ки киштиҳои зериобрафта дубора берун намеомаданд ва ё вайрону комилан валангор буданд. Бидуни шак Сталин басо хуб медонист, ки маҳз дар ҳамин самт Ежов аз уҳдаи кор намебарояд. Дар ҳоле, ки садамаҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар он замон як рӯйдоди маъмулӣ буданд ва изтиробангез низ. Аммо ин баҳонаест, ки “комиссари бахтбаргашта” забонкӯтаҳ шавад. Гузашта аз ин таъиноти нав Ежовро водор мекунад, ки дар НКВД вақти камтар дошта бошад, мавқеъи ӯ дар ин хадамот заъиф мешавад ва ин имкон медиҳад, ки “тадриҷан ӯро аз кор барканор созанд ва кадрҳои навро ҷойгузини умури дохилӣ кунанд”.

Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди таъин шуданаш ба вазифаи нав Ежов пурра худро саргарми ин кор кард, ду моҳ аслан ӯро касе дар Лубянка надид, вай НКВД-ро пурра сарбории Фриновский кард. Боре ба Сталин навишт: “Ман пурра ба кори Наркомат дода шудам. Нововариҳо дар пасманзари пурра валангор шудани таъмири киштиҳо шуруъ шуданд. Ба ман лозим омад худро пурра ба ин кор бахшам. Ҳаддиақал муддати ду моҳи ахир ман аслан вориди НКВД нашудаам”.

Табиист, ки комиссари нав дар макони нав корро дар ҷойи нав аз маъракаи пуровозаи бартарафсозии “зарароварон” дар нақлиёти обӣ сар кард. Пайравони бондҳои сиёсии Бухарину Тротский, ба истилоҳ “душманони халқ”, “ҷосусони хориҷӣ” боздошт ва бадарға мешуданд ва ё ба қатл мерасиданд.

«Моҳе баъд, — навишта буд Ежов ба Сталин дар ҳамон нома,- ман ноҷӯриҳое дар кори НКВД эҳсос кардам. Фриновский ҳеч вақт ноиби арзишманду комил набуд ва дар ин ҳолат ин андеша тақвият ёфт. Бахусус, вақте эҳсос мешуд, ки сафи НКВД ҳоло тоза карда нашудааст. Ман дар ин бора борҳо ба Фриновский гуфта будам. Аз вай хоста будам, ки саргарми тозакунии сафи НАКВД шавад”.

Аммо дар мавриди поккории НКВД Сталин дидгоҳҳои худро дошт, ки ба куллӣ аз Ежов фарқ мекарданд. Ҳамчуноне муаррих Олег Хлевнюк менависад, амалан ба Ежов бор кардани масъулияти нав роҳро барои ҷобаҷогузории кадрҳо дар НКВД боз кард”. Маҳз ҳамон замон буд, ки Бюрои Сиёсӣ дар Наркомати нақлиёти обӣ ба теъдоди зиёд кормандони масъули НКВД гузаронида шуданд. Тибқи ҳисобҳои Никита Петров ба корҳои роҳбарикунандаи комиссариати халқии нақлиёти обӣ на камтар аз 25-30 чекистони соҳибтаҷриба интиқол дода шуданд.

Расман ин кор барои тақвияти Наркомати нақлиёти обӣ унвон шуд, вале дар асл ҳадаф коҳиш додани нуфузи Ежов дар НКВД буд. Табиист, ки Ежов қабл аз ҳама шахси барои Сталин содиқ буд ва ба ҳар амру фармони вай итоаткорона сар мефаровард. Вале доҳӣ ҳоло тағйир ёфта ва сиёсатҳояшро ҳам мехост тағйир диҳад ва дар ҳамин тағйири сиёсати кадрӣ ҷисман нобуд кардани Ежов ва пайравони вай пешбинӣ шуда буд. Вале мебоист бидуни саросемагӣ ин кор амалӣ шавад. Аввал мебоист дастрасии Ежов ва наздиконаш ба НКВД камтар шавад. Таъиноти нав ба Сталин ҳамин имконро фароҳам овард.

 

Владимир ВОРОНОВ

Совершенно секретно», No.6/422 Март 2019

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here