Замоне, ки Тоҷикистони азиз дар вартаи ҳалокат қарор дошт ва мардуми шарифаш пароканда буд, мо низ дар деҳоти дурдасти Сайёд ҳамроҳии падарам ноумед аз зиндагӣ бо пораи ноне ва гоҳе гурусна зиндагӣ мекардем. Азбаски падарам аз ҳама сахтиҳои зиндагӣ гузаштаву бо меҳнати ҳалоли хеш рӯз мебурд, мардуми деҳа ҳурматаш мекарданд. Дар он рӯзҳо касе умеди то ба фардо зинда монданро надошт, зеро вазъият ҳар лаҳза тағйир меёфту гуруҳҳои силоҳбадаст ҳукмрон буданд. Аммо меҳри бузурги ин сарзамин  дар дилу ҷон ва тору пуди падари бузургворам, ки як инсони соҳибдил буд, ҷой дошт. Вай дуо мекард, ки Худованди мутаол барои миллати азияткашидаи тоҷик роҳбареро ба сари қудрат биёрад, ки аз ҳоли мардумаш хабардор бошаду ҷангро хомӯш сохта, Ватанро обод намояд. Азбаски падарам китобро дӯст медошт шабҳои дароз “Шоҳнома” мехонду мо гӯш менамудем. Ӯ дуо мекарду бо ҳасрат орзуи тинҷию оромии Ватанро интизор буд ва ин мисраҳои хешро зери лаб замзама мекард:

Худоё тоҷиконро бовафо кун,

Ду дасти покашон сӯӣ дуо кун.

Худоё, эй Худо, дар мулки тоҷик,

Бародар бо бародар ошно кун.

Ӯ доим таъкид менамуд, ки “давлати тоҷикон соҳибистиқлолиро эълон намуда бошад ҳам, то ҳол аз ҷанбаҳои соҳибистиқлолӣ асаре нест, зеро Тоҷикистон дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дорад ва марзу буми кишварро давлати Русия ҳимоя менамояд”.

Қабули Истиқлолияти давлатӣ (қарори муҳимми таърихӣ) боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд. Ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ шинохта шудан, имконият фароҳам овард, то дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ ноил гардем. Касби истиқлолияти давлатӣ аз давлати ҷавон тақозо менамуд, ки дар самти ба по мондани низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, муайян намудани сохти давлатию идоракунӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии аҳолии кишвар ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд. Дар ин давра тамоми корхонаҳо валангор буданд ва давлат халқи худро ҳатто бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонист. Роҳҳои аз замони Шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд. Меҳмонхонае набуд, ки барои қабули меҳмонони хориҷӣ омода ва ба талаботҳои замона ҷавобгӯ бошад. Мардум норасоии обу барқро ба куллӣ эҳсос менамуданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани  Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд.

Дар он замон танҳо ба воситаи радио хабареро мешунидӣ, чунки дигар васоити ахбори умум фалаҷ буд ва падарам ҳамеша радио гӯш мекард. “Тақдири миллат чӣ мешуда бошад?”- ҳамеша бо худ суол мекард ӯ. Рузе, ки ҷаласаи тақдирсоз баргузор мешуд, вай аз назди радио наҷунбида, гӯш мекарду ашк мерехт. Вақте вакилон Эмомалӣ Раҳмонро барои роҳбарии давлат пешниҳод намуданд, падари пирам мисли кӯдак фарёд кашиду ашки шодӣ рехт. Аз ҷой бархост, ду ракаат намоз баргузошту шукрона намуд. Фарзандонро дар атрофаш ҷамъ намуд ва бо як ифтихори бузург гуфт:

Ман Эмомалӣ Раҳмонро надидаам, аммо баромадашро бодиққат гӯш кардам. Миллати тоҷик бо сарварии чунин инсони асил, ҷавонмарди бузургу дарёдил метавонад ба беҳтарин муваффақиятҳо ноил гардад, — ва беихтиёр ин мисраҳоро гуфт:

Ҷавонмарди асили халқи тоҷик,

Барорад миллаташ аз шоми торик!

Дар ҳақиқат ҳам чунин шуд, ки тавассути корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон аз он шоми торик раҳо ёфт, зеро ӯ ҷавони пирақл, тавоно, худшинос ва ватандӯст буда, аз сиёсат бохабар аст. Натиҷаи саъю кӯшишҳои шабонарӯзии ин марди кордону наҷиб аст, ки имрӯз мо чунин давлати ободу зебо дорем:

Тавоно нест он кас, гар набишносад тавоноӣ,

Муросо нест дар аслаш, агар бошад мадороӣ.

Ба қадри Меҳан он кас мерасад, киҳаст таҳҷоӣ,

Ба тоҷик аст расми худшиносӣ, расми бобоӣ.

Дар он рӯзҳо, ки мардум пароканда буду сарсон ва амнияту якпорчагии  миллати тоҷик дар хатар, бо ташаббус ва азму иродаи қавии ин марди ҷасуру диловар, фарзанди фарзона ва Сарвари миллати тоҷик — Эмомалӣ Раҳмон, мардуми парокандаи ин миллати борҳо азиятдида боз сарҷамъ гардид. Ӯ тавонист дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро ба ҳам орад.

Аҳмадшоҳи Масъуд — қаҳрамони миллати афғон дар даврае, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик барои овардани ҳамватанон ва гуфтушунид бо мухолифин ба Афғонистон сафар доштанд, гуфта буд: “Ман имрӯз роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру туп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат ба Афғонистон омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо — афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем.” Ба ҳамаи мо маълум аст, Афғонистон, ки ҳамсоякишвари мост беш аз 40 сол оромиро надидааст ва дар зери асорати давлатҳои абарқудрат мардумаш дар орзуи оромию ободии кишвари хешанд.

Пушида нест, ки Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷоннисориҳо ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. Ин буд, ки вохӯрию гуфтушунидҳои пайдарпай бо саркардагони гурӯҳи мухолифин бенатиҷа намонданд. Натиҷаи 5 даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот бо онҳо оқибат самараи нек дод.

Президенти кишвар бо садоқат ва муҳаббати беандоза ба Ватан ва бо баҳои ҷон ба боварии мардум сазовор гаштанд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназири Роҳбари давлат нақбу пӯлҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки ин рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, ба ҳаёти ҳамарӯзаи онҳо беҳбудӣ бахшид.

Ҳимматбаландӣ ва ташаббускории ин марди хирад буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат баста, то ба ин рӯзҳои нек расид. Як қатор сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, НБО “Роғун” ва инчунин, “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб”, “Нақби Истиқлол”, “Нақби Шар-Шар”, пулҳои дохилию байни ҳамсоякишварҳо, роҳҳои ду-се ошиёна, биноҳои замонавии баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва боғҳои зебои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд.

Аз ин ҳама пешравиҳо халқи тоҷик сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлату ҳукумат, ҳамчунин, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар беш аз пеш кӯшиш мекунад. Дар баробари ин, Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд.

Табдил додани Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ иқдоми бузургест дар роҳи созандагии Ватан. Кушода шудани заводу фабрикаҳои замонавӣ боиси таъмин намудани аҳолии кишвар бо ҷойи кор ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мегардад.

Амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии банақшагирифтаи Сарвари давлат, расидан ба ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя яке аз омилҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик аст. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Тавсияву пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар масъалаи пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва ҳифзи сарватҳои боарзиши табиат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуданд. Чунончи:

  1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) — эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август — 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
  2. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.
  3. Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез.
  4. Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген 7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд.
  5. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим — таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. Бо назардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини амну субот тавассути таҷдиди иқтисодӣ-иҷтимоии Афғонистон пешниҳод намуд. Дар ин ҷода Созмони Оғохон ва Ҳукумати ШМА пайи ҳам панҷ пули хурду калон дар дарёи сарҳадии Панҷ сохтанд. Сохтмони пулҳои наздисарҳадӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон, аз ҷумла, дарёфти ҷойи кор, хариди маводи ғизоӣ ва рӯзгор, доруворӣ, гирифтани муолиҷа дар шифохонаҳои ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
  6. Эълон намудани соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ташабусси мазкур 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ш. Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа як қатор санадҳои ниҳоӣ қабул шуданд.
  7. Таъсис додани маркази минтақавӣ оид ба масъалаи минаҳо.
  8. Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд, ки ин ҳам аз ташаббускориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ташаббусҳои Сарвари миллат ба монанди амалиёти Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, маблағгузорӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустаҳками ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистонро фароҳам меоранд.

Ба даст овардани истиқлолият барои мо яке аз мукаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро қариб ҳамаи давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд. Ватани азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд, ки ин аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли сохибистиқлолии худ мебошад. Тоҷикистон акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Яке аз музаффариятҳои муҳимму арзишманди даврони истиқлолият ин ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем.

Баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ афзуд. Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 40 расидаанд, ки ҳоло дар онҳо беш аз 227 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, шумораи хатмкунандагони замони истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд.

Тавассути истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷахонро бо ҳам овард ва дарҳои худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият зикр карда буданд: «Баҳри ноил гаштан ба истиқлолияти комил зарур буд, ки ҳар як шаҳрванди Точикистон моҳияти давлати миллиро дарк кунад, аз ҳадафҳои аслии истиқлолият, унсурҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва оини ватандорӣ огоҳ бошад. Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қиммат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд».

Мо дар арафаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон қарор дорем. Агар ин муддат дар назди таърих як лаҳза аст, барои мо тоҷикон қиммати асрҳоро дорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо вабои аср (коронавирус) аз тамоми имкониятҳо истифода намуд, то ин ки мардумаш аз ин беморӣ осеби ҳарчи камтар бинанд ва ҳамеша баҳри солимии ҷомеа тамоми чораҳои заруриро меандешад. Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳамаи мақомоти қудратӣ тақозо дорад, ки барои ҳама гуна ҳолатҳо омода бошанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар бояд диққати асосиро ба касбият ва омодабошии ҳайати шахсӣ равона карда, ҳама вақт дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир омода бошанд. Зеро хоинони миллат ва сулҳу оромии кишвар, курдилони аз сиёсат дур бо супориши хоҷаҳои хеш аз шабакаҳо иҷтимоӣ истифода бурда, мехоҳанд фазои ороми кишвари моро ноором созанд ва ғаразҳои сиёсии хешро пиёда намоянд. Вақти он расидааст, ки аз одатҳои номураттабӣ, беаҳамиятӣ, саҳлангорӣ, бепарвоӣ ва амсоли инҳо даст кашем ва ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор бигирем. Шинохти терроризм ва экстремизм тақозои замон аст ва бехабарию ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои ҷиддии башарӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад. Зеро ки террористон ва экстремистон дар миёни ҳар қавму миллат ва ҷомеа вуҷуд доранд ва илова бар ин, гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва хадамоти махсуси иттилоотии баъзе кишварҳо пуштибонии молию пулӣ ва сиёсию мафкуравӣ меёбад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки пайваста ҳушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ алайҳи ҳама гуна фишору тааррӯз ва террору ифротгаройӣ муборизаи беамон бубарем. Аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд, вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст,ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.

Таибов Саидшо,

сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи А. сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here