ё бузургтарин хизмати таърихии Аҳмади Иброҳим

Ёдоварӣ аз таърихи гузашта, арҷгузорӣ ба қаҳрамонони миллӣ, бозбинии корнамоии шермардони ғаюр, шинохти асолати миллӣ ва амсоли ин боис ба шинохт ва муаррифии бештари гузаштаи пурҳановати миллат мегардад.

Аҳмади Иброҳим аз шумори камназиртарин журналист ва публитсистони маъруфи кишвар аст, ки дар баробари  сардабир  будан ба ҳафтаномаи муваффақ ҳамзамон ба кори таърихӣ — инъикоси рӯзгори қаҳрамонони миллӣ дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ ва кушодани парда аз рӯи аксар воқеаҳои нодири сермуаммо, машғул аст. Мавсуф дар баробари эҷоди матолиби илмиву оммавӣ ба навиштани асарҳои таърихӣ камар бастааст, ки кори саҳлу содда нест. “Спитаман*, Катан*, Тахористон” идомаи повести таърихии “ҷаҳиши охирини Бабр” аст, ки рӯзгори ду паҳлавони милли тоҷикон — Спитаману Катанро бо нақл аз сарчашмаҳои муътамади илмиву таърихӣ инъикос менамояд.

Иқтибос аз таърихнигорони барҷаста, ба мисоли Юстин, Диодор, Квинт Куртсий ва дигар олимони шинохта ҷанбаи таърихиву таҳқиқии асарро барҷастатар гардонидааст. “Намунаи олии муқовимати суғдиҳо бо қушуни Александр задухӯрди беамон байни шаҳрҳои Мароқанд (Самарқанд) ва Киресхата (Истаравшани имрӯза) буд”. (Квинт Куртсий). Ин иқтибос гувоҳи афкори болост.

Асар арзиши гарони ҳам илмӣ ва ҳам бадеӣ — таърихӣ дорад. Дар он муборизаҳои беамони мардуми Суғди қадим бо сарварии қаҳрамони суғдӣ Спитаман алайҳи лашкари бешумори Искандари Мақдунӣ ба нишон дода шудааст. Китоби мазкур намунаи беҳтарини парвариши ҳисси меҳандӯстӣ ва ҷоннисори ватан будан, ҳифзи якпорчагии миллату ватан, адои қарзи ҷавонмардӣ дар назди Модар — Ватан дар замири ҳар як ҷавонмард мебошад.

Тавре муаллиф нақл мекунад лашкари ғосибони аҷнабӣ ба сарзамнии Суғд бо сарварии Александр (Искандари Мақдунӣ — Р. А.) ҳуҷум карда, Осиёи Миёнаро забт кард. Искандар мулки шоҳ Дороро ғасб кард, вале шахсан натавонист ӯро кушад. Александр бисёр мехост бевосита худаш Дороро қатл кунад, вале чун ба ин мақсади худ нарасид, бениҳоят ғамгин буд. Баъди забти мулки Доро ӯ ба Мароқанду Кресхата (Самарқанду Истаравшани имрӯз — Р. А.) лашкар кашид ва интизор буд, ки ин ҳудудро низ бо осонӣ ба даст меорад, вале ба муқовимати сахти сокинон бо роҳбарии сарлашкар Спитаман рӯбарӯ шуд. Спитаману сарбозонаш давоми чанд ҳафта бо лашкари Александр сахт муқобилият нишон дода, дар минтақа шуҳрати зиёд пайдо кард, аз ин сабаб Искандар талош дошт, то ӯро зинда дастгир кунад ё дар набарди тан ба тан мағлуб созад.

Ӯ медонист, ки дастболо шудан ба Спитаман кори осон нест. Ӯ зимни ҳар задухӯрд бо Искандар ва сипоҳаш инро бештар дарк мекард. Ӯ медонист, ки ғурур ва иродаву мардонагии суғдиёнро бо зӯри шамшеру сипоҳи бешумор шикастан номумкин аст. Қаҳрамонии Спитаман баъди муҳорибаҳо бо Искандар дар саросари Юнон овоза гашта, дили бонувони минтақаро ғоибона бурда буд. Искандар тавсифи қаҳрамони суғдиро шунавида, девона мешуд ва бисёр мехост, ки Спитаманро бо дасти худ кушта, шӯҳрати бештар ба даст орад, вале ин кор барояш на танҳо гарон, балки ногузир гашт.

Мутаассифона, бабри биёбони Суғд бо хиёнати падарарӯсаш Ороба кушта шуд. Искандар аз кушта шудани ягона рақиб, ки дар баробари ӯ истодагарӣ карда, бо корнамоиҳои худ ӯро дар ҳайрат гузошта буд, ғамгин шуд ва ҳамчун нишони эҳтиром ба ватандӯстиву қаҳрамонии Спитаман ҳамроҳ бо лашкараш ӯро тибқи расму оини суғдиён дафн кард.

Дар баробари Спитаман қаҳрамони дигари асар Сиёваршан  низ беҳтарин намунаи шуҷоатмандии ҷавони тоҷик аст, ки болотару волотар аз ҳама чиз ҳифзи меҳан ва обрӯи ҳамватанонашро медонаду дар назди ашрофзодагони юнонӣ онро бо корнамоиҳои беҳамтои худ исбот кард.

Ҷасорати занони суғдӣ дар симои Зара, Апама ва Аноҳит (ҳамсари қаҳрамони номдори миллат Катан) ҷанговарони юнониро дар ҳайрат мегузошт, ҳатто сарлашкарони юнонӣ дар ғайби Искандар ӯро барои нобуд кардани ин мамлакат ва қатли ин бонувони ғаюр лаънат мехонданд. “Лаънати Зевс бар Александр бод, ки ба ин мамлакати ободу зебо бо шамшер омад. Чӣ қадар мардумони зебо қурбони беадолатии мо шуданд, чӣ қадар юнонӣ дар ин ҷо бар пойи абад сар ниҳоданд. Бо ин нарх ишғол кардани сарзамине лозим набуд. Агар ман ба монанди ин зан (Аноҳит) ҳамсар медоштам, ҳеҷ гоҳ аз канори ӯ дур намешудам, шамшер ба даст намегирифтам. Зиҳӣ чунин мардумони ватандӯст! Александр бояд аз ин мардум мардонагӣ ва ватандӯстӣ биомӯзад”, — мегуфт яке аз роҳбарони артиши Искандар.

Баъди хондани ин китоб ҳар кас ёди қаҳрамонон, ҷоннисорон ва муборизони ниёгон, чун Катан, Вастан, Бобак, Бразан, Моҳу ва Аноҳити париваш ва дигарон карда, аз ватандорӣ дарси ибрат мегиранд. Месазад, ки ин асари гаронбаҳои илмиву бадеиву таърихӣ аз ҷониби вазоратҳои фарҳангу маорифи кишвар бознашр ва ба ҳамаи  китобхонаҳои шаҳру навоҳии Ҷумҳури  дастрас карда шавад. Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва корҳои хориҷӣ онро ба ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои кишварҳое, ки муқими Тоҷикистонанд, ҳадя намоянд.

Ҳамзамон, Кумитаи телевизион ва радиоро мебод, ки онро бо садои ровии маъруф Абдурашид Ализода сабт намуда, тариқи ҳамаи радио ва телевизионҳои кишвар ба самъи мардум расонанд, то ба ин васила ҳам дар муаррифии бештари қаҳрамонони миллӣ ва ҳам тарғиби асолати баланди ватандӯстиву оини давлатдории тоҷикон саҳм бигиранд.

Рустами АБДУЛЛО,

узви ИЖТ

1 бинависед

  1. Рустам чавонмардона навиштааст. Дар замони мо дидан ва эътироф кардан хам хунари нодир шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here