Ин айвонҳои бузург таваҷҷуҳи ҳар нафареро, ки аз ҷониби Самарқанд ба Панҷакент ворид мешавад, ҷалб мекунад. Ин ҷо Саразм аст, ки бо бозёфтҳои беназири худ мавриди таваҷҷуҳи машҳуртарин марказҳои бостоншиносии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Он дар сарҳади паҳно ва куҳсори водии Зарафшон, 15-километрии ғарби Панҷакент ва 45-километрии шарқи Самарқанд ҷойгир мебошад.
Бозёфти ин ёдгории беназири 5500-сола ба номи сокини деҳаи Авазалии ҷамоати деҳоти Чимқӯрғон (ҳоло Саразм) Ашӯралӣ Тайлонов марбут аст. Соли 1976 ӯ аз паҳнои назди деҳа табареро пайдо кард ва баъди чанде онро ба бостоншинос, шодравон Абдуллоҷон Исҳоқов, ки он замон дар Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронд, супурд. Ва ин табари биринҷӣ саҳфаи тозае кушод дар илми бостоншиносии шӯравӣ ва баъдан ҷаҳонӣ.
Тавре корманди илмии бостоншино¬сии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илми таърих Абдурауф Раззоқов мегӯяд, ҳаёти маданӣ дар Саразм ҳанӯз аз миёнаи ҳазораи чоруми то милод оғоз гардида, беш аз ҳазор сол идома ёфта, баъ¬дан бо сабабҳои гуногун рӯ ба таназзул ниҳодааст. Бозёфтҳои археологӣ шаҳодат бар ин медиҳанд, ки саразмиён охири ҳазораи сеюми қабл аз милод ба ду самт — ба ғарб, ки баъдан онҷо шаҳрҳои бузурге чун Самарқан¬ду Бухоро зуҳур кардаанд ва шарқ — ҷониби саргаҳи Зарафшон, рӯ овардаанд.
Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки он аз деҳаҳои ҷудогонаи аз ҳам начандон дур иборат аст. Баъди таҳқиқоти солҳои охир муайян гардид, ки Саразм як мавзеи аҳолинишини воҳидро ташкил дода, масоҳаташ беш аз 100 гектар будааст ва он ҷо зиёда аз 8 ҳазор нафар сукунат доштаанд.
Дар шаҳраки Саразм биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар тарафи ҷанубу шарқӣ ҷой гирифта, растаҳои ҳунармандон дар шафати биноҳои маъмурӣ воқеъ будаанд. Ҳафриёт собит намуд, ки тарҳи биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ аз ҳам ҷиддан тафовут доранд. Агар биноҳои маъмурӣ аз якчанд толори барҳаво, даҳлезҳо, тирезаҳои калон иборат ва болои таҳкурсиҳои хишти хом бунёд шудаанд, биноҳои истиқоматӣ аз се — чаҳор ҳуҷраҳои майда, саҳни ҳавлӣ, анбору хамбаҳо иборатанд.
— Ҳамчунин дар Саразм якчанд ибодатгоҳ низ пайдо шуданд, ки аз ойину мазҳаби сокинони он шаҳодат медиҳанд. Дар маркази фарши то¬лори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа ва доирашакл, ки дар марказашон чуқурии начандон амиқ барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст, ёфт шуданд. Яъне ҳанӯз аз охири ҳазораи чоруми қабл аз милод дар биноҳои маъмурии саразмиён нишонаҳои парастиш ва бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои асосии ойинҳои меҳрпарастӣ ва зардуштӣ гашт,- шарҳ медиҳад бостоншинос Абдурауф Раззоқов.
Таҳқиқоти Саразм, бар хилофи ақидаи бархе аз бостоншиносон, со-бит намуд, ки заминаи пайдоиши аввалин шаҳрҳо ҳанӯз аз ибтидои аҳди биринҷӣ оғоз меёбад. Муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки шаҳраки Са¬разм ҳамсинни ёдгориҳои охири ҳазораи чорум ва ибтидои ҳазораи сеюм чун Намозгоҳтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ, Мундикати Афғонистон, Яҳётеппа ва дигар ёдгориҳои бостонии Эрон, Меҳанҷодорони Ҳиндустон будааст ва бо онҳо равобити гуногун ҳам доштааст.
Бозёфтҳои Саразм баёнгари онанд, ки маҳз гузаштагони мо ба пайдоиши шаҳрсозию меъморӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ замина гузоштаанд.
— Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршшуда, нобаробарии молу мулкӣ, ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷудошавии ҷомеа, ба соҳаҳо тақсимшавии меҳнат чун кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заршӯию заргарӣ, бофандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ, ки дар Саразм ба мушоҳида мерасанд, аз рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии осиёӣ мебошанд,- таъкид менамояд Абдурауф Раззоқов.
Саразмиён бо манотиқи атрофу акноф робитаи тиҷоратию фарҳангӣ низ доштанд. Баъдан Суғдзамин ба яке аз марказҳои «Роҳи Абрешим» табдил ёфт, ки нумуи он аз Саразми Панҷакент сарчашма мегирад. Пайдо гардидани лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси Балуҷистону Сиистони Афғонистон дар ҳафриёти Саразм ба ин гувоҳанд.
— Ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омӯзиш ва такомули чандин мадани¬яти ақвоми ҳинду аврупоӣ ба назар мерасад,- ҳамин тавр баҳо додаанд муҳаққиқон.
Маҳз ҳамин махсусияти Саразм дар байни ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Шарқи Миёна боиси таваҷҷуҳи бостоншиносони мамолики гу¬ногун гардид ва онҳо аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта то кунун дар таҳқиқи он иштирок менамоянд. Дар заминаи бозёфтҳои Саразм чандин конфронсҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат баргузор шуданд. Ҳанӯз соли 1982 дар ҳамоиши илмии байналмилалии Шӯравию Фаронса дар мавзуи «Маданияти қадимии Бохтар», ки дар Душанбе доир шуда буд, маърӯзаи аввалин муҳаққиқ ва кашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар мавзуи «Омӯзиши ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм дар во-дии Зарафшон» мавриди таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносони ватанию хориҷӣ қарор гирифт. Маҳз дар ҳамин конфронс бостоншиноси машҳури Фаронса Ҷан Клод Горден хоҳиши иштирок дар омӯзиши Саразмро баён дошт ва бо пуштибонии президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, зиндаёд Муҳаммад Осимӣ аввалин экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса ба таҳқиқи Саразм шуруъ намуд. Минбаъд ин ҷо бостоншиносо¬ни машҳури Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Италия, Олмон, Ӯзбекистон таҳқиқоти пурарзишро анҷом доданд ва натиҷаи омӯзиши муҳаққиқони ватанию хориҷӣ дар якчанд ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ дар Душанбе, Панҷакент, Амрико, Фаронса, Русия, Туркманистон, Италия, Эрон, Африқо баррасӣ гардида, дар ин замина рисолаҳои зиёди илмӣ низ таълиф шудаанд. Аз ҷумла дар ҳамоиши илмии байналмилалие, ки соли 1994 дар Панҷакент доир гашт, олимони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ ба ҳулоса омаданд, ки ин ёдгории бостонӣ таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад. Инро бозёфтҳо ва таҳқиқоти баъдинаи Саразм низ собит намуданд. Хуллас, Саразм бо бозёфтҳои нодир, бо таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносии ҷаҳонӣ дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаи худро соҳиб гаштааст ва ҳамасола мавриди назари олимон ва сайёҳон қарор ме¬гирад.
Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Саразм, бештар гашт. Пешвои миллат дар ҳар сафа¬ри худ ба Панҷакент аз Саразм боздид ба амал меоранд. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки 21-уми сентябри соли 2000 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид. Баъдан бо маблағгузории Ҳукумати кишвар болои панҷ мавзеи ҳафриётшуда ва минбаъд таҳқиқшавандаи Саразм айвонҳои бузург сохта, ҳудуди ёдгорӣ панҷарабандӣ гардид.
Ниҳоят, соли 2010 шаҳраки бостонии Саразм бо пуштибонии Пешвои миллат ба рӯйхати Мероси фарҳангии умумибашарии ҷаҳонӣ ворид гардид. Ҳоло бошад, тибқи қарордоди Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба хотири таҳқиқи минбаъдаи ёдгории Саразм бо марказҳои машҳури бостоншиносӣ чун Донишгоҳи Болоняи Итолиё, Донишгоҳи Ҳарварди ИМА, Пажуҳишгоҳи таъмиру тармими Греноболи Фаронса, Мероси умумибашарии фарҳангии ЮНЕСКО ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба ҷои хулоса суханони чанде аз бостоншиносони машҳурро оид ба мақоми ин ёдгории беназир, ки ҳанӯз соли 1994 баён карда буданд, манзури хонандагон менамоям.
Вероника Шиле — санъатшинос, устоди донишгоҳи Сорбонна (Фарон¬са):
— Бозёфтҳои Саразм, бахусус ороишоти занон, ки аз қабристон ёфт шудаанд, беназиранд.
Ю. Заднепровекий — бостоншинос (Русия):
— Мо Саразмро бузургтарин ёдго¬рии қадимаи тоҷикон меҳисобем… Бо ёфт шудани Саразм саҳифаҳои ҳанӯз номаълуми таърихи халқи тоҷик боз гардиданд.
Пол Бернар — бостоншинос (Фа¬ронса):
— Ҳафриёт ба таври раднопазир исбот менамояд, ки водии Зарафшон маркази бузурги фарҳангӣ ва тиҷоратии Осиёи Миёна мебошад.
А. Аскаров — бостоншинос, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон:
— Саразм бузургтарин кашфиёти аср дар соҳаи археологияи Осиёи Марказӣ мебошад.
Р. Мунчаев — бостоншинос (Русия):
— Ба мо муяссар гардид, ки дар симои ҳафриёти Саразм ва бозёфтҳои осори маданияти моддии он мар¬кази нави тамаддуни қадими халқи тоҷикро бубинем.
Т. СОЛЕҲЗОДА