Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавзеъҳои таърихӣ ва табиати сарсабзаш вирди забони хосу ом қарор дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойҳои зиёди тамошобобу қадамҷойҳои бузургон мавҷуд аст, ки яке аз онҳо ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ мебошад. Ғори мазкур тақрибан 130 км дур аз шаҳри Душанбе ё худ 32 км дуртар аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ки аз резиши дарёи Яғноб ва Искандар ҷудо мешавад, дар куҳи Ағраби деҳаи Махшевад воқеъ буда, таваҷҷуҳи ҳазорон ҷаҳонгардони ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишварро ба худ ҷалб кардааст.

Ғори мавриди зикр тахминан дар баландии 2900-3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Мувофиқи ривоятҳо, то ба ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ расидан мебояд якчанд расму анъанаро ба ҷо овард. Аз ҷумла, дар мавзеи Шабдара санги азиме мавҷуд аст, ки дар он нақши одами калонҷусса бо яроқ тасвир шудааст. Сокинони маҳал онро «нақши бад» ва ё «кофир» ном ниҳодаанд ва ҳар касе ба зиёрат меояд бояд ба сӯйи он ҳафт сангча занад. Ин маросим ба шайтон санг задани зоиронро дар Арабистони Саудӣ ба хотир меорад. Таомули дигар бошад, намозгузорӣ буда, дар баландии куҳ наздик ба ғор «Намозгоҳ» мавҷуд аст ва ҳар як зиёраткунанда ду ракат намоз гузошта, сипас ба тавофи ҳазрат равон мешаванд. То расидан ба ғор роҳи мушкилгузари борик, пурпечутоб ва хеле хатарнок дар пеш аст. Қисмати охири пайраҳа, ки аз ҷониби чапи ғор воқеъ аст, дар он тарқиши бузурге мавҷуд буда, ки ба дохили ғор мебарад. Ғор дар иҳотаи сахраи азиме ба куҳ пайванд аст. Бари ғор 1,5 метр паҳноӣ ва 1,5-2 метр баландӣ дошта, ҷасади хушкшуда дар даромадгоҳи он ҷойгир аст. Дохили ғор роҳи дуру дароз дошта хело торик мебошад. Дар қисмати рости даромадгоҳи ғор пайкараи хушкидаи инсоне ҳаст, ки дар ҳолати чорзону истодааст ва пиромунашро то миён пару боли парандагон ва сангмайдаҳо иҳота кардааст. Аксари аъзои ҷасад то кунун хуб ҳифз шудааст. Дар шонаи рости пайкар сурохие мавҷуд аст, яқин меравад, ҷойи захми пайкон аст. Аз лаби ғор як каме дуртар бузургвор ба тарафи рост ба куҳ нигоҳ карда нишаста, то сари сина дар замин гур шудааст. Ҷасади Хоҷа Исҳоқи Валӣ бо гузашти солҳо аз як тараф суда шуда, як дасташон афтидааст, ки сабабаш шояд даст расонидани зиёраткунандагон бошад. Пӯсти тарафи дигари рӯй беосеб истодааст ва ҳатто мӯйҳоро дидан мумкин аст. Дандонҳо низ дар ҳолати хуб буда, баръало шуморида мешаванд. Дуртар аз ҷасад, дохили ғор, устухонҳои калону зиёдеро дидан мумкин аст. Он ҷо хеле торик ва ваҳмангез буда, кас овозҳои ҳархеларо мешунавад.
Ба саволи он, ки Хоҷа Исҳоқи Валӣ кӣ буд, Раҷабалӣ Набиев, масъули ин мавзеи таърихӣ мегӯяд, ки: «Хоҷа Исҳоқи Валӣ яке аз дӯстони Худо буда, аз авлоди паёмбари ислом Муҳаммад (с) мебошанд. Он кас пас аз 150 соли даргузашти паёмбар дар ҳудуди нимҷазираи Араб таваллуд шуда, аз хурдӣ ба илму адаб рағбат пайдо мекунад. Ҳанӯз дар синни 12-солагӣ шуҳратёр шуда, боиси рашку ҳасади дигарон мегардад. Ҳокими вақт Ҳаҷҷоҷ яке аз душманони аслии Исҳоқи Валӣ буд. Боре Ҳаҷҷоҷ қасди қатли Исҳоқи Валӣ мекунад. Аз ин ҳамсояи Ҳаҷҷоҷ Юсуфи Кичкина,ки яке аз дӯстони Исҳоқи Валӣ буд огоҳ шуда, шабона ба хонаи Исҳоқи Валӣ омада, ӯро огоҳ менамояд. Исҳоқи Валӣ ҳамон шаб бо аҳлу аёл ва муридони худ ба роҳ баромада, муддати 18 моҳ ӯ дар ҳудуди Лубнон паноҳ мебарад. Ҳаҷҷоҷ аз нияти худ пас нагашта буд, ӯ таъқибро давом дода, қатли Исҳоқи Валиро ба уҳдаи сарлашкари худ Паҳлавон Касир вомегузорад. Касир аз дидани Исҳоқи Валӣ муштоқи калому симои ӯ шуда аз душманӣ ба дӯстӣ мегузарад. Ҳамин тавр, онҳо ба Ҳамадони Эрон, баъдан ба Тирмиз ва баъд ба Бухорою Самарқанд фирор мекунанд. Дар охир ба ин макон омада, бо қудрати илоҳӣ дар ин куҳ ғоре пайдо мешаваду Исҳоқи Валӣ бо аҳлу аёл ва муридонаш онҷо ворид шуда ҷон ба ҳақ месупоранд».
Аммо шодравон Аҳрор Мухторов, гарчанде набераи амаки паёмбар Муҳаммад (с) будани Хоҷаро дар китоби «Сири Мазорҳо»-и худ ишорат намояд ҳам, мақсади омадани ӯро ба мавзеи мазкур ҷорӣ кардани дини ислом медонад.
Сири то имрӯз ҳифз шудани ҷасадро Мустаҷир Абдураҳмон дар китоби худ «Рӯзномаи сафари Искандаркул» (Душанбе, 1989) дар он мебинад, ки аз тарафи офтоббарои ғор болои он сурохие буда, рост ба ҷасад нури офтоб мерасад. Аз ин хотир, як қисми пӯст ва мӯй боқӣ мондааст. Баъди омӯзиши ин мавзеъ аз тарафи шарқшиноси рус А.Л.Кун ва дигар олимони ба ин мавзеъ омада, порае аз ҷасади Хоҷа ва ҷасадҳои дигари ғорро барои омӯзиш ба Ленинград (ҳоло Санк — Петербург) бурданд. Аммо то ҳол аз натиҷаи омӯзиш маълумоте дар даст нест.
Эътиқоди сокинон ба муъҷизаҳои ин мавзеъ ва шахсияти бузург будани ҷасад замоне бештар шуд, ки дар моҳи июли соли 1999 чархболи марбут ба пойгоҳи Русия гӯё бидуни ҳеҷ садамае дар ин ҷо суқут кардааст.
Ин чархбол бо хоҳиши Ҷалолиддин Комилов, корманди вақти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои бунёди масҷид ба ин мавзеъ масолеҳи сохтмонӣ мебурд. Дар пайи ин садама модар, ҳамсар ва писари 16 солаву духтари 14-солаи Комилов ба ҳалокат расиданд. Комилов бо ду сарнишини рус зинда монд ва ривояте низ ҳаст, ки пас аз ин ҳодиса ҳар ду халабони чархбол дини исломро пазируфтаанд. Шоҳиди ин ҳодиса — майори милиса Ҷалолиддин Комилов, бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ӯ шоҳиди даҳҳо муъҷиза дар ин мавзеъ будааст, ки на ҳамаи онҳоро ба забон оварда метавонад. Ӯ мегӯяд, замоне, ки бори аввал ба зиёрати ин мавзеъ рафт, садои номаълуме ӯро даъват ба бунёди масҷид кард.
— Аввалин маротиба соли 1974 ҳазратро зиёрат карда ба худ қавл додам, ки дар солҳои оянда дар наздикии ғор барои зиёраткунандагон ошхона, анҷомхона ва масҷид месозам. Худованд ба ин мақсад расонид. Се маротиба бо чархбол масолеҳи сохтмонӣ бурда, ҳамроҳи рафиқони русам мақсадҳоямро амалӣ намудам. Чаҳорум маротиба ҳамроҳи модарам, завҷаам ва духтару писарам ба воситаи чархбол сафар намудем. Рӯзи сафари мо тахминан охирҳои моҳи июни соли 1999, рӯзи ҷумъа буд. Соат аз 8 нагузашта буд, ки чархболи мо дар рӯ ба рӯи ғор наздик шуд. Дар ҳамин ҳангом дар ҳаракати чархбол ҷунбиши ғайримуқаррарие ба вуҷуд омаду он сарозер ба поён афтид. Пас аз афтидан думи чархбол ҷудо шуд ва ба сӯхтан сар кард. Дар дохили чархбол 800 литр карасин ва каме бор буд. Ман ва се нафар сарнишини рус сару сомони худро гум намуда, чӣ кор кардани худро намедонистем. Дар ин садама модарам, завҷаам ва духтару писарам ҳалок шуданд. Мо чор нафар зинда мондем, изҳор дошт Ҷалолиддин
Комилов.
Элмурод Ниёзов, сокини деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ мегӯяд, ҳоло дар чаҳор фасли сол рӯзе нест, ин мавзеъ холӣ аз зиёраткунандагон бошад.
— Дар фасли тобистон рӯзҳое ҳаст, ки то 100 нафар меоянд. Ҳарчанд, ки то ин ҷо панҷ километр роҳи мошингард нест, вале хориҷиён ҳам миёни зиёраткунандагон кам нестанд. Ҳоло шароит ҳаст, дар поёни куҳ хоб мекунанд, лекин на ҳама имкони ба боло рафтанро доранд, зеро роҳ то он ҷо аз пайраҳи хатарноке убур мекунад, — афзуд ӯ.
Таваҷҷуҳи мардум ба ин шахсият, ки аз ӯ Хоҷа Исҳоқи Валӣ ном мебаранд, дар ҳоли афзоиш аст, аммо то ҳанӯз ҳеҷ пажуҳиши вижаи илмӣ дар ин замина сурат нагирифтааст.
Давлатшоҳ Муродов, устоди риштаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддини Айнӣ мегӯяд, ки тасмим дорад, пажуҳиши вижае дар мавриди ҷасади ин ғор анҷом диҳад. Ин муаррихи тоҷик, ки тамоми навиштаҳо дар бораи ғори Хоҷа Исҳоқи Валиро ҷамъоварӣ кардааст, ба хулосае омадааст, ки ҷасади беруни ғор ва ҷасадҳои дохили он дар замони ҳуҷуми арабҳо пайдо шудаанд.
Соли 2011 аз ҷониби ду нафар олимони табиатшиноси тоҷик Ҳусайн Аброров ва Муҳаммадризо Акмалов китобе таҳти унвони «Муъҷизаҳои табиати Тоҷикистон» аз нашр баромад. Муаллифон оиди мавзeи тадқиқшавандаи мо низ таваҷҷуҳ намуда, якчанд маълумоти мушаххасро шарҳ додаанд. Аз ҷумла, ҷое муаллифон таъкид намудаанд, ки барои муайян намудани асрори ин ҷасад бояд оини динҳои қабл аз исломии тоҷикон аз ҷумла зардуштияро низ ба инобат гирифт. Чуноне ки эшон нигоштаанд: «… то истилои арабҳо дар сарзамини Суғд, аз ҷумла, дар водии Фон-Яғноб оини зардуштӣ паҳн шуда буд. Дар оини зардуштӣ қоидаи дафнии майит амали хосе дошт. Пайравони он оин ҷасади мурдагонро дар ғорҳо, дахмаҳо ё дар қисми баланди куҳҳо мегузоштанд, то худ ба худ вайрону фарсуда ё туъмаи паррандагони соҳибчангол гарданд. Суғдиҳо ҷасади мурдагонро ба замин гӯр намекарданд, онро (заминро) унсури поку муқаддас меҳисобиданд, зеро ки дар он ғалла мерӯяд ва онро одам мехӯрад».
Соли 1930 бостоншиносони рус аз дохили ғор якчанд косахонаи сар пайдо карда, баъди таҳлилҳои илмӣ ба хулосае омадаанд, ки ин одамон мутааллиқ ба асрҳои 3-4-и мелодӣ буда, қиёфаашон ба нажоди араб мувофиқ намеояд. Ҷасадҳо қиёфаи одамони маҳаллиро дошта, одамони синни то исломӣ мебошанд. Муаллифони дар боло зикр шуда ба ин тадқиқот такя намуда чунин меоранд: «Пас, ҷасади дохили ғор аз тоифаи мардуми арабнажод нестанд. Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки ҷасади дохили ғор яке аз фавтидагони маҳаллӣ буда, зардуштиҳо дар ҳамин ғор дафн карда буданд».
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ воқеан зардуштиҳо фавтидагони худро дар ҷойҳои баланд ба мисли куҳпораҳо, болои дарахтаҳо мегузоштанд то, ки гӯшти бадан аз тарафи парандагону ҳашарот ва ҳодисаҳои табиӣ тоза шавад. Баъдан бо гузашти як муддати муайян (мувофиқи баъзе ақидаҳо бо гузашти 40 рӯз) колбади покшударо мегӯрониданд. Яъне то охир ҷасад болои хок намеистод. Аз тарафи дигар соли 1930 бостоншиносон ин мавзeъро пурра наомӯхта буданд ва хулосаҳои илман собитшударо аз кори онҳо наметавон пайдо намуд. Аммо ақидаи он, ки ҷасад шахси маҳаллист на он қадар шубҳаовар аст.
Мувофиқи таълимоти тасаввуф ғору куҳҳо маконе ҳастанд, ки назаргоҳи ёр (Ҳақ) мебошад. Дар масъалаи хусусияти ғору куҳҳо имомхатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати Деҳмалики н. Варзоб домулло Дӯстмурод Шарифов ақидаҳои хешро чунин баён намуд: «Ғорҳо аслан дар Ислом хусусиятҳои ба худ хосро доранд, ҳамаи он барои мо бандагон ошкор нест. Суҳбату ваҳйиҳои паёмбарон бо Аллоҳи бузург дар куҳу ғорҳо сурат гирифтааст. Ҳазрати Юсуф (а) дар ғор аввалин паёмро шунид, Мӯсо (а) дар куҳи Тур бо Худои хеш роз гуфт… Ҳазрати паёмбари мо Муҳаммади Мустафо (с) дар ғори Ҳиро (ё Ҳуро) нахустин ваҳйиро пазируфт. Ба ин монанд мисолҳои зиёдеро овардан мумкин, аммо дар умум бояд қайд намуд, ки Хоҷа Исҳоқи Валӣ шояд аз зумраи дӯстони Худо бошад, ки аз таъқиби душман дар он ғор маскан гирифта, дар ҳолати тоату ибодат рӯ ҷониби қибла ҷон ба ҷонофарин таслим намудааст».
Ба андешаи ғолиб низ Хоҷа Исҳоқи Валӣ шояд аз нафароне бошад, ки дар ҷодаи тасаввуф ба дараҷаи ниҳоӣ, яъне хақиқат расида, аз зулму ноадолатиҳои зимомдорон дар ғор макон ихтиёр намуда, бо аҳлу аёлаш вафот кардааст. Ҳамин тавр дар солҳои минбаъда ин макон ба зиёратгоҳи хосу ом табдил ёфтааст. Нафароне низ буданд, ки он ҷо рафта чилла менишастанд, баъзе шикорчиёну сайёҳон низ дар ғор чанде карор мегирифтанд. Академик Аҳрор Мухторов дар ин бобат чунин овардааст: «Дар вақташ бисёр касон бо умеди шабгузаронӣ ё худ чилла нишастан ба ғор даромада, аз хунукии дохили ғор ё овозҳое, ки дар куҳистон ба қувваи шамол пайдо мешавад, тарсида ҳалок шудаанд».
Осори таърихӣ-фарҳангии тоҷикон, ки дар гӯшаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, гувоҳӣ аз он медиҳанд,ки дар воқеъ тоҷикон ва сарзамини Тоҷикистон дорои тамаддуни куҳанбунёд мебошад. Ёдгориҳои қадимтарини ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи то 6-ҳазорсолаи моро дар худ инъикос мекунанд. Ҳар як ёдгории ҷумҳурӣ бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳамдигар фарқ намуда, шаҳодат аз давраҳои мухталифи ҳаёти аҷдодони мо мебошанд. Мувофиқи маълумоти Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 2020 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ мавҷуд аст. Аз ин шумора 1278-тояш бостонӣ, 300-тояш меъморӣ, 442-тояш таърихӣ-монументалӣ мебошанд. Ҳамаи ин ёдгориҳо таҳти ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Аммо, мутаассифона бархе аз ин ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби олимон ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамаҷониба омӯхта нашудаанд. Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ аз зумраи чунин мавзеъхои фарҳангӣ-таърихии Тоҷикистон аст, зарурат ба омӯзиши амиқ дорад.

Ширин Иноятова,
Юсуфҷон Бердиев,
Ҳасан Юнусов,
Сафинаи Абдуҷаббор,
коромӯзони Мактаби рӯзноманигории назди «МТЖТ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here