… Автомашинаи мусофиркаш аз роҳ берун таваққуф кард. Мазораки лаби роҳ ба назар расид. Беихтиёр мақолаи «Охирин дидори Ғунчагул Давлатова бо Аҳлиддин Нуруллоев» ба ёд омад. Оё ин мазори беному нишон ба шахсе тааллуқ дошта бошад, ки як замон суруду таронаҳояш дар дили ҳамагон ҷо гирифта буд? Ва ё на?
Аҳлиддин Нуруллоев соли 1947 дар ноҳияи Рашт дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Айёми кӯдакиаш дар куҳҳои осмонбӯси ин ноҳияи дурдаст гузаштааст. Чанде нагузашта аз ҳисоби заминларза як қисми мардуми ин ноҳия ба водии Вахш мекӯчанд. Дар ин байн аҳли оилаи Аҳлиддин низ ба ноҳияи Вахш кӯчида, дар деҳаи Правдаи ҳозира Тоҷикобод манзили истиқоматӣ сохта, зиндагиашонро давом медиҳанд.
Аҳлиддин Нуруллоев мактаби №15-и ин деҳаро хатм кардааст. Аз даврони мактабӣ ба фанҳои суруду мусиқӣ шавқи зиёд дошт. Чуноне бародараш Зикриаллоҳ зикр менамояд, «бародарам Аҳлиддин дар мактаб бисёртар ба фанни суруду мусиқӣ аҳамият медод. Хурдсол будем, падарамон ҳамеша бо мо шеърхонӣ ва сурудхонӣ мекарданд. Дар дили Аҳлиддин аз кӯдакӣ меҳри сурудхонӣ нақш баста буд. Падарамро ҳангоми шеъргӯӣ хуб гӯш медод ва ҳатто ҳамовозӣ ҳам мекард».
Баъди хатми мактаби миёна Аҳлиддин Нуруллоев ба хизмати Модар-Ватан раҳсипор мегардад ва пеш аз хизмат рафтанаш аз як марди яҳудии Душанбе рӯбобе мехарад. Дар даврони аскар буданаш бо он рӯбоб ҳамеша сурудхонӣ мекардаст.
Баъди баргаштан аз хизмат оила барпо намуда, дар давоми зиндагӣ бо оилааш соҳиби 5 фарзанд мегарданд.
Аҳлиддин Нуруллоев Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ғоибона хатм намудааст. Пас аз хатми донишкадаи мазкур дар Шуъбаи фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ҳамчун роҳбари бадеӣ ба кор шуруъ менамояд. Соли 1980 Театри мусиқӣ — мазҳакавӣ дар вилояти Хатлон ташкил ёфт ва ӯ ба ҳайси салисти театр ба кор даромад. Баъди фаъолият дар театр ансамбли «Мавҷи Вахш»-ро ташкил мекунад. Роҳбарӣ ва ҳама таъминоту хароҷоти гуруҳро ба зиммаи худ мегирад. Дар давоми кору фаъолият дар ансамбл бо ҳамкораш Ғунчагул Давлатова оила барпо намуда, соҳиби ду фарзанд мегарданд.
Аввали солҳои 80-уми асри гузашта бо ташаббуси Аҳлиддин Нуруллоев дар назди Боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) Ансамбли эстрадии «Мавҷи Вахш» ташкил шуд. Ин сеюмин гуруҳи эстрадӣ баъди «Гулшан» ва «Суғдиён» дар тамоми ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар як замон хеле пуровоза буд ва аз миёни ҷавонону калонсолон ҳаводорони зиёде дошт. Дар тӯю маъракаҳои мардуми шаҳру навоҳии вилоят фаъолона ширкат меварзид. Азбаски репертуари ансамбли «Мавҷи Вахш» пурмазмун ва бою рангин буд, бахши мусиқии радиоҳои ҷумҳурию вилоят дар барномаҳои худ аз он хеле васеъ истифода мекарданд. Махсусан суруду таронаҳои дар васфи Ватан, Тоҷикистон, сулҳ, меҳандӯстӣ, ҷавонӣ сурудаи овозхонҳои ин ансамбл Исматуллоҳ Раҳматов, Барно Тоҳирова, баъдҳо Ғунчагул Давлатова, Зайниддини аккордионнавоз ва худи Аҳлиддин Нуруллоев зеби барномаҳои ҷамъиятиву сиёсии он ба шумор мерафт. Ҳамагон ин ансамблро мешинохтанду мухлисӣ мекарданд. Чуноне ки бародари Аҳлиддин Нуруллоев — Эшонов Зикриаллоҳ мегӯяд, «ман тӯли даҳ сол бо ин ансамбл ҳамкорӣ кардаам. Мо ҳар ҳафта ба ғайр аз тӯю маъракаҳо боз ба сари заминҳои пахта, гандум, токзорҳо ва ҳатто маҳбасҳо рафта, сурудхонӣ мекардем. Ман як мошин доштам, ки бо он ба ансамбл ҳамчун ронанда хизмат мерасонидам. Мухлисони мо хеле зиёд буданд ва ба ҳар ҷое, ки мерафтем, моро хеле хуш мепазируфтанд».
Дар як муддати кӯтоҳ мухлисони ин гуруҳ торафт дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон зиёд гардида буд. Аҳлиддин Нуруллоев, ки роҳбарии ин гуруҳро ба уҳда дошт, овозхони ҷӯяндаву эҷодкор буд. Ҳамеша дар ҷустуҷӯи оҳанги наву таронаҳои нав буд. Бо шоирону оҳангсозони вилоят иртиботи қавӣ дошт. Махсусан бо шодравонҳо Пирумқул Сатторӣ, Зуҳуриддин Суярӣ ва Ибод Зариф ҳамкориҳои эҷодии хубе ба роҳ монда буд. Ҳамин ҷаҳду талошҳои зиёд буданд, ки овозаи гуруҳи ҳунарии «Мавҷи Вахш» натанҳо берун аз ҳудуди вилояту ҷумҳурӣ, балки дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Афғонистон, Россия, Полша, Германия ва дигар давлатҳо паҳн шуда, муаррифгари фарҳангу санъати халқи тоҷик гардид.
Узви ин гуруҳ Ғунчагул Давлатова иброз дошт: «Сафари ҳунарие, ки мо дар Германия доштем, ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад. Мо он ҷо тӯли 24 рӯз мондем ва ҳар рӯзе ба мардуми ин кишвар сурудхонӣ мекардем. Ҳарчанд ин халқият забони моро хуб намефаҳмиданд, вале бо шунидани сурудҳои мо ба ваҷд омада, ба рақс медаромаданд, кафкӯбӣ мекарданд. Махсусан сурудҳои «Эй санам», «Ба ноз, ба ноз»-и Аҳлиддин Нуруллоев, «Шаби маҳтобӣ»-и ман ба онҳо хеле писанд омада буд. Онҳо тариқи тарҷумон аз мо хоҳиш мекарданд, ки ин сурудҳоро такроран замзама намоем. Бо мо аксҳо мегирифтанд, туҳфаҳо тақдим мекарданд. Умуман, ба ҳар ҷое, ки сафар мекардем, моро хеле ва хеле хуб мепазируфтанд. Мо шод будем, ки ҳам дар кишвари азизамон ва ҳатто берун аз он ҳам мухлисони зиёде пайдо кардаем».
Дар солҳои 80-90-ум Тоҷикистон ба ҳайати давлати шӯравӣ дохил мешуд. Дар ин даврон ташкил кардани чунин як ансамбли маъруф на ба ҳар шахс муяссар мегашт. Аҳлиддин Нуруллоев тавонист гуруҳе ташкил карда, тавассути он Тоҷикистонро ба дигарон муаррифӣ намояд.
Солҳои 90-ум буд. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Албатта, ба ҳар як сокини кишвар ҷанг таъсири худро расонида буд. Аз ҷумла ба Аҳлиддин Нуруллоев ва аҳли оилаи ӯ ҷанг бетаъсир намонд. Дар ин рӯзҳои даҳшатнок роҳбари гуруҳ барои пароканда нашудани ансамбли ташкилкардааш нақши муҳим бозидааст. Тавре Ғунчагул Давлатова иброз дошт, «вазъият дар кишвар ноором буд, вале Аҳлиддин моро маҷбур мекард, ки ба тӯю маъракаҳо равем. Ӯ доимо таъкид мекард, ки «Мо ба кӣ даркор? Мо ҷанговар не, санъаткор ҳастем! Аз дил тарсро дур кунед!».
Дар ин солҳо гуруҳҳои ҷиноятпеша дар тӯю маъракаҳои мардумӣ бетартибиҳои зиёд мекарданд. Аз ин рӯ, овозхонҳо низ тарс доштанд, ки дучори балое мегарданд. Махсусан қатли ваҳшиёнаи Кароматуллои Қурбон аз ҷониби ин гуруҳҳо зарбаи сахте буд ба фаъолияти баъдинаи санъаткорон.
Охирон баромади якҷояи ин гуруҳи ҳунарӣ дар ноҳияи Куйбишев (ҳозира ноҳияи А. Ҷомӣ) баргузор гардида буд.
— Охирон баромади мо ҳамроҳи Аҳлиддин Нуруллоев дар ноҳияи Куйбишев буд. Дар ин маърака устод Зафар Нозим ҳам иштирок доштанд. Гуруҳҳои ҷинояпеша хеле бад рафтор мекарданд. Онҳо намегузоштанд, ки ҳофиз суруди дилхоҳи худро хонад. Дар ҳамин маърака мувофиқи хоҳиши чанд бадмаст устод Зафар Нозим таронаи «Нару-нару»-ро қариб бист бор хонд. Ҳамин қадар ман суруди «Шаби маҳтоб» ва ҳамчунин аз Аҳлиддин низ талаб карданд, ки суруди «Ба ноз, ба ноз меравад ёрум»-ро ба такрор хонад. Мо маҷбур будем суруд хонем, зеро борони тир аз паҳлую болои сарамон мегузашт,- ёдовар шуд Ғунчагул Давлатова.
Онҳо аз охирин шабнишинӣ ё тӯй бо хотири парешону дили шикаста, сӯйи Қурғонтеппа раҳсипор шуданд. Аз ноҳия ду-се километр дур нашуда буданд, ки гуруҳи силоҳбадастон пеши мошинашонро банд карданд. Дари мошинро кушода, ба Ғунчагул назар намуда, амр доданд, ки аз мошин фарояд.
— Эй бачаҳо, шумо чӣ кор карда истодаед?,- садои дарднок баровард Аҳлиддин.- Охир, ин зани ман аст. Мо ду фарзанд дорем. Ба ҷои он, ки шумо моро ҳимоя кунед, ғорату таҷовуз мекунед? Аз шумо умедамон ин набуд…
Ба силоҳбадастон шояд ин суханони Аҳлиддин таъсир кард, ки онҳо аз нияти бадашон гаштанду иҷозати рафтан доданд. Нуруллоев шояд ҳис карда буд, ки лаҳзаҳои охирини ҳаёти худро аз сар гузаронида истодааст. Рӯзи зодрӯзи духтари хурдиашро хеле бошукуҳ дар доираи ёру дӯстонаш мегузаронад. Дар ин ҷашн модару бародари Аҳлиддин иштирок надоштанд. Аз ин рӯ, баъди якчанд рӯз ба дидори модараш меравад. Ин лаҳзаҳоро бародараш Зикриаллоҳ чунин ёдовар гардид: «Ҳама ҷо аз дасти силоҳбадастон вайронаву афгор гардида буд. Дар деҳаи Тоҷикобод якумин шахсе будам, ки омада ин ҷо хона сохтам. Аҳлиддин ба аёдатамон омад. Дар танаш либоси ҳарбӣ дошт ва бо се нафар марди дигар буд. Аз ман пурсид, ки «чӣ камбудӣ дорӣ? Чӣ намерасад, кӯмак кунам?». Ман ба сохтмони хона банд будам ва гуфтам: «Чизе пайдо карда биёр, то болои хонаро пӯшонем». Аҳлиддин рафт. Аз куҷое салафанҳои зиёде овард ва бо он болои хонаро пӯшондем. Дар ҳавлӣ тарбуз корида будам. Бо ҳамон се дӯсташ тарбуз кафонда хӯрданд. Ғайри ин чизе надоштем, ки зиёфат кунем. Бо ҳам хайрухуш кардем ва Аҳлиддин рафт. Аз пасаш нигоҳ кардам. То сари кӯча рафту баъд баргашт. Пешам омаду гуфт:
— Як чӣ гӯям?
— Гап зан.
— Куганов мегӯяд, ки «ту аз штаби мо ба штаби Душанбе, Шодмон Юсуф гап мебарӣ. Агар фаҳмам ин корат рост бошад, туро саг барин мепарронам».
Ман гуфтам, ки «Аҳлиддинҷон, биё ин корҳоро мон. Ҳама ба Маскав рафта истодаанд. Ту ҳам рав. Вазъият ором шуд, бармегардӣ. Мабодо ба сарат ягон бало меоранд».
Аҳлиддин суханони бародарашро қабул намекунад. Дар ҷавоб ба ӯ мегӯяд:
— Агар ман ҳозир ба Маскав равам, «номард, гунаҳгор буд, гурехт» мегӯянд. Намеравам ба ҳеҷ куҷо. Ин ҷо мемонам. Маконам инҷост!
Бародари Аҳлиддин мегӯяд, ки «баъди ин дигар ӯро надидем. Яъне, нопадид гашт. Фақат овозаҳои бад дар борааш мешунидем».
Ҳамсари Аҳлиддин — Ғунчагул аз охирин дидорашон чунин ёдовар шуд:
— Ӯ бори охир шаби 12-13-уми ноябр буд, ки ба хона омад. Дар як селофан чор хлеб дар дасташ буд ва онро ба ман дода, хайрухуш кард. Аз ӯ илтиҷо кардам, ки биё ҳамроҳ бо фарзандон ҷои дигар равем. Аз ин бало дуртар бошем, аммо ӯ норозиёна гуфт:
— Ман мардам, қавл додам, ки дар штаб меистам. Акнун ба аҳдам вафо мекунам ва агар лозим шавад, мардона мемирам. Агар ман он ҷо набошам, онҳо аз ман гумони бад мебаранд.
Баъди ин Аҳлиддин гумном шуд. Дигар надидамаш.
Аз суханони бародараш Зикриаллоҳ ва ҳамсараш Ғунчагул Давлатова бармеояд, ки Аҳлиддинро дар штаб паррондаанд. Бародараш мегӯяд: «Ҳар рӯз овоза меоварданд, ки Аҳлиддинро дар штаб Иззат Куганов паррондааст». Ҳамсараш мегӯяд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Аҳлиддин дар хориҷа зиндагӣ мекунад. Баъзеҳо мегӯянд дар штаб ӯро паррондаанд».
Баъди ин овозаҳои даҳшатбор ҳама аҳли оилаи Аҳлиддин ба кофтани ӯ мебароянд. Аммо касе чизе пайдо карда наметавонад. То ҳол гӯри ин овозхон, ки як замон маъруфи ҳамагон гаштаву сурудҳояш вирди забони мардум буд, пайдо нагаштааст.
Моҳкалон АББОСОВА,
Парвиз АСАДУЛЛОЕВ,
Гулноза ҚОСИМОВА,
Усмон СУРХАКОВ,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ