Тақрибан солҳои 80-и садаи Х1Х дар водии Зарафшон дар рустои кӯчаки Мадм тифле ба дунё омад ва садои боғаши ӯ ба ғавғои даҳр омехта мегашт. Аз рӯйи суннати ниёгон ба тифл ном гузоштанд — Муҳиддин. Ин ном номи шинохтаи падар — Бобои Ҷӯрабой буд. Ин тифл дар сояи давлати падар калон мегашт ва тарбия мегирифт. Мактаби куҳнаи русторо итмом намуд. Дар кӯчаҳои пурпечутоби зиндагӣ қаҳрамони ҳикояи мо Муҳиддин қадамҳои устувор мегузошт. Солҳои ҷавонии Муҳиддин хеле солҳои вазнин буданд. Акнун лозим меояд, ки колхозу хоҷагии деҳқонӣ ташкил кунему ҷамоати деҳот созем. Душманони сохти нав кам набуданд. Бо онҳо кору пайкор кардан лозим меомад. Дар ин солҳо вазнин ва мудҳиш раиси ҷамоату раиси хоҷагӣ будан ва дар ду даъват солҳои 1950-1958 намояндаи халқ дар Парлумони Ҳукумати Шӯравӣ будан магар осон буд? Дар ин вазифаҳои масъул қаҳрамони мо Муҳиддин чӣ тавр кор кардааст, ровии ахбор шоҳиди он солҳои вазнину пурмасъулият Аминов Каримбердӣ нақл мекунад: Ман Аминов Каримбердӣ соли таввалудам 1933 зодаи деҳаи Мадми ноҳияи Заҳматобод (ҳоло Айнӣ) вилояти Ленинобод (Хуҷанд) РСС Тоҷикистон. Падару модарам тоҷиканд ва аз оилаи деҳқон. Вақте синнам ба 7 даромад аз падарам аз номи зодгоҳам Мадм пурсон шудам. Падарам гуфтанд, ки Мадм дар гузашта маркази вилояти Бутамон будааст. Суғдҳо дар ин ҷо зиндагӣ доштанд. Ҳоло харобаҳои Мадми куҳна бо номи (Гардани Ҳисор) боқӣ мондааст. Гардани Ҳисор қасри зимистоннишини шоҳи Суғд- Деваштич будааст. Бостоншинос Юсуфшоҳ Ёқубов ҳафриёт гузаронидааст. Дар хусуси Мадм дар китоби таърихи синфи 6 пурра маълумот дода шудааст. Боз Каримбердӣ аз падар мепурсад, чаро колхози ба номи Ленин мегӯянд? Падар ҷавоб медиҳад, ки то соли 1931 колхоз набуд, ҳама хусусӣ, яккадастӣ буд. Баъди таъсиси Ҳукумати Шӯравӣ оҳиста-оҳиста колхозҳо ташкил шудаанд. Барои он ба номи Ленин монданд, ки Ленин асосгузори Ҳукумати Шӯравӣ буд. Баъди таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин колхоз дар ноҳияи Заҳматобод (Айнӣ) дар деҳаи Мадм созмон дода мешавад- колхоз ба номи Ленин. Роҳбарони Ҳукумати ноҳияи Айнӣ ба деҳаи Мадм меоянд. Роҳбарони халқро ҷамъ мекунанд ва мегуянд, ки колхоз ташкил мекунем ва ҳама аъзоёни хоҷагӣ дохил мешаванд. Падари ман якумин шуда ба аъзои хоҷагӣ дохил мешавад. Оҳиста-оҳиста ҳама бошандагони деҳаи Мадм ба аъзоии ҷамъияти колхозӣ гузаштаанд. Замину замон ва ҷуфтҳои говашонро ба ҷамъияти колхозӣ супоридаанд. Рӯзи дуюм намояндаи район маҷлиси колхозчиёнро гузаронид. Колхоз ба номи Ленин гузошта шуд. Намоянда иброз дошт, ки ҳатман раиси колхозро интихоб бояд намуд. Бо як овоз колхозчиён Раҳмонов Ҳақбердиро раиси колхози ба номи Ленин таъин карданд. Бргадири хоҷагӣ бо як овоз Бобоев Муллоамин таин гардид. Баҳори соли 1931 колхози Ленин ба киштукори баҳорӣ оғоз намуд, ки аз гандум ҷав, зағир, боқило, нахуд ва ғайра иборат буд. Тобистон ҳосил нағз шуд, ҳамаро ҷамъоварӣ намуда, дар хирман кӯфтан. Намояндаи ноҳияро даъват карданд, намоянда дид, ки дар хирман ғалла фаровон ҷамъ шудааст. Намоянда аз раису биргадир пурсид, ки анбор доред? Ҳарду ҷавоб доданд, ки не, надорем. Намоянда гуфт, ки чанд масҷид доред? Онҳо ҷавоб доданд, ки 4 масҷид дорем. Бигзор масҷиди ҷомеа кор кунад, 3 масҷиди дигарро анбор кунед. Намоянда гуфт, мактаб ташкил кунед ва мактабро ба номи Микоян гузоред, гуфту рафт. Соли 1939 баъди ҷамъоварии ҳосил падарам Бобоев Муллоамин тирамоҳи ҳамон сол вафот карданд. Раиси колхози ба номи Ленин Раҳмонов Ҳақбердиро ба кори дигар ба боло ба маркази ноҳияи Айнӣ бурданд. Раиси колхози ба номи Ленин Муҳиддин Ҷӯраев таъин гардид. Соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гашт. Кор дар тамоми самтҳои зиндагӣ душвор мегашт. Сталин ба тамоми шаҳрвандони Иттиҳоди Ҷумҳури Шӯравӣ муроҷиат намуда иброз дошт, ки барои ақибгоҳи фронтро мустаҳкам кардан зуд шартномаи маҷбурӣ ҷорӣ гардад. Ин ҳолат метавонад ғалабаро алайҳи Германия наздик ва ба мақсуд мувофиқсозад. Раиси колхози ба номи Ленин Муҳиддин Ҷӯраев барои он, ки колхоз ба номи Ленин буд ва барои ҳурмати номи Ленин шартномаро даҳчанд иҷро намуданд. Номи Ленин дар замони Шӯравӣ хело азиз буд. Раиси колхоз Муҳиддин Ҷӯраев ба пиронсолони деҳа хабар дод, ки дар анбор 4,5 тонна чормағз мавҷуд аст ва мо онро чӣ тавр ба фронт мефиристонем? Яке аз мӯйсафедон маслиҳат дод, ки мо мағзро ба воситаи зағир ва кунҷид ҳамро карда, ҷувоз мекашему равғанашро ба фронт мефиристонем. Соли якуми Ҷанг шартномаи Сталиниро 3 баробар барзиёд иҷро намуданд, аъзоёни колхози ба номи Ленин деҳаи Мадм. Соли дуюми ҷангро ҳам 3баробар зиёд, шартномаи Сталинӣ иҷро гардид. Соли 1950 Муҳиддин Ҷӯраевро барои хизматҳои шоёнаш дар назди ҳукумату давлат ва хизмати даҳчандаш, барои ҷабҳаи ҷанг Раиси комиҷроияи ҳукумати ноҳияи Айнӣ Юлдоги Ҷумъаев ба депутати совети олии СССР пешниҳод кард. Баъд Муҳиддин Ҷӯраев дар намояндагӣ дар Парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуқуқ пайдо намуд. Муҳиддин Ҷӯраев мактаббачагонро 2 маротиба барои шартномаи Сталиниро иҷро карданд бо ҳамроҳии муйсафедон ба қишлоқи Сангистон фиристонд. Баҳори соли 1950 интихоботи Советии Олии СССР сар шуд, он гоҳ номзад ба намояндагӣ ба Парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ номзад Бобоҷон Ғафуров пешниҳод шуда буд. Он кас бо ҳамроҳии Раиси Советии Олии Тоҷикистон Исоев Тоҷиддин ва раиси колхози ба номи Ленин Муҳиддин Ҷӯраев ба деҳаи Мадм омаданд. Дар Хотир дорам, ки Бобоҷон Ғафуров савори аспи сурхе буданд, ки пешониаш хол дошт. Мардум Бобоҷон Ғафуровро нағз, хеле хубу гуворо ва хотирмон истиқбол гирифтанд. Шоҳиди ин гуфтаҳо Каримбердӣ Аминов нақл мекунад, ки дар ин вохӯрӣ ман ҳам иштирок доштам. Ҷаласаи вохӯрӣ бо номзад Бобоҷон Ғафуров оғоз гашт. Аввал Бобоҷон Ғафуров бо лаҳни хуш, содда, фаҳмо, хоксорона ва бо илму ҳилм ҳарф заданд. Баромади Бобоҷон Ғафуров хеле дилкашу самимӣ буд, ки ҳатто садоеро дар атроф намешунидед. Бобоҷон Ғафуров донишманд ва олими тавоное буданд, ки мардум бо самимияти том ба суханҳояшон гӯш медоданд. Баъд Исоев Тоҷиддин бо мардум кӯтоҳ сухан намуд. Пасон раиси хоҷагии овоздори ба номи Ленин Муҳиддин Ҷӯраев ба сухан ҳусни анҷом бахшид. Раисбобо Муҳиддин Ҷӯраев меҳмони олиқадрро ба хонаашон даъват карданд. Пеш аз даъват кардан Бобоҷон Ғафурови олим аз раис пурсиданд, ки  оё дар деҳаи Шумо олиме хатмкардаи мадрасае баромада бошад? Раис зуд аз мударрис ва муфтӣ Мулло Боқӣ ёд карданд ва афзуданд, ки муфтии  мо дучори таъқиб ва туҳмат гашта, соли 1937 дур аз Ватан дар ғариби бо нокомӣ ҷон ба Ҳақ таслим кардаанд. Бобоҷон Ғафуров аз ин хабар сахт ғамгин гашта, чанд лаҳза ба замин нигоҳ намуда сукут варзиданд ва “сад ҳайфи Мулло Боқӣ” гуфтанд. Пас аз чанд лаҳзаи меҳмонӣ дар хонаи Раисбобо ба суҳбати хушу гуворои Бобоҷон Ғафуров маҷлиси суҳбат анҷом пазируфт ва Ғафуров бо мардуми русто хайрухуш намуда, ба аспҳо савор шуданд. Пирони деҳа фотиҳаи сафар доданд.

Ин сафар карда, ки як қофила дил ҳамраҳи ӯст,

Ҳар куҷо бод Худоё ба саломат дораш.

Домулло Арбоб буданд дуодиҳанда. Ровии хабари мо Каримбердӣ Аминов дар хотимат-ул сухани худ гуфтанд, ки ин ҳолатҳоро ба чашми худ дидаам ва ҳамааш рост мебошад. Дар ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Ҳукумати Шӯравӣ Раисбобои мо Муҳиддин Ҷӯраев ширкат меварзиданд, лаҳзае ба хотир омад: Боре дар яке аз ҷаласаҳо ҳангоми дар сари қудрат будани Сталин — доҳӣ ба намояндагони Тоҷикистон суҳбат мекунанд. Дар он суҳбат Муҳиддин Ҷӯраев ҳам буданд. Сталин аз Муҳиддин Ҷӯраев мепурсад, ки ту аз куҷоӣ? Муҳиддин Ҷӯраев ҷавоб медиҳад, ки ман аз қишлоқи Урметан. Агар гӯям, ки Мадм Сталин Мадмро намедонад. Сталин Урметанро медонад. Бобоҷон Ғафуров, ки дар паҳлӯи Муҳиддин Ҷӯраев нишаста буданд ба забони рӯсӣ мегӯянд, Урметан яке аз қишлоқҳои калонтарини ноҳияи Айнии Тоҷикистон мебошад. Депутати мо аз ҳамин деҳа мебошад. Мадм ва Урметан ду деҳа мебошанд, ки мардумаш бо ҳам зиёд, дӯсту меҳрубонанд. Меҳру муҳаббате, ки дар байни ин ду деҳаи ноҳия ҳаст, шояд дар дигар деҳаҳо набошад. Рафту омади мардуми ин ду куҳандиёр ба деҳаҳои ҳамдигар хело зиёд ва қариб хешу табор шудаанд. Ман нависандаи ин сатрҳо қариб 70 солаам. Нағз дар хотир дорам, ки қаҳрамони ҳикояи мо Муҳиддин Ҷӯраев бо падарбузурги шоири зиндаёд Қутбӣ Киром- Киромиддин Муҳиддинов аҳди дӯстиву бародарӣ доштанд. Ман, ки дар ҳамсоягии Раисбобо мезистам Киромиддин Муҳиддиновро дар меҳмонии Муҳиддин Ҷӯраев бисёр медидам. Падари устод Қутбӣ Киром аз шоирони классик Бедил ва Тӯғралро дӯст медоштанд. Ва шеърҳои ин ду шоир, ки дар маънӣ душворфаҳм буданд, таҳлили беғалат медиҳанд. Ман борҳо шоҳиди суҳбати Киромиддин Муҳиддинов, Муҳиддин Ҷӯраев, Абдуҷалил Аловиддинов ва Соҳибназар Худойназаров гаштаам. Он суҳбатҳоро алъон дар байни имрӯзиён намебинам, зеро ки нафси маънавӣ ва фарҳангии тухми анқо гаштааст. Ин гуфтаҳо ҳам паси сар шуд. Аз ҷонталошиҳову ҷонсупориҳову намояндаи парлумон дар Иттиҳоди Шӯравӣ (дар ду даъват 8 сол) буданд, ин магар хизмат нест?

Якуммин шахс дар водии Зарафшон дар ду даъват солҳои (1950-1958) депутаи Советӣ Олии СССР буданд. Вале ҳайҳот, ки ҳанӯз як кӯча, як мактаб, як хоҷагӣ бо номи муборакашон нест. Дар ҳақиқат меарзад, ки яке аз кӯчаҳои марказӣ ноҳияи Айниро бо номи Муҳиддин Ҷӯраев гузорем, ё яке аз кӯчаҳои шаҳри Хӯҷанд ва шаҳри Душанберо бо номи шарифашон гузорем. Дар охир гуфтаҳои устод Лоиқро ба ин шахси арзанда мебахшам.

Ҳар кӣ хоҳад бар баландиҳо барояд босубот,

Ҳар касе хоҳад, гузорад по ба тори қуллаҳо.

Дар раҳи пурпечу хам сӯи фарозиҳои куҳ,

Мекунад таъзим доим, мешавад қаддаш ду то.

Лек чун корро ниҳад бар тори қулла бо азоб,

Мешавад қадди ду тояш рост чун сарви равон.

Куҳ мисли пояи ҳайкал бар зери пойи ӯ,

Ӯ чу ҳайкал ғолибу ҷовид дар болои он…

Раҳмати Ҳақ нисори Муҳиддин Ҷӯраев бод фарзанди арзандаи Мадми Шариф!

Элмурод Боев, собиқадори маориф,

аълочии маориф ва илм Ҷ. Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here