Баъди пленуми КМ ҲК Тоҷикистон, ки он 11-12 апрели соли 1961 баргузор гардида буд, Ҷаббор Расулов ба ҷои Турсун Ӯлҷабоев котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон интихоб мешавад. Дар оғози фаъолияташ бо иқдоми Ҷаббор Расулов моҳи марти соли 1962 вилояти Ленинобод (алҳол вилояти Суғд) барҳам мехӯрад. Дар муддати солҳои 1962-1970 шаҳру ноҳияҳои он бевосита тобеи мақомоти ҷумҳурӣ шуданд.

Сарвари онвақта котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов аз ин кори хеш пушаймон мешавад. Дар он замоне, ки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, Ӯзбекистону Қирғизистон шумораи вилоятҳо зиёд мешуданд, дар ҷумҳурии мо як вилояти калонро барҳам доданд. Охир, вилояти Ленинобод дар ҳама соҳа пешқадаму захираҳои бойи табиӣ ва меҳнатӣ дошт. Ҷаббор Расулов тамоми қувваро ба кор бурд, то ки вилоят аз нав эҳё гардад. Барҳам додану аз нав ташкил намудани вилояти Ленинобод маблағҳои зиёдро талаб мекард.

1-2 сентябри соли 1970 Котиби Генералии КМ КПСС Леонид Илич Брежнев меҳмони Тоҷикистон мешавад. Дар ҳамин вохӯрӣ Ҷаббор Расулов масъалаи аз нав барқарор кардани вилояти Ленинободро ба миён мегузорад. Дар маҷлиси фаъолони партиявии республика Ҷаббор Расулов гуфт: «Мо бо Леонид Илич Брежнев масъалаи ташкили вилояти Ленинободро мусбӣ ҳал намудем». Ва дере нагузашта, ин масъала дар КМ КПСС муҳокима шуд, бо тезӣ фармони Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ба тавсиб расид, ки дар он аз ҷумла омадааст:

 

УКАЗИ

Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон

Дар бораи ба ҳайати РСС Тоҷикистон ташкил кардани

вилояти Ленинобод

Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Дар ҳайати РСС Тоҷикистон вилояти Ленинобод бо марказаш шаҳри Ленинобод ташкил карда шавад.

2.Ба ҳайати вилояти Ленинобод шаҳрҳои Исфара, Қайроққум, Конибодом, Ленинобод, Панҷакент, Ӯротеппа ва районҳои Айнӣ, Ашт, Fончӣ, Зафаробод, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Нов, Пролетар, Ӯротеппа, Хуҷанд дохил карда шаванд.

3.Ҳамин Указ ба тасдиқи Совети Олии РСС Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон М.Холов.

Котиби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Д.Гадоев.

23 декабри соли 1970, шаҳри Душанбе.

 

Вақте ки масъалаи аз нав ташкил додани вилояти Ленинобод баромад, бюрои ташкилӣ таъсис дода шуд, ки ба он Ҳоҷиев Р.Ҳ., Қосимов У.Қ., Волков Д.И., Мирзоалиева К.М. шомил буданд. Онҳоро барои суҳбат 21-22 декабри соли 1970 ба шаҳри Москва даъват карданд.

Баъди аз суҳбати мудирони шуъбаҳо ва котибони Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ тӯли 40 дақиқа бо онҳо Котиби Генералии КМ КПСС Леонид Илич Брежнев суҳбат карда, якбора дастурҳо дод.

Маълум шуд, ки Брежнев онҳоро дар сатҳи ниҳоят баланд қабул карда, изҳори боварӣ намудааст, ки вилояти Ленинобод барои рушди мамлакати бузург-СССР саҳми босазо мегузорад.

Дере нагузашта 23 декабри соли 1970 қарори Президиуми Совети Олии СССР дар бораи ташкил кардани вилояти Ленинобод баромад.

Ба таври расмӣ Усмон Қосимов моҳи январи соли 1971 ба вазифаи раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод интихоб карда мешавад. Аз ибтидои ташкили вилоят, ду марди соҳибтаҷрибаю чашмикордон, яке Р.Ҳоҷиев ва дигаре У.Қосимов аҳлона барои беҳтар шудани интизоми меҳнат дар корхонаҳои саноатӣ, ташкилотҳои бинокорӣ, хоҷагии деҳот ва соҳаҳои фарҳанг якҷоя кӯшиш ба харҷ бурданд.

16 феврали соли 1971 сессияи якуми Совети вилоятӣ барпо гардид. Сессияро бо супориши Шӯрои куҳансолон депутат А.Халифаев (раиси колхози ба номи Домулло Азизови райони Хуҷанд) кушод. Котиби комитети вилоятии партия депутат К.Мирзоалиева раиси сессия ва коргар аз кони Адрасмон депутат Б.Бердиматов котиби сессия интихоб шуданд.

Депутатҳо таклифи рафиқ Ҳоҷиевро дар бораи раиси комиҷроияи Совети вилоятӣ интихоб кардани депутат У.Қосимов бо кафкӯбиҳо маъқул дониста, ӯро ба вазифаи раиси комиҷроияи вилоят интихоб намуданд.

Бо таклифи У.Қосимов ба вазифаҳои ҷонишини якуми раиси комиҷроияи Совети вилоятӣ В.С.Ляпин, ҷонишини раис Т.Осимова ва А.Бобоев, котиби комиҷроияи вилоятӣ М.П.Колосков ва ба вазифаи аъзоёни комиҷроияи Совети вилоятӣ рафиқон Р.Ҳоҷиев, Қ.Ҳобилов, Б.Мирзоев, А.В.Юрева, О.Йӯлдошева ва И.Умаров интихоб шуданд.

Бо таклифи депутат В.С. Ляпин ҳайати суди вилоятӣ ва ба раисии он депутат Б.Инъомов, инчунин машваратчиёни халқӣ интихоб шуданд.

Усмон Қосимов корро аз шиносоӣ бо ҷамъбасти панҷсолаи гузашта ва нақшаҳои ояндаи вилоят барои солҳои 1971-1975 оғоз кард. Ҳини шиносоӣ маълум шуд, ки нақшаи дурнамои вилоят хурсандиовар аст. Мебоист дар панҷсолаи нав дар вилоят ду заводи мошинсозӣ, заводи матоъҳои лавсан, навбати дуюми комбинати қолинбофӣ, заводи зарфҳои сирдор ва дигар корхонаҳо сохта мешуд.

Усмон Қосимов дар зарфи ҳашт соли кори масъул дар вилояти Ленинобод бисёр корҳои бузурги ташкилӣ-сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ фарҳангиро анҷом дод. Бо ташаббуси эшон даҳҳо биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, фарҳангӣ, саноатӣ сохта шуданд. Барои сохтмони бинои Ҳукумати вилоят ва дигар иншоотҳо иҷозати раиси Шӯрои вазирони СССР А.Н.Косигинро гирифт.

Ҳамин тавр, Усмон Қосимов ба ҳайси раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод корро дар шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз намуд.

Усмон Қосимов барои ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз ҷиддӣ мекӯшид. Муваффақиятҳои бузурги вилояти Ленинобод дар солҳои 1971-1978 бо номи ӯ зич алоқаманд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлили 60-солагии таъсиси вилоят 3 июни соли 2000 (бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номи вилояти Ленинобод ба вилояти Суғд иваз карда шуд) ӯ гуфта буд:

«Бамаврид аст, ки ин лаҳзаҳо аз роҳбарону сарварони пештараи вилоят, бахусус, аз онҳое ёдовар шавем, ки ташаббусу бунёдкориҳои аҳолиро сарварӣ мекарданд».

Ҳоло вилояти Суғд дорои беш аз 2,5 миллион аҳолӣ буда, он аз 8 шаҳр — Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Конибодом, Исфара ва 10 ноҳия — Айнӣ, Деваштич, Шаҳристон, Куҳистони Масчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ғафуров, Зафаробод, Масчоҳ, Ашт иборат мебошад.

Он яке аз марказҳои саноатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аст.

Меҳнаткашони вилоят соли 2018-ро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намуданд.

Қисми даромади буҷети вилоят ба 1 январи 2019 ба андозаи 105,1 фоизи нақша иҷро шуда, 1722,4 миллион сомониро ташкил дод. Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давр 1678,9 миллион сомониро ташкил намуд.

Соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 11277,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин даври соли 2017 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 108,2 фоизро ташкил кард.

Дар соҳаи саноат 639 корхона фаъолият дорад.

Дар саноати истихроҷ моҳҳои январ — декабри соли 2018 ба маблағи 4015,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард моҳҳои январ — декабри соли 2018 6418,5 миллион сомонӣ ташкил дода, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 2439,1 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 910,3 миллион сомонӣ, ҳар гуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 725,6 миллион сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ соли 2018 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 8085,5 миллион сомонӣ буда, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 6100,2 миллион сомонӣ ва чорводорӣ 1985,3 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Соли 2018 сармоягузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1482,5 миллион сомонӣ истифода карда шудааст.

Дар шаҳри Хуҷанд заводи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ (бозичаҳо ва аробачаҳои бачагона) ба кор дароварда шуд, дар ноҳияи Спитамен анборҳои нигоҳдории гази моеъ ва сӯзишвории нафтӣ аз ҳисоби ҶСП «Фароз» ва ҶДММ «Гули Сурх континент» ба истифода дода шуданд. Дар шаҳри Бӯстон анбори нигоҳдории орд ва маҳсулоти тайёр, дар шаҳри Истаравшан сехи коркарди ғалладона аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ азнавсозии бинои мактаб-гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд барои 640 хонанда, дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара МТМУ №31 синфхонаи иловагӣ барои 176 хонанда аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ва дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт МТМУ №58 синфхонаҳои иловагӣ барои 180 хонанда аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар ноҳияи Б.Ғафуров аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ беморхона барои 55 кат ва бинои иловагӣ дар ҳудуди кӯдакистони №10-и ҷамоати деҳоти Хистеварз, дар ноҳияи Деваштич 4 дармонгоҳ ба истифода дода шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд барои 240 ҷой боғчаи бачагона бунёд ёфт.                               Дар ноҳияи Б.Ғафуров, ноҳияи Ҷ.Расулов, шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Ашт, шаҳри Исфара аз ҳисоби сохибкорони инфиродӣ майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Соли 2018 ба масоҳати 502338 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ қомат афрохтанд.

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2018 хеле пеш рафт.

 

Ғайрат ҲАКИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here