(Ба муносибати 70-умин солгари Муҳаммадзамони Солеҳ)
Муҳаммадзамони Солеҳ аз нависандагони тозаназаре ба шумор меояд, ки нимаи солҳои 80-и асри гузашта ба арсаи адабиёти тоҷикӣ қадам ниҳод ва анқариб бист сол аст, ки дар инкишофи насри бадеии муосир саҳми чашмгире гузошта меояд. Банда нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои ӯро дар вақташ тақриз карда будам ва минбаъд низ ҳар як навиштаи ӯро ба сифати як хонанда ва ноқиди адабӣ мутоила карда меоям ва хушбахтона, имрӯз метавонам гӯям, ки вай ба сифати як нависандаи соҳибҳунар ва навоваре ба камол расидааст.
Аслан нишонаи соҳибҳунарӣ ва ибтикороти як эҷодкор аз чӣ иборат буда метавонад? Ба назари банда дар ин ҷода соҳиб будан ба диди хоси бадеӣ ва тафаккури тозаи ҳунарӣ нишонаи аввалин бояд ба шумор ояд, ки ба ташаккули сабки фардӣ ва равиши хосу нави нависандагӣ сабаб мешавад ва он имкон медиҳад, ки масоил, мушкилаҳо, дарду муаммоҳои зиндагии иҷтимоӣ ва равонии инсониро аз назари тоза мавриди таҳлилу тасвири хосе қарор диҳад. Гузашта аз ин, бояд тору пуди андеша ва рагу хуни ин соҳибҳунар мамлу аз маънавияти миллӣ, таърихи корномаву созандагӣ ва офаридаҳои фарҳангии халқ бошад. Ниҳоят, ин ҳама ҷанбаҳои ҳунарӣ ва мавзӯъӣ на танҳо дар заминаи суннатҳои ҳунари миллӣ, балки дар пояи фарҳангу адаби муосири башарӣ бояд устувор гардида бошад. Дар ҳамин замина месазад афзуд, ки вобаста ба тақозои давру замони муайян дар зиндагии таърихии халқ ва таҷрибаи фарҳангии он нависандаи ҳушёр ва бедор мекӯшад, то ки паҳлӯҳои тадқиқнашудаеро аз рӯзгори мардум ба тасвири бадеӣ кашад ва ба андӯхтаҳои ҳунарии вай арзишҳои тозаеро илова карда бошад. Воқеан, ҳар яке аз эҷодкорони пешрави адабиёти навини тоҷикӣ аз ҳамин роҳи навангезӣ ва дороиафзоӣ қадам бардоштанд. Муҳаммадзамони Солеҳ низ пайгири ин равиш аст, балки аз пешиниён бештар таърихназар ва аз баъзе ҷиҳатҳои дар ибтикорот ҷасурона қадам мебардорад, дар тадқиқи бадеии ҳувияти этникии миллат дасти тавоно доштаашро ба субут расонида меояд.
Ҳанӯз аз маҷмӯаи «Сарви Кишмар» (1984), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), «Ардавирафнома ё сояҳои шикаста» (1992) таваҷҷуҳи ӯ ба таърих, бахусус таърихи бостон, маънавиёти қавмҳои эронӣ ва огоҳии вай аз фарҳанги тоисломӣ ба чашм мерасид. Вай ба сифати як нависандаи ҷавон хонандаи худро ба шаклу воситаҳои шартиву рамзӣ ба умқи таърих ҳидоят мекард («Сарви Кишмар», «Дарвеши ҳақиқат», «Қисаи шеърҳои хунин»), аз решаҳо, пайвандҳо, созандагиву фоҷиаҳои ҳамнажодҳо қисса мегуфт ва андешаи ӯро дар заминаи таърихи маънавии салафонаш бунёд кардан мехост. Ин мақсади наҷиби Муҳаммадзамони Солеҳ, бахусус, дар замони шӯравӣ, ки таваҷҷуҳ ба гузаштаро ҳамеша дар чорчӯбаи ҳадафҳои идеоложӣ ва синфӣ маҳдуд медошт, ба маротиб аҳамият касб менамуд. Дар айни замон, қисса ва ҳикоёти дар мавзӯъи муосир таълиф намудаи нависанда («Ишқи актёри пир», «Ардавирафнома, ё сояҳои шикаста», «Сафари ҳаштуми Синдбод») низ саршор аз таърих, ёди гузашта буда, бунёдашон бар ҳофиза гузошта шудааст. Нависанда дар тасвир аз руҷӯъҳои маънавӣ, воситаҳои сурреалистӣ ва экзентсиалистӣ барин шаклҳои тозаи бадеӣ ва равоннигориро ба кор гирифтааст, то ки мадду ҷазр ва парвозу афтодагиҳои руҳи инсони ҷаъмияти худкомаро ифода карда тавониста бошад.
Хуллас, Муҳаммадзамони Солеҳ ҳамеша дар роҳи ташаккул додани тафаккури хос ва тасвиркории навпардозона талош дошт, то асари калонҳаҷме чун румони «Девори Хуросон» (1999)-ро манзури хонандагон гардонид. Бинобар ин, румони мазкур, пеш аз ҳама, ба доираи таваҷҷуҳ ва ҷустуҷуҳои бадеии нависанда пайванд мехӯрад ва аз ин ҷиҳат онро аз асарҳои мавсимӣ ё ҷашнии бозоргир тарҷеҳ додан лозим аст. Воқеан, чун ба муҳтавои умумии «Девори Хуросон» ошно мешавед, пай бурдан душвор нест, ки сохтор, тору пуд ва дарунмояи он маҳсули омӯзишу таҳқиқ ва андешаҳои дарозмуддату ҷиддии нависанда сари таърихи пурвоқеаю тақдирсози мардуми тоҷик дар замони таҷаддуди миллӣ ва эҳёи давлатдории вай будааст. Масалан, ҳамзамон бо румони мазкур ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён хеле китобу рисолаҳо ба табъ расиданд, ки аз байни онҳо маҷмӯаи «Сомониён дар ойинаи таърих» (1998), рисолаи С. Абдуллоев «Исмоили Сомонӣ» (1998), китоби С. Ҳалимов «Амир Исмоили Сомонӣ» (1999)-ро ном бурдан мумкин аст. Ҳангоми муқоисаи ин осор бо румони «Девори Хуросон» ба чунин хулосае расидан мумкин аст, ки Муҳаммадзамони Солеҳ дар таълифи ин асараш на камтар аз дастаи муҳаққиқин заҳмат ба харҷ дода, аз сарчашмаҳои таърихӣ, амсоли «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Таърихи Систон», «Таърихи Гардезӣ»-и Муставфӣ, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Таърихи Нигористон» ва ғайра пора — пора маълумотномаҳоро дар бораи давлатдории Сомониён ва кору пайкори амир Исмоили Сомонӣ ба даст овардааст. Аммо маълумоти таърихномаҳо агарчи муҳиманд, вале асосан пароканда ва тавсифӣ, ё аз таъкиди чанд амали ибратбахшу ғайримунтазира иборатанду бас, ки нависанда наметавонист дар тафсири бадеии чеҳраи инсонии Исмоили Сомонӣ бо онҳо маҳдуд монад.
Воқеан, ин маълумотномаҳо асоси таърихӣ ва заминаи воқеии румонро таъмин намудаанд, вале нависандаро лозим омадааст барои офаридани симои Исмоили Сомонӣ ба сифати як шахсияти сиёсиву низомӣ, шоҳи одилу ботадбир, бародару падари сахтгиру меҳрубон, инсони донишманд, ҳаким, тарзи огоҳ аз таърихи фарҳанг ва мазҳаби бостон ва ислом, фарди дар олами андешаҳои доимии пурзиддият, вале мантиқаш устувору саднопазир, соҳиби дили раҳиму бахшоянда, аммо дар ҳимояи дастурҳои асили инсониаш босубот аз бисёр сарчашмаҳои дигар ва, пеш аз ҳама, аз тахайюли созандаи худ истифода кунад ва симои зиндаву табиӣ ва хотирмон, балки дӯстдоштании ӯро бавуҷуд оварад. Ба ин маънӣ, дар румони «Девори Хуросон» метавон бо афкори фалсафию мазҳабӣ, сиёсиву ахлоқӣ, фарҳангиву адабӣ аз манобеи аҳди бостон то зӯҳури ислом дар Хуросони бузург, яъне ба намунаҳои осори адабии суғдиву паҳлавӣ, деворнигораҳои Афросиёб, ҳикмати андарзномаҳо, таърихи хутут, нағмаву навоҳои мусиқии Борбад, суруди Асмо, «Магисто»-и Ашкониён, Самсоро аз қавли буддоёни ҷағонӣ, шеъри нави форсӣ (Ҳанзалаи Бодғисӣ, Масъуди Марвазӣ, Муҳаммади Васиф), ба готҳои «Авесто» ва ояҳои Қуръон, аҳодиси набавӣ, мақулаҳои илмии фиқҳу калом, шариату тариқат рӯ ба рӯ омад, ки ҳама дар якҷоягӣ савияи тафаккури таърихӣ ва миллии эрониро шакл додаанд. Таъкид кардан лозим аст, ки то замони эҷоди румони Муҳаммадзамони Солеҳ низ дар адабиёти тоҷикӣ, бахусус насри он ва хоса аз ҷониби устодон Садриддин Айни ва Сотим Улуғзода руҷӯъҳое ба таърихи гузашта анҷом дода шуда буд. Адибони пешрави мо дар баёни афкори иҷтимоӣ ва адабию фарҳангии гузашта хеле ибтикорот нишон додаанд. Вале, бояд эътироф кард, ки маҳз дар румони «Девори Хуросон» он ҳама арзишҳои сиёсӣ, фалсафӣ, маънавию ахлоқӣ ба сифати савияи тафаккури таърихии қаҳрамони асар бо умқу паҳнои худ ба кор гирифта шудаанд ва ба ин маънӣ, Муҳаммадзамони Солеҳ дарунмояи таърихӣ ва андешаи миллии насрро ғанои тоза бахшид. Аз ин ҷо, дар бораи тафаккури тозаи бадеӣ дар адабиёти даҳсолаи охир сухан ба миён овардан мумкин аст, ки хусусияти муҳими он ба тасвири бадеӣ кашидани маънавиёти зотии мардуми тоҷик ба шумор меояд.
Аз ин ҳама гуфтаҳо чунин натиҷа набояд гирифт, ки румони «Девори Хуросон» иборат аз маҷмӯаи санад, гуфтаҳо, иқтибосот аст. Албатта, чунин нест. Чунон ки қайд шуд, ин ҳама сифати тафаккури бадеии нависандаро муайян мекунанд ва табиист, ки дар тору пуди тасвир ба ҳам омадаанд. Ба хусус, ки румони «Девори Хуросон» асари таърихии биографист ва тамоми сохтори зоҳириву дарунии онро рӯзгору пайкор ва андешаву афкори амир Исмоили Сомонӣ муайян карда аст.
Муҳаммадзамони Солеҳ амир Исмоили Сомониро дар айни расидагӣ, камолоти ҷавонӣ, чун шахси тарбиядидаву таълимгирифта, огоҳ аз таърих, фарҳанг, дин, илму сиёсат, ҳарб ва пеш аз ҳама, ба сифати шахси ифтихорманд аз гузаштаи наҷибу пуршукуҳи аҷдодонаш ба майдони ҳодисоти таърих ворид месозад ва пайваста ташаккули ӯро чун поягузори давлати муттамарказу пуриқтидори маънавибунёд дар таърихи мардуми тоҷик ба тасвир мегирад. Чун Исмоил бори нахуст вориди Бухоро мешавад аз дидгоҳи фикри баланду таърихбинаш эҳсос мекунад, ки ин хитаи ватанаш дар дасти бегонагон аст ва аз бесарварӣ онҳоро чи аҷнабиён ва чи худиҳо ранҷ медиҳанд. Шояд сафар ба Бухоро ва таҳлилу баррасии вазъи мамлакат ӯро ба хулосае овард, ки мисли пешина, чун бародараш Наср, танҳо бо омили халифа будан ва таъмини оромии кишвар қаноатманд мондан кифоя нест, балки ин мамлакатро бояд дар заминаи фарҳангу маънавияти бумӣ ва миллиаш устувор намуд. Барои баровардани ин хоста ҳам тариқи давлатдорӣ ва ҳам иртиботро бо ҳамсоягону хилофат тағийр мебояд дод. Ба ин маънӣ амир Исмоили Сомонӣ рисолати худро дар барқарор кардани ҳақиқати таърихӣ мебинад, вай ҳарчанд инкоргари таърихи ду садсолаи охири Хуросони бузург нест, вале чун ислоҳгари он вориди саҳна мегардад. Амир Исмоили Сомонӣ дар тасвиру ташреҳи Муҳаммадзамони Солеҳ пеш аз ҳама, чун шоҳи таърихсоз пеши назар меояд. Ӯ аз аввал инро хеле хуб эҳсос кардаву рисолати хешро муайян карда буд: «Гуё мо, фақат мо, қурбони таърих будаем. Дигар бас аст. Ман омадаам, ки онро қатъ кунам. Дигар ман амини шумо ҳастам… Ман омадаам, ки шуморо наҷот диҳам! Ман омадаам, ки дардҳои шуморо таскин диҳам. Ман омадаам, ки ниёзҳои шуморо барварда созам. Он Баҳроми Варҷованд манам!» Ва тамоми кору пайкори амир Исмоил равонаи иҷрои масъулиятест барои мардуми худро «бурдан ба сироти мустақим, расонидан ба сироти мустақим» мебошад. Чун замоне, ки ӯ ба сӯи Табаристон ба муқобили Алавиён лашкар мекашад ва ба диёри ҷадди бузургвораш Баҳроми Чӯбина мерасад, ҳамоно мақсади барқарор кардани адолати таърих, «ҳақро ба ҳақдораш бирасонидан»-ро пеши худ мегузорад.
Вай ҳатто садоқати худро ба мазҳаб ва дини ислом бо мансубияти этникиву аҷдодияш ҷудоинопазир тавзеҳ дода гуфта аст: «Алҳамдулиллоҳ, ман мусулмонам, вале эронӣ, аз нажоди озодагон». Ва амир Исмоил эҳтиром ба кишвар, гузашта ва қавму мазҳабро аз ҳам ҷудоинопазир ҳисобидааст, аз ин ҳарос доштааст, ки мабодо қавм баробари дини нав қасди ҳаммонандшавӣ ба ғолибонро дар сар напарварад. Бинобар ин, яке аз он аҳдофе, ки ӯ дар бунёди давлати нав ба амал оварданист, аз нав эҳё кардани ҳувияти миллат ва фароҳам овардани имкони рушди минбаъдаи он аст: «Ҳама гуна давлате, ки фоқиди андешаи бақои миллат бошад, пойдор нест. Мардуми Бухороро ба мисли бақияи нукоти Эрон аз хеш бегона сохтанд… Вазифаи мо дар ин марҳала аз бедор кардани виҷдони таърихии мардум ва аз ин инҳитоту муташаббеҳшавӣ нигоҳ доштани он аст». Амир Исмоили Сомонӣ дар ин роҳ талошу кӯшиш, рою тадбири зиёде ба харҷ медиҳад, душманонро мағлуб месозад, бегуноҳонро мебахшад, бадгумонҳоро бероҳа менамояд, ҳатто Амири Лайси Саффорӣ, ки сустандешаву пархошгарӣ дошт ва дар роҳи расидан ба қасди олии таҷаддуди миллии ориёӣ акнун монеае буду бас, бо айби худу хости Худо аз миён бардошта, то замони наҷоти Хуросони бузург ва истиқлоли шукуҳманди он фаро мерасад. Ва акнун ин пушту паноҳи Хуросон изҳор медорад: «Дигар имрӯз дарвозаҳо аз Бухоро кушода шудаанд… Ва роҳи беморӣ ёфта шудааст…Муждагонӣ, эй Эронзамин, дигар ту наҷот ёфтӣ! Ва нуре аз дили зулмот ба сӯи ситорагони фалак уруҷ мекунад, дунё рӯшан мешавад. Ин зиё дигар роҳи туст… Ин бемаргӣ туӣ… Ин дарвозаҳо аз қалби ту боз мешаванд ва ин роҳҳо ба сӯи ту меоваранд ва дар ту қатъ мегарданд. Дигар то абад ҳамчунон боқӣ хоҳад монд, дигар то абад ҳамчунин имтидод хоҳанд ёфт. Ин масири туст, ин дигар сарнавишти туст… Эй сарзамини шукуҳманд, эй диёри нахустин омӯзгорон, муждагонӣ!!!» Дар ҷавоби ин андешаҳои поку ватанпарастонаи амир Исмоил Муҳаммадзамони Солеҳ меафзояд:
«Ва аз хилоли панҷараҳо садои муаззин меомад… Ва суруди ниёиши як сарзамин бо ин ҳама паҳноварӣ ба сӯи осмон мерафт.
Ва фариштагон дар пойгоҳи муқаддаси Арш салавот мефиристоданд…
Ва амир Исмоил дигар дар дилу андешааш сафо ёфта буд.
Дунё лабрез аз нағмаҳо шуда буд. Нағмаҳои аршӣ! Нағмаҳои Аъло!».
Аммо аз тасвири Муҳаммадзамони Солеҳ пайдост, ки ин давлати миллии амир Исмоил «аз як ҳукумати фаррӣ, ки бар доду адолат бунёдгузорӣ» шавад, иборат аст. Ва пояҳои он бар пандномаҳои бостон ва аркони инсондӯстонаи ислом гузошта шудааст. Метавон гуфт, ки ин аз дастурҳои аввалини давлатдории амир Исмоил ба шумор меомадааст. Вай бо ҳамин ният бори нахуст вориди Бухоро гардид ва ба ҳар куҷо, ки лашкар накашад, мақсадаш бунёд гузоштани адлу дод будааст. «Пояи ҳар ҳукумате адл асту дод», — гуфтааст вай ва ин дастурро дар муносибат ба душманон низ сарфи назар намекунад, пеш аз ҳар лашкаркашӣ, ҳарбу набард нахустин талаби вай аз ҳадди адлу дод берун нарафтани лашкариён аст: «… бо мардум меҳрубон бошед… Зинҳор зулм аз ҷониби мо сар назанад… Барандозандаи ҳамаи қудратҳо зулм аст». Муҳаммадзамони Солеҳ қадам ба қадам нишон додааст, ки амир Исмоил дар риояти адолат чӣ гуна пофишорӣ мекунад, балки нишон медиҳад, ки адолат барои вай «пояи ахлоқӣ» дорад, балки худ «ахлоқ аст». Аз ҳамин ҷост, ки ба амир Исмоил нисбат додани тавсифи «Шоҳи одил»-и таърихномаҳо дар румон ба сурати мушаххаси бадеӣ таҷассуми худро ёфтааст.
Дар иртибот бо адолатхоҳии амир Исмоил дар румони «Девори Хуросон» нависанда масъалаи покизадинии вайро ба миён гузоштааст. Ӯ аз аввал изҳор дошта буд, ки «Бунёди ҳама гуна зулму бедод куфр аст!».
Вай бар ин бовар буд ва аз таърих медонист, ки шоҳони сарзаминаш ҳамеша «масъулияти динии мардумро низ ба дӯш доштаанд», балки ҳукумат кардан масъулиятест дуҷаҳонӣ. Амир Исмоил воқеан марди худотарс аст, аз аркони дин, илми фикҳу аҳодис хеле хуб огоҳ мебошад, инсонест, ки дар ҳолати равонӣ дар ӯ нишонаҳои муҳаддасӣ ба зуҳур меояд, бахусус агар аз муҳаббати ватан, миллат ва эътиқод ба Худои якка руҷӯъ кунад, рӯҳаш покиза мешавад, ба асли ҳақиқати чизҳо зудтар мерасад. Вале дар тасвири Муҳаммадзамони Солеҳ ин эътиқод огоҳона аст ва аз муҳокимаҳои мутаноқиз низ барӣ нест. Инро сабаб он аст, ки амир Исмоил худ як марди хирадманду олим аст, таърихи адён, бахусус дини бостонии ориёии зардуштӣ ва исломиро омӯхтааст. Амир Исмоил ҷонибдори покизагӣ ва асолати дин аст ва аз пешравони мазҳаб ва ҳама гуна инсони мӯъмин риояти бетақаллуби онро тақозо мекунад, вай бовар дорад, ки байни динҳо, аз ҷумла, зардуштия ва ислом дар масоили бунёдӣ (ваҳдоният ва покизагӣ дар фикру амал ва қавли инсон) мухолифатҳои ҷиддӣ нест. Ва аз ҳамин меъёр ба мардони мазҳабиву уламои табиӣ — ҳам бо китобдори Муғсурат, ҳам ба фақеҳ Абулҳафси Сағир ва ҳам ба файласуфу донишманди тиб Муҳаммад Закариёи Розӣ эътиқоди яксон дорад, аз ҳар яки эшон соҳоти гуногуни илмро омӯхта, ё масоили мушкилеро рӯшан кардааст. Гузашта аз ин, илму дониш ва хирадро ба сифати аслу бунёди давлатдорӣ медонад. Охирин насиҳати ӯ ба писараш Аҳмад чунин аст: «Дӯстдори илм бошу мардони хирад», ё: «Мардони фозилу донишманди ростин… таассуб надоранд» ва ё: «Худшиносӣ ба илм муяссар мешавад…»
Дар радифи ин ҳама хирадмандиву адлгустарӣ ва додхоҳӣ амир Исмоил як инсони хеле хоксору самимӣ ва ҳақшинос аст. Аз ин ҷост, ки ҳангоми ғалаба бар Наср ҳаққи бародариро нигоҳ медорад, пеши пои ӯ ба зону менишинад, фарзандони пири китобдорро ба саробонӣ мегирад, дар интихоби ҳамсари духтараш аз аҳли илм будани як каси беҷоҳу ҷалолро авло медонад. Бахшандагии амир Исмоил асирони душманро дар таърихномаҳо ба сифати масал ворид шудаанд. Бинобар далелҳои мазкур дигар аз муҳимтарин комёбии Муҳаммадзамони Солеҳ офаридани образи муаззаму муккамали Исмоили Сомонӣ ба шумор меояд, ки ба сифати як подшоҳи қоҳиру одил, хирадманд, ботадбир, далеру нотарс, саҳнасозу ҷабҳашикан, худотарсу боадаб, инсони мушфиқу меҳрубон, андешаманд, дилу ният ва амалу қавлаш нек, шахси ватандӯсту миллатпараст, таърихсозу бунёдгузори маънавиёти тозаи қавми тоҷик дар саҳифаҳои румон қадам ба қадам қомат меафрозад, зинда мегардад, кору пайкор мекунад, панд медиҳад, чун инсони комил ба дилу ҷони кас менишинад. Ва дар партави ин ҷаззобият он ҳама ҳиссаҳои парокандаи таърихномаҳо, санаду ривоятҳо гӯё «зинда» мешаванд, амалеро иҷро мекунанд, муассир мегарданд ва аҳамияти бештари инсонӣ пайдо менамоянд: он ҳама панду андарз, ояву ҳадис, саҳнаву мадорики таърихи бостон, деворнигораҳо, оҳангу сурудҳои суғдиву паҳлавӣ дар фикру амали як кас мунъакис ва чун сифати андешаи як инсони ориённажоди муслиму донишманд намудор мегардад, ки амсолаш то ба имрӯз дар насри тоҷикӣ ба чашм нарасидааст…
Муҳаммадзамони Солеҳ барои ин ки ҳам чеҳраи амир Исмоилро офарид ва ҳам ҳолу ҳавои давру замонро ба вуҷуд оварда бошад, аз шеваи сабкпардозӣ /тақлиди услуб/ ба кор гирифтааст. Бахусус, дар сабксозии забони замони Сомонӣ ва тарзу тариқи андешаи амир Исмоил комёбиаш ҷолиби диққат ва ибратбахш мебошанд. Инак, амир Исмоил бо бузургони сипоҳ сари масъалаи нафси инсонӣ баҳс карда, эшонро дар зиёдаталабӣ танбеҳ мекунад:
«Ин расидан ба ман арафа нафсаҳуст. Ин шинохти нафси худ аст… Шумо фаромӯш кардед? Вақте эшон рисолати хешро дар ин будан аз ёд мебаранд қонуни дод ба майдон меояд. Ин қонун ба мисоли мӯ борик ва монанди теғ бурро мебошад. Ман шуморо бо тамоми ҷиддият «ҳушёр бош!» медиҳам, ки зинҳор тарзе зиндагиву амал намоед,ки ба ин майдон кашида нашавед! Масъулияти инсон шудан бояд дигар ғаризаи башар бошад, ба мисли он ки хурдану хуфтан будан ва ғаризаи як ҷонвар аст! Дар акси ҳол тарҳрезии мадинаҳои мунаввара кори абас ва худфиребист. Тавбаи Одам дигаронро тасалло додану худро фирефтан аст! Мефаҳмед, ки бо ноҷо гузоштани як хишт тамоми созмони тамоюлоти инсон барбод меравад, ҳеҷ мешавад!.. Пас, ҳар лаҳзаву ҳар нафас мо муаззафем, ки худро бисозем, ислоҳ кунем… То замоне, ки инсон ислоҳгар нашавад, бедодиву зулм, харобкориву бадахлоқӣ бар ҷой хоҳад монд».
Ба фикри банда, ин пора ба тавзеҳи зиёдагӣ ниёз надорад, зеро он дар сабки содаву равони классикӣ бо риояти тарзи сухан, лаҳни гуфтор ва мантиқи бемуросои амир Исмоил нисбат ба ашхоси масъулиятношинос гуфта шудааст. Умуман забони румони «Девори Хуросон» бисёр равон, мантиқӣ, қаноатмандкунанда ва дар аксари мавридҳо шевою шеъргуна мебошад. Маълум аст, ки Муҳаммадзамони Солеҳ дар забони адабӣ ва тасвирӣ дасти тассалут дорад.
Румони «Девори Хуросон» аз ҳайси шакли жанрӣ низ ҷолиби диққат аст. Дар он поэтикаи намоишномаӣ мақоми асосӣ гирифтааст. Дар насри тоҷикӣ, ки жанри румон навъи тозаи адабиёт аст, аҳли адаб то ба имрӯз аз шаклҳои гуногуни он кор гирифтаанд. Вале шакли маълуми он, ки устод Айнӣ асос гузошт, румони воқеъанигоронаи иҷтимоимазмун аст. Раҳим Ҷалил ва Фотеҳ Ниёзӣ дар ҳамин равия қаламфарсоӣ кардаанд. Дар асари устод Улуғзода воқеъанигорӣ бо тасвиргарӣ ва дар румонҳои Ҷалол Икромӣ нақлу таҳлил бо драматизм омезиш ёфт. Баъдтар насли ҷавони нависандагон, масалан Фазлиддин Муҳаммадиев, Урун Кӯҳзод, Саттор Турсун ба румони таҳлилии психолигӣ, унсурҳои публитистика ва тасвири экспресивиро афзудаанд. Дар ин миён Сорбон бо румони таърихии пурвусъат бо характерҳои тавоно жанрро ғанӣ кард. Аммо Муҳаммадзамони Солеҳ зоҳиран ба рағми усули маъмул рафта, сохтори румонро дар асоси муколима ва муҳокимаи қаҳрамонҳо байни ҳамдигар ва андешаҳои монологӣ, муколимаии як шахс бо худ сохтааст. Ба фикри банда, дар ин кӯшиши нависанда ҳеҷ ҷои аҷобат нест. Аслаш, усули драматизм, чунон ки гуфтем, яке аз хусусиятҳои муҳими румони тоҷикист. Зиёда аз он, румон аз рӯи табиати жанри худ аз ҳамосаи суннатӣ дида бештар ба осори намоишӣ қаробат дорад, зеро румон ба зиндагии инсони худшинохта ва тасвири зуҳури мураккабиҳои он ва аъмоли ғайричашмдошти вай ба манзараҳои воқеъӣ ва рӯшан сару кор дорад. Аз ҳамин сабаб аст, ки Мирзо Фатҳалӣ Охундзода румонро «ҷузъи ҳунари намоишӣ» ба шумор овардааст, ноқидони нави ғарбӣ, аз ҷумла, мунтақиди машҳури фаронсавӣ Рулон Борт, аз қаробати байни румон ва драма сухан ба миён овардааст. Бинобар ин, амали Муҳаммадзамони Солеҳро намешавад ғайримунтазира донист, балки онро як кӯшише барои ба асли (аврупоии) худ бештар тамос додани румони тоҷикӣ ҳисобидан дуруст мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки он бо шавқ мутолиа карда мешавад, ба осонӣ саҳнавӣ мегардад ва ҳам рӯи навори синамо омада метавонад.
Ҳоло метавон гуфт, ки ба тақозои махсусияти жанриаш мӯъҷазгӯӣ, фишурдабаёнӣ, моҳиятнигорӣ аз хусусияти муҳими румони «Девори Хуросон» гардида аст. Дар он нақли батафсили ҷузъиёт, шарҳу тавзеҳи иловагӣ, воқеанигорӣ, таҳкияи зоҳирии доманадор ҳеҷ вуҷуд надорад ва ё агар ҳаст ба ҳадди ақал фуроварда шудааст. Ба ҷои он ҳама нишонаҳои зоҳирии ҳамосагуна (эпизм) нависанда аз тавсифҳои кутоҳи табиат, муҳит, кӯшку қасрҳо, майдони ҳарб ба кор гирифта, дар ҳар манзара ҷузъияти муҳимро таъкид мекунад, қаҳрамонҳояшро ба амал медароварад, аз ҳама муҳимаш, мубодилаи афкор, гуфтушунид, монологи онҳоро манзур мегардонад, то симои аслӣ ва маънавию ахлоқии онҳо дастурҳои зиндагиашон рӯшантар намудор гардад. Тасвир ва манзараҳои кӯтоҳ, зуд-зуд ивазшаванда, ки хонандаро ҳамеша машғулу мутаваҷҷеҳи рӯйдодҳо медоранд, асарро осонхон карда, нигориши нависандаро аз тафсилоти тасодуфӣ эмин нигоҳ медоранд… Бояд афзуд, ки дар румон воситаҳои дигаре мисли рамзу намод ва тасвирҳои равонии сурреалистӣ ба истифода рафтаанд, ки дар натиҷа ҷанбаи фалсафӣ ва ибратангезии масоили мавриди тадқиқро пурқувват кардаанд…
Ва ниҳоят метавон гуфт, ки румони «Девори Хуросон», ки дар мавзӯи таърихӣ ва дар мавриди кору пайкори амир Исмоили Сомонӣ чун поягузори давлати нахустини тоҷикон таълиф шудааст, бо он ҳама рӯҳи созандагиву эҳёгарӣ ва таъкиди бедории милии мардуми тоҷик дар замони пеш аз 1100 сол бо масъалаҳои рӯзгори замони мо, бо талошҳое, ки сарвари давлати мо барои таҳкими давлати навбунёди тоҷикон ва ҷомеаи тозаистиқлоли мо дорад, ҳамсадо ва ҳамнаво мегардад ва дар тавсияи тафаккури миллии мо саҳми босазое гирифта метавонад. Зиёда аз он, чунин ба назар мерасад, ки барои муайян кардани мавқеъи як асар дар адабиёт ва қадршиносии он хуб будани вай ва дар мавзӯи муҳим таълиф гардиданаш ҳанӯз кофӣ нест. Он бояд бозёфте, кӯшише дар амали афзудани дороии ҳунари миллӣ, бахусус марҳалае дар адабиёти вақт ва тафаккури бадеии замон бошад. Румони «Девори Хуросон» аз ин ҷиҳат хеле имтиёзҳо дорад ва бешубҳа як румони марҳилавӣ дар насри муосири тоҷик ба шумор меояд.
Абдухолиқ Набавӣ, адабиётшинос
PS: Романи «Девори Хуросон» барои дарёфти Ҷоизаи давлатии А. Рӯдакӣ низ пешниҳод шуда буд.