Ҳанӯз аз аҳди қадим фарзонафарзандони миллати фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик роҳи маърифат ва илму донишро равшан карда, дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми назаррасе гузоштаанд. Азбаски душманону бадхоҳони миллати тоҷик дар замири нопоки хеш орзуи ғасби сарзамин ва маҳви илму фарҳанги онро мепарвариданд, ҳамеша барои рушду пешрафти он монеагӣ эҷод менамуданд. Албатта, барои татбиқи нақшаю ҳадафҳои душманони миллат, худбохтагон, бегонапарастон ба онҳо хиёнаткорона ёрӣ мекарданд. Чунин муносибати душманона ва теша заданҳоро ба решаи миллати хеш аз ҷониби ин тоифа дар ҳама мароҳили таърихӣ бармало мушоҳида карда метавонем.

Хушбахтона, бо вуҷуди ин қадар ноҷавонмардию хиёнаткориҳо, дар тамоми лаҳзаҳои ҳассос, барои ҳалли мушкилоту раҳо ёфтан аз варта халқи шарифи тоҷик ҳамеша аз хиради азалии хеш кор мегирифт. Дар саргаҳи ин наҳзат ҳанӯз аз аҳди давлатдории Каёниёну Ҳахоманишиён, Сосониёну Сомониён, Саффориёну Тоҳириён, ­Ғуриёну Сарбадорон, Оли Курт то кунун ҳамеша шахсиятҳои миллатдӯсту меҳанпараст ва афроде, ки хидмат дар роҳи истиқлоли меҳану озодии миллатро бузургтарин арзишҳо ва ҳадафи ҳастии хеш медонанд, қарор доштанду доранд.

Пас аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки тақсимоти дигарбораи ҷаҳон шурӯъ шуда буд, барои аксар халқияту миллатҳо мураккабию душвориҳои зиёде пеш омада буд. Аз ҷумла, Осиёи Марказӣ чун гавҳари кашфношуда ва дорои захираҳои бузурги табиӣ диққати тамоми абарқудратҳоро ҷалб менамуд. Агар он замон абарқудратҳо бештар захираҳои табиию ҷанбаҳои моддиро фикр мекарданд, душманони миллати тоҷик низ кам набуданд, ки маҳви таъриху фарҳанги онро тарҳрезӣ менамуданд. Мисоли равшани инро дар Осиёи Марказӣ дар ҳузури сиёсӣ пайдо кардани пантуркистон ва ба ин марз интиқол додани ҷараёни пантуркизм, ки нимаи дуюми асри XIX дар Қрим таъсис ёфта буд, мушоҳида карда метавонем. Аз ин рӯ, чун дигар халқияту миллатҳои ҷафодида, вазъияти сиёсию идеологӣ барои миллати тоҷик боз ҳам мураккабу душвор ва сангину вазнин шуд. Зеро монанд ба хиёнаткорону таҳмилгарони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, бо ҳузури пантуркистон дар Осиёи Марказӣ бисёре аз донишмандони аз нигоҳи этникӣ мутааллиқ ба миллати тоҷик чеҳра иваз карда, бештар аз бегонагон теша ба решаи худ заданд. Маҳз бо сабаби хиёнаткориҳои чунин палидон марҳилае рӯйи кор омад, ки миллати куҳанбунёди тоҷикро хатари пурра аз байн рафтан ва фарҳангу тамаддуни онро комилан маҳв шудан, таҳдид мекард.

Маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳассоси барои яке таърихсӯз ва барои дигаре таърихсоз фарзонагони миллати сарбаланди тоҷик, ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Аббос Алиев, Абдуқодир Муҳиддинов (дар аввал пантуркист буд, бо фаҳмондадиҳиҳои аллома Айнӣ иштибоҳашро дарк кард ва ислоҳ шуд) ва дигарон бо далерӣ, ҷасорат ва шуҷоатмандӣ аз зуҳури хеш дарак доданд. Дар қатори ин ҷонфидоёни миллат ва таъсисгарони давлати навини Тоҷикистон ҷаҳду талошҳо ва заҳмату машаққатҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат Ширншоҳ Шоҳтемур бештар қобили ёдоварӣ ва шоистаи таҳсину офарин аст. Ва бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва ҳар нафаре, ки худро соҳибватану намояндаи ин миллати куҳанбунёд меҳисобад, баҳри таъмини истиқлолу озодии ин марзу бум чун Шириншоҳ Шоҳтемур гомҳо бардорад.

Дар шароите, ки душманони миллати мо афзалият дошта, аз нигоҳи низомӣ, сиёсӣ ва идеологӣ комилан мусаллаҳ буданд, масъалаи миллиро матраҳ кардан ниҳоят душвор буд. Дар он вазъияти мураккабу хатарзо баррассии масоили миллӣ, махсусан тоҷикият ва дифоъ аз арзишҳои миллӣ ба баҳои ҷон баробар буд. Маҳз дар чунин шароит Шириншоҳ Шоҳтемур баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди давлати миллӣ талош варзид.

Шириншоҳ Шоҳтемур дар масири огоҳию бедории миллӣ ва ҳифзи истиқлолу озодии меҳан, чун куҳҳои ватани маҳбубамон устуворонаю сарбаландона қадам гузошт. Ин марди далеру ҷасур ва таҳамтансирату қавиирода аз душманон заррае наҳаросида, чанде аз фаъолони сиёсии тоҷикро ҷамъ оварда мегӯяд: «Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири одамонро набояд як гуруҳи одамони оҷиз ҳал кунанд. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».

Ба ҳамин ҷаҳду талош Шириншоҳ Шоҳтемур ва фарзонагони ин миллат баҳри ташкили Тоҷикистон ва ба ин восита бароварда кардани орзуҳои чандҳазорсолаи миллати хеш камари ҳиммат бастанд ва дар ниҳоят худро қурбону миллати худ намуда, тоҷикро соҳибватан гардониданд. Аз ин рӯ, ҳар як қадами гузошта ва ҳар як хидмати ин абармарди майдони сиёсат дар масири таъсиси давлати миллӣ, бароварда кардани орзуи деринаи мардуми тоҷик, ҳастии худро қурбони эҳёи миллат намудан, бунёд гузоштан ба маорифи миллӣ ва таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ на танҳо шоистаи таҳсину офарин, балки барои ҳар фарди огоҳу бедор ва миллатдӯсту меҳанпараст дарси бузурги сабақомӯз аст.

Аз ин рӯ, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ огоҳ будан аз зиндагӣ, фаъолияти давлатию сиёсӣ ва хидматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам қарз асту ҳам фарз. Огоҳ будан аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, кору пайкор ва хидматҳои мондагори саркардагони масири истиқлолу озодии миллат ва бунёдгузорони давлатҳои миллӣ, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур мояи ифтихор ва сарфарозӣ хоҳад буд. Зеро тақдири миллату меҳан ин ҷавони огоҳу бедорро дар чунин вазъият ором гузошта наметавонист ва Шириншоҳ Шоҳтемур огоҳонаю ҳадафмандона ин роҳро интихоб кард. Фаъолияти давлатию сиёсии ӯ аз лаҳзаи фаъолият дар шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогии шаҳри Тошканд оғоз меёбад, ки дар ин ҷо ба узвияти Ҳизби коммунистӣ (болшевикони) Русия пазируфта мешавад. Моҳи майи соли 1921, бинобар нарасидани озуқа дар шаҳрҳои Туркистон бо супориши Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Шириншоҳ дар ҳайати 500 «донишҷӯи пролетарӣ» дар тақсимоти озуқавории волости Дилварзини Хуҷанд ширкат варзидааст. Пас аз чанде ӯро ба КИМ-и Туркистон даъват намуда, дар ҳайати Сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ-сиёсӣ барои барпо намудани Ҳокимияти шӯроҳо ҳамроҳи Т. Дяков ва Ҳ. Ҳусейнбоев ба Бадахшон мефиристанд. То охири соли 1922 дар ин ҷо кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода мешавад ва пас аз бозпас хондани Т. Дяков ба Тошканд Шириншоҳро раиси Кумитаи инқилобии Помир интихоб менамоянд. Дар баробари ташвиқи зарурати таъсиси кумитаҳои инқилобӣ дар Помир вай дар оғози фаъолият ба ислоҳоти замину об ва тақсими одилонаи он ба деҳқонон, таъсиси анборҳои захираи озуқа барои дастгирии камбағалон, ташкили мактабҳо барои маҳви бесаводӣ ва тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ шурӯъ менамояд.

Бо дарназардошти хизматҳои бенуқсон, дониши фарох ва малакаи баланди корӣ соли 1924 ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Туркистон даъват гардида, инспектори зершуъбаи аққалиятҳои миллӣ дар шуъбаи тоҷикӣ таъин мешавад. Марҳилаи нави фаъолияти сиёсии Ширишоҳ Шоҳтемур маҳз дар ин ҷо оғоз меёбад. Ҳарчанд мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳуриҳои Туркистон — Бухоро ва Хоразм баҳри амалӣ кардани тақсимоти марзию миллӣ корҳои зиёди ташкилию фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Вале зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳое, ки доир ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби КМ Ҳизби коммунисти Туркистон омода шуда буданд, Шириншоҳ доир ба мавҷудияти миллати худ, ҳамчун халқи асосию таҳҷойии Осиёи Марказӣ ҳатто ишорае ҳам пайдо накард. Чун шахсияти сар то по миллӣ буд, дарҳол дарк намуд, ки миллатгароён зери ниқоби сиёсати миллии ҳизб ва Ҳокимияти Шӯравӣ мақсади ташкил намудани давлати ягонаи туркиро дар Осиёи Миёна ба амал бароварданианд.

Албатта, чунин муносибат нисбат ба тақдири миллат Шириншоҳи миллатдӯсту меҳанпарастро ором нагузошт. Ӯ дар баробари Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Абдуқодир Муҳиддинов ва равшанфикрони миллӣ ба воситаи мактубу муроҷиатнома ба унвони Бюрои осиёимиёнагии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Русия ва КИМ-и Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии халқи тоҷикро қотеона талаб кард. Далели равшан ва раднопазири ин гуфтаҳо: «Гузориш ба Сталин дар бораи мавқеи маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад.

Сипас, давоми солҳои 1925-1926 Шириншоҳ дар вазоифи корманди масъули Инспексияи коргару деҳқони Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори КМ Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва ҳамзамон, Комиссари халқии молияи Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҳукуматӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ ва барҳам додани ҳаракати босмачигарӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб фаъолият кард. Солҳои 1926-1929 намояндаи доимии Тоҷикистон дар Шӯрои Комиссарони Халқии Ӯзбекистон таъин гардида, дар як вақт чун шунавандаи Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ ба номи И.В. Сталин таҳсил менамояд. Соли 1929 фавран ба Тоҷикистон даъват шуда, котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Тоҷикистон, пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1932 барои такмили дониш ба шаҳри Москва меравад ва соли 1933 ба Тоҷикистон даъват гардида, то соли 1937 вазифаи раиси КИМ РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон, яке аз муовинони раиси Комитети Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравиро иҷро мекунад.

Ин роҳбари хирадманду донишвар дар бунёд ва кушодани мактабҳои шӯравӣ дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистони навташкил ташаббускори асосӣ буд. Зеро маъхазҳои зиёди таърихӣ собит менамоянд, ки саволи аввалину дӯстдоштаи Шириншоҳ зимни сафару вохӯриҳо «Шумо мактаб доред?» будааст. Ӯ ҳамчун роҳбари миллатдӯсту меҳанпараст ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босубот ва ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таъсиргузор шудани сохти нав ва рушду пешрафти соҳаҳои фаъолиятро дар манотиқи мухталифи кишвар пеш аз ҳама дар маҳви бесаводӣ, бахусус, байни ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзои онҳо медид. Ӯ худ мактабшинос буда, аз 17 ҳуҷҷати расмии мавҷудаи шарҳиолиаш, дар 5-тояш касби хешро коргар, дар 6-тояш омӯзгор, дар 1 ҷой педагог ва дар 5-тои дигар корманди ҳизбӣ навиштааст. Бо назадошти касбият ва зарфияти дониш муддате роҳбарии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба маҳви бесаводиро ба уҳда дошт.

Азбаски Шириншоҳ Шоҳтемур шахсияти миллатдӯст ва марди огоҳ буд, аз ин рӯ, ба ҳайси раиси Комиссияи таҳия ва қабули Конститутсия, Нишон, Парчами давлатӣ фаъолияти пурсамар дошт. Ҳамчунин, ин роҳбари донишманд дар саргаҳи ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳимми дигар низ қарор доштааст. Масъулият ва ҷуръати беандозааш буд, ки моҳи марти соли 1937 аз минбарҳои баланд ба муқобили вайронкунии қонуният, поймолкунии ҳуқуқи инсон ошкоро сухан кард ва беасос маҳбас шудани як қатор ходимони ҳизбию давлатиро маҳкум намуд. Дар баробар ин, Шириншоҳ Шоҳтемур дар поягузории матбуоти тоҷик баробари устодони бузург Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев ва Нисор Муҳаммад, дар таъсис ва нашри аввалин рӯзномаҳо саҳми арзанда гузошт. Вай бо ҳамроҳии устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар соли 1934 ҷашни 1000-солагии достонсарои бузурги ҷаҳонӣ Ҳаким Фирдавсиро баргузор намуд, ки нишонаи баланди миллатдӯстию меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати хеш мебошад. Аз ин рӯ, дар таърихи бунёдгузорӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизи мо Шириншоҳ Шоҳтемур аввалин фарзонафарзанди миллат аст, ки дар сатҳи олии сиёсӣ расман аз тақдири миллату меҳанаш дифоъ намудааст. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҳақ фармудаанд: «Аз тоҷик будани худ ифтихор дошт ва аз рушду нумӯи Ватанаш меболид».

Бо вуҷуди ин ҳама хидматҳои мондагор, ҷаҳду талошҳо дар роҳи эҳёи миллат ва бунёдгузории давлати миллӣ ин сарвари миллатдӯсту меҳанпараст ба гирдоби фитнаю дасисаҳои иғвогарону ҳасудхӯрон афтод ва бо ҷурми бофтаи «миллатчии буржуазӣ» ва «агентураи душман» аввал ба ҳасб гирифта шуд ва сипас, аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС кушта карда шуд. Ҳарчанд, пас аз 19 соли ба шаҳодат расидан, 11-уми августи соли 1956 бегуноҳии Шириншоҳ собит гардид, вале сад афсӯсу дареғ, ки ӯ аз ноадолатиҳои таърих абадан тарки ҷаҳон карда буд.

Хушбахтона, бо дамидани субҳи истиқлол ва вазиши сабои озодӣ миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар соли 1991 ба Истиқлоли комили сиёсӣ даст ёфт ва зимоми давлатдориро шахсияти таърихсозу давлатсозе, чун ниёгони сарбаланду шарафманди миллати хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд ва дар масири дигарбораи эҳёи таъриху тамаддун, илму фарҳанг, арзишҳову суннатҳои миллӣ ва гиромӣ доштани хотираи неки фарзонафарзандони миллат қадамҳои комилан нав гузоштанд. Бо назардошти хидматҳои мондагору саҳми бузургаш дар ташкил ва ташаккули давлатдории тоҷикон фарзанди фарзонаи миллат — Шириншоҳ Шоҳтемурро соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» ва соли 2006 бо унвони олӣ -«Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ намуданд.

Номвар ҚУРБОН,

раиси Шӯрои олимони ҷавони

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here