Фоҷеаи киштии Титаник имрӯз барои аксари касоне, ки қобили мутолиа мебошанд, маълум аст. Аммо мушкил он аст, ки аз миёни ҳама иттилои то ин замон дар бораи киштии ғайрқшуда паҳнгардида кадомаш иттилои дурусту ҳақ ва кадоме бофтаву дурӯғ аст. Вале далоиле вуҷуд доранд ва исбот ҳам шудаанд, аз он одамон ангушти ҳайрат мегазанд. Маълум мешавад, ки дар ин фоҷеаи мудҳиш 700 нафар зинда мондаанд.

Ин чӣ киштӣ буд ва чӣ сарнавиште дошт?

Соли 2012 дар рӯзҳои садсолагии фоҷеа мақолоти зиёде дар ин бора интишор ёфтанд, ки муаллифон тафсилоти онро ба гунаҳои мухталиф менавиштанд. Муаммоҳои зиёде аз ин киштӣ то ба ҳол монда, асрори ғарқи об шудани он пурра кушода нашудааст. Саҳнаҳоеро аз он дар филми “Титаник” метавон дид.

Киштии бузург бо номи «Титаник» 10 апрели соли 1912 аввалин ва охирин сафари баҳрии худро аз бандарҳои Британия оғоз намуд. Дар бораи теъдоди мусофиронаш рақамҳои мухталиф интишор ёфтаанд. Дар баъзе ҳуҷҷатҳо онро 2,2 ҳазор ва дар асноди дигар ҳудудан 2 ҳазор ба қалам додаанд.

14 апрел дар сеюмин рӯзи ҳаракаташ ба куҳи яхии (айсберг) бузурге бархӯрд ва канораи рости он шадидан осеб дид. Одамонро воҳима пахш кард ва ҳама худро ба хотири наҷот ба қафои киштӣ мезаданд. Аз 20 заврақи мавҷуда ду тои онро натавонистанд ба кор андозанд. Аслан теъдоди заврақҳои наҷот камтар аз шумораи мусофирон буданд. Дар натиҷа ҳиссае аз одамон наҷот наёфтанд ва ҳамроҳ бо киштӣ ба қаъри об фуруъ рафтанд.

“Титаник” рӯзи 15 апрел соати 2.20 комилан ғарқ шуд ва аз 1,4 то 1,7 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, ҳамагӣ наздик ба 700 нафар дар 18 заврақ ҷони солим ёфтанд.

 

Писарбачаҳои хушбахт

Эдмонд Навратил ва Мишел ду писарбачаи ду ва сесола бо падарашон бо номҳои дигар шино мекарданд. Ҷавон худро безан мегуфт ва эълон кард, ки ҳамсараш фавтидааст. Аммо асли гап он буд, ки зану шавҳар аз ҳам ҷудо шуда буданд ва шавҳар бехабар аз зан ду фарзандашро рабуду ба киштӣ нишаст. Вақте киштӣ ғарқ мешуд, мард ду тифлакро дар охирин заврақ нишонд ва хоҳиш намуд ба ҳамсараш расонанд, ки ӯро басо дӯст медошт ва ҳамин ҳисси муҳаббатро то охирин лаҳазот бо худ дошт. Вай интизор буд, ки ҳамсараш бо онҳо меояд ва бо ҳам зиндагонии хушбахтонаро аз сар мегиранд.

Аммо падари ин тифлакон зинда берун аз об наомад ва тифлон ҳанӯз дуруст ҳарф зада наметавонистанд, муддати тӯлонӣ модар натавонист фарзандонашро пайдо кунад. Баъдан дар кадом рӯзнома вай расми тифлаконашро дид ва баъди як моҳ онҳоро пайдо кард.

Писарбачаҳо ба камол расиданд. Мишел оила барпо кард, олими хуби равоншинос буд, ба унвони илмии профессор ҳам даст ёфт. Умри дароз дид. Дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт. Эдмонд низ хонадор шуд, аммо вай умри дароз надид. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷониби фаронсавиҳо ҷангид ва соли 1943 фавтид. Ҷузъиёти дигар маълум нест, ҳамчунин маълум нест, ки оё дар ҷабҳа кушта шудааст ва ё бар асари беморӣ даргузаштааст. Танҳо ин маълум аст, ки вақте даргузашт, ҳамагӣ 43 сол дошт.

Дар бораи Маргарет Браун пеш аз фоҷеа медонистанд. Вай дар ИМА замоне даст ба кори сиёсӣ зад, ки ба бонувон иҷозати ин кор дода намешуд. Танҳо баъди 8 соли талошҳояш ҳукумати Амрико ба занон низ чун ба мардон иҷозаи фаъолиятҳои сиёсӣ дод. Вале на ҳама медонистанд, ки ӯ низ аз ҷумлаи мусофирони Титаник буд. Баъди бархӯрди киштӣ ба куҳи яхӣ ба вай муяссар шуд, ки дар заврақи шашум ҷой гирад. Он ҷо вай сарварии одамони дучори тарсу ҳаросшударо ба уҳда гирифт, зеро масъули ин заврақ Роберт Хиченс натавонист худро ба даст гирад.

Баъдан ин бонуро раиси кумитаи зиндамондагони Титаник интихоб карданд ва ӯ тавонист 10 ҳазор доллар барои қурбониёни ин ҳодисаи мудҳиш ҷамъоварӣ намояд. Барои мададаш ба наҷотёфтагони Титаник соҳиби орден шуд, ҳамчунин ордени Ифтихории легион, ки яке аз болотарин орденҳои Франсия буд, ба даст овард. Дар синни 65-солагӣ аз саратони мағзи сар тарки олам кард.

 

SOS аз қаъри солҳо

Муаммоҳои киштии ғайрқшуда зиёданд ва ин ҷо дар бораи яке аз он, ки ҳанӯз ҳам як рамзи нокушодаи аср аст, нақл мекунем.

15 апрели соли 1972 радисти амрикоии киштии «Теодор Рузвелт» Ллойд Детмер бонги хатари SOS қабул кард. Ҷои тааҷҷуб намебуд агар ин хабар аз киштии ғарқшудаи “Титаник” намерасид. Дар оғоз радист гумон кард, ки ба назараш расидааст, аммо ба ҳар ҳол аз соҳил инро суол кард. Посух доданд, ки ҳеҷ гуна хабаре дарёфт нашудааст ва ин фиреби назар аст. Аммо радистро чизи дигар мутаваҷҷеҳ сохт. Аллакай дар бандар ба сарвар ва аъзои ҳайат дар ин бора на сарварони ҳарбӣ, балки намояндагони хадамоти махсус шарҳу тавзеҳот медоданд. Ин ҳодиса водор сохт, ки ӯ ба таҳқиқи рӯйдоди нодир мустақиман шуруъ кунад.

Дар бойгонии ҳарбӣ Детмер ахбори радистони дигарро пайдо кард, ки онҳо низ радиограммаҳои шубҳаовареро қабул кардаанд. Датмер ба солҳо таваҷҷуҳ намуд: 1924, 1930, 1936, 1942. Аз маълумоти дарёфтӣ вай ба ин натиҷа расид, ки хабари шубҳаовар дар ҳар шаш сол як маротиба мерасидааст. Аз ин рӯ вай соли 1978 махсус интизор шуд ва бовар дошт, ки он хаҳад расид.

Детмер то ҳадде саргарми ин таҳқиқот шуд, ки ҳолати руҳии худро аз даст дод ва ӯро билохира дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Балтимор (ИМА) бистарӣ карданд. Аз ин рӯ оё солҳои 1984 ва 1990 кадом хабаре расид ё на, ба касе маълум нест. Аммо соли 1996 киштии канадиёии «Квебек» бонги хабари SOS-ро аз «Титаник» қабул намуд.

Олимон тахмину гумонҳои мухталифе дар ин замина доранд. Ва маъруфтарин ақида ин “дар майдони вақту фазо таъсис гардидани суроби радиосигнал” мебошад. Ва чунин меҳисобанд, ки ин суроб вақтро на танҳо барои оянда, балки барои гузашта низ рахна кардааст. Иддае аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки суроби радиосигналро ҳамчунин дар замони худ капитани киштии “Титаник” Эдвард Смит низ пештар аз садама шунида буд. Маҳз ҳамин буд, ки Эдвард ногаҳон кӯшиш кард, ки хабарро тағйир диҳад. Ин дар ҳолест, ки хабар дар мавриди ёрӣ бо таъхири дусоата фиристода шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here