18-уми феврали соли 2021 баробар буд бо 110- умин солгарди «таваллуд»-и дарёча ё ба қавли мо, тоҷикҳо кӯли Сарез дар  Вилояти Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон.

Ин дарёчаи табиӣ дар пайи вуқӯъи як заминларзаи шадид ба вуҷуд омадааст. Дар асари ин заминларза куҳпораи азиме аз доманаи ҷанубии куҳи Музкул ҷудо шуда ва маҷрои оби рудхонаи Мурғобро мебандад.

Рустои Усой, ки дар маҳалли лағзиши кӯҳ воқеъ буд, бо 54 бошанда ва амволу ҳайвоноти аҳлӣ (хонагӣ)-ии онҳо зери хоку санг мемонад.

Ривояте дар байни мардуми минтақа вуҷуд дорад, ки гӯё танҳо чаҳор сокини ин русто аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдаанд, он ҳам ба хотири он ки як рӯз пеш ба рустои ҳамсоя рафта буданд.

Заминларза рустоҳои Барчидев, Пахор, Савноб, Рухч ва Нисурро комилан тахриб мекунад. Азбаски зилзила наздикии нимашаб рух дода буд, қурбонии зиёд мегирад.

Бар асоси иттилоъи мунташиршуда, ин офати табиъӣ дар водии Бартанг ҷони 180 нафар, аз ҷумла 77 кӯдакро гирифта будааст.

Дар навоҳии Мурғоб, Шуғнон, Рушон, Ишкошим, шаҳри Хоруғ ва бисёре аз рустоҳои воқеъ дар водиҳои Ғунд ва Панҷ ин заминларза харобии зиёд меоварад.

Дар ибтидо ба хотири рустои нопадидшудаи Усой номи ин садди табиъӣ Усой буда. Бо афзоиши мизони оби садд, рустоҳои соҳили рудхонаи Мурғоб яке пушти сари ҳам зери об мемонанд.

Яке аз ин рустоҳо Сарез ном дошт, ки шаш моҳ баъд аз вуқӯъи заминларза ва баста шудани маҷрои рӯдхонаи Мурғоб зери об рафт ва дарёчаи табиъӣ ҳам номи Сарезро гирифт.

Дарёчаи Сарез дар иртифоъи 3280 метр воқеъ аст ва яке аз мӯъҷизаҳои нодири табиат маҳсуб мешавад. Аз шаҳри Душанбе то ин дарёча наздики 700 километр роҳ аст. Сафар то ба маҳалли ин дарёча танҳо бо чархбол мумкин аст. Агар бо мошин қасди сафар ба Сарезро доред, дасти кам 24 километри охири ин масирро бояд пиёдаравӣ кард.

Мизони оби Сарез

Ба гуфтаи Ҳотамшоҳ Шарифов, сардори раёсати масъалаҳои кӯли Сарез, ниҳоди вобаста ба кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, захираи оби ин дарёча 17 миллиард метри мукаъаб аст. Тӯли дарёча 60 километр, паҳнояш 3 километр ва умқи он 500 метр мебошад.

Ҷаноби Шарифов гуфт, ки бар асоси озмоишҳои анҷомшуда, оби дарёчаи Сарез яке аз поктарин ва солимтарин оби ошомиданӣ дар ҷаҳон аст ва онро бидуни тасфия мешавад нӯшид.

Ба ҷуз аз руди Мурғоб ба дарёчаи Сарез оби беш аз 30 рудхона ва руди кӯчаки мавсимӣ ворид мешавад.

Ба гуфтаи масъулони раёсати масъалаҳои кули Сарез, бар асоси додаҳои системи моҳвораии назорат бар вазъияти ин дарёча, ҳоло ҳар сония чилу якуним ним метри мукааб об аз дарёча хориҷ мешавад.

Мутахассисон мегӯянд, мизони обе, ки ҳоло ҳар сония ба дарёча ворид мешавад, нисбат ба мизони обе ки аз он хориҷ мешавад, бештар будааст.

Ба гуфтаи масъулони Сарез, ба далели сарди ҳаво имсол нисбат ба солҳои гузашта ҳар рӯз сатҳи оби дарёча 2 сантиметр пойин меравад. Ин рӯзҳо (17-18 феврал) ҳаво дар дарёчаи Сарез 12 дараҷа сард аст, дар ҳоле ки ҳавои масалан, шаҳри Душанбе то 20 дараҷа гарм мебошад.

Хатари Сарез

Вилояти Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон, ки дарёчаи Сарез дар ҳудуди он воқеъ аст, як минтақаи зилзилахез маҳсуб мешавад.

7-уми декабри соли 2015 заминларзаи шадиде ин вилоятро такон дод, ки маркази он дар 22 километрии дарёчаи Сарез воқеъ буд.

Тибқи иттилоъи расмӣ шиддати заминларза дар Сарез баробари 5-6 дараҷаи Риштер буд. Он вақт мақомот гуфта буданд, ки заминларза ҷони ду нафарро гирифта ва 13 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ҳамчунин бар асари ин ҳодиса дар ҳудуди вилояти Бадахшон 237 воҳиди маскунӣ комилан тахриб шуда ва 588 хонаи дигар қисман хароб шуда буд. Бештари ин хонаҳо дар рустоҳои водии Бартанг қарор доштанд.

Ҳарчанд он заминларза ба садди табии дарёчаи Сарез осеби ҷиддӣ ворид накард, аммо мавзӯъи эҳтимоли рахнаи садди дарёча ва сарозер шудани захираи бузурги оби онро дубора дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор дод.

Зеро дар солҳои ахир бархе донишмандон эҳтимоли тахриби садди ин дарёча бар асари зилзилаи шадидро матраҳ мекунанд, ки метавонад таҳдиде барои ҷони 5 миллион нафар аз сокинони минтақа бошад.

Ба гуфтаи онҳо дар сурати рахна шудани садди Сарез ин “аждаҳо”дар масири ҳаракати худ дар чаҳор кишвари Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон то дарёи Орол дар тули 12 соат ҳазорҳо русто ва маҳалли маскуниро комилан “фурӯ” хоҳад бурд.

Аммо бархе коршиносон, ин фарзияро дур аз воқеъият медонанд. Аз ҷумла академик Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси маъруфи тоҷик борҳо эҳтимоли тахриби садди табиии дарёчаи Сарезро бар асари заминларзаи шадид бепоя хондааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Неъматуллоев дар 50 соли ахир дар бораи эҳтимоли тахриби садди дарёчаи Сарез ва дигар саддҳои бузурги Тоҷикистон пажӯҳишҳои зиёде анҷом шуда, ки нодуруст будани ин навъ иддаъоҳоро нишон медиҳад.

“Эҳтиётними ҳаёт””

Баъд аз фурӯпошии шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 дарёчаи Сарез дар меҳвари таваҷҷӯҳи мақомоти ин кишвар қарор гирифт.

Аз соли 1994 Сарез ба сохтори кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ворид шуд ва акнун дар ин кумита “Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез” фаъол аст.

30 сол пеш дар Сарез системи назорат ва ҳушдори сареъ насб шуда буд, ки дар сурати пеш омадани вазъияти изтирорӣ дар тӯли як соат мақомоти масъулро аз ин бобат муталеъ месохт.

Дар водии Бартанг ва навоҳии соҳили руди Ому то марзи Ӯзбекистон 24 адад дастгоҳҳо насб шуда, ки занги ҳушдор мезананд то сокинон дар сурати зарурат худро ба маҳаллоти бехавф бирасонанд.

Аз соли 2004 то соли 2006 Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Суис системи назорат ва ҳушдори сареъ дар Сарезро таҷдид кард.

Ба гуфтаи Ҳотамшоҳ Шарифов, сардори раёсати масъалаҳои кӯли Сарез баъд аз насби ин таҷҳизоти ҷадид ҳамкорони ӯ метавонанд аз тариқи моҳвора дар тӯли панҷ дақиқа масъулон ва мардуми манотиқи таҳти хатари эҳтимолиро аз вуқӯъи фоҷеъа дар Сарез хабардор созанд.

Ин масъули раёсати масъалаҳои Сарез афзуд, ки ҳоло ҳамарӯза 5 мутахассиси ин раёсат дар бунгоҳи онҳо дар Сарез ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд ва таҷҳизоту дастгоҳҳо, дамо (ҳарорат)-и ҳаво ва вуруду хуруҷи мизони оби дарёчаро назорат мекунанд.

Аммо гуфта мешавад, ки бо гузашти 15 сол ҳамаи ин таҷҳизот қобили истифода нестанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт, ки дар чорчуби тарҳи коҳиши хатари ҳаводиси табиӣ, ҳукумати ин кишвар бо кумаки Бонки осиёии тавсеъа тасмим дорад баҳори имсол системи назорат ва ҳушдори сареъ дар Сарезро бори дигар таҷдид кунад.

Бар асоси ин тарҳ, ҷадидтарин дастгоҳҳо ва таҷҳизот, ки сохти Итолиё ва арзиши онҳо наздики 800 ҳазор доллари омрикоӣ аст,  дар Сарез насб хоҳанд шуд.

Ин таҷҳизот дар сурати вуқӯъи вазъияти изтирорӣ метавонад занги хатарро дар тули 2 дақиқа ба мардуми водии Бартанг ва навоҳии Ванҷ, Дарвоз, Шуробод, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Қумсангир ва Шаҳритуси Тоҷикистон бирасонад.

Таҳқиқ дар бораи Сарез

Нахустин касе, ки ба таҳқиқи дарёчаи Сарез иқдом кардааст, сарҳанг Григорий Шпилко, раҳбари низомиёни Русияи тизорӣ (подшоҳӣ) дар Помир аст, ки ба илми ҷуғрофиё ҳам алоқа дошт.

Он вақт Помир бахше аз қаламрави Русияи тизорӣ маҳсуб меёфт. Бо унвони Сарез низ бори нахуст ин кӯлро ҷаноби Шпилко ном бурда.

Тобистони соли 1913 Русия барои омӯзиши вазъияти дарёчаи Сарез ба ин маҳалл, гурӯҳеро таҳти раҳбарии муҳандис Д. Букинич эъзом мекунад. Дар замони шӯравӣ пажуҳишҳои зиёди дигаре ҳам дар Сарез сурат гирифта.

Баъд аз фурӯпошии шӯравӣ Тоҷикистон ба далели мушкилоти иқтисодӣ имкони густардаи анҷоми омӯзишҳои илмӣ дар Сарезро надоштааст.

Аммо дар солҳои ахир кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар заминаи ҳаллу фасли масоили Сарез бо кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва идораи заминшиносии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад.

Ба гуфтаи масъулони раёсати масъалаҳои кӯли Сарез ахиран мутахассисони чинӣ низ дар ҳамкорӣ бо донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба таҳқиқ ва омӯзиши дарёчаи Сарез шурӯъ кардаанд.

13 июни соли 2017 Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ дар ҷараёни  дидораш аз Тоҷикистон аз дарёчаи Сарез боздид ва онро ҳамчун атои шигифтангези Худо тавсиф карда буд.

Ҷаноби Гутериш  гуфта буд, ки аз як тараф Сарез хатари бузургро ниҳон карда, аммо аз сӯи дигар захираи бузурги оби тоза ва атои осмонист, ки онро бояд оқилона истифода кард.

Дар солҳои гузашта раисони Бонки осиёии рушд ва Бонки рушди исломӣ ҳам аз Сарез боздид кардаанд.

Аксари ҷуғрофиёдонҳо ва иқлимшиносони Шӯравии собиқ ва кишварҳои дигари ҷаҳон муътақиданд, ки дарёчаи Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва муҳити зисти на танҳо кӯҳистони Помир, балки тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ асароти бунёдӣ гузоштааст.

Шояд бо таваҷҷуҳ ба хатароти эҳтимолии дарёчаи Сарез аст, ки ҳоло дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аз ин дарёчаи бузурги табиъӣ бештар ба унвони «аждаҳои хуфта» ёд мекунанд. “Аждаҳои хуфта”-е ки  110 сола шуд.

Суҳроби ЗИЁ, рӯзноманигор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here