«Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро тамошо мекунад. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад онро ба осорхона туҳфа намояд. Сипас, бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов барои овардани табарча ба хонаи он мард меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён-Саразмро кашф мекунад».

 

САРАЗМ ЁДГОРИИ ДАР ВАРОРӮД ЯГОНА

Шуруъ аз кашшофи Саразми бостон Абдуллоҷон Исоқов то бостоншиносони имрӯзаи дар ин ёдгорӣ машғули кор буда Абдурауф Раззоқову Саидмурод Бобомуллоев оид ба пайдо намудани ин шаҳраки қадимаи аҷдоди халқи тоҷик-суғдиён бо ҳамин мазмун суханро оғоз мекунанд. Воқеан, як табарчаи ҳангоми хонасозӣ пайдокардаи Тайлонов ва супоридани он ба бостоншиноси шаҳир марҳум Абдуллоҷон Исоқов, на танҳо дар китоби илми бостоншиносии Тоҷикистон, балки дар бостоншиносии минтақа ва ҷаҳон саҳифаи наверо боз кард. Зеро маҳз баъди он ковишҳои бостоншиносӣ дар Саразм оғоз ёфт, ки дар он вақт ҳамчун замини кишт аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ истифода мешуд. То ин замон шаҳраки зерихокмондаи Саразм ҳеҷ нишоне надошт. Абдуллоҷон Исоқов дар китобаш «Саразм» ёдоварӣ намудааст, ки пеш аз оғози ҳафриёт бо Усмонҷон Эшонқулов ва Ашӯралӣ Тайлонов майдони ёдгориро бо қадам ҳисоб карда, аз нишонаҳои асосии сафолпораву қабатҳои замин масоҳати онро 100 гектар тахмин кардаанд.

Абдурауф Раззоқов, ки умрашро дар кофтуковҳои бостонишиносии Саразм сипарӣ кардааст, доир ба ин шаҳраки қадима бо ҳарорат сухан меронад. Ӯ бо ишораи даст берун аз ҳудуди панҷарабандишудаи ёдгориро нишон дода, мегӯяд, ки масоҳати Саразм дар замони худаш бамаротиб бештар, шояд зиёда аз 100 гектарро ҳам ташкил медод. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, 21 сентябри соли 2000-ум бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 ёдгории 5500-солаи Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид.

— Баъдан, Президенти кишвар супориш доданд, ки масоҳати ёдгориро муайян кунед. Мо маълум кардем, ки имрӯз 47 гектар майдони ёдгорӣ мавҷуд аст. Аз ин миқдор 17 гектари он пурра ба омӯзишҳои бостоншиносӣ мусоидат мекунад. 30 гектари дигар ҳудуди муҳофизатӣ мебошад, ки бо қарори ҳукумат дар он сохтмони иншоот манъ карда шудааст. 17 гектари ёдгорӣ панҷарабандӣ ва 5 мавзеаш болопӯш шуда, сохтани чанд болопӯши дигар то ҷашни 5500-солагии Саразм дар назар аст, — зикр кард номбурда ва афзуд, ки то пайдо шудани табарча қисми зиёди ёдгорӣ ҳамчун заминҳои кишт ва наздиҳавлигӣ аз ҷониби мардуми маҳаллӣ азхуд шуда буд.

— Агар ҳамин табарчаро пайдо намекарданд, шояд ёдгорӣ кашф намегардид. Зеро аксари ёдгориҳои археологӣ дар шакли теппаҳо боқӣ мондаанд. Аммо мавқеи ҷойгиршавии Саразм ҳамвор буда, бо заминҳои гирду атроф дар як сатҳ аст. Дар жарфии 2-2,5 метр 4 қабати маданӣ мавҷуд аст. Дар ин ҷо биноҳо аз рӯйи нақшаҳои геометрӣ сохта шудаанд. Масалан, ана ин бино 15 ба 15 метр аст,- гуфт ӯ.

Ӯ 38 сол боз дар Саразм ба кофтуковҳои бостоншиносӣ машғул аст. Аз ваҷоҳаташ пай бурдан душвор нест, ки ҳар пораи бозёфти ин шаҳраки қадима барояш чӣ қадар арзиш дорад. Сафолпораҳоро ҷамъ карда, чангу хокашро дар либосаш тоза менамояд ва ҷониби мо рӯ оварда мегӯяд:

— Ҳанӯз 5500 сол пеш аҷдодони мо соҳиби маданияти шаҳрсозиву кишоварзӣ ва ҳунармандӣ буданд. Ана ин пораи кӯза аст. Бубинед чи гуна суфта ва боқувват мебошад. Рангаш ҳам напаридааст. Ана дар инаш бошад, пайи чархи кулол боқӣ мондааст.

Ӯ ҳамчунин бо нишон додани курраҳои дар оташ сурхгаштаи аз зери хок пайдошуда изҳор дошт, ки дар он давра саразмиён бо риояи нозукиҳои касби кулолгарӣ сафолпазӣ мекарданд, ки нишонаи ривоҷи ҳунармандӣ мебошад:

— Ана дар ин ҷо оташ афрӯхта зарфҳои сохтаашонро мемонданд. Ин хумдони зери осмони кушод мебошад. Инаш бошад чуқур аст. Намуди сеюмаш гумбаздор мебошад, дарунашро бинед, изи панҷаҳои нафари онро андовакарда то ҳол мавҷуд аст. Бозёфти хумдони мазкур исбот кард, ки дар Саразм ҳанӯз 5 ҳазор сол пеш санъати гумбадсозиро хуб азхуд карда будаанд. То ин дам олимони соҳаи меъморӣ мегуфтанд, ки ин санъат дар замони амир Темур асос гузошта шудааст.

Номбурда таъкид кард, ки ёдгории Саразм бисёр нодир буда, бо зоғнӯлу бел кофтани он қатъиян манъ аст. Аз ин рӯ, бостоншиносон ковишҳоро бо тешаву ҷорӯб анҷом медиҳанд.

— Аз соли 1977 инҷониб ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад. Дар 19 минтақаи ёдгорӣ ковишҳои бостонӣ бурда истодаанд. Бештар дар 5 мавзее, ки болопӯш шудаанд, корҳо идома доранд. То имрӯз дар ягон минтақаи мамнуъгоҳ корҳои бостоншиносӣ пурра гузаронида нашудааст. Агар ҳисоб кунем, шояд ҳамагӣ 10 дарсад кофтагиему халос. Пас аз ҷашн ҳам кофтуковҳо идома меёбанд. Аз соли 2011 инҷониб бо мутахассисони Франсия таҳқиқотҳои геофизикӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷа маълум шуд, ки дар поёни замин девору пайроҳаҳо мавҷуд аст. Бостоншиносони оянда бояд дар кофтани он эҳтиёткор бошанд. Зеро дар ин ҷо саҳифаҳои нокушодаи таърихи миллат зиёд аст,- изҳор дошт Абдурауф Раззоқов.

То имрӯз ҳазорҳо намуди олотҳои гуногуни меҳнат, рӯзгор ва ороишӣ аз зери харобаҳои Саразм пайдо шудаанд, ки баёнгари зиндагии аҷдодони мо дар асрҳои 6-3-и пеш аз мелод мебошанд. Тавассути олотҳои пайдошуда, ки аз сангиву устухонӣ то лоҷувардиву тиллоиро дар бар мегиранд, олимон шуруъ аз шаклҳои меҳнат то муносибатҳои тиҷоратии саразмиёнро муайян намудаанд.

— Бозёфтҳои ороишӣ аз тиҷорати саразмиён шаҳодат медиҳад. Масалан, ақиқ аз Қароқурум, ки имрӯз дар ҳудуди Туркманистон аст, оварда шудааст, фирӯза аз Нишопуру Фарғонаву лоҷувард аз Бадахшон. Аз устухонҳои пайдошуда маълум шуд, ки саразмиён гӯшти моли то яксоларо тановул мекардаанд,- ёдовар шуд номбурда.

Яке аз бозёфтҳои нодири аз ҳафриёт пайдошуда ҷасади маликаи Саразм мебошад. Доир ба ин масъала доктори илми таърих Саидмурод Бобомуллоев маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ қабри малика соли 1983 кашф гардид. Баъдан аз тарафи антрополог Телман Хоҷаев муайян карда шуд, ки ин бону 23-сола буда, як фарзанд таваллуд кардааст ва қадаш 1 метру 65 сантметр мебошад.

— Малика барои он гуфтем, ки ҳамроҳаш 49 муҳраи тиллоӣ ва бештар аз 4,5 кило сангҳои лоҷувард, ақиқ, инчунин ҳайкалчаи гилӣ ва як оинаи биринҷӣ дафн шуда буд. Ҳамаи ин далели он аст, ки ин бону дар ҷамъият нуфузи баланд дошт. Азбаски давраи модаршоҳӣ буд, аз ин хотир малика гуфтанд. Яъне модаршоҳи саразмиён,- зикр кард ӯ.

 

ЁДГОРӢ АЗ ДЕВАШТИЧ

Яке аз ёдгориҳои нодири дигари водии Зарафшон шаҳри Панҷакенти қадим мебошад. Ёдгории мазкур бештар бо суратнигораҳояш машҳур аст. Кофтуковҳои бостоншиносӣ дар он аввали солҳои 30-юми асри гузашта шуруъ гардидааст.

Ходими калони илмии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм Суннатулло Раҳматуллоев зимни суҳбат зикр кард, ки Панҷакенти қадим шаҳри тоисломӣ буда, аломатҳои шаҳрии худро дорад.

— Дар натиҷаи тадқиқот маълум шуд, ки ин шаҳр аз 4 қисм иборат аст. Қисми якум шаҳристон, ки масоҳаташ 13,5 гектар буда, дар дохили он мардуме зиндагӣ мекарданд, ки бо тиҷорати роҳи абрешим пайваст буданд. Инчунин, ҳунармандоне зиндагӣ мекарданд, ки оҳангариву заргарӣ мекарданд. Мо ин гуна устохонаҳоро пайдо кардем. Қисми дуюм қаср ва ё қалъаи шоҳ дар масоҳати 2 гектар ва қисми сеюми работ дар майдони 70 гектар мавҷуд аст. Дар он ҷо мардуме зиндагӣ мекарданд, ки ба шаҳр хизмат мерасониданд. Қисми чоруми шаҳр қабристон аст, ки дар қисми ҷанубу шарқии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Сокинон бо расму оини зардуштӣ дафн карда шудаанд. Ҳангоми ҳафриёт маълум шуд, ки шаҳр ду дарвоза дошта, дар маркази он ду бинои боҳашамати ибодатхонаи зардуштӣ ҷойгир шудааст.

Дар дохили шаҳр тоҷирон ва диндорони сатҳи баланд зиндагӣ мекардаанд,- изҳор дошт номбурда ва ҳамчунин афзуд, ки дар ин ҷо аз асри 5 то охири асри 8 суғдиҳо зиндагӣ мекарданд ва водии Зарафшон, Истаравшан, Хуҷанд ва водии Қашқадарё ҳудуди давлати Суғд аст, ки пойтахташ шаҳри Самарқанд буд. Дар ҳудуди давлат 10 шоҳигарӣ мавҷуд буд, ки шоҳон мустақилона ҳудудҳояшонро идора мекарданд.

Яке аз ҳокимони он замон Деваштич аст, ки қасри ӯ дар паҳлуи шаҳри Панҷакенти қадим мавҷуд буд. Қаср бо ду девор мудофиа шудааст. Қасри шоҳро ба шаҳристон пуле мепайваст, ки ба воситаи он Деваштич ба ибодатгоҳ рафту омад мекард. Суннатулло Раҳматуллоев мегӯяд, ки аз ин ҷо алифбои суғдиро дарёфт кардаанд.

— Дар қаср хешу табор ва дастаҳои муҳофизатии шоҳ зиндагӣ мекарданд. Аз шафати қаср оби доимии чашма ҷорӣ аст. Шояд аз ҳамин сабаб қасрро дар ин ҷо сохта бошанд. Шоҳ дар зинаи чоруми қаср менишаст,- афзуд ӯ.

Бино ба гуфтаи номбурда дар асри 8 арабҳо ба хотири паҳн кардани дини Ислом ба Осиёи Миёна лашкар кашида, аксари минтақаҳои он, аз ҷумла пойтахти давлати Суғд шаҳри Самарқандро забт карданд. Деваштич бо ҳокимони Истаравшан, Шаҳристон ва Хуҷанд робита намуда, нақшаи муборизаи озодихоҳии миллиро кашид. Чун арабҳо аз ин амали Деваштич огоҳ шуданд, аз шаҳри Самарқанд ба Паҷакент 10 ҳазор аскар фиристоданд. Солҳои 720-722 арабҳо ба ин ҷо омада, шаҳрро оташ заданд. Деваштич ба қалъаи Муғ паноҳ бурд. Чун арабҳо ба он ҷо расиданд, Деваштич ба хотири эмин мондани мардуми маҳаллӣ аз хатар, худашро таслим менамояд. Арбаҳо ӯро ба қатл расонида, сарашро ба Бағдод мефиристанд. Ҳамин тариқ пас аз қатли Деваштич, забт ва оташ задани шаҳри Панҷакент арабҳо 50 сол дар ин сарзамин маскан гирифтанд.

 

ДУ ҚАҲРАМОН

Тасодуфҳои ҳамсон, ки боиси таваҷуҳи аҳли илм ба минтақаи Зарафшон шуд. Воқеан, дар зиндагӣ баъзан тасодуфҳо боиси кушода шудани саҳифаи нав дар ҳаёт мешаванд. Худи омӯзиши водии Зарафшон аз пайдо шудани бастаи ҳуҷҷатҳои шоҳи Панҷакент Деваштич тавассути чӯпони деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ Ҷӯраалӣ Маҳмадалӣ дар соли 1932, оғоз шудааст. Зеро маҳз баъд аз пайдо шудани сабадчаи пури ҳуҷҷатҳо ба забони суғдӣ аз қалъаи Муғ, соли 1933 дар водии Зарафшон ва дигар минтақаҳои кишвар кофтукови бостоншиносӣ зери роҳбарии А. А.Фрейман оғоз ёфтааст. Соли 1946 бо ташаббуси бевоситаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров қарор мешавад, ки ҷустуҷуҳои бостоншиносӣ аз харобаҳои Панҷакенти қадим оғоз ёбад. Баъдтар, дар ин ҷо Пойгоҳи бостоншиносӣ таъсис меёбад, ки Абдуллоҷон Исоқов пас аз хатми донишкада барои кор ба он ҷо роҳхат гирифта, дар харобаҳои Панҷакенти қадим ба кофтуковҳои бостоншиносӣ машғул мешавад. Агар фаъолияти бостоншиносон дар Панҷакенти қадим бо пайдо шудани бастаи ҳуҷҷатҳо шуруъ шуда бошад, пас ёфтани як табарча сабаб шуд, ки шаҳраки Саразм кашф шавад. Яъне, ду тасодуф боиси таваҷҷуҳи аҳли илм ба водии Зарафшон мегардад.

 

ОМОДАГӢ БА ҶАШН

Чун Саразм ёдгории беназир дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад, бо Фармони Президенти кишвар соли 2020-ум 5500-солагии он ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад кумитаи тадорукот ташкил шуда, омодагиҳо ҷараён доранд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода дар суҳбат бо мо гуфт, пас аз баромадани Фармони Президент дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразм Ҳукумати кишвар ва мақомотҳои иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент аллакай се маҷлиси тадорукотро зери роҳбарии раиси тадорукот — сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гузарониданд.

— Мо сохта ба истифода додани 29 иншоотро ба нақша гирифтаем. Аз ҷумла дар Саразм сохтмони меҳмонхона, осорхона, панҷарабандӣ кардани атрофи мамнуъгоҳ ва сохтмони роҳро амалӣ мекунем. Инчунин, ба муносибати ҷашни мазкур чор муассисаи таълимӣ бунёд мекунем. Худи мардум ҳам ободкориҳо мекунанд. Ягон мушкилӣ нест ва боварӣ дорем, ки ҷашнро дар сатҳи баланд мегузаронем,- зикр кард ӯ.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев таваҷҷуҳи тамоми аҳли илм барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашн равона гардидааст. Ӯ зикр кард, ки дар назар аст олимони машҳур аз хориҷи кишвар даъват шуда, ҳамчунин бостоншиноси машҳур Юсуфшоҳ Яқубов низ то гузаштани ҷашн барои фаъолияти доимӣ ба Панҷакент меояд. Зеро, бо вуҷуди зиёда аз 40 сол боз идома доштани корҳои бостоншиносӣ, ҳанӯз ҳам саҳифаҳои нокушода ва паҳлуҳои норавшани Саразми бостон зиёд аст.

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 Душанбе-Панҷакент-Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here