Таърих шаҳодат медиҳад, ки занони далеру шуҷоъ ва донову оқила дар радифи мардон дар саҳнаи илму ҳунар ва фарҳангу адаб, дар майдони разм ва арсаи сиёсат ҳунарнамоӣ намуда, дар ҷомеа сазовори эътирофу эҳтиром ва мақому манзалати баланду шоиста гардидаанд. Занон ҳамчун омӯзгор, олима, соҳибкор, табиби ҳозиқ, тарбиятгар, кишоварз, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарвару роҳбар дар пешбурди ҳаёти навин, ободию шукуфони Тоҷикистони азизамон саҳми беандоза доранд. Воқеан, занон таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ, зоҳирию ботинии ҷомеа ва ҳар миллату давлат буда, сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи ҷамъиятро инъикос ва муайян месозанд. Тоҷикистон ватани инсонҳои бузург аст, ин ватанро бо номи фарзандони фарзонааш мешиносанд. Яке аз чунин шахсон ходими намоёни давлатӣ, аввалин бинокорзани тоҷик Тоҳирова Ҳамро Зоировна (1912-1990) мебошад.

Тоҳирова Ҳамро Зоировна 22-уми августи соли 1912 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи коргар чашм ба дунё кушод. Вай фаъолияти меҳнатиашро соли 1935 баъди хатми Донишкадаи давлатии Осиёи Миёна оғоз намуд. Ӯ аввалин бинокорзани Тоҷикистон гардида, солҳои 1936- 1940 саркор, сардори участкаи сохтмон ва муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Кумитаи давлатии сохтмону назорати Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон шуда кор кардааст.
Дар ин давра як қатор биноҳои Маҷлиси Оли Тоҷикстон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мактабҳои миёна ва маҳаллаҳои истиқоматӣ бо иштирок ва роҳбарии ӯ сохта шуданд. Вай иштироккунандаи анҷумани умумиттифоқии меъморон, муаллифи як қатор лоиҳаҳои бинову иншоотҳо буд. 1-уми марти соли 1936 Маҷлиси машваратии бинокорон дар шаҳри Душанбе барпо гардид. Тоҳирова Ҳамро узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон гардид. Дар он Тоҳирова Ҳамро низ ширкат дошт. Дар ҳамон маҷлиси машваратӣ рӯзи Иттифоқи меъморони Тоҷикистон таъсис дода шуда, аввалин конфронси ҷумҳуриявии меъморон барпо гардид. Ба раёсати конфронс меъморон С.В. Кутин, П.Р.Сироткин Тоҳирова Ҳ. интихоб шуданд. Тоҳирова Ҳамро Зоировна аз соли 1940 то соли 1954 дар вазифаҳои масъули давлатӣ аз ҷумла дар Шӯрои Комиссарони халқии ҷумҳурӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо занони Комитети Марказӣ, мудири шуъбаи кор бо саноат ва нақлиёти Комитети Марказӣ, Котиби комитети марказии Шурои Олии Тоҷикистон, вазири сохтмони шаҳру деҳот, вазири сохтмон, вазири масолеҳи бинокорӣ ва саноат, раиси Кумитаи давлатии нақшакашии ҷумҳурӣ, ҷонишини раиси шӯрои хоҷагии халқи ноҳияи иқтисодии Осиёи Миёна, ҷониши якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон шуда фаъолият намудааст. Аз соли 1968 то соли 1974 дар вазифаи раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ифои вазифа карда, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ саҳми калон гузошт.
Вай мутахассиси соҳаи сохтмон буда, дар тарақкиёти ҷумҳуриамон саҳми калон гузоштааст. Тоҳирова Ҳамро дар бунёди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок кардааст. Бунёди иншооти мазкур дар ҳамон солҳо барои Тоҷикистон воқеаи дорои аҳамияти бузург буд. Маркази бузурги фарҳангӣ дар меҳвари хиёбони ҷумҳуриявӣ ва академик Раҷабовҳо бунёд гардид. Тоҳирова Ҳамро – ягона бинокорзани тоҷик ба вазифаи коргузори иншооти мазкур таъин гардид. Соли 1954 Тоҳирова Ҳамро Зоировна вазири сохтмони мамлакат интихоб гашта, дар давоми ҳафтсоли роҳбарии ӯ биноҳои Донишгоҳи аграрӣ, чойхонаи Роҳат, бинои Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, меҳмонхонаи Душанбе, нерӯгоҳҳои барқи обии Қайроққум, Норак ва Бойғозӣ, биноҳои асосии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ қомат афрохта, ҳамчунин беш аз 1- миллион аҳолии ҷумҳурӣ соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ шуданд. Ҳамро Тоҳирова аз соли 1937- то соли 1957 аъзои Иттифоқи меъморони Иттиҳоди шуравӣ буд.
Тоҳирова Ҳамро Зоировна соли 1974 ба нафақа баромада, вай фаъолияти ҷамъиятиашро дар Иттифоқи меъморони Тоҷикистон қатъ накарда, дар ҳамаи анҷуманҳо, плениумҳо ва машваратҳои меъморони ҷумҳурӣ ва ИҶШС иштирок менамуд. Ҳамин тавр, Тоҳиров Ҳамро дар меъморӣ ва сохтани Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст.
Беҳуда нест, ки мамлакат хизматҳои шоёни дар солҳои зиёд кардаи Ҳамро Тоҳироваро ба назар гирифта, ӯро бо мукофотҳои олӣ сарфароз намудааст, ки аз ҷумла бо 3 карат ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати диловарона дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945», дорандаи 5 карат ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок”, Бинокори хизматнишондодаи Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олӣ, Кумитаи занҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шудааст.
Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, мисли фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, ҷасорат, ростқавлӣ, дурандешӣ асоси комёбиҳои фаъолияти фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Тоҳирова Ҳамроҳ Зоировна буд. Халқи тоҷик имрӯз ҳам бо корнамоӣ ва ҷоннисориҳои ӯ ифтихор намуда, номи ин бинокорзани тоҷикро бо некӣ ёд мекунад.
Барои зинда гардонидани номи неки Тоҳирова Ҳамроҳ Зоировна лоақал хиёбоне, кучае,ё мактабе дар шаҳри Душанбе номгузорӣ карда шавад. Касе ки барои халқу Ватани азизаш ҷонфидоӣ намудааст, ӽамеша новобаста ба гузаштаи айём бо номи нек ёдоварӣ карда мешавад.

Бахтовари Темирзода,
мутахассиси пешбари шуъбаи
сиккашиносӣ ва бостоншиносии ОМТ 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here