Дар ноҳияи Восеъ 144 мавзеи Ёдгориҳои беназири таърихӣ мавҷуд мебошад. Аз инҳо машҳуртаринаш Қасри Шоҳи Ҳулбук ва мавзеи таърихии Кайённаҳр аст. Шукуҳи шаҳомати беназири куҳҳои Хоҷа  Муъмин ва Хоҷа Сартез бо намакҳои табии ва обҳои маъдани мафтунгарӣ  милионҳо сайёҳон гаштаанд.  Хушбахтона, бо эълон шудани Солҳои рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон мавзеи таърихии Ҳавзи Кайённаҳр баҳри рушди сайёҳӣ аз нав тармиму таҷдид гардид. Имрузҳо барои эҳёи мавзеъҳо таърихӣ ва ёдгориҳои беназир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми кишвар баҳри муарифинамоии тамаддуни миллӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ намуда истодаанд. Ба мисол бо об таъминкунии худҷории Кайёнӣ- мавзеъҳои таърихии мансуб ба аср 9-10 мебошад.  Масоҳати умумии Ҳавзи Кайённаҳр дар марҳилаи кунунӣ 50 000 метри квадратӣ ва масоҳати ҳавз бошад 18 500 метри квадратиро ташкил менамояд. Дар ҳудуди 2 га 72 сотих қарор дорад. Ин қитъаи замини мазкур таҳти рақами №351 аз 27. 04. 2020 дар асоси Қарори раиси ноҳияи Восеъ ба мавзеи таърихии Ҳавзи Кайённаҳр дода шуд. Кайённаҳр аслан дар забони мардуми бумӣ бо номи Қайнар маъмулу машҳур мебошад. Бо гузашти садсолаҳо вожаи Кайённаҳр ба Қайнар табдил ёфт. Аз рӯи маъхазу ривоётҳо ин Ҳавзи Кайёнӣ боз бо номи Нозкул ё Нозгул, ки бо номи духтари шоҳи Ҳулбук Шаҳбол номгузорӣ гардида, ёдрас менамоянд. Дар раванди тадқиқот маълум гашт, ки ин Ҳавзи Кайёнӣ як кӯли одӣ набуда, балки иншооти муҳими стратегии бо оби нушокӣ таъмин намудани Қасри шоҳи Ҳулбук ва мавзеҳои гирду атрофии он мебошад. Ин иншооти мураккаб барои худҷорӣ кардани об ба Қасри шоҳи Ҳулбук зиёда аз 10 км дар бар мегирад. Дар ин фосила оби ошомидани тавассути қубурҳои сафолин оварда шудааст. Дар саргаҳи тӯли ин роҳи дароз дарёи шӯхи селовари баҳорӣ Сурхоб мавқеъ дорад, ки кори мушкили тобоварии қубурҳои сафолин барои муҳандисони дарбори шоҳ монеа менамуд. Хушбахтона, олимону муҳандисон тавонистанд, ки таввасути ақли зеҳнӣ ва меҳнати пурсамар бо ёрии қубурҳои сафолин обро то дарбори шоҳ биёранд. Азбаски дар он давра насосҳои пуриқтидори обкаши набуд, бинобар ин, муҳандисон тавассути ченкунии сатҳи замин аз баҳр , обро аввал ба нуқтаи баландтарин аз сатҳи Қалъаи Ҳулбук ҳисоб намудаанд. Сипас, муҳандисон барои обро ба боло равона сохтан роҳрави зеризамин (тунел) зиёда аз 3 км сохтаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми сохтани иншоот аз ченаки оби истифода мебаранд. Ин оддитарин ченаки аниқ ва дақиқ то кунун мавриди истифода аст. Барои исботи илми дақиқ олимони дарбори Шоҳ Шаҳбол аз ин усул истифода намудаанд. Дар илм ин усул то ҳол аз байн нарафтааст. Охирмавзеи нақб ё роҳрави зеризаминиро мардум бо номи Ҳавзи Дилором то ҳол ном мебаранд. Ҳавзи Дилором дар доманаи барокуҳи деҳи Ангурбоғ Ҷамоати ба номи Рӯдакӣ воқеъ гаштааст. Баъди тадқиқот ва ковишҳои археологӣ имкони муайян намудани Ҳавзи Дилором даст дода аст. Инчунин, тавзеҳи оби чашмаи минералии поки табии Шифо, ки дар ҳамбастагии ин мавзеъ бо Ҳавзи Дилором ҷойгузин аст, шарҳу эҳзоҳи худро меёбад. Барои муайян намудани он ба тадқиқоти ковишҳои илмӣ зарурияти ҳатмӣ лозим аст. Бо дастгирии ҳамаҷониба мо имконият дармеёбем, ки асрори таърихии мавзеи Кайённаҳр ва Ҳавзи Дилорому чашмаи Шифоро кушоем. Илман асоснок. Барои ин гуруҳи корӣ лозим аст. Аз рӯи маъхазҳо ва ривоётҳо Ҳавзи Кайён ва Ҳавзи Дилором акову хоҳар ё баракси он додару апа мебошанд. Аслан ин тамсил чун ақиқаи арабӣ маҳу хуршед, рӯзу шаб, нарру мода ва ё  ғайраҳо инъикос гаштааст. Аҷиб ин аст, ки ривояти бо ҳам бастагии як қисмат боз ба ситораҳо мувофиқи ду ҷинси латиф шигифтангез намуд. Ин нодиртарин ривоёт мебошад, ки тавваҷуҳи моро беш ба худ кашид. Нозгул ва Дилором ду Ҳавзе , ки исми занона дошта, ҳеҷ гуна мухолифате надорад. Ин санҷиши аниқ ва ҷустуҷӯи амиқро талаб менамояд. Хулоса, риштаи ин ду маъхаз аз як сарчашма шодоб аст. Аз рӯи ривоёте, ки чупоне асои хешро дар Ҳавзи Дилором гум мекунад, ки дар дастааш заркуби заррин будааст ва онро муддате пас аз Ҳавзи Кайёнӣ меёбад. Ин ривоёт ба ҳақиқати назарияи илмӣ наздики дорад. Аз ин маълум мешавад, ки нақбканӣ ё нақбзаниву нақббурӣ барин ҳунар маъмул будааст. Дар хазинаи адабиёти форсу тоҷик аз ин ишораҳои зиёде дида мешавад. Ҳам дар насру ҳам дар назм. Дар китоби достонсолори далери Самаки айёр Оламафрӯзу Рӯзафзун ва дар Абумуслимнома мавқеи хоса доштани илми нақбзанӣ шоёни таҳсин аст. Аз ин бармеояд, ки нақбзанӣ дар он замон маъмул будааст. Нахустин роҳи нақбӣ низ дар маъхазҳо омада тасдиқи он мебошанд, ки муҳандисону меъморон дар сохтумони Қасри Ҳулбук истифода намудаанд. Аз ин маълум мешавад, ки Ҳавзи Дилором як ҷузъи ҷудонашавандаи ин субэъкти иншооти обтаъминкунӣ мебошад. Аз нуқтаи назари илмӣ барои он, ки об худҷорӣ ба Қасри шоҳи Ҳулбук равад ба ғайри сохтани нақб бояд дар ин дарозои зиёда аз 3 км на кам аз ду ҳавокаш мутобиқи қонуни физикӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, омӯзиши Ҳавзи Дилором мавзуи баҳси Ҳавзи Кайённаҳр гардида аст. Мо итминон дорем, ки омӯзиши Ҳавзи Дилором асрори Ҳавзи Кайённаҳрро асос мегузорад. Дар ин раванд мо имкони диққати бештари сайёҳони сайёраро ба ин мавзеъ ба даст меоварем. Рушди сайёҳӣ имкон медиҳад, ки ин минтақа боз ба як навъи сайёҳӣ бадал гардад. Ҳамзамон, корҳои ободониву созандагӣ дар ин мавзеъ идома дорад. Аммо асрори ниҳонии Қайённаҳр мутаассифона, нокушода мондааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид варзидаанд, ки таҳқиқи амиқи ёдгориҳои таърихӣ воҷиби ин айём барои муаррифи намудани тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Месазад, ки баъди чопи ин назарияи илман асоснок ковишҳои мавзеъи Кайённаҳр, Ҳавзи Дилором ва Чашмаи Шифо оғоз гардад.

Араби ДӮСТМУРОД, нозири ёдгориҳои таърихии ноҳияи Восеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here